• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Тарбия
Хабарҳо - Тарбия

Ба воситаи шабакат интернетӣ як нафар бонуи тоҷик, саҳеҳтараш собиқ рўзноманигори фирорӣ – бону Ҳумайро Бахтиёр нигоштааст, ки ўро барои бар зидди сохти давлатдории имрўзаи Тоҷикистион баромадҳо омода намуданаш аз кор сабукдўш намудаанд, лекин худро бегуноҳ меҳисобад.

Ин бонуи муҳтарам аввал бояд ба худ савол медод, ки Ҳукумату Давлати точикон ба ў чӣ бадӣ карда буд, нисбаташ чунин баромадҳоро раво дидааст? Оё, ҳамчун рўзноманигор, боре андешид, ки Тоҷикистон дар кадом вазъ қарор дошту мардумаш чӣ ҳол доштанд? Магар ҳамин Сарвару ҳамин Ҳукумат набуд, ки миллати тоҷикро аз вартаи нобудшавӣ раҳоӣ бахшид?...

Ин ва чандин саволҳои дигар касро ба андеша мебаранд. Давлате, ки туро хононд, соҳибмаълумот кард, соҳиби ҷойи кор намуд, то зиндагиатро пеш барӣ акнун низими давлатдориаш  ба ту писанд нест? Чаро? Барои он ки ту бар муқобилаш сухан мгўиву ба воситаи расонаҳои хабарӣ дигаронро бар зидди ин давлату ин миллат мешўронӣ. Барои он ки ту пойбанди ҳирсу ғурур гардидаиву худро аз дигарон доно меҳисобӣ.

Дар мақола зикр гардидааст, ки дар Тоҷикистон ягон хел озодӣ, аз он ҷумла «озодии сухан» нест.Ммуҳтарама Ҳумайро Бахтиёр шумо мафҳуми «озодии сухан» ё «озодии баён»-ро чи тавр мефаҳмед? Дар кадом давлати дунё камбудиву норасоиҳо вуҷуд надоранд? Магар барои ба миён омадани кулли чунин камбудиҳо Давлату Ҳукумат айбдоранд? На, хато мекунӣ. Баръакс, ҳар як Давлат кўшиш менамояд, ки камбудӣ-проблемаҳои бамиёномадаро саривақт ҳаллу фасл намояду таъсираш ба дигар қишрҳои ҷомеа нагузаранд. Аммо шумо ҳамчун рўзноманигор проблемаву камбудиҳои аз тарафи шахсе ё гурўҳе бамиёномадаро дар низоми нодурусти давлатдорӣ ҳисобида, бо ин роҳ мехостед дар байни мардум нисбат ин давлату ин миллат иғвоангезӣ кунед. Магар чунин рафтор ба як нафар рўзноманигоре, ки Давлату Ҳукумат ўро соҳибмаълумот гардонидааст, ҷоиз аст? Ҳаргиз не.

Имрўз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии Сарвари оқилу хирадманд ва ғамхору меҳрубонаш хеле хуб рушд ёфта истодаасту мардумаш дар фазои тинҷу ором ва шукргузорӣ аз чунин Давлату чунин Сарвар хушу хурсандона зиндагиву фаъолият намуда истодаанд. Ин беҳтарин неъмат аст ва ба қадри он бояд расид.

 
Хабарҳо - Тарбия

ҶАВОНОН ВА ДУРНАМОИ ТАҲКИМИ РУКНҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Таърихи ташаккули ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки башарият дар тули ҳастии худ шаклҳои гуногуни давлатдориро аз сар гузаронидааст. Миёни онҳо давлатди миллӣ яке аз устувортарин низоми давлатдорӣ ва дорои фазои муносиби инкишофи миллат шинохта шудааст. Давлати миллӣ дар асоси арзишҳо, муқаддасот, расму оин, фарҳанг ва сифатҳои хоси миллат бунёд ёфта, соҳибтамаддунии миллатро

 
Хабарҳо - Тарбия

Ваҳдати миллӣ - омили пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳаракатҳо ва ташкилотҳои ифротию тундгаро

Мардуми шарафманд ва фарҳангофари тоҷик ҷиҳати дастёб шудан ба сулҳи саросарӣ ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ, ба таъкиди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллақона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро бо азму

 
Хабарҳо - Тарбия

Терроризм - хатари глабалии №1 дар ҷаҳон

Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст ин терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад.

Терроризм ҳамчун ҳодисаи иҷтимоӣ ҷинояти махсусан вазнин буда, зери қонуниятҳои сабабӣ ҳолати он бо дигар ҳолатҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла бо иқтисодиёт, сиёсат, идеология ва психологияи ҷамъиятӣ ва бо ҳуқуқ алоқаманд аст.

 
Хабарҳо - Тарбия

ОИЛА - ОҒОЗГАҲИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

Нақши оилаи солиму устувор дар парвариши инсони комилу ботамкин ва тарбият ёфтани фарзандон дар рӯҳияи ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҳисси эҳтиром ба арзишҳои волои миллию фарҳангӣ ва худшиносии миллӣ басо муҳим ва аҳамияти бағоят бузургро дар ҳар халқу миллат дорад. Муҳити солиму

 


Страница 52 из 79
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj