менюхо |
ТАЪЛИМ-ИН СУТУНИ АСОСИИ ДОНИШГОҲ АСТ
лабораторияҳои таълимии факултетҳо, таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият, қабули имтиҳоноти мониторӣ, таҳлилу баррасии дарсҳои электронӣ, мониторингҳои навбатӣ, риоя талаботи барномаҳои таълимӣ машварат ва чорандешиҳо намуданд. Дар ҷаласаи мазкур муовини сардори раёсати таълим Умедҷон Холиқов доир ба натиҷаҳои комиссияи гузариш, интиқолу барқарор ва идомаёбии он то мӯҳлати муайянгардида, дар ҳузури ҳозирин ҳисобот дод. Сармутахассиси шуъбаи таълим номзади илмҳои педпгогӣ Бахтовар Қарабоев ҷиҳати тағйироти барномаҳои электронӣ, ки аз ҷониби масъулин дар сессияҳо гузашта сурат гирифта буд, ёдовар шуда, барои тағйироти минбаъдаи афзалиятнок низ, андешаронӣ намуд. Сипас, н.Айнуллозода Наҳтулло-сардори раёсати таълим дар машварат оид ба масъалаҳои мубрами таълим аз қабили барномаҳои таълимӣ, банақшагирии дурнамои таълим барои солҳои 2020-2025 андешаронӣ намуд. Дар ҷамъбаст муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саъдии Қосимӣ барои боз ҳам хубтару самараноктар гардидани таълим ба аҳли нишаст дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ, ки бевосита ба самти афзалиятноки таълим вобастагӣ дошт расонидаву барои иҷрои саривақтии он мӯҳлат муайян намуд.
|