• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Тарбия
Хабарҳо - Тарбия

Тоҷикистон аз рӯи афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба сегонаи пешсафи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардидааст

Ёдовар мешавем, ки соли 2018 ҳаҷми ММД Тоҷикистон 68,8 миллиард сомонӣ ё бештар аз 7,3 миллиард доллари ИМАро ташкил дод. Афзоиши иқтисодиёт аз нақшаи интизории ҳукумат 0,3% барзиёд таъмин гардид.Илова бар ин, Тоҷикистон аз рӯи афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба сегонаи пешсафи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид. Тибқи ин нишондиҳанда Ӯзбекистон бо 14,4% дар  ҷои аввал, Тоҷикистон бо 11,8% дар  ҷои  дуюм ва Беларус бо 5,7% дар мавқеи сеюми радабандӣ қарор доранд.

Афзоиши камтар дар Россия — 2.9%, Озарбойҷон — 1,5% ва Украина — 1,1% фоиз ба қайд гирифта шудааст. Ба ҳисоби миёна, афзоиши истеҳсолоти саноатӣ дар кишварҳои ИДМ 2,8%-ро ташкил медиҳад.Миёни кишварҳои дорои афзоиши камтари ММД Украина -2,8%, Россия -2,3% ва Озарбойҷон -1,4%   номбар шудаанд.Аз рӯи афзоиши ММД Туркманистон бо 6,2% дар ҷойи дуюм ва Арманистон бо 6% дар ҷойи сеюм қарор доранд. Тибқи маълумоти ин кумита, афзоиши тахминии ММД дар қаламрави ИДМ 2,2%-ро ташкил медиҳад.Афзоиши аз ҳама зиёди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тоҷикистон бо нишондиҳандаи 7,3%  ба қайд гирифта шудааст иттилоъ додааст ожонсии “Ховар”.Тоҷикистон аз рӯи афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба сегонаи пешсафи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардидааст

 

 
Хабарҳо - Тарбия

Коммунистпарастии падару босмачигарии писар,  чӣ маъно дорад?

(Тадқиқоти журналистӣ «Оид ба озмоиши ахлоқии Салимпул бо тахаллуси «Ҷонона», масъули иттилоотии СПИИ дар Аврупои Шарқӣ»)

“Ҷонона”, лақаби тозаинтихоби Мирзо Салимпулро ин ҷо тасодуфан зикр накардаем. Ҳамин ҳоло, ки баҳсҳои муҳаррири сомонаи “Ахбор.ком”, гумоштаи собиқадори Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ-Мирзои Салимпурро дар шабакаи иҷтимоӣ мехонем, ҳамон “Ҷононае”, ки иддае аз ҳамкасбонаш ӯро бо ин лақаби маҳрамона ном мегиранд, пеши назарамон меояд.

“Ҷононае”, ки олуфтавор шабеҳи ғизолони ҳарамхонаи амири манғитӣ хиромон қадам мезанаду хумори пасмондаву резахӯрони наҳзатиро ба қадри малмус мешиканад. Барҳақ, ”Ҷонона”-и хуморшикани иттилоотӣ якҷоя бо рафъ кардани хастагиҳои “секс”-и ғарбӣ бо “сӯфимашрабӣ”-и наҳзатӣ. Ин ҷумлаи охир бренди рафторӣ ва сиёсати иттилоотии Салимпул дар соли 2019 аст.

 

Коммунист Сангак Салимов 
Бинобар тангии фурсат, бозтоби каҷравиҳои ахлоқии Салимпулро ба рӯзи дигар вомегузорему матлаби мазкурро ин тавр номгузорӣ менамоем: раҳоии як шахси гумроҳ аз вартаи ҳалокату буҳрони шадиди равонӣ ва қиссаи ҷолиби коммунистпарварии падар Салимов Сангак ва босмачидӯстии писар Салимов Мирзо Сангакович, яъне ҳамон ноздонаи “Ҷонона”. Мирзо Салимпур - ғайбатчине, ки ангушти шашуми ҳизби берешаву бун-наҳзатӣ-босмачӣ аст. Аммо боз ҳам дар ҷабҳаи манҳустарин қувваи динӣ-ифротӣ қарор гирифтаасту рӯҳи ҳазрати қиблагоҳии коммунист тавариш Сангакро чапу рӯ мекунад. Пешопеш барои “чу гуфтӣ сухан далелаш биёр”, ҳуҷҷати таърихиро айнан меорем. Инак, далели бебаҳс: Санади №46 аз 14-уми январи соли 1984.
Он санад аз нусхаи Қарори Совети депутатҳои халқии райони Ҳисори РСС Тоҷикистон, ки ба забони русӣ аст, иборат мебошад: “Решение Гиссарского районного совета народных депутатов” от 14-го января 1984 года “Об избрании первого заместителя председателя Исполкома Гиссарского районного Совета народных депутатов, председателя Совета РАПО, коммуниста, тов.Салимова Сангака – депутатом от избирательного округа №116 (Имзоҳои Гулов Т., Зиёбекова М.)”

Дар ихтиёри ҷавонпатриотҳо санади дигареро (рақами сабтӣ № 90 аз 05-уми августи соли 1991) ҳам дар бораи падари Мирзо Салимпур – Салимов Сангак қарор медиҳем. Ин санад (дар поён замима мегардад) дар бораи ҷаласаи ячейкаи коммунистони ноҳия “Дар бораи ҷонишини раиси Комитети иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Ҳисор рафиқ Салимов Сангак” мебошад. Дар ин санад гуфта мешавад: “Шӯрои депутатҳои халкии ноҳияи Ҳисор қарор мекунад: Аз сабаби барҳам дода шудани иттиҳодияи агросаноатии ноҳия рафиқ Салимов Сангак, коммунисти фаъол аз вазифаи ҷонишини раиси Комитети иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Ҳисор озод карда шавад (Имзо Раиси Шӯро-комитети иҷроия Ҷ.Мансуров).


Протоколи Сессияи панҷуми Шӯрои депутатҳои ноҳияи Ҳисор аз 25-уми апрели соли 1991 ҳолати аҷибро барои таърих сабт кардааст: «Дар бораи пешниҳоди комиссияи Шӯрои депутатҳои ноҳия оид ба минбаъда истифода бурдани бинои совхози ХУКПАРВАРИИ ба номи «Ҳисор» (маърӯзачӣ Салимов Сангак, ҷонишини якуми раиси ноҳия).
Салимов Сангак Салимович соли 1960-ум ба деҳаи Мортеппаи ноҳияи Хисор омада, соли 1968-ум ба Яқубова Бибимоҳ, духтари Шариф-лақай (?), раиси колхози Жданови ноҳияи Ҳисор оила барпо намудааст. Соҳиби 3 фарзанд. Тағоҳои Салимпур авлоди падариашро одам ҳисоб намекарданд ва муносибати хубе надоштанд (!!!???....). Сабабаш мегӯянд ҳамон ҷанҷолдӯстдориву пархошгарии авлодӣ будааст. Хислате ки аҳён-аҳён дар рафтори Мирзо чун бемории ирсӣ зуҳур меёбад. 
Салимов С. аввал дар селхозтехникаи ноҳияи Хисор ва соли 1985 сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҳисор шуда кору фаъолият намудааст. Салимов С. соли 1990 директори фабрикаи Сачоқбарории ноҳияи Шаҳринав таъин гардида, соли 1994 ба нафақа баромадааст. Соли 2014-ум аз бемории сактаи дил аз олам даргузаштааст. Салимов Содиқ, бинобар нафрати шахсӣ доштан нисбат ба собиқ қумандони Фронти халқӣ Сангак Сафаров номи худро аз Сангак ба Содиқ расман иваз кардааст. Ин кор соли 1992 зери таъсири наҳзатиҳо анҷом дода шудааст.

Босмачигарии авлодӣ
Тадқиқот нишон дод, ки 3 насл муқаддам аҷдоди Мирзои Салимпур аз ноҳияи Нурободи ҳозира ба водии Ҳисор кӯч баста, амалан решапайванди мустақим бо боқимондаи саркардаи босмачиҳо Фузайл Махсум дар минтақаи Қаротегин доштаанд. Хунбаҳои муаллимаҳои кушташуда дар ноҳияи Ғарм дар солҳои 20-уми асри гузашта, ки тарафдори ҳукумати шӯравӣ буданд, ҳама бар сари ин авлод аст. 
Шоҳидони ҳол қоиланд ва ин ҳам ҳуҷҷатгузорӣ гардидааст, ки бо барқарор шудани ҳукумати советӣ, чун бобокалонҳои Мирзо Салимов (ҳоло Салимпур) иштироки фаъол дар қатлу куштори мардуми бегуноҳ ва кормандони давлатӣ доштанд, хонахез аз ин водӣ фирор карда, аз ҷавобгарӣ дар назди қонун сар мепечанд. Аслан кореро ки Салимпул такрор мекунад. «Оянда роҳнамое ҷузъ таърих надоштааст». Хислатҳое аз қабили давлатбадбинӣ, нафрат ба кормандони ҳукуматӣ, овозапароканӣ, муллову балвопарастӣ, митингбозӣ, надоштани эҳсоси миллӣ дар вуҷуди ин хомакаҷ решаи авлодӣ дошта, аз аҷдодони босмачиаш ба мерос гирифта шудааст. Аз ин лиҳоз, вақте Салимпур босмачиҳою наҳзатихоро ҳимоя мекунад, ӯ амалан ба ҳимояи аҷдодони худ даст мезанад.

Салимпур лаганбардор ва таблиғгари навбосмачиҳо 
Собиқаи корӣ ва фаъолияти падари коммунистро бо санад собит сохтему ҳоло бармегардем ба ақибравиҳои писари навриши босмачӣ Салимпул. Касе ки дар хати бунёд кардани халифати исломӣ ва ифротияти такфирӣ қад алам кардааст, ки бемуҳобо агар қиблагоҳаш зинда мебуд, ин аслбохтаҳои хурофотпарасти ғарбзадаи ҳамҳизбаш, ӯро кофир эълон мекарданду ҷанозаашро раво намедонистанд. 
Кашишу ҷазабаи Салимпур ба ақидаи босмачизм-наҳзатизм ва эҳёи ин ҳаракатҳои ақибмондаи асримиёнагӣ дар махзани шайтонии «Ахбор.ком», паҳлӯҳои норавшанеро аз шаҷараи авлодии Салимпур ифшо месозад. Рост мегуфтаанд, ки хун сӯи хун мерафтааст. 
Хонандаи ҷавон, ки воқеаҳои солҳои 90-умро надидааст, ба муаррифии бештари Салимпур ниёз дорад. Ӯ чун дӯкондорони дин, озодиҳои бесару нӯги горбачёвиро имконияти хуби тахрибкорӣ ва худтаблиғкунӣ пиндошта, ба ҳаракати хатарноки наҳзатӣ, вале дар асл зиддимардумӣ пайвастааст. Чун мактабро хатм карда буд, мақолаҳои зидду нақиз менавишт, режими собиқаро нақд мекард, аз худ қаҳрамон метарошид. Касе аз аслбохта ва каҷрав намепурсид, ки ту кӣ ҳастӣ? Бо ин ному насаби шубҳанокат ва бо ин решаҳои авлодии олудаат бо ин миллат чӣ умумият дорӣ? Ин музахрафоти ту, ба кӣ даркор аст? 
Тарафдории наҳзатиён Салимпурро як бор аз Ватан фирориву бе хонаву дар кард. Ғарибнишин намуд. Марди оқил дарро пӯшад, панҷараро барои рӯзи мабодо боз мемонад, ба истиснои Салимпур, ки раги босмачигиаш қавитар аз ақидаҳои коммунистии падараш будааст. Бале, хонандаи закӣ, падари Салимпур коммунисти ашаддии ноҳияи Ҳисор дар гузаштаву писар ҳоло наҳзатпарасту дар думи домуллоҳои охундӣ кашолу овезон. Дар ҳошияи ин таноқузоти ақлӣ, саволе ба вуҷуд меояд, ки коммунистпарварии падару босмачидӯстдории писар чӣ маъно дорад? Бо нони ҳукумат калон шуда, сангандозии Мирзо Сангакович Салимпур ба кадом ақли одамӣ рост меояд? Ин ҷо чӣ сир пинҳон аст? 
Бубинед, дар Аврупо хабарнигорони чирадасте ба ҳар сабабу омил будубош доранд, ки яке аз онҳо Саймуддин Дӯстов мебошад, ки дар касбият, навиштану таҳлил як сару гардан аз ин «папа Роза»-и Салимпур боло аст. Аммо ин шахс мулоҳизаҳои дурнамои миллиро ба инобат гирифта, дар бисёр маврид хомӯширо авло медонад. Салоҳдиди манфиати миллатро дарк мекунад. 
Салимпур, падарсолори дӯрӯғгӯён бошад, бо баҳонаи иттилоотрасонӣ ба мухолифоне ки рақиби сиёсии давлат мебошанд, минбар додааст, он қадар дурӯғ коридааст, ки ҳисобаш гум аст. Саркардаҳои ҳизби ифротиро чеҳраву ниқоби дунявӣ пӯшонида, доимо тарғиб мекунад. Наҳзати исломӣ ҳизби террористӣ эълон шудааст, ки ин истилоҳи устувори ҳуқуқист. Салимпур бошад ба онҳо қонунмандии демократӣ мебахшад. Бо пуррӯӣ нишон медиҳад, ки мухолифи тафсири расмии қонунӣ нисбат ба воқеаҳост. 
Салимпур аз ҷумлаи афродест, ки танҳо пазириши арзишҳои ботил ва хоми ифротиро дораду худхоҳу мағрур аст, ба инсонҳо нафрати беандоза дорад, ҷанҷолдӯстдору пархошгар аст. Агар ин хислатҳо ёру ёвари М.Салимпур намебуд, оё ба минбари ифротзадаҳо табдил меёфт? Нерӯи эътирозии бемавридашро нисбат ба ҳамватанонаш сарф намекард. Дар майдони шаҳидон «Роҳи мо роҳи Алист, бирав гум шав коммунист» намегуфт. Ин хабарнигори шариатмадори кабирипараст бо ёрдамчиҳои «манбаъи иттилоотӣ»-аш ғайбату дурӯғро дар бораи вазъияти ҷумҳурӣ дар пеши хоҷагонаш чаппаву воруна нишон медиҳад ва бар ивази он хоҷагонаш ба назди ӯ устухоне мепартоянд.
Дар фарҷоми муколама мо аз Салимпур бинобар олудагиҳои ахлоқӣ ҳаргиз талаби тавба намекунем. Ҳанӯз, ки ҳанӯз аст, фақат муроҷиат менамоем, ки дар наздиктарин фурсат аз масири зиддимиллии «мирзодикак»-и ташкилоти террористии наҳзат раҳо шавад ва бар ормонҳои давлатӣ баргардад. 
Намехостам ба иззати нафси ҷононаамон расам, аммо вақте дидам, ба ҷуз хиёнаткориҳо ба ҳамкасбони худаш, ӯ ҳамзамон ба Давлату Миллат хиёнат кардааст, хостам, чанд маълумотро ёдовар шавам.
Дар сурати қабул нашудани ин хитобнома, атояшро ба лиқояш мебахшем: «Лавлалҳумақову лахариб-уд-дунё» (Агар аҳмақон намебуданд, дунё хароб мегардид), мегуфтанд дар урфият. Дар ин мақоли халқӣ калидкалима вожаи «Аҳмақ» аст, ки синоними номи гӯёи Салимпур дар фазои маҷозист.

Мадоро Муросоев, махсус барои «Ахбор.ком»

Ва аммо баъд P.S.: Лақабҳоеро, ки ба «шарофат»-и хокпошаки наҳзат шудан, Мирзо Сангакович Салимпур аз ҷониби хонандагони бедор номгузорӣ гардидааст, инҳоянд: «Падари дурӯғгӯён», «қофиласолори дурӯғгӯ», «Фитнаангези бериё», «Ҷорчии навбосмачиҳо», «Думрави такфириҳо ва оқибатуламр: “Салимпул”, «Дурӯғпардози наҳзатӣ», “Чонона”… 
Агар фаъолияти ин «хабаркаш» идома ёбад, яқин аст, ки Мирзои Салимпул аз ин баъд ба Мирзои Салимгул ва туғритараш ба Пан Мирзо фон Жозеф Салимпулский по кличке “босмач” тағйири ном хоҳад кард. Зеро ба ҳар роҳу восита пули муфт кор кардан дар зершуури ин хабарнигори беору тундгаро афзалияти калидӣ касб кардааст.

 
Хабарҳо - Тарбия

ФАВРӢ! ШАРОФИДДИН ГАДОЕВ – МУОВИНИ КАБИРӢ БА ТОҶИКИСТОН БАРГАШТ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 15 феврал бо нашри як изҳороти вижа эълон кард, ки Шарофидин Гадоев, муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон – эътилофи мухолифини тоҷик, ки дар шаҳри Эйндҳовени Ҳолланд паноҳ мебурд, ихтиёран бо ҳавопаймои Маскав – Душанбе ба Тоҷикистон баргашта, дар ШВКД фурудгоҳи Душанбе худро ба мақомот таслим кардааст.

 
Хабарҳо - Тарбия

Дар Турк Симпозиум байналмилалии «Муқовимат бар зидди ташкилоти террористии наҳзат» доир гардид

5 феврали соли 2019 дар Ҷумҳурии Туркия Симпозиуми байналмилалӣ зери унвони «Муқовимат бар зидди созмони террористии наҳзат» баргузор гардид. Ин ҳамоиш зимни даъвати расмии Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода аз ҷониби Муфтиёти Туркия доир карда шуд. Дар Симпозиуми мазкур ходимони динии Тоҷикистон ва Туркия, олимон, унвонҷӯён, мутахассисони самти мубориза бар зидди терроризм, дипломатҳои кишварҳои хориҷии муқими Анқара, Шӯрои донишҷӯёни тоҷик дар Туркия, намояндагони созмонҳои байналхалқӣ ва Анҷумани тоҷикон дар Туркия ширкат доштанд.

Дар кори Симпозиум Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Анқара Маҳмадалӣ Раҷабиён, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода, профессори Донишгоҳи Анқара Саадеттин Коҷатурк, Мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара Парвиз Содиқӣ, маъмури Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулвоҳид Ҳомидов ва Раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия Зафар Мақсудов сухан гуфтанд.

Симпозиуми байналмилалӣ бо суханронии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён оғоз гардид. Зикр карда шуд, ки Туркия шарики муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди ташкилотҳои террористӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ ба ҳисоб рафта, дар ин самт ба натиҷаҳои назарраси муштарак ноил гардидаанд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Туркия, ки бевосита бо амалҳои тахрибкоронаи ташкилотҳои террористӣ ва оқибатҳои фоҷеабори он дар кишварҳои худ рӯ ба рӯ шудаанд, дар самти мубориза бар зидди терроризм дорои мавқеъҳои яксон буда, дар ин соҳа ҳамкории муфид ба роҳ мондаанд. Дар назар аст, ки ҳамкорӣ дар ин самт ояндаи наздик боз ҳам тақвият дода шуда, фаъолияти чунин созмонҳои террористӣ дар қаламрави ҳарду кишвар пурра қатъ карда шавад.

М.Раҷабиён изҳор дошт, ки аксари созмону гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, аз ҷумла ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ аз номи дини мубини ислом ба манфиати худ суиистифода менамоянд. Мутаассифона, ҳолати мазкур баъзан боиси духӯрагии муносибати мардуми мусулмон дар робита ба аъмоли зишти онҳо мегардад.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода вобаста ба душманони дини мубини Ислом, аз қабили террористону ифротиён сухан гуфта, таъкид дошт, ки ба ҳайси мисоли зинда метавон ташкилоти террористии наҳзатро ном бурд. Зеро дар тӯли фаъолияти ташкилоти мазкур аз ҷониби аъзо ва роҳбарони он ҳама гуна ҷиноятҳо ва амалҳои террористӣ зери номи дини мубини ислом анҷом дода шудаанд, ки мақсади асосии душманони дин низ маҳз ҳамин аст.

Дар идома Саидмукаррам Абдулқодирзода аз таърихи ҷиноятҳои аъзои ташкилоти мазкур ёдовар шуда, гуфт, ки наҳзатиён дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Бохтар лагери террористии худро сохта, дар он ба қатлу кушторҳое даст мезаданд, ки таърихи инсоният ин навъ ҷиноятҳоро тасаввур карда наметавонист. Баъди солҳои тӯлонӣ таҷрибаи наҳзатиён аз ҷониби аъзои ташкилоти террористии ДИИШ содир гардид. Ҳамин тартиб С.Абдулқодирзода тазаккур дод, ки созмонҳое, ба мисли ҲНИ ва ДИИШ танҳо бо кумаки хоҷагони пасипардагӣ аз кишварҳои манфиатхоҳ арзи вуҷуд намуда, бо дастгирии молиявии онҳо фаъолияти тахрибкоронаи худро идома медиҳанд.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки бо супориш ва маблағгузории роҳбари феълии ҲНИ М. Кабирӣ 4 сентябри соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа бисёр ҷавонони мусалмону далери тоҷик, ки мақсади дифоъ аз Ватану миллати худро доштанд, аз силоҳи террористони наҳзатӣ кушта шуданд. Ҷумҳурии бародари Туркия низ чунин табаддулоти давлатиро 15 июли соли 2016 аз сар гузаронид ва шоҳиди кушта шудани садҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ шуд. Аз ин бармеояд, ки фарқ миёни наҳзат ва созмони террористии Фатҳуллоҳ Гӯлен дида намешавад.

Гузашта аз ин, С. Абдулқодирзода дар бораи кушта шудани сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби аъзои наҳзат ва дастпарварони Эрон изҳори назар намуда, таъкид дошт, ки гардишгарони хориҷӣ танҳо барои саёҳат ва истироҳат омада буданд. Аммо нотавонбинон ва хоинони миллати тоҷик ҷавонони хориҷиро бераҳмона ба қатл расониданд. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки хушбахтона, мақомоти дахлдори Туркия хатару таҳдидҳои ин созмони террористии наҳзатро дарк карда, роҳбарият ва аъзои онро аз Ҷумҳурии Туркия хориҷ намуданд.

Хушбахтона, 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии ҶТ аризаи прокурори генералии ҶТ қонеъ гардонида шуда, ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти ифротгаро ва террористӣ эътироф намуда, фаъолияташро барҳам доданд. То имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон ва рӯҳониёни исломии асил ҲНИ-ро кабул надоранд ва эътироф ҳам намекунанд. Чунки Худованд аз низоъ ба таври умум манъ намуда, мефармояд:

«Ва бо якдигар ба низоъ барнахезед, ки нотавон шавед ва шаъну шавкат аз шумо биравад». (Анфол; 46).

Профессор Саадаттин Коҷатурк дар мавзӯи “Бародарӣ дар дини Ислом ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафти дин” маърӯза ироа намуда, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва рушди дини ислом ёдовар шуд. Профессори турк таъкид кард, ки Сарвари давлати Тоҷикистон ба хотири хизматҳои шоёнашон дар инкишоф додани дини ислом ба рӯйхати 500 нафар мусулмонони бонуфузтарини ҷаҳон шомил гардиданд. Дар қатори хизматҳои бузурги Сарвари Тоҷикистон аз ҷумла, эълон кардани Соли бузургдошти Имоми Аъзам ва таҷлили конфронси байналхалқӣ бахшида ба ин фарзанди миллатамон дар соли 2009, бунёди бузургтарин масҷид дар минтақа, нашри китоби муқаддаси Қуръон бо хатти кириллӣ ва дастраси умум гардонидани онро ёдовар шуд. Ҳамзамон профессори турк бо ҳаяҷон ва самимияти хосса тазаккур дод, ки миллати тоҷик бояд бо доштани чунин шахси фозилу арҷманд, ба мисли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор намоянд, зеро ба ҳар кишвар ва ба ҳар миллат доштани чунин Пешво муяссар нахоҳад гардид.

Зимни суханронӣ устоди Донишгоҳи Анқара тазаккур дод, ки ҳангоми сафари навбатиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки ба ӯ шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад. Саадеттин Коҷатукр дар оилаи рӯҳонӣ ба воя расида, падараш солҳои зиёд муфтии Ҷумҳурии Туркия будааст. Профессори турк донандаи хуби забони форсӣ, арабӣ ва фаронсавӣ мебошад.

Маъмури Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулвоҳид Ҳомидов иброз дошт, ки солҳои аввали истиқлолият бо дастгирии доираҳои манфиатдори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар кишвари мо ТТЭ ҲНИ таъсис ёфт. Барнома ва фаъолияту ақидаи ин ҳизб ба мардуми Тоҷикистон бегона буд, аз ин рӯ аҳолӣ ва давлат онро қабул надоштанд. Созмони террористии наҳзат ақидаи шиаро тарғибу ташвиқ мекард, вале ба ҷуз баъзе афроди ноогоҳ ҳеҷ кас онро қабул надошт. Баъд аз истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ин ташкилоти террористӣ борҳо террору кушторро дар дохили кишвар анҷом дод. Аз ҷумла, 4 сентябри соли 2015 гурӯҳи мазкур ба табаддулоти ҳарбӣ даст зада, ноком шуд, зеро мардуми шарифи тоҷик бар хилофи идеологияи шиагароии онҳо буд. Дар натиҷа, бо қарори Суди Олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизби экстремистӣ-террористӣ қатъ карда шуд.

Мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анкара доир ба масъалаи мазкур пуштибонии ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Туркия аз ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузашта оид ба баргузории Симпозиуми байналмилалӣ доир ба «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез»-ро муҳим арзёбӣ кард. Таъкид намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми он аз ибтидо талоши табаддулоти ҳарбиро дар Туркия (16 июли соли 2016) қотеъона маҳкум намуда, ҷонибдории худро аз ҳукумати қонунӣ ва равандҳои демократии кишвари ба мо дӯст баён менамояд ва барои ҳамкории минбаъда дар ин раванд омода мебошад.

Тоҷикистон, ки 4 сентябри соли 2015 бо кӯшиши табаддулоти низомии аз тарафи ТТЭ ҲНИ ташкил кардашуда рӯ ба рӯ гардида буд, ҷонибдории Туркияро дар раванди мубориза бо омилони он эҳсос менамояд. Қобили тазаккур аст, ки кишвари мо аз ҷонибдории кишвари дӯст дар ин раванд бо мақсади маҳдуд намудани фаъолияти аъзои ТТЭ ҲНИ дар қаламрави Туркия сипосгузор аст.

Раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия Зафар Мақсудов доир ба амалҳои тахрибкоронаи наҳзат дар мавзӯи “Наҳзат дар Туркия дигар ҷойгоҳ надорад” сухан гуфт. Вай изҳор дошт, ки мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аввали солҳои 90-уми асри XX ҳадафи амалҳои тахрибкоронаи террористону ифротгароёни наҳзатӣ қарор гирифта буд, дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар мақоми муҳим дорад. Дар натиҷаи бесарусомониҳо ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ, ки бевосита аз ҷониби наҳзатиҳо роҳандозӣ шуда буд, дар кишвар беш аз сад ҳазор нафар кушта шуда, беш аз як миллион нафар мардуми осоишта бехонумону фирорӣ гардидаанд. Бо вуҷуди ин, Ҳукумати Тоҷикистон тавонист, то муколамаи васеъро дар кишвар ба роҳ монда, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намояд.

Раванди мубориза бо терроризм дар манотиқи гуногуни олам ва кишварҳои алоҳида нишон медиҳад, ки дар ин росто ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз аз мавқеъгирии ягона оид ба терроризм ва экстремизм бархурдор нест. Ҳанӯз ҳам, мутаассифона, зимни арзёбии ин падидаҳои нанговари таҳдидбарангез ва омилони он аз ҷониби ниҳодҳои алоҳидаи байналмилалӣ, бахусус САҲА ва кишварҳои алоҳида, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон муносибатҳои «духӯра» ба мушоҳида мерасанд.

Аммо ба таъкиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «… террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист — террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад». Ба ақидаи ӯ, «муборизаи самарабахш алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатангез ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати “меъёрҳои дугона”-ро намепазирад».

«Мо, аъзои Анҷумани тоҷикон дар Туркия ба ҳукумати муҳтарами Туркия изҳори сипос менамоем, ки тамоми аъзои созмони хатарноки террористии наҳзатро аз қаламрави кишвари дӯстӣ мо рондаанд. Мо мутмаин ҳастем, ки мақомоти марбутаи Туркия аъзои ин созмони террористӣ ва роҳбари он М. Кабириро дигар ба Туркия роҳ нахоҳанд дод. Вақте ки аъзои созмони террористии наҳзат дар Туркия иқомат мекарданд, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин кишвар, бахусус дар шаҳри Истанбул бадном карда буданд. Хушбахтона, имрӯз мо, тоҷикони муқими Туркия дар фазои солим ба сар мебарем ва аз аъзои созмони экстремистӣ-террористии наҳзат талаб мекунем, ки номи муқаддаси Тоҷикистонро дар кишварҳои Аврупо ба забон нагиранд. Зеро наҳзатиҳо душмани миллати тоҷик ҳастанд ва ҳуқуқи аз номи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтан надоранд»,-гуфт Зафар Мақсудов.

Хулоса, симпозиуми мазкур, ки дар сатҳи баланд доир гардид, ба пешрафти раванди мубориза бар зидди терроризму экстремизм, хусусан бар зидди фаъолияти ТТЭ ҲНИ таъсири амиқ гузошт.

 

АМИТ «Ховар»

 
Хабарҳо - Тарбия

ВАБОИ АСРИ  20 ВА АНГЕЗАҲОИ СИРОЯТИИ ОН ДАР АСРИ 21

Дар ҷаҳони муосир тамоми ҷанбаҳои мутараққӣ дар асоси ғояҳои сирфан илмӣ – бунёдӣ, орӣ аз таассубу хурофот ва назари воқеъбинона ба вазъи мавҷуда асос ёфтааст. Беолоиш нигоҳ доштани фарҳангҳои суннатӣ низ омили  рушду тақаддум мебошад. Пас бояд ҳар миллати соҳибтамаддун фарҳанги суннатии хешро беолоиш бипазирад ва дар асоси он насли соҳибтамаддуни миллии хешро боқӣ гузорад.

Нигоҳдории фарҳанги ноби як миллат ба осонӣ ба даст намеояд. Тавре бузургони миллати тоҷик фарҳанг ва тамаддуни тоҷикиро бо масъулияти тамом тӯли давраҳои сангини таърихӣ бо баҳои хуну ҷон аз вартаи оташ то имрӯз раҳонидаанд, ки боиси ифтихор аст. Илова бар ин, масири таърихии фарҳангдории тоҷикон ҳамчунин хиёнатҳоро низ аз сар гузаронидааст, ки сабаби шикасти равонии миллати тоҷик гаштаву миллати тоҷик эътимоди ирсии қудрати хешро аз даст дод.

 

Яке аз марҳилаҳои таърихии шикасти равонии миллати тоҷик бармегардад ба Аморати Бухоро – даврони ҳукмронии сулолаи манғитӣ. Акнун ин Бухоро на он Бухорои даврони Сомониён буд. Ин Бухорои манғитӣ буд, Бухорои хурофот буд. Дар замони сулолаи манғития миллати тоҷик камоли беэҳтиромиро нисбати худ пай бурда буд. Тайи 200 соли сулолаи манғитӣ зеҳни мардумро ба ғуломӣ бовар кунониданд. Кӯдаке аз оилаи тоҷик ба дунё меомад, нусхаи сарнавишти падарашро дар манзараи ғуломӣ дар худ тасаввур ва қабул мекард, ки зикраш хеле дарднок аст. Барои миллат ҳуқуқ гуфтанӣ ҷузъи арзишҳои маънавӣ вуҷуд надошт. Динро барои мардум нисбати худ ҳам сипар ва ҳам шамшер истифода ва шарҳ медоданд. Мардум ба донишҳои маҳдуди вазъи даврони обшинаи ибтидоӣ талқин менамуданд. Воқеан, халқи тоҷик ба наҷотдиҳандае ниёз дошт.

Замонаш фаро расиду бо кӯмаки артиши сурх миллат аз банди ғуломӣ ва бардагӣ озод гашт ва барои поксозии сарзаминаш остин барзад. Дар ин ҳангом дастаҳои манфиатҷӯ ва истисморгарони Аморати Бухоро – Амир Олимхон бо роҳзанони маҳаллиаш гурӯҳҳои ғоратгари «ғазоталабон» - ро ташкил кард. Ба ин гуруҳҳои «ғазоталабон»  босмачӣ ном гузошта шуданд. Манфиати асосии ин босмачиҳо ва «ҳомиёни Ислом» гаравидан ба чунин гурӯҳҳо ин буд, ки аз маҳаллаҳои тороҷкардаи худ аз «ғанимат» - ҳо баҳра баранд ва дар сурати «нусрат» ёфтанашон насибашон мансабҳои калон аз тарафи амири бетахташон мешуд. Инҳо на ҳадафи дифоъ аз арзишҳои динӣ балки ҳадафи дифоъ аз арзишҳо нафсӣ доштан. Ҳама гурӯҳҳои босмачиёнро афроди манфиатдори ҳукумати истисморгари собиқ роҳбарӣ мекарданд. Аммо гурӯҳҳое, ки бар зидди ин ҷонварони девсират муқовимат нишон медоданд, ҳама заҳматкашон ва аҳолии одӣ будан. Аксари шумораи отриядҳои муқовиматиро дастаҳои ихтиёрии мардум, онҳое ки дар номусашон, ҷонашон, хешовандонашон ва молу амволашон таҷовуз роҳ дода шуда буданд, ташкил медод. Босмачиҳо шикаст хӯрданд. Чунки афкорашон сари худашонро чу гирдоб хӯрд. Пирӯзӣ насиби мардуми заҳматкаш гашт.

Ҳоло бошад аз ҳар гӯша сару садоҳо ҷиҳати дифоъ аз аъмол ва афкори шуми онҳо шунида мешавад, ки хеле ҷои таассуф аст. Ворисони босмачиён имрӯз дар симои ашхоси соҳибмаърифату ботамаддун худро мехоҳанд рӯи саҳнаҳои сиёсат кашанд. Аммо асолати онҳо дар асоси афкори харобиовари гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва ифротию террористӣ бунёд ёфтаан. Чунин ашхос ҳоло ҳам сухан аз сулҳ, субот ва некуаҳволии омма мезананд, аммо агар ба аъмоқи таърихашон назар афканем, инҳо афсонаҳои асотириро ба ёди мо меоранд ки дар гузашта қувваи торикии аҳриман гуфта мешуданд. Ғояҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва террористии ТТЭ ҲНИ, ки пӯсти Паймони миллӣ бар сар мекашад нифоқандозӣ дар миёни миллате, ки ба сахтӣ истиқлолияти ҳудудӣ ва маънавии худро касб кардааст, дар ҳоли роҳандозӣ кардан ҳаст. Намехоҳанд миллат ҷон гирад. Намехоҳанд модар бо кӯдакаш дар маҳалли зисташ озод гашту гузор намояд. Онҳо намехоҳанд зеҳни миллати тоҷик фориғ аз мавҷудияти эҳтимоли хатар бошад. Аммо муваффақ нахоҳанд шуд. Ҳаргиз бадӣ некиро ғолиб наёмадааст.

 

Рустам Акрамов, сокини ш.Душанбе

 


Страница 44 из 79
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj