• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Тарбия
Хабарҳо - Тарбия

13 июли соли 2021, соати 16:00 дақиқа ба вақти маҳаллӣ 77 нафар, аз ҷумла 26 мард, 20 зан ва 31 хурдсол шаҳрвандони мулкии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки асосан  сокинони қирғизтабори деҳаи Андемини вулусволии Вахони вилояти Бадахшони кишвари мазкур мебошанд, аз тарси таъқиби Толибон ва барои ҳифзи ҷони худ хати сарҳади давлатиро дар минтақаи ҷамоати деҳоти Кизил-Работи ноҳияи Мурғоб убур  намуда, вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад.

 
Хабарҳо - Тарбия

14 ноябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон, дар ҳайати ҷумҳурии иттифоқии Ӯзбекистон таъсис ёфт. 26 ноябри он сол Кумитаи Инқилобии ин ҷумҳурӣ, бо сарварии Нусратулло Махсум Лутфуллоев бунёд гардид. Яъне, Нусратулло Махсум аввалин сарвари давлатии ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Соли 1926, дар натиҷаи интихобот кумитаҳои инқилобии (ревкомҳои) ҷумҳуриямон ба Шӯроҳо табдил дода шуданд. Дар натиҷа ба ҷойи Кумитаи Инқилобии ҷумҳурӣ, Кумитаи Иҷроияи Марказӣ (КИМ) ташкил карда шуд ва раиси он Нусратулло Махсум интихоб гардид.

 
Хабарҳо - Тарбия

Нусратулло Махсум яке аз бузургмардони сарзамини мост, ки барои соҳибдавлат гардидани миллати тоҷик, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, озодию истиқлоли мо ҷони худро фидо кардааст. Корномаи қаҳрамони Тоҷикистон – Нусратулло Махсум, фаъолияту хизматҳои шоёни ӯ барои миллати тоҷик намунаи ибрат ва омӯзанда мебошад.

 
Хабарҳо - Тарбия

Дар ҷаҳони пурталотуми имрӯз Тоҷикистон, ки бо ниёзи рӯзафзун ва таъйини тадвин аз истиқлоли хеш истиқбол дорад, давлатест, ки мавҷуд аст, сиёсат дорад, майдони зиндагии хеш меҷӯяд, иқдомҳо анҷом медиҳад ва ба сӯи оянда менигарад. Истиқболи истиқлол назар ва нишонаи давлатдорӣ аст, маҳз дар ин айём мо худро мешиносем ва ҳуввияти хеш меҷӯем.

 
Хабарҳо - Тарбия

Зилзилаи шадиде, ки имрӯз, соати 7,30-и субҳ дар кишвар ба вуқӯъ пайваст, дар минтақаи Рашт якчанд хонаҳои истиқоматӣ ва аҳолиро зарари моддиву ҷонӣ расонд.

 


Страница 13 из 79
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj