• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Исследование
There are no translations available.

ГИРОМИДОШТИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ҲАМЧУН ЯКЕ АЗ РУКНҲОИ АСОСИИ ДАВЛАТ

Забон рукни асосии миллат ва давлат аст.

Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд.

Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст.

Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд.

Эмомалӣ Раҳмон

Забон муҳимтарин василаест, ки наслҳои имрӯзу ояндаи миллатро бо анъанаю суннатҳои аҷдодӣ ва тамаддуни гузаштааш ошно сохта, таърихи ташаккулу таҳаввули онро ба мисли ойина возеҳу равшан дар пеши рӯйи мо қарор медиҳад. Бешак, тамоми ҷанбаҳои ҳаёти имрўзаю гузаштаи ҷомеа ба воситаи забон дар шакли хаттиву шифоҳӣ барои насли оянда мерос гузошта мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин чунин қайд мекунанд: «Забони ҳар миллат ёдгории азизест, ки решаи он аз сарчашмаи чандин наслҳои нажоди ў об хўрда, мояи ифтихору худшиносии наслҳои баъдина мегардад».

Боиси зикр аст, ки дар устувору қавӣ гардидани пояи давлатдорӣ яке аз рукнҳои асосии он, яъне забони давлатӣ  нақши муҳим мебозад. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллати мо аз рўзҳои нахустини роҳбарии худ дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат ба масъалаи рушди забони давлатӣ, ҳифзи асолату покизагии он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Баъди ноил шудани миллати тоҷик ба армонҳои ҳазорсолааш, яъне ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, забони тоҷикӣ дар ҳудуди кишвар мақоми худро ҳамчун забони давлатӣ, забони сиёсат ва идоракунӣ устувор намуда, дар арсаи байналмилалӣ ва дар минбарҳои баланди ҷаҳон муҳимтарин назару пешниҳодҳо ва мавзеъгириҳои давлатӣ бо ин забони куҳану пурғановат садо дод. Забони тоҷикӣ акнун ҳамчун забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти рӯзмарраи ҷомеа ба ҳайси забони асосӣ ва пешбаранда пазируфта шуд.

Даврони соҳибистиқлолии мамлакат, ки тамоми шароитро баҳри густариши забони давлатӣ – забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фароҳам овард, ҳар як фарди комилҳуқуқи ҷамъиятро водор мекунад, ки дар бою ғанӣ гардидани таркиби луғавии он ва поку беолоиш нигоҳ доштани асолати ин забон кўшиш намояд.

Боиси тазаккур аст, ки тадвину мураттабгардонии фарҳангномаҳо ва навишти китобу дастурҳо, ворид намудани вожаҳои аз истеъмол дурмонда, яъне вожагони классикии сирф тоҷикӣ дар фарҳангномаҳои навин аз ҳама беш ба дӯши аҳли зиё, алалхусус, устодону донишмандони макотиби олии кишвар вогузор шудааст. Аз ин лиҳоз, эшонро мебояд баҳри ҳифзи покизагӣ ва назокати забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ҳамоҳангсозии таркиби луғавии забон мутобиқи матлаби ҷомеаи муосир ва фарҳанги замони нав бо истифода аз иқтидору тавоноии забони пурғановати форсӣ-тоҷикӣ кўшиш ба харҷ диҳанд. Дар ин маврид Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳояшон дар Рўзи забони давлатӣ чунин қайд намуданд: «Пойдорӣ ва бақои суннату фарҳанги миллӣ дар шароити кунунии таъсири ҳамарўзаи омилҳои ҷаҳонишавӣ ва нуфузи забонҳои муқтадир тавассути технологияи пешрафтаи муосир аз бисёр ҷиҳат ба қудрату тавоноии забон вобастагӣ дорад. Бо назардошти собиқаи тӯлонии таърихӣ ва захираи бузурги луғавӣ забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ дар арсаи ҷаҳонишавӣ низ метавонад иқтидори пешинаи худро эҳё ва ҳифз намояд»( Эмомалӣ Раҳмон. Суханронї ба муносибати Рӯзи забони тољикї. 05.10.2010).

Гузашта аз ин, Президенти мамлакат ба густариши забони тоҷикӣ ҳамчун забони идоракунии давлат ва яке аз омилҳои бунёдии ташкилдиҳандаи ҳувияти миллӣ мунтазам ғамхорӣ зоҳир намуда, пайваста дар суханрониҳою мақолоти хеш аз фазилатҳои забони тоҷикӣ дар қатори таъриху фарҳанг ва маънавият, ки худшиносии миллиро бозгу намуда, симои миллатро муайян мекунанд, ёдрас мегарданд. Маҳз зери сиёсати хирадмандона ва ғамхоронаи Пешвои миллат баҳри гиромидошти ин мероси фарҳангии миллат, поку беолоиш нигоҳ доштани ин забони шевои шоирона, ки бо он қофиласолорони адабиёти классикии форсу тоҷик – Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Фирдавсиву Низомӣ, Носири Хусраву Умари Хайём, Саъдиву Ҳофиз, А. Ҷомӣ ва дигар номоварон, инчунин шоиру адибони бузурги муосир - аз устод Садриддин Айнӣ то Лоиқ Шералӣ осори рангин эҷод намудаанд, як қатор санадҳои дахлдор қабул гардиданд. Аз ҷумла, таҷлили ҷашни Рўзи забони тоҷикӣ, Соли забони тоҷикӣ эълон шудани соли 2008, таҳия ва қабули Қонуни нави забони давлатӣ, Барномаи давлатии рушди забони давлатӣ, таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҷумҳурӣ ва ғ. барои нашъунамо ва ривоҷи забони модарӣ нигаронида шуда, шаҳодат аз пуштибонию ғамхории пайвастаи роҳбарияти ҳукумати мамлакат, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ҳамчун яке аз рукнҳои меҳварии ҳастии миллату давлат ва чун муқаддасоту нигаҳбони  ҳувияти миллӣ ба шумор меравад.

Дар робита ба ин, Пешвои муаззами миллат дар рўзи забони давлатӣ, ки 5.10.2021 таҷлил гардида буд, чунин қайд намуданд: «Ман қариб дар ҳамаи суханрониву вохӯриҳои худ таъкид месозам, ки бузургтарин вазифаи ҳар як фарди худогоҳи кишвар нигаҳдориву арҷгузорӣ ба ин мероси гаронбаҳо ва ба наслҳои оянда поку беолоиш расонидани забони ширину шево ва забони шеъру адаби оламшумули тоҷикӣ мебошад»( Эмомалӣ Раҳмон. Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 05.10.2021).

Инчунин бояд зикр намуд, ки забони тоҷикӣ дар дарозои таърих мушкилоти зиёдеро паси сар кардааст, аммо дар ягон давру замон устувориву тавоноии худро аз даст надодааст. Ҳатто дар даврони истилои араб, ки тамоми сарзамини Мовароуннаҳр ва Хуросон зери истилои араб қарор дошт, забонҳои хурду бузурге, ки дар ин манотиқ истифода мешуданд, тавонмандии худро аз даст надоданд, балки ба дигар шохаҳояш пайваст гардида, ба як забони муқтадир мубаддал шуданд, ки то ба замони мо омада расиданд. Аз ин ҷост, ки дар сарсухани китоби «Забони миллат - ҳастии миллат» муаллиф аз хусусиятҳои беназири забони тоҷикӣ, амсоли «баҳамоварӣ» ва «ваҳдатофарӣ» ёдрас шуда, «тавоноӣ ва рақобатпазирӣ»-ро яке аз вижагиҳоии хоси забони тоҷикӣ хондааст. (Эмомалӣ Раҳмон Забони миллат – ҳастии миллат. – Душанбе, 2016.)

Яке аз олимони рус Г.Б. Антрушина, ки дар пажуҳиши забони англисӣ машҳур аст, дар мавриди забони англисӣ ишора карда мегӯяд, ки дар асри XI Англия аз ҷониби нормандиҳо забт гардида, минбаъд кишварро ҳолати муошират бо ду забон фаро гирифт. Аз он сабаб, ки тамаддуни нормандиҳо нисбат ба сокинони муқими Англия бисёр баланд буд, забони фаронсавӣ тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, забони англисиро дар ҳолати бисёр ногувор қарор дод. Бо вуҷуди ин, аз нигоҳи забоншиносӣ, ин шикасти зоҳирии забони англисӣ ба ғалаба табдил ёфт. Зеро он тавонист сохтори асосии худро нигоҳ дошта,  захираи луғавии худро бо иқтибосҳои нав аз забонҳои ғайр ба таври васеъ ғанӣ гардонад.( Антрушина Г.Б., Афанасьева О.В., Морозова Н.Н. Лексикология английского языка = English Lexicology . - М. : Дрофа, 2004, - 288 с.)

Мақсад аз ин гуфтаҳо ин аст, ки забони тоҷикӣ низ ба мисли забони англисӣ дар давраҳои гуногун  бо забонҳои  дигар  муқовимат карда, асолати хешро нигоҳ доштааст. Таърих гувоҳ аст, ки забони форсӣ-тоҷикӣ дар тӯли ҳазорсолаҳои мавҷудияти хеш ба сифти забони шеъру шоирӣ, забони илму фарҳанг ва сиёсату давлатдорӣ арзи вуҷуд карда, то кунун ин вижагӣ ва рисолати хоси худро аз даст надодааст. Қобили тазакур аст, ки забони тоҷикӣ иқтидори ифодаи вожаву истилоҳоти имию техникӣ, мафоҳими соҳаҳои гуногуни иҷтимоию сиёсиро ҳанӯз ҳам дорад.

Бинобар ин, ҳар як фарди комилҳуқуқи кишвар дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои Пешвои муазами миллат вазифадор аст, ки забони давлатиро дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ: Парчам, Суруд ва Нишони миллӣ ҳифз намуда, манфиатҳои онро ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлат бо дарназардошти равандҳои мураккаби ҷаҳонишавӣ ҳимоя намояд ва баҳри рушду нумуи он ҳамеша талош варзад.

Адабиёт:

  1. Антрушина Г.Б., Афанасьева О.В., Морозова Н.Н. Лексикология английского языка = English Lexicology. - М. : Дрофа, 2004. - 288 с.
  2. Салимов Н., Абдуфаттоҳ Ш. Тоҷики оламшумул. – Душанбе: “Ирфон”, 2011.
  3. Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат-ҳастии миллат. – Душанбе, 2016.
  4. Эмомалӣ Раҳмон. Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 05.10.2021.
  5. Эмомалӣ Раҳмон. Уфуқҳои Истиқлол. – Душанбе: “Ганҷ-нашриёт”, 2018. – 436 саҳ.

Каримов Шуҳрат, декани факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj