• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Исследование
There are no translations available.

ЗИКРИ МАСОИЛИ МАРБУТ БА ЗАБОН ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Тўли чанд сол мешавад, ки ҳамчун анъана Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман ба мардуми шарифи кишвар ироа мегардад. Паём ҳуҷҷати муҳими стратегӣ буда, дар он бурду бохти ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, нақшаву супоришҳо барои оянда ва беҳтар гардидани фаъолият матраҳ мешавад.

Дар ин ҳуҷҷати таърихӣ натанҳо масъалаҳои марбут ба иқтисоду саноат, равобити хориҷиву дохилӣ, балки масоиле низ бозбинӣ мешаванд, ки онҳо барои таҳким бахшидани давлатдории миллӣ дар тўли таърих саҳми босазо гузоштаанд. Дар баробари масъалаҳои дигаре, ки таваҷҷуҳи Сарвари кишварро ҷалб менамоянд ва муҳокимаву таҳлили онҳоро муҳим мешуморанд, ба забон ва сарнавишти он ҳамеша дар ҳар Паём махсус таваҷҷуҳ равона мегардад. Мароқ зоҳир намудани Пешвои миллат ба ин масъала аз он дарак медиҳад, ки Сарвари кашвар ба ин рукни ҳастии миллат эҳтиром мегузоранд, зеро забон дар таърихи миллат нақши мондагор дошта, ҳамчу ойинаи тамомнамоест, ки дар он таҳаввулу таназзули соҳибони он мунъакис мешавад. Ин нукта дар нахустсаҳифаи китоби арзишманди «Забони миллат-ҳастии миллат» чунин дарҷ гардидааст: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад». Маҳз ҳамин арзиши волоро соҳиб будани забон ва як ҷузви ҳувияти миллӣ ба шумор рафтани он боис шудааст, ки Президенти кишвар дар ҳар баромади худ, аз ҷумла паёмҳои ҳамасолаи хеш ба мардуми кишвар, ба забон ва масоили марбут ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Борҳо дар суханрониҳои хеш таъкид намудаанд, ки «забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон мебошад». Мутолиаву баррасии Паём нишон медиҳад, ки дар он забон ва сарнавишту пок доштани он аз ҳар газанд муҳим арзёбӣ шудааст.  Далели ин гуфтаҳо метавон масъалаи забонро дар Паёми Пешвои миллат, ки дар поёни соли гузашта ироа гардида буд, баррасӣ намоем. Президенти ҷумҳурӣ дар ин ҳуҷҷати муҳими таърихӣ чунин таъкид доштанд: «Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ низ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад».

Пешвои хирадманди миллат моро вазифадор менамоянд, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо, яъне забони модарии худ бирасем ва омўзиши забонҳои дигарро низ дар мадди назар дошта бошем. Собит гардидааст, ки бидуни донистани забони модарӣ аз худ намудани забонҳои дигар душвор ва ҳатто номумкин аст. Донистани забонҳои русиву англисӣ имрўз барои ҳар шаҳраванд, минҷумла ҷавонон хеле муҳим буда, аз бар намудани онҳо дарҳои зиёди илму техникаро ба рўи шахс боз менамоянд. Алалхусус донистани забони англисӣ, ки мувофиқи маълумотҳои мавҷуда 80% иттилооти ҷаҳон муосир дар он мундариҷ аст, ниҳоят муҳим шумурда мешавад. Бо  дарназардошти мақом ва ҷойгоҳи забони англисиву русӣ ва зарурати донистани ин забонҳо аз ҷониби Пешвои миллат ба масъулин чунин супориш шудааст: «Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот – аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотиро ташкил карда, назорати қатъии сифати таълимро дар ин самт ба роҳ монад».

Ҳамчунин ҷиҳати ошноӣ бо гузаштаи таърихии миллат ва дар сатҳи зарурӣ омўхтану аз худ кардани забони тоҷикӣ Сарвари давлат чунин супориш дода буданд: «Академияи миллии илмҳо вазифадоранд, ки ҷиҳати омӯхтани таърих ва мероси маънавии халқи тоҷик тадбирҳои зарурӣ андешида, омӯзиши ҳатмии таърихи халқи тоҷик, забони давлатӣ ва ҷуғрофияи Тоҷикистонро дар муассисаҳои таълимашон ба забони ақаллиятҳои миллӣ дуруст ба роҳ монанд ва китобҳои дарсиро барои ин муассисаҳо саривақт таҳия, тарҷума ва дастрас созанд».

Аз ин нуктаи ҳакимона ба хулосае омадан мумкин аст, ки донистани забон ва поку беолиш доштани ин пояи ҳастии миллат танҳо бо мутолиаи китоб ба кас даст медиҳад. Зеро ҳар нафаре, ки китоб намехонад ва аз неъмати донишу савод маҳрум аст, на забони модарии хешро дар сатҳи дилхоҳ медонад ва на онро метавон софу салис нигоҳ дорад.

Махсус тазаккур дода шудааст, ки дар замони ҷаҳонгаройӣ, ки андак бепарвоӣ метавонад тақдири забонҳову фарҳангҳои миллиро ҳал намояд,  баробари таваҷҷуҳ намудан ба масъалаи омўзиши забонҳои хориҷӣ мо набояд нисбати забони модарии худ бетафовут бошем ва нагузорем, ки манзалати он дар зинаи паст қарор гирад. «Дар шароити ҷаҳонишавӣ, яъне таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ моро зарур аст, ки баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ барои пешрафти забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кӯшиш ва ғамхорӣ намоем».

Хулоса, забон ва сарнавишти он ҳамеша дар мадди назари Президенти кишвар буда, ҳамеша дар ҳар баромаду суханрониҳо ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Далели ин гуфта метавон зикри масъалаи забони модарӣ ва омўзиши забонҳои хориҷиро дар ҳар Паём донист. Ба ин масъала таваҷҷуҳ намудани Сарвари кишвар бесабаб набуда, медонанд, ки забон ҳамрадифи мафҳуми миллат буда, ѓамхорӣ нисбати он, ѓамхорӣ нисбати ҳастӣ ва ояндаи дурахшони миллат аст.

Аз баррасии масъалаи мазкур чунин натиҷа гирифтан мумкин аст, ки ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо боло бурдани саводу маърифати насли наврас, тавсеа додани худшиносиву ҳофизаи таърихӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон мебошад. Вақте як ҷузви ҳувияти миллӣ будани забон собит шудааст ва ин рукни ҳастӣ дар тўли таърихи дарозо ва пуршебуфароз миллатро аз вартаи муҳлик раҳо бахшидааст, пас таваҷҷуҳ намудан ба вазъи амалкарди он барои ҳамагон зарур буда, пок нигоҳ доштани он вазифаи ҳар шаҳрванд ба шумор меояд.

Мусомирова Зуҳро – сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсия

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj