• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

ЗАБОНИ МИЛЛАТ – ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Вазифаӽои ҷонии мову шумо аз он иборат аст, ки дар тамоми соӽаӽои ӽаёти сиёсӣ, ичтимоӣ, иқтисодӣ ва фарӽангии кишвар пурра ҷорӣ шудани забони давлатиро таъмин намоем, таӽқиқи илмӣ ва таълими ӽаматарафаи онро вусъат бахшида, забони гуворои тоҷикиро аз олоишӽои бегонаи унсурӽои маӽаллӣ пок созем.

Эмомалӣ Раӽмон

Он миллате, ки соҳиби фарҳанги тавоно аст, забонаш низ  ғаниву бой хоҳад буд. Пас, забони мо ойинаи фарҳанги миллат ва пояи ифтихор аст, зеро  вай аз ҷумлаи забонҳои бой ба шумор рафта, таърихи куҳанбунёд дорад.

Қабул гардидани Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи барномаи давлатии такмил ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014» ва баъдан барои солҳои 2015-2020, инчунин, барои давраи то соли 2030 аз мутахассисону омўзгорони мактабҳои олӣ ва миёнаи таҳсилоти умумӣ вазифаҳои пурмасъул ва ба таври куллӣ такмил додани таълими забонҳои русиву англисиро тақозо менамояд.

Дар ҷумҳурии мо, ки пас аз давраи гузариш муносибат нисбат ба таълими забонҳои хориҷӣ (хоса забони англисӣ) ба андозаи назаррас дигаргун гашт ва натиҷаҳои чашмгир ҳам ба бор овард. Перомуни моҳият, тамоюли мардум нисбат ба забонҳои хориҷӣ, талаботи рўзафзуни ҷомеа оид ба ин падида, мулоҳизаҳои фаровон аз ҷониби муҳаққиқон иброз гаштааст. Баъд аз соҳибистиқлол шудани кишвари мо, сол ба сол талабот ба масъалаи азбар кардани забонҳои хориҷӣ меафзояд. Бо вуҷуди ин ки насли солҳои охир дар маҷрои технологияи замон ва пешравиҳои технологии аср нисбат ба наслҳои солҳои пеш фаъолтаранд ва аз Интернету васоити ахбори омма хубтар баҳра мебаранд, аммо саводи забондонии онҳо, пеш аз ҳама забони модарии худ коҳиш ёфтааст. Ин падида аз он шаҳодат медиҳад, ки ноогоҳӣ аз забони модарӣ имкони амиқу дақиқ ворид шудан ба грамматикаҳои забонҳои ғайрро маҳдуд месозад. Яъне, агар шахс забони модарии худро хуб надонад, ба таври зарурӣ азбар карда забони хориҷӣ барои ӯ душвор мешавад [2,97].

Забон пояи миллат аст. Ин нукта бисёр  маънои васеъ ва паҳновареро фаро мегирад. Қадре тафсили  он ин аст, ки асоси офариниш ва  мартабаи миллии ҳар қавм забон ба ҳисоб меравад. Дар таърих бисёр воқеаҳо сабт шудаанд, ки забон дар роҳи ташаккули  халқҳо ва ё наҷоти онҳо аз фишор ва кӯшиши марговари қавмҳои бегона саҳми асосӣ гузоштааст.

Тоҷикон дар миёни қавму миллатҳои сершумори олам аз ҷумлаи миллатҳои соҳибтамаддунест, ки забони адабии қадимаашро ҳифз намуда, имрӯз осори шоирону адибони қадими худро бе  душворӣ мефаҳманд ва дар гуфтугӯи ӽаррӯзаашон истифода менамоянд. Дар марҳилаи дигаргунсозиҳо ва таҳаввули забонҳои гуногуни олам кам забонеро дучор омадан мумкин аст, ки мисли забони тоҷкӣ, баъд аз гузаштани даҳҳо аср ба насли имрӯза фаҳмо бошад. Ин нукта гувоҳи он аст, ки забони тоҷикӣ ба шевотарин маъноҳо, ширинтарин таркиботу ибораҳо, истилоҳи гуногуни илмӣ, ба хусус ширинӣ ва рангу таровати миллӣ дар таърихи тамаддуни тоҷикон мақому мансуб ёфтааст. Ҳукумати кишвар низ дар  рушду нумўи ин забони шевою ноб ҳама имкониятҳоро истифода намуда истодааст.

Ибтидои такомул ва рушди забони адабии тоҷикро барои он ба асрҳои IX ва X нисбат медиӽанд, ки дар ин марҳала шеъри оламшумули устод Рӯдакӣ ва ӽамосаи безаволи Фирдавсии бузург рӯйи  эҷод омад. Ҳамзамон,  Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусрав, Имом Муҳаммад Ғазолӣ ва садҳо шуарову  уламо бо забони адабии тоҷикӣ асарҳои оламгир таълиф намудаанд, ки осори онҳо ба забонҳои  Ғарб тарҷума шуда, то давраи Эҳё ва баъд аз он ҳам аз ҷумлаи китобҳои рӯимизии олимони Аврупо ба шумор мерафтанд. Дар ин давра корҳои давлатӣ, мукотиботи расмӣ ва муросилоти вазоратхонаҳо бо забони тоҷикӣ аз соҳилҳои баҳри Миёназамин то баландиҳои Ҳиндукуш, аз қаторкӯҳҳои Қафқоз то Халиҷи Форс  доман густурда, дар давоми чандин аср барои халқҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун забони расмии коргузорӣ  ва давлатдорию дипломатӣ хизмат кардааст. Миллати тоҷик бо вуҷуди беадолатиҳои таърих рисолати инсондӯстию фарҳангпарварии худро нигоҳ дошта, барои ҳифзи истиқлолияти фарҳангӣ ва забони шевои мардумии худро ҷаҳду талошҳо намудаанд. Ҳанӯз соли  1926   дар даврае, ки забони тоҷикӣ ҳамчун рукни ифодакунандаи номи миллат ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон пазируфта мешуд, устод Садриддин Айнӣ бо навиштани китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» собит намуд, ки забони адабии тоҷик дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда дорад. Беҳуда нест, ки забоншиносон ва олимони машҳури дунё забони модарии моро дар радифи се забони машҳури ҷаҳонӣ: англисӣ, фаронсавӣ ва итолиёвӣ яке аз ширинтарин ва шевотарин забонҳои олам мешуморанд [1,137].

Ҳоло бошад, пуштибонӣ ва густариши забони давлатӣ, таҳкими мақому мартабаи он аз ҳисоби захираи забони классикию халқӣ, ғанитару суфтатар намудани забони адабӣ ва покизаю беолоиш нигоҳ доштани забони матуботи даврӣ вазифаи ҷонии зиёиёну аҳли фарҳанг  ва ҳар фарди ватанпарвару миллатдӯст мебошад. Гузашта аз ин, мураббиёну омӯзгорон, падару модарон ва умуман ҳар фарди бонангу номуси миллат метавонад барои баландтар  бардоштани эътибори забон, ҳусни баён, риояи меъёрҳои забони адабӣ, ифтихори ватандорию забондорӣ саҳми муносиб гузорад. Поку бегазанд нигоҳ доштани забон ва аз олоиши унсурҳои ноҷоиз эмин доштани он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди соҳибзабону соҳибватан аст.

Адабиёт

1.Асозода Х., Кабирӣ  Ш., Забон ва адабиёти тоҷик. Дастури таьлимӣ. Деваштич, 2005.

2.Муродов Д. Забони адабии ҳозираи тоҷик, қисми 1-2. Душанбе 1992.

3.Забон ва ҷомеа. Маҷмуаи мақолаҳо. Душанбе «Деваштич» 2006.

4.Забон аз нигоҳи бузургон. Маҷмуа. Душанбе. Дониш 2006.

5.Рузномаи  «Омӯзгор», шумораҳои соли 2018 ва январи 2019.

Эмомов И.Б. – н.и.п., дотсент, мудири кафедраи методикаи таълими забони англисии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj