• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

ҚАСРИ АРБОБ ТАВЛИДГАРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон зоҳиран пас аз итизориҳои тўлонии соҳибони ин миллати куҳанбунёд ба даст омад, вале баробари дарёфти ин неъмати пурарзиш пешорўи он нобасомониву нооромиҳои бемаънӣ рух доданд. Воқеан ба ташбеҳи мувофиқи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикистон дар он рўзҳо киштии бишкастаеро мемонд, ки на раҳнамо ва на самти муайяни ҳаракат дошт, мусофирону сарнишонони ин киштӣ дар талвосаи ҷон аз ин вартаи маргу нобудӣ даст мезаданд”.

Он замон Тоҷикистон тифли навзодро мемонд. Ҷумлагонро рўшан буд, ки ин навзодро шахси қудратманде зарур буд, то ба роҳи рост ҳидоят намояд ва соҳиби ин кишвару сорбони корвони раҳгум бошад. Чунин пеши дида меомад, ки аз азал гўё Худованд ин ҷангу нооромиҳои нохостаро ба сарнавишти тоҷикон ҳамтақдир донистааст. Раҳоӣ ёфтан аз ин имтиҳони таърих ҷомеаи ба ҷанг кашидашудаи моро дар айни ҷўшу хурўши бархўрдҳои иҷтимоию сиёсӣ ба зудӣ муяссар нагардид .

 

Сокинони мамлакат бо сад нияту ормон ниёз ба як гардиши куллӣ дар чархи таърих доштанд, ки Ватанро аз ин вартаи ҳалокатбор ва фоҷеабор бароварда тавониста бошанд.

 

Санаи 16 ноябри соли 1992  аз он рўзҳоест, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рахшонтарин саҳифаеро боз намуд. Он ҳам бошад баргузории иҷлосияи 16-уми Шўрои  Олӣ дар Қасри Арбоби вилояти Суғд маҳсуб меёбад, ки дар майдони сиёсати дохилию хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон гардиши тоза ва нерўмандеро ба вуҷуд овард. Ин ҳамоиши бузурги таърихӣ “ба ҳастии миллати тоҷик ва пойдории давлату давлатдории он умри дубора бахшида, таъмини амнияти мамлакат, якпорчагии марзу бум, пуштибонии сулҳу субот, баргардонидани гурезаҳо ва ваҳдату якдигарфаҳмии мардумро волотарин ҳадафҳои сиёсию иҷтимоии худ қарор дод”.  Маҳз дар ҳамин рўзи сарнавиштсози миллат пойдевори консепсияи сиёсати оштии миллӣ гузошта шуд ва он ба тадриҷ мавриди татбиқ қарор гирифт. Соҳибони ин марзу буми аҷдодӣ хуб дарк намуданд, ки ваҳдат ва истиқлолият ду мафҳуми ҷудоинопазир аз ҳам ҳастанд ва дар ҳифозату арҷгузорӣ ба он аз як гиребон сар бароварда, саъю талош варзиданро муқаддам донистанд.

Иҷлосияи 16 – уми Шўрои Олӣ иҷлосияи тақдирсози миллат унвон гирифт, ки бидуни шак сазовор ба ин унвон аст.  Вакилони мардумӣ номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Шўрои Олӣ пазируфтанд. Чеҳрае ба майдони сиёсат ворид шуд, ки ба ҳамагон на он қадар шинос буд. Дар он замони ҳассос муҳим он набуд, ки ба сари ин маснад кӣ менишинад, аммо муҳимтар он ки ин чеҳраи нав наҷотбахши миллат бошад ва кишварро аз вартаи ҳалокат берун кашад. Ба ибораи беҳтар, шахсе бошад, ки ҳувияти миллӣ ва муқаддасоти миллатро пос дорад. Ва дар ҳифозати марзу буми давлат ҷони хеш ба гарав гузорад.

Академик Ф. Раҳимӣ хидматҳои шоёни таҳсин ва таърихии Пешвои муаззами миллатро дар роҳи барқарорсозӣ, муттаҳидӣ ва таъмини сулҳу субот дар ҷомеаи соҳибистиқлолии кишварро пеши дида оварда, ба он воқеъбинона арҷгузорӣ намудааст: «Раҳонидани Тоҷикистон аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ, наҷоти марзу буми миллӣ аз нобудию завол, хунсо кардани нақшаҳои шуми бозигарони минтақавӣ ва берунӣ, барқарор кардани хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, ки дар ҳоли пора гаштан ба нобудӣ қарор дошт, сохтани давлати миллӣ ва побарҷо кардани сиёсати миллӣ ва соири иқдомоте, ки Эмомалӣ Раҳмон тўли раҳбарӣ – аз иҷлосияи 16 Шўрои Олӣ шурўъ карда, то ба имрўз анҷом медиҳад, барҳақ, мақоми шоистаи “лидери сиёсӣ”-ро ба ў ато фармудааст».

Дар ин иҷлосия ҳукумати нав бо овоздиҳии вакилони халқ интихоб гардид ва ба фаъолият оғоз намуд. Умдатарин масъалаҳо, ки бояд дар кўтоҳтарин фурсат ҳалли худро ёбанд, пеши Сарвари ҷавони кишвар Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Ҳар чӣ зудтар бо мухолифин мулоқот намудан ва ба ҷанг хотима бахшидан, фазои ягонаи якдигарфаҳмӣ омода намудан, ба бозгашти фирориёни иҷборӣ шароит муҳайё сохтан, амну осоиштагии мардумро таъмин намудан ва ба вуҷуд овардани шароити муътадили фаъолияти корӣ аз асоситарин вазифаҳое буд, ки пешорўи Сарвари давлат қарор дошт. Бартараф намудани ин мушкилот матонату мардонагӣ ва фазилату хиради нотакрорро тақозо мекард. Зиёда аз ин ҳаллу фасли он вақт мехост ва фақат вақт довар буда метавонист.

Таъкиди ин нуқта ҷо дорад, ки музокирот миёни ҳукумат ва мухолифин на ба якборагӣ, балки ба тадриҷ сурат баст. Зеро омилҳои дохиливу хориҷӣ дар ин роҳ монеаҳо эҷод менамуд ва махсусан қувваҳои манфиатдори хориҷӣ ба ҳеҷ ваҷҳ баҳамоии тоҷиконро дидан намехостанд. Пўшида ҳам набуд, ки аз дастгирии бегонагон  қувваи низомии тарафи муқобил вусъат мегирифт. Сафи гурезагон ва муваққатан муҳоҷират ихтиёркардагон низ кам набуд. Беназмию носуботӣ  байни  силоҳбадастон ба дараҷае боло мегирифт, ки  ҳатто, ба роҳбарони худ гўш намедоданд. Манфиати гурўҳӣ ва шахсиро аз маниати миллат болотар дониста, тафриқаандозон бо қасди дастёбӣ ба ҳадафҳои нопок ва муғризонаи худ дар ҷабҳаҳои даргир суръати ҷангро метезониданд. Ба инобат нагирифтани ин омилҳои дар роҳи ба сўи сулҳ хондани тарафайн номумкин гардида буд.

Таҳлилгарони воқеъбин ҷанги байнобайнии ҳамватанонро ҳамчун фоҷиаи миллӣ арзёбӣ намуданд, ки агар пеши он сари вақт гирифта  намешуд, аз харитаи ҷаҳон сутурда гардидани номи Тоҷикистон аз эҳтимол дур набуд. Чунин ба назар мерасид, ки сарҷамъиву гирди як қувваи солим ба ҳам омадан ба гўшаи хаёли касе намеомад. Аммо нафароне ҳам буданд, ки дар қисмати миллат, якпорчагии Тоҷикистон ва дидани фардои дурахшон Ватан ғусса мехўранд. Аз дасткўтоҳӣ ва ноилоҷӣ кунҷи узлат гузида, бо алам ин манзараи нохостаро назоратгирӣ мекарданд. Ҳеҷ коре ё вокунише аз ҷониби онҳо сурат намегирифт, чаро ки ҷаҳолат ба фазолат  ғолиб омада буд.

Одатан муноқишаҳои байниҳамдигарӣ, ки зояндаи хатар дар ҷомеа мебошад, дар бавуҷудоии мусолиҳаи ду қувваи ба ҳам муқобил ба хотири эҷоди ваҳдату ягонагӣ  нақши калидӣ мебозад. Яқинан сангинтарин ҷанг ҷанги шаҳрвандист. Агар саривақт қатъ намегардид, бегумон он бо фоҷеа меанҷомад. Тарафҳо моҳияти ин масъаларо ба накўӣ фаҳмиданд ва қобили таваҷҷуҳ истодагарии ҷониби ҳукумат, хосатан дар ин ҷода хидмати хастагинопазир ва фидокориҳои Сарвари давлат сазовори тақдир аст. Тафаккури ваҳдатофаринии ашхоси солимфикри ҷомеа боис ба он шуд, ки сулҳу ягонагӣ ба хонадони тоҷику тоҷикистонӣ ташриф оварад. Ҳамин ҳувият ва рўҳи созандаи миллиамон намегузорад, ки ваҳдату амнияти давлату миллат халал ёбад. Маҳз имрўз ҳамин андешаи барозандаву бунёдӣ дар ҷомеа пештоз аст ва дар роҳи ба хоставу ормонҳои мардумӣ, ки ҳадафи асосиаш дастёбӣ ба истиқлол дар тамоми ҷабҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ мебошад, ки ҳамарўза дастовардҳои чашмгирро мушоҳида мекунем.

Дар Иҷлосия қабул гардидани қонун дар бораи авф нишонаи он буд, ки ҳукумати навтаъсис толиби сулҳ аст ва муҳим аз ҳама паи ҷустуҷўи гунаҳкорон ва ташкилкунандагони ҷанг нест. Бахшидани гуноҳҳои ҳамдигар шоистатарин сифати инсонист. Ин нуқтаи боарзиш аз ҷониби ҳукумати нав ба хубӣ истиқбол ёфт. Қонун «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар минтақаҳои мухолифати мусаллаҳона ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир карданд» қабул гардид. Моҳияти ин қонун ҳам аз он иборат буд, ки ба хотири амну осудагии кишвар размандагону ташкилкунандагони ин ҷанги нохоста бахшида мешаванд ва нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ кушода намегардад. Валекин на он тавр шуд, ки ҳукумати нав онро мехост. Ба ҷои он ки оташи ҷанг хомўш гардад ва оташбаси тарафайн риоя шавад, баръакси он вазъият дигаргунатар ҷараён гирифт. Ба вуҷуди ин кўшишоти пайвастаи масъулини Ҳукумат дар шеваи татбиқёбии ин қонун қобили диққат ва мулоҳиза аст.

Рисолати ин иҷлосия боз аз он аён мегардад, ки ба ҷои зисти худ баргардонидани гурезаҳо аз масъалаҳои дараҷаи аввал шинохта шуд. Мусалламан бо муттаҳидӣ ва сарҷамъ будани соҳибони миллат метавон сулҳу оромиро дар кишвар таъмин намуд. Дар ҳолати акси он ба ҳеҷ ваҷҳ ба ваҳдати фарогир расидан даст намедиҳад аз дигар тараф ҳузур доштани гурезагон дар марзи давлати ҳамсоя – Афғонистон ба амнияти кишвар метавонист ҳар замон халал ворид кунад. Чаро ки қувваҳои тафриқангези ҷанг бо истифода аз ҳолати рўҳӣ ва вазъи сангини рўзгори дар ғурбат будагон қодир буданд, ки дар амалӣ сохтани ғаразҳои нопоки худ авзои сиёсии минтақаро боз ҳам муташанниҷ кунанд. Ҳамзамон баргардонидани гурезагон ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ ва вусъат бахшидан ба раванди баҳамоии ҳамватанон аҳамияти хос дошт.

Вазъи сиёсии Афғонистон ҳам хуб набуд. Маҳалли зисти гурезагон дар он сўи марз мувоҷеҳ ба хатар буд. Ин вазъи мураккаб ва нигаронкунанда ҳукуматдоронро бе фарқ гузошта наметавонист. Тақдири нонавиштаи ҳамватанон, ки иҷборан шаҳди ғарибӣ мечашиданд, ҳеҷ нафареро ором намегузошт. Тавлид ёфтани барномаи «Хоки – Ватан» - и радиои тоҷик дар бозгашти ҳамватанон ба кошонаву зодгоҳи худ нақши муассир ва муфид бозид. Шунидани абёти дар мулки бегона иншонёфтаи ҳаммеҳанон ҳар як шунавандаро ба риққат меовард ва бидуни тардид касро ба андешаи амиқ водор месохт. Муҳоҷиронро ҳам дар мулки бегона меҳри диёру ёди дўстон ранҷур медошт ва мудом мегуфтанд, ки «Дилам бигрифт аз ин ғурбат, таманнои Ватан дорам».

Ҳар давлатро бо рамзҳояш дар миқёси ҷаҳон мешиносанд. Ба ибораи беҳтар, шиносномаи ҳар миллат ин рамзҳои давлатии ўст. Дар ин иҷлосия қабул шудани рамзҳои давлатӣ – Парчам ва Нишони миллӣ муборактарин армуғонест, ки дар ҳассостарин лаҳзаҳои ҳаёти кишвар мавриди пазириш қорор ёфта, дар муаррифӣ намудани давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ба ҷаҳониён хидмати арзандае намудааст. Бо камоли ифтихор аз суханони Пешвои миллат иқтибос меорем, ки фармудаанд: «Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли гаҳвора будаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ўро муайян сохт ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба сўи ҷомеа мутамаддин ба арзишҳои болои башар ҳидоят намуд». Ин пурмоятарин вазифаҳои анҷомдодаи иҷлосия буд, ки дар кўтоҳтарин фурсат ҷомаи амал пўшид ва аҳамияти бузурги таърихӣ ва сиёсиро касб намуд.

Сол аз паи сол мегузарад. Аз рўзҳои сахттарин ва сиёҳтарини ба сари миллат фурўомада фарсахҳо фосила мегирем. Ин нуктаи муҳим дар мақолаи пурмуҳтавои Мирзошорух Асрорӣ таҳти унвони «Шоҳкорӣ барои таърих» чунин ба қалам омадааст, ки аз аҳамияти таърихӣ бархурдор будани ин ҳамоиши тақдирсози миллатро барои имрўзиёну пасиниён бозгўӣ мекунад: «Кўҳро, вақте доманаш истодаӣ, намедонӣ, ки хурд аст ё бузург. Азамату ҳашаматашро замоне пай мебарӣ, ки онро аз дорудур, дар радифи дигар пастию баландиҳо бубинӣ. Ва ҳамин тавр, ҳар андоза дуртар мешавӣ кўҳ ба назарат ҳамон қадар азимтар  ҷилва мекунад.

 

Ҳасан Ҷӯраев, муовини декан оид ба корҳои таълимии факултети педагогика, номзади илмҳои педагогӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj