• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Исследование
There are no translations available.

ИФОДАИ МАФҲУМИ ҶИНСИЯТ ДАР ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Категорияи ҷинсият ва ҷойгоҳи он дар забоншиносӣ. Ҷинсият гуфта, дар гуфтор ва амалкарди рӯзмарра ба нарина ва ё модина ҷудо намудани мавҷудоти ҷондорро мефаҳманд, аммо дар илми забоншиносӣ дар асоси шаклҳои махсуси ишоракунанда ба ягон намуди ҷинс (мардона, занона, миёна...) муттаҳид гардидани калимаҳо ё худ ҳиссаҳои муайяни нутқро ҷинсияти грамматикӣ меноманд. Ба таъбири дигар, аз рӯйи шакл дар калима намудор гардидани ба ҷинси мард ва ё зан тааллуқ доштани калима ҷинсияти грамматикӣ ном дорад. Мафҳуми ҷинсияти табиӣ-биологӣ дар ҳамаи забонҳо (бо роҳҳои гуногун) қобили ифода аст. Миқдори гурӯҳҳои ҷинсияти грамматикӣ низ дар забонҳо яксон нест, дар баъзе забонҳо ҷинсияти грамматикиро ба ду гурӯҳ (мардона ва занона) тақсим мекунанд, мисли забонҳои арабӣ, фаронсавӣ ва дар баъзе забонҳо ба се гурӯҳ (мардона, занона, миёна) мисли забони русӣ, олмонӣ, форсии бостон, авастоӣ ва ғайра ҷудо карда мешавад. Инчунин ҷинсияти грамматикӣ дар забонҳои олам вобаста ба сатҳи фаҳм  дар забони мутакаллимин метавонад ба гурӯҳҳои зиёдтаре ҷудо карда шавад, ва ё баръакс дар баъзе забонҳои олам мисли хитоӣ, туркӣ, финию угорӣ ва бархе аз забонҳои ҷануб-шарқии Осиё ҷинсияти грамматикӣ мушоҳида намешавад.

Ин нуктаро муаллифи “Муқаддимаи забоншиносӣ” М. Норматов чунин зикр намудаанд: “Ҷинсият чун категорияи грамматикӣ хосси ҳамаи забонҳои олам нест. Он дар аксар забонҳои оилаи ҳиндуаврупоӣ, сомӣ, як қатор забонҳои африқоӣ (дравидӣ) мушоҳида мешавад. Ин категория дар забонҳои хитоӣ-тибетӣ, туркӣ, финӣ-угорӣ, баъзе забонҳои ҷануб-шарқии Осиё ва Африқо дучор намешавад. Ҳамаи забонҳои олам ҷинсияти табииро фарқ мекунанд ва барои ифодаи он роҳу воситаҳо низ доранд. Қабл аз ҳама инсон ба ҷинси зан (занона) ва мард (мардона) (баъзан ҳайвонҳо, паррандагон, ҳашарот низ) ҷудо карда мешаванд [14, 150].

Забоншинос Норматов категорияи ҷинсиятро ба тасаввуроти маданӣ ва таърихии одамон вобаста донистаанд, эшон дар “Муқаддимаи забоншиносӣ” навиштаанд, ки “Одамон дар ибтидо мувофиқи ҷаҳонбинии худ ашёро ба ҷондору беҷон ҷудо мекарданд. Набототу рустаниву дарахтон, обҳои равон, ҷисмҳои осмонӣ ба гурӯҳи ҷондорон дохил мешуданд. Сабзишу ҳаракати онҳо ба ҷондор ҳисобидан асос буд. Ва ҳамаи ашёи ҷондорро ба ба ҷинси мардонаву занона ҷудо намуда, ашёи боқимондаро ба ҷинси миёна дохил карда буданд. Мувофиқи таснифи ҳамонвақта таснифи ҷинсият асоси мантиқӣ дошт, ҳол он ки ҷаҳонбинӣ ва фаҳмиши одамон дигар шудааст. Категорияи грамматикии ҷинсият асоси мантиқии худро гум карда, соф категорияи грамматикӣ гардидааст. Ин аст, ки категорияи грамматикии ҷинсият тағйир ёфта меистад” [14, 151]. Назарияи дар ибтидо ба ҷондору беҷон ҷудо намудани ашёҳо ва асоси мантиқӣ доштани категорияи грамматикӣ, аз он ҷиҳат нодуруст аст, ки аввалан, инсонҳо (олимони файласуф ва забоншинос) аз рӯи қоидаи муайян амал кардани забон ва калимаҳои таркиби луғавии забонро танҳо ҳазор сол қабл аз мелод (олимони Ҳинд, Арабистон, Юнони қадим) фаҳмиданд, дувум, комёбиҳои илми забоншиносии таърихӣ асоси мантиқӣ доштани категорияҳои забониро рад мекунад. Таҳқиқ ва барқарорсозии забонҳои куҳан ва матруке назири модӣ, оромӣ, хеттӣ, форсии бостон, ҳиндуаврупоӣ, ориёӣ, афроосиёӣ, уралӣ, лотинӣ, ностратикӣ ва ғайра бар он далеланд, ки категорияҳои грамматикӣ дар ин забонҳо натанҳо асоси мантиқӣ надоранд, ҳатто ба ҳамон меъёри таснифшудаашон низ комилан мувофиқат намекунанд ва чандин мисолҳоеро метавон мушоҳида намуд, ки забоншиносон онҳоро ба унвони истисно ёд мекунанд; сеюм, омӯзиши таърихи забонҳои зиндаи муосир ҳокии он аст, ки хеле аз забонҳое, ки дар гузашта сохти тасрифӣ доштаанд, вале имрӯз сохти вандӣ доранд (форсӣ, арманӣ) ва хеле аз забонҳо, ки сохти тасрифӣ доштаанд, вале ҳоло хусусияти решагӣ доранд (судонӣ) ва баръакс; чаҳорум, таърихи башарият ва забоншиносиву фалсафа нишон медиҳад, ки тавсифоти мавҳумӣ, мифӣ ва афсонаӣ аз дарку муҳокимаҳои мантиқӣ муқаддамтар ба вуҷуд омадааст; панҷум, дар бархе аз забонҳо натанҳо ҷисмҳои ҷондор, балки аҷсоми беҷон низ аз рӯи сохти зоҳирӣ ба мардонаву занона ҷудо мешаванд, вале чун асоси мантиқӣ - биологӣ надоранд, онҳоро мардона ва ё занонаи маҷозӣ ном мебаранд, ки намунаи он забони арабӣ аст.

Дар забонҳое, ки категорияи ҷинсият ба назар намерасад низ мафҳуми он бемушкилӣ ва дақиқу мушаххас баён карда мешавад. Ин мардумон маъмулан бо роҳи луғавӣ ё калимасозӣ ё синтаксисӣ (иборасозӣ) ва ё бо истифода аз ин се роҳ мафҳумҳои ҷинсиятро баён менамоянд. Мавҷудияти категорияи грамматикии ҷинсият дар бархе аз забонҳо маънои афзалият ва бартарияти онҳоро надорад, зеро вуҷуди мафҳуме дар шакли категорияи грамматикӣ нисбӣ аст, биноан метавонад шакли калима ба мазмунаш мувофиқат накунад, масалан калимаҳои “папа” ва “дедушка”-и русӣ аз рӯи шакл ба ҷинси зан далолат мекунад, зеро анҷомаи “-а” аломати ҷинсияти муаннас аст, вале ин калимаҳо ба мард, яъне “падар” ва “бобо” далолат мекунанд.

Ифодаи ҷинсият дар забон фақат хосси калимаҳои исмӣ нест, балки дигар ҳиссаҳои нутқ,  аз ҷумла ҷонишин, сифат ва феъл низ метавонанд аломати ифодаи ҷинсиятро дошта бошанд, зеро ҳиссаҳои нутқи мазкур мустақиман ва ё ғайримустақим ба фоъили амал (мубтадо) иртибот доранд. Масалан, феъл дар аксари забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва афроосиёӣ дар иртибот ба шахс ва шумора ифода мегардад. Дар ин сурат ҷинсияти феъл категорияи морфологиест, ки фоъили амалро вобаста ба аломатҳои ҷинсиятиаш тавзеҳ медиҳад.

Намунаи ифодаи ҷинсият дар шахсу шумораи танҳои замони гузаштаи феъл бо муодилҳояш дар чор забоне, ки хусусиятҳои гуногуни сарфӣ доранд, мутаносиб ба тарқи зер аст:

Намунаи забони тоҷикӣ:

муҳокима кард (шахси ғоиб, шумораи танҳо)

муҳокима кардам (шахси гӯянда, шумораи танҳо)

муҳокима кардӣ (шахси мухотаб, шумораи танҳо)

Муодили забони русӣ:

он рассуждал (ҷинси мардона, шахси ғоиб, шумораи танҳо)

она рассуждала (ҷинси занона, шахси ғоиб, шумораи танҳо)

я рассуждал (ҷинси мардона, шахси гӯянда, шумораи танҳо)

я рассуждала (ҷинси занона, шахси гӯянда, шумораи танҳо)

ты рассуждал (ҷинси мардона, шахси мухотаб, шумораи танҳо)

ты рассуждала (ҷинси занона, шахси мухотаб, шумораи танҳо)

Муодили забони арабӣ:

تَبَاحَثَ (ҷинси мардона, шахси ғоиб, шумораи танҳо)

تَبَاحَثتَ (ҷинси занона, шахси ғоиб, шумораи танҳо)

تَبَاحَثتُ (шахси гӯянда, шумораи танҳо)

تَبَاحَثتَ (ҷинси мардона, шахси мухотаб, шумораи танҳо)

تَبَاحَثَتِ (ҷинси занона, шахси мухотаб, шумораи танҳо)

Муодили забони англисӣ:

he/she/it discussed (шахси ғоиб, шумораи танҳо)

I discussed (шахси гӯянда, шумораи танҳо)

you discussed (шахси мухотаб, шумораи танҳо)

 

Тавре аз мисоли мазкур (феъли “рассуждать”-и русӣ) дида шуд, феъл дар забони русӣ дар се шахси танҳо аломати ҷинсиятро дар худ дорад, вале фоъили амал тавассути ҷонишин ё исм ифода мегардад; дар забони арабӣ се шахси шумораи танҳо се шакли махсуси худро доранд: анҷомаҳои феълӣ дар шахси танҳои ғоиб ва мухотаб дар як замон ҳам шахсу шумора ва ҳам ҷинсиятро ифода мекунанд ва анҷомаи шахси якуми (мутакаллими) танҳо аз назари ҷинс ба мардона ва занона муштарак мебошад, ҳамзамон ин се анҷома фоъили амалро низ ифода мекунад; дар забони англисӣ шакли феъл танҳо замонро ифода намудааст ва фоъили феъл тавассути ҷонишинҳо ифода мешавад, ки ҷинсият фақат дар шахси сеюм тавассути ҷонишин имкони ифода дорад; феъли тоҷикӣ шахсу шумора дорад, вале ишора ба ҷинс намекунад.

Роҳҳои ифодаи мафҳуми ҷинсият дар забони тоҷикӣ. Мафҳуми ҷинсият ҳамчун категорияи грамматикӣ ба калимаҳои аслии забони тоҷикӣ хос нест. Он шакли грамматикии ифода надорад. Яъне, бо тағйир додани шакли калимаҳо мафҳумҳои занона ва мардона сохта намешаванд (Муқоиса кунед: He goes / She goes; Он пошел / она пошла – ӯ меравад; ӯ рафт). Аз ин рӯ, аз рӯйи матн муайян намудани ҷинс, ё худ ба кӣ (зан ё мард) тааллуқ доштани сухан хеле мушкил аст. Аммо, азбаски дар ҳаёти воқеӣ тақсимоти ҷинсӣ вуҷуд дорад, дар мавридҳои муайян ҷинс бо роҳҳои гуногун ифода меёбад. Муҳимтарин роҳҳои ифодаи ҷинсият дар забони тоҷикӣ инҳоянд: 1. Бо роҳи луғавӣ. Дар баъзе мафҳумҳои тоҷикӣ, бештар дар номи ҳайвонҳо, таърихан барои ифодаи ҷинс аз калимаҳои комилан гуногун истифода мешавад: қушқор ва совлиқ, мокиён ва хурӯс, такка ва буз. Гоҳо ба ному насабҳои занонаи забонҳои хориҷӣ барои нишон додани мансубияти ҷинсии онҳо калимаи «хонум»-ро истифода мекунанд: хонум Тетчер, хонум Дворкин ва ғ. 2. Дар калимаҳои ифодакунандаи миллату халқиятҳо ва касбу кори одамон барои нишон додани ҷинсият аз роҳи калимасозӣ истифода мегардад, аз ҷумла барои ҷинси занона (зан) аз калимаҳои «зан», «духтар» истифода мешаванд: қазоқдухтар, тракторчизан, зани рус, амрикоидухтар ва ғ. Аммо аксар вақт барои нишон додани ҷинси ҳайвонот аз калимаҳои «мода» ва «нар» истифода мешавад: модагург, модасаг. Баъзе шаклҳои занонаи номҳо бо иловаи калимаҳои ба зан - духтар нисбат додашуда - «моҳ», «гул», «бибӣ» сохта мешаванд: Сафар – Сафармоҳ, Нор-Норбибӣ, Рӯзӣ-Рӯзигул ва ғ. Ин мисолҳо гувоҳи онанд, ки дар забони тоҷикӣ низ мисли забонҳои дигар калимаҳо дар шакли аслӣ ҳамчун калимаҳои ба ҷинси мард тааллуқдошта ба назар гирифта мешаванд. Дар баробари ин барои ифодаи ҷинси мардона (мард) аз калимаҳои пасвандгунаи ишоракунанда ба мард аз қабили “-мард”, “-бек”, “-алӣ”, “-мурод” ва монанди инҳо истифода мешавад, мисли ҷавонмард, пирамард, Сафарбек, Муродбек, Сафаралӣ, Дӯстмурод, Надирбобо ва ғ. 3. Бо усули грамматикӣ. Аксари номҳои занонаи тоҷикӣ, ки асли арабӣ доранд, бо роҳи иловаи пасванди «-а» шакли занона мегиранд: Шариф - Шарифа, Салим - Салима, Замир - Замира ва ғ. Дар зери таъсири забони арабӣ баъзе номҳои аслан тоҷикии мардона ё номи ашё ва  сифатҳо бо афзудани пасванди “-а” ба ҷинси занона далолат мекунанд ва бо ин роҳ маъмулан исми хосси занона сохта мешавад: Хуршед - Хуршеда, Умед - Умеда, Шодӣ – Шодия, Шодон - Шодона, Мастон – Мастона, Манучеҳр – Манучеҳра, Дилшод – Дилшода, Наврӯз – Наврӯза, Меҳрон – Меҳрона, дилноз - Дилноза, марҷон - Марҷона, сафед - Сафеда, маҳин – Маҳина (Моҳина), барфин - Барфина ва ғ. Вобаста ба хусусиятҳои забони арабӣ дар калимаҳои иқтибосии ифодакунандаи касбу кор шакли занонаи онҳо мавҷуд аст, ки бо иловаи пасванди «-а» сохта мешавад: муаллим-муаллима, шоир-шоира, котиб-котиба, адиб-адиба. Гоҳо ин калимаҳо шаклан гуногун мешаванд: талаба-толиба. (Мавҷудияти чунин мисолҳо новобаста аз иқтибосӣ будан (иқтибос моли худии забони иқтибосгирифта аст) инкоркунандаи назари баъзе аз забоншиносон аст, ки вуҷуди ҷинсияти грамматикӣ дар забони тоҷикиро рад мекунанд.) 4. Бо усули синтаксисӣ, яъне дар қолиби ибора ишора ба ҷинсият намудан, ки асосан хоси ҳайвонҳост, мисли шери нар, хирси нар ва ғ.

Бо вуҷуди он ки ифодаи ҷинсият бо усули грамматикӣ ба калимаҳои аслии забони тоҷикӣ хос нест, лекин дар зери таъсири арабӣ бархе аз калимаҳои аслии тоҷикӣ низ бо усули грамматикӣ ин мафҳумро ифода менамоянд. Ҳамин тариқ, агар бигӯем, ки калимаҳои забони тоҷикӣ ҷинсияти грамматикиро ифода карда наметавонанд, мавҷудияти мисолҳои мутаъаддид ба раъйи мо хатти бутлон мекашанд. Агар як баррасии ҷомеъе дар забони тоҷикӣ аз нуқтаи назари масоили гендерӣ аз гуфтори адабии китобӣ ва гуфторӣ таълиф гардад, ба бисёре аз назарпардозиҳои бедалел ҷавоби қотеъи илмӣ хоҳад дод.

Дар баробари хусусиятҳои умумии тафовутҳои гуфтори мардону занон, дар робита ба хусусиятҳои забони тоҷикӣ, зиндагии мардуми тоҷик ва дигар масъалаҳои марбут ба он метавон ба нуқтаҳои зер ишора кард. Пеш аз ҳама, мавҷуд набудани категорияи ҷинсият дар вожаҳои аслии забони тоҷикӣ маънои баробарии ҷинсиро дар забони тоҷикӣ надорад. Ин ҳодиса ба он далолат мекунад, ки мафҳуми ҷинсият дар забони тоҷикӣ танҳо шакли грамматикии ифода надорад, яъне бо ин ё он воситаи грамматикӣ (дигар шудани шакли калима, иловаи пасвандҳо ва ғайра) махсус ифода намеёбад. Аз ин рӯ, мансубияти ҷинсиро бо роҳи таҳлили сирф забонӣ (мутобиқшавии шакли калимаҳо) муайян кардан аз имкон берун аст. Масалан, танҳо аз рӯйи шакли ҷумлаи содаи русии «Я полюбила его» метавон ба осонӣ муайян кард, ки ин ифодаро зан гуфтааст, дар сурате ки шакли тоҷикии ин ҷумла (Ман ӯро дӯст доштам) ба ин ё он ҷинси муайян далолат намекунад ва аз ҳар ду ҷониб метавонад гуфта шавад. Ё худ, барои тарҷумаи «Я развелась» ба забони тоҷикӣ мо маҷбурем, ки калимаи «шавҳар»-ро илова кунем ва онро ба шакли «Ман аз шавҳарам ҷудо шудам» нависем, танҳо дар ҳамин сурат тарҷума бо асл баробармаъно мешавад. Барои тарҷумаи ҷумлаи «Ӯро аз даст додам» ба забони русӣ ба мо маълумоти иловагӣ лозим аст, то ки аз тарафи кӣ (мард ё зан) гуфта шудани онро муайян кунем ва танҳо баъд аз он яке аз шаклҳои имконпазир – «Я потерял ее» ё «Я потеряла его»-ро интихоб кунем. Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки таҳқиқи инъикоси муносибатҳои ҷинсият дар забони тоҷикӣ на аз тариқи таҳлили шаклҳои грамматикӣ, балки аз нуқтаи назари таҳлили луғавӣ сурат гирад. Ин чунин маъно дорад, ки барои забони тоҷикӣ ташхиси калимаву мафҳумҳо ва ифодаҳои ба ин ё он ҷинс тааллуқдошта аҳамияти бештар касб мекунад. Бо роҳи шинохти фарҳанг ва урфу одат ифода гардидани мафҳуми ҷинсият аз дигар усулҳои ифодаи ин мафҳум аст. Масалан, барои забон ибораи «чашми сиёҳ» ибораи соддаи синтаксисӣ буда, мантиқан ба ҳар ду ҷинс - ҳам мард ва ҳам зан метавонад тааллуқ дошта бошад. Аммо таҳлили матнҳои адабӣ-бадеӣ ва мушоҳидаҳои оддии ҳамарӯза ба он далолат мекунанд, ки ин ибора нисбат ба занҳо гуфта мешавад ва аз ин рӯ, ҷумлаи «Чашми сиёҳ дорӣ» маъмулан чунин маънидод мешавад, ки мухотаби ҷумла зан ё духтари зебоест. Дар баробари ин, бо шунидани мафҳуми «бозуи қавӣ» дар тасаввури мо, пеш аз ҳама, марди тануманд ва ҷасуру тавоно муҷассам мегардад.

Бо роҳи таҳлили расму оинҳо аз лиҳози луғавӣ низ метавон ҷинсиятро фаҳмид. Яке аз муҳимтарин самтҳои таҳқиқоти гендерӣ дар забоншиносии тоҷик метавонад таҳлили расму оинҳои мардуми тоҷик аз лиҳози гурӯҳбандии луғавӣ хосси маросимҳои мардумӣ бошад. Зеро дар муқоиса бо дигар халқҳои аврупоӣ дар Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои шарқи исломӣ, расму оинҳо ба расму оинҳои сирф мардона ва занона ҷудо мешаванд. Аз ин рӯ, мусаллам аст, ки дар ин маросимҳо ҳам мардон ва ҳам занони тоҷик аз мафҳуму таркибҳое истифода мекунанд, ки хусусиятҳои ҷинсӣ доранд. Ба ҳар ҳол, маросимҳои мардумиро, сарфи назар аз маҳдудияти маҳаллӣ, ба се гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: маросимҳое, ки бо иштироки якҷояи мардону занон мегузаранд, маросимҳое, ки хоси занон мебошанд, маросимҳое, ки фақат бо иштироки мардон мегузаранд. Таҳлили луғавии калимаву ибораҳо ва истилоҳҳое, ки дар ҳар яке аз чунин маросимҳо истифода мешаванд, барои муҳаққиқ ва, умуман, гендершиносии лингвистӣ, маводи қобили таваҷҷуҳро метавонад муҳайё кунад. Муайян кардани самтҳои асосии таҳқиқот маҳз ба маводи ҷамъовардашуда ва таҳлили хусусиятҳои луғавию иҷтимоии онҳо вобаста хоҳад буд.

Таҳлили муқоисавии хусусиятҳои забонии осори адибон аз кадом ҷинс будани муаллифи шеър (асар), яъне ба зан ва ё мард тааллуқ доштани он дар шароити мавҷуд набудани шаклҳои грамматикии ҷинсияти он муайян гардад. Дар ин маврид ташхиси таркибу ибораҳои сирф занона ва сирф мардона вобаста ба мавқеи иҷтимоии онҳо, нуқтаи назари онҳо ба ҳамон як масъалаи иҷтимоӣ ва ғайра нақши муҳим мебозад.

Аз замони зуҳури дини ислом дар сарзамини Аљам тағйироти забонӣ бо тағйироти фарҳангӣ тасбит шуд ва тағйироти забонӣ дар сатҳҳои мухталиф ба асл ва моҳияти забони форсӣ (тоҷикӣ) нуқсе ворид накардааст. Нависандагони классики форсизабон ба сабаби алоқа ва исрорашон ба интиқоли донишҳо ва улуми роиҷи замон ба забони арабӣ омили фазлфурӯшӣ ва таъсироти рӯзафзуни забони арабӣ бар забони форсӣ-тоҷикӣ гардиданд. Нависандагони баъдӣ бо тақлид аз онҳо ва баъзан ба ҳадди ифротӣ забони арабиро дар осорашон ба кор бурданд. Ба ин тартиб тағйироти забонии ошкоре дар навиштаҳо эҷод шуд. Ҷараёни тағйири забон ба василаи ин гурӯҳ дар ибтидо дар сатҳи луғат хеле суст буд, вале дар давраҳои баъд бо шаклгирии марокизи бузурги омӯзишӣ чун низомияҳо, ки дарсҳо ба забони арабӣ тадрис мешуданд, таъсири забони арабӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ суръат гирифт. Суханвароне, ки тасаллути кофӣ ба забони хеш надоштанд, вале бо забони арабӣ ошно буданд, шаклҳои мушобеҳи он забонро ба забони бумии худ ворид кардаанд. Ин гуна амалкард дар забони тоҷикӣ-форсӣ дар осори тарҷумавӣ фаровон ба назар мерасад, ки намунае аз он мувофиқати исму сифат аз лиҳози ҷинсият ва ё истифодаи нишонаҳои ҷинсият дар забон, мисли қувваи муҳаррика, номаҳои ворида ва ғ. мебошад.

Исм аз назари ифодаи категорияи шумора ва ҷинс дар тӯли таърих ба тағйироти амиқ мувоҷеҳ гардидааст. Дар даврони форсии бостон исм бо таваҷҷуҳ ба ҳолатҳои ҳаштгона аз назари шумора ба танҳо, ҷуфт ва ҷамъ ва аз назари ҷинс ба мардона, занона ва миёна ҷудо мешуд, ки аломати баёни он анҷомаҳои мобаъди калимаҳои исмӣ буданд. Ифодаи ҷинсият тавассути исм танҳо ба ҳамон давраи бостон маҳдуд шуд ва дар ду давраи баъдӣ (форсии миёна ва форсии нав) нишонае аз он боқӣ намонд, вале дар давраи нав як қатор  калимаҳое бавижа калимаҳои ифодагари касбу кор ва исмҳои хоссе аз забони арабӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ иқтибос шуданд, ки аз рӯи шакл ҷинсияти грамматикиро ифода мекунанд (мисли муаллим ва муллима) ва инчунин қиёсан монанд ба ин гурӯҳ аз калимаҳои аслии тоҷикӣ (форсӣ) низ шакли ифодагари ҷинсият низ сохта шудааст.

Адабиёт:

  1. Апресян Ю. Д. Лексическая семантика. Синонимическая средства языка / Ю. Д. Апресян. – Москва, 1974. – 352 с.
  2. Арутюнова Н.Д. Типы языковых значений / Н.Д. Арутюнова. – Москва: Наука, 1988. – 338 с.
  3. Баҳор М. Сабкшиносӣ (талхиси Сайидабӯтолиби Миробидинӣ) / М. Баҳор. – Душанбе: Бухоро, 2012. – 570 саҳ.
  4. Бердиева Т. Назарияи иқтибос / Т. Бердиева. – Душанбе, 1991. – 128 саҳ.
  5. Бертельс Е.Э. Грамматика персидского языка / Е.Э. Бертельс. – Ленинград, 1926. – 127 с.
  6. Бузургзода Л., Ниёзмуҳаммадов Б. Грамматикаи забони тоҷикӣ: фонетика, морфология. Қисми 1 / Л. Бузургзода, Б. Ниёзмуҳаммадов. – Сталинобод, 1941. – 270 саҳ.
  7. Герценберг Л. Г., Додихудоев Р. Х. Таърихи забони тоҷикӣ / Л. Г. Герценберг, Р. Х. Додихудоев. – Душанбе, 1983. – 168 саҳ.
  8. Грамматика персидского языка, составленная Мирзою Джафаром. – Москва, 1901. – 329 с.
  9. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Ҷилди 1 / Ҳ. Каримов, А. Маниёзов, А. Мирзоев ва ғ. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 356 саҳ.

10.  Гурезов Ҷ. Забони арабӣ / Ҷ. Гурезов. ‒ Душанбе: Илм, 2010. – 431 саҳ.

11.  Забони адабии ҳозираи тоҷик. Лексикология, фонетика ва морфология. Қисми 1 / Б. Ниёзмуҳаммадов, С. Ҷ. Арзуманов, Ҳ. Рауфов, В. А. Капранов ва ғ. – Душанбе: Ирфон, 1973. – 447 саҳ.

12.  Лингвистический энциклопедический словарь / В.Н. Ярцева. – Москва: Советская энциклопедия, 1990. – 683 с.

13.  Мейе А. Введение в сравнительное изучение индоевропейских языков (пер. с фр.) / А. Мейе. – Ленинград, 1938. – 510 с.

14.  Норматов М. Муқаддимаи забоншиносӣ / М. Норматов. ‒Душанбе: Матбуот, 2011. – 238 саҳ.

15.  Хоркашев С. Усули тадриси роҳу воситаҳои ифодаи ҷинсият ва падежҳои забони русӣ дар забони тоҷикӣ / С. Хоркашев // Такмили тадриси забони тоҷикӣ (маводи конференсияи байналмилалӣ). – Душанбе, 2005. саҳ. 49-55.

16.  150 словарей. ABBYY Lingvo x5 [Электронный ресурс] / 1 электрон. опт. диска (DVD+R): – Электрон. текст дан. – М.: Пласторгмаш, 2008.

17.  انزلی حسن. دستور زبان فارسی / حسن انزلی. – تهران: خیابان امام، 1370. – 422 ص.

18.  خانلری پرویز ناتل. دستور زبان فارسی / پرویز ناتل خانلری. انتشارات توس، خیابان دانشگاه، 1372. – 367ص.

19.  خانلری پرویز ناتل. دستور تاریخی زبان فارسی (به کوشش عفّت مستشارنیا). چاپ اول / پرویز ناتل خانلری. – تهران: انتشارات توس، خیابان دانشگاه، 1372.

20.  فرشیدورد خسرو. دستور مفصل امروز. چاپ دوم / خسرو فرشیدورد. – تهران: انتشارات سخن، 1384.

Раҳмонов Б. – н.и.ф., дотсенти кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj