• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Тарбия
Хабарҳо - Тарбия

Терроризму экстремизм аз бузургтарин хатарҳое маҳсуб меёбанд, ки ҳоло барои аҳли башар ба хатари рақами як мубаддал гардидаанд. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.Бо дарназардошти оқибатҳои даҳшатбори ин фаъолиятҳо Пешвои муаззами миллати мо қариб дар ҳама суханрониҳояшон муҳиммияти муборизаи муштаракро бо ин падидаи номатлуби қарни ХХІ таъкид менамоянд: “Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст”.  Шароит имрӯз моро водор мекунад, ки мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризмро чун масъалаи хеле муҳим ва ҷиддӣ арзёбӣ намоем. Шак нест, ки ин масъала ба сарнавишти давлатдории миллии мо гиреҳ хӯрдааст. Лозим аст, ки ба шинохти моҳияти ифротгароии динӣ, дарки хатари воқеӣ ва ба мубориза алайҳи он таваҷҷуҳи бештаре намоем. Гурӯҳҳои тундгаро бо истифода аз дин, махсусан дини мубини ислом, ки таълимоташ аслан чунин кирдорро маҳкум намудаву бар муқобили ҳама гуна зулму истибдод аст, таблиғоти густардаи худро ба роҳ монда, дар ниқоби дин ғояҳо ва ҳадафҳои манфиатҷӯёнаи худро пиёда месозанд.  Масалан, ҳоло гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ки баъзе аз вилоятҳои нафтхези кишварҳои Сурия ва Ироқро ишғол намудааст, захираҳои нафтии ин кишварҳоро, ки сарвати миллии мардуми Сурия ва Ироқ мебошад, бо нархи ночиз ба бозори сиёҳ бароварда мефурӯшад. Агар ҳоло нархи як баррели нафт дар бозори расмӣ ҳудудан 45-50 доллари ИМА бошад, гурӯҳи “Давлати исломӣ” нафти Ироқро ҳоло бебаркаш бо нархи 20-25 долларӣ ба фурӯш гузоштааст. Аз ин ҳисоб ширкатҳо ва давлатҳои алоҳида миллиардҳо доллар фоида ба даст меоранд. Таври маълум ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мекунанд. Мақсади ин қудратҳо маҳз ишғол кардани ҳудуди кишварҳои мусулмонӣ, ба даст гирифтани ҳокимияти сиёсӣ дар онҳо ва ниҳоят ба даст гирифтани сарватҳои табиии онҳост.  Қайд кардан зарур аст, ки сулҳу субот ва оромиву осоиштагии кишварамон дастоварди бузурги истиқлолият буда, неъмати гарону ноёфтанӣ ва аз ҳама дороиву сарватҳои дунё болотар аст, ки миллату давлати маҳбубамонро шуҳратёр гардонидааст. Хушбахтем, аз он, ки дар Тоҷикистони озоди хеш бофароғат умр ба сар мебарем.

Хулоса, терроризму ифротгароиро бояд ҳамаи кишварҳои сайёра ҳамчун бӯҳрони идеологии ҷаҳонӣ шиносанд ва тадбирҳои заруриро дар самти мубориза бо он ба роҳ монанд.

Самӣ Орифов-аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомониён”

 

 
Хабарҳо - Тарбия

Инсоният дар таърихи тӯлонии хеш вобаста ба вазъу ҳолатҳои гуногун ва печида ба ҳадафҳояш рамзҳои зиёдеро эҷод намудааст. Парчам низ чун рамз таърихи хеле қадима дорад. Имрӯз ҳеҷ як давлатро бе парчам тасаввур карда наметавонем.

Фирдавсии бузург дар «Шоҳнома»-и худ таърихи пайдоиши парчамро чунин шарҳ додааст. Заҳҳок барои морони сари китфаш ҷавонони зиёдеро қурбон мекунад. Ҳамроҳи ин ҷавонон 17 писари Коваи оҳангар ҳам туъмаи морони Заҳҳок мегарданд. Коваи оҳангар барои қассос гирифтан аз Заҳҳоки хунхор мешӯрад ва пешдомани чармини хешро бар сари найза кашида, халқро ба шӯриш даъват мекунад ва ба пирӯзӣ мерасад. Баъди ғалабаи Коваи оҳангар шоҳ Фаридун ба сари тахт меояд ва ӯ пешдомани Коваи оҳангарро «Ковиёни дурафш» (дурафши ковиёнӣ) мехонаду бо зару зевар меорояд ва муқаддас медонад. Дурафш, шакли дигараш дирафш ҳаммаънои парчам аст. Дурафши ковиёнӣ солҳои сол мояи ифтихору ғурур ва пешбари пирӯзиҳои ворисони Фаридун будааст ва ниҳоят, арабҳо  истилогаронро ҳангоми ҳамла ба Эронзамин ба яғмо бурдаанд. Минбаъд ҳар шахсе, ки ба сари қудрат меомаду кӯлоҳи сарварӣ ба сар мениҳод, парчамро азиз медошт ва баланд меафрохт. Ба тадриҷ шоҳон дирафши ковиёниро боз ҳам оростатару мунаққаш карданд, то ба ҷое, ки дар шаби тор мисли офтоб медурахшид ва ба мардум фараҳу умед ҳадя мекард. Ҳамин тавр, парчам дар саросари ҷаҳон рамзи маъруф гардид.

Дар ибтидо парчам бештар чун рамзи нерую тавоноӣ, лашкаркашию кишваркушоӣ пазируфта шудааст. Таърихи инсоният собит намудааст, ки дар вақти ҷангҳо ҳар лашкар парчами афрохтаи худро доштааст. Барои дар сафи пеши лашкар устувор доштани парчам сипоҳии далеру неруманде интихоб карда мешуд, ки ӯро аламдор, яъне парчамдор меномиданд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ шаш вожаи парчам маъруфанд: Дирафш ё дурафш, алам, ливо, байрақ, парчам, роят. Вожаи қадимтарини тоҷикӣ асл вожаи дирафш ва парчам аст. Вожаи алам истилоҳи арабӣ аст. Байрақ бошад, истилоҳи туркӣ.Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон зарурати таҳияи рамзҳои давлатӣ пеш омад. Вакилони мардумӣ бо камоли масъулият дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ, Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ вожаи парчамро пазируфтанд ва «Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд.

Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби аввалин рамзи давлатӣ ва соҳибистиқлолии худ Парчами давлатӣ гардид. 12 майи соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зери Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии ҶТ» имзо гузошт. Инчунин бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯз ҳамасола бо шукуҳу тантана хоса қайд карда мешавад.

Маҳбуба Ғаффорова-узви фаъоли ҲХДТдар ноҳияи Сино

 

 
Хабарҳо - Тарбия

Моҳи ноябри соли ҷорӣ як теъдоди зиёди зиндониёни №3-и шаҳри Хуҷанд бо маслиҳати пешакӣ аз зиндон фирор намуда буданд. Оиди ин қазия дар расонаҳои хабарии шабакаҳои интернетӣ маводҳои зиёде нашр гардидаанд.

Чуноне ки дар яке аз маводҳои нашршуда иттилоъ дода мешавад, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Сироҷиддин Муҳиддин дар яке аз нишастҳои матбуотӣ дар ин бора посухҳо додааст. Ба иттилои Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти фирориёни зиндон пайравону эътиқодмандони Давлатии Исломӣ- террористону иштирокчиёни ҷангҳои Сурияву Ироқ  ва қисми камашон паҳнкунандагони маводи мухаддир мебошанд.

Сараввал мақомоти қудратии кишвар хостанд бо роҳи гуфтушунид ин қазияро ҳаллу фасл намоянд, вале натиҷае ҳосил нашуд. Пасон маҷбур шуданд, ки аз яроқ истифода баранд. Дигар чӣ кор ҳам мекарданд? Гунаҳгор гунаҳгор аст ва ў барои содир намудани бисёр корҳои ношоиста қодир аст. Мақомот барои пешгирӣ намудани дигар амалҳои барои ҷомеа ва шаҳрвандонаш хавфнок аз силоҳ истифода намуд, ки фикр мекунем сад дар сад дуруст аст.

Аввалаш ин ки, ҷинояткор худ дар назди Давлату миллат гунаҳгор асту бояд ҷуброни гуноҳ намояд. Дигар ин ки, агар ў нафари хатарноку зараровар намебуд, зиндонӣ намешуд. Сеюм ин ки, ин нафарон гуноҳ бар замми гуноҳ намудаву ислоҳнашаванда будани худро собит гардонидаанд. Чаҳорум ин ки, баъди фирор кардан ба дархосту хоҳиши кормандони ҳифзи ҳуқуқ итоат нанамуда, мехостанд ба дигар корҳои ҷиноии вазнин даст зананд, шояд нафарони зиёдеро зери фишору таъқиб ва ҳатто бикушанд. Маҳз ба ҳамин хотир мақомоти қудратии мамлакат аз силоҳи оташфишон истифода намуданд.

Дар хусуси теъдодои фирориёну кушташудагон низ фарзияҳои гуногун рўйи чоп оварда шудаанд, аммо Вазири  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Сироҷиддин Муҳиддин иттилоъ додааст, ки теъдоди ошўбгарони кушташуда 21 нафарро ташкил медиҳанд.

 
Хабарҳо - Тарбия

Чуноне ки ҳамагон огаҳӣ доранд, чанд рўз қабл бавоситаи ахбори омма Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди аз вазифаҳои ишѓолкардаашон озод шудани чанде аз сардорони вазорату идораҳо эълон гардид ва дар қатори эшон сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-Изатулло Шарипов низ буд. Чи тавре ки аз қироати Қарор маълум аст, Изатулло Шариповро бинобар сабаби ба нафақа баромаданаш Ҳукумати мамлакат аз вазифа озод намудааст.

Аммо сару садоҳо доир ба ин Қарори Ҳукумати кишвар дар расонаҳои хабарии шабакаҳои интернетӣ зиёданд. Баъзеҳо ба он ақидаанд, ки Изатулло Шарипов дар фирор намудани зиндониён аз маҳбасхонаи №3-и шаҳри Хуҷанд даст дорад ва ў пешакӣ бо роҳбари ин зиндон- Сафаров Файзуллоҷон ин нақшаро тарҳрезӣ намуда бошанд. Ба ҳар ҳол, агар ин ягон ҳолати воқеӣ дошта бошад, тафтишот ва крмандони ҳифзи ҳуқуқи мамлакат бояд ошкор намоянд.

Вале як нукта моро дар ҳайрат иегузорад, ки гўё Изатулло Шарипов бея гон номнависии пешакӣ ба ҳузури Ҷаноби Олӣ, президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид мешудааст. Ин суханон ягон асоси воқеӣ надоранд. Чунки Ҷаноби Олӣ шабу рўз дар андешаи ободиву хуррамгардонии мамлакат, қабулу гусели меҳмонон, сафарҳои корӣ ва ҳаллу фасли камбудиву норасоиҳои кишваранду баҳудаю беҳуда вақти хешро намегузаронанд.

Ҳамчунин навиштаанд, ки Изатулло Шарипов ба духтарони Ҷаноби Олӣ- Озода ва Тахмина кўмакҳо мерасонидааст. Худ қазоват кунед, ки духтарони Ҷаноби Олӣ соҳиби ҷойи кор ва маошанд, зиндагии тинҷу ободу ором доранд ва ба чизе ниёз надоранд, чи тавр муҳтоҷи кўмаки шахси дигаранд? Ҳамагон шоҳиди ҳолем, на танҳо Ҷаноби Олӣ, балки фарзандонашон низ то метавонанд ба дигарон кўмак менамоянд, дасти ятиме,корафтодаеро мегиранд, то диле ба даст оранд. Магар навиштани чунин суханон паст задани шаъну шарафи як оилаи бонуфузи кишвар нест? Пеш аз он ки чизе нависем, аввал бояд андеша кунем, ки чӣ менависем.

 
Хабарҳо - Тарбия

22 марти соли 2018 Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз рӯйи ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати оғози «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар доираи санаи биступанҷумини баргузории Рӯзи байналмилалии захираҳои об доир гардид. Об яке аз сарчашмаҳои асосии рӯзгори инсоният мебошад ва бе он мавҷудияти ҳаёт дар рӯйи замин ғайриимкон аст. Захираҳои об дар миқёси ҷаҳон хеле зиёд буда, 71%-и масоҳати кураи заминро об ишғол кардааст. Бо вуҷуди ин, инсоният солҳои охир аз нарасидани оби тоза ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ гардидааст ва ин масъала ба яке аз проблемаҳои глобалии ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид дар айни замон танҳо 1,2 миллиард аҳолии курраи замин аз оби тоза бархӯрдоранд. Зиёда аз 3 миллиард нафар оби ғайрисанитарӣ истеъмол менамоянд. Ҳар сол зиёда аз 5 миллион нафар аз бемориҳои вобаста ба олудагии об вафот мекунанд.

Кишвари мо ҳарчанд дар саргаҳи ташаккулёбии захираҳои оби тоза қарор дорад, аз масъалаи глобалии танқисии оби тоза худро канор гирифта наметавонад, чунки бо вуҷуди доштани сарчашма ва манбаъҳои бузурги оби тоза мо низ бо ин проблема рӯ ба рӯ ҳастем. Ҷомеаи инсонӣ аз замоне, ки ақлу дини худро дастрас намуд, аввалин эътиқоди онҳо эътиқод ба унсурҳои табиат: об, хок, бод ва оташ буд. Исоният аз азал хусусиятҳои хоси ин унсурҳоро фаҳмида, муҳимияти онҳоро барои ҳаёт дарк намуда буд. Бозёфтҳои археологӣ низ аввалин маротиба ташаккулёбии инсоният ва ҳамчун қабила-қабила зиндагонӣ кардани инсонҳоро дар наздикии дарёҳо ва баҳрҳо муайян намудааст. Зеро, ки об манбаи асосии зиндагонии одамони аввалин будааст. Ҳоло бошад, қисмати зиёди инсоният дар бисёр қитъаҳои олам аз норасоии об азият мекашанд, ки ин албатта ба зиёдшавии фавт, бемориҳои сирояткунанда ва ғайра оварда мерасонад, ки ин масъала тамоми мардуми курраи заминро дар ташвиш гузоштааст. Таъмини оби тоза заминаи асосии қонеъ гардонидани талаботҳои асосии зиндагонии инсон, пеш аз ҳама, барои нигоҳ доштани ҳифзи саломатӣ, таъминоти ғизои безарар ва ғайра хеле зарур аст. Бо ибораи дигар, об манбаи ҳаёт ва ҷузъи асосии рушди устувори инсоният аст. Бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Марказӣ низ солҳои охир гирифтори хушксолӣ ва обхезиҳои зиёди пайдарҳам гардида истодааст. Ҳамаи ин натиҷаи афзоиши эҳтиёҷот ба захираҳои об мебошад, ки ҳаҷми онҳо маҳдуд аст. Дар айни замон баҳру дарёҳо, кӯлҳо ва пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии таъминоти об ҳастанд, мисли дигар сарватҳои табиат аз ҷониби одамон бе назардошти оқибатҳои ногувор истифода мешаванд. Аз ҳамин сабаб, масоҳати онҳо торафт маҳдуд мегардад, сифати об коста мегардад, миқдори обе, ки барои зарурати таъминоти инсон лозим аст, сол то сол кам мешавад.

 


Страница 49 из 79
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj