• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИННОВАТСИОНӢ

ВА БЕҲДОШТИ СИФАТИ ТАЪЛИМ

Ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон ба таври доимӣ ташкил кардани курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва ҳарчи бештар шинос намудани онҳо бо технологияҳои муосири таълим амри зарурӣ мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар замони муосир, ки тағйироти куллӣ ҳамаи соҳаҳои ҷомеро фаро гирифтааст, пайвастан ба фазои илмию техникии ҷаҳони мутамаддин ногузир аст. Тавассути такмили маҳорату малакаи касбӣ бояд омўзгор аз навовариҳои таҳсилоти байналмилалӣ ва пешрафти илму техника баҳра гирифта, барои насли наврас муҳитеро созгор намояд, ки ҷиҳати пешрафти соҳаи маориф ва иҷтимоиёту иқтисодиёти мамлакат мусоидат намояд. Аз ин лиҳоз, дар вазъияти феълӣ бо назардошти мутобиқшавӣ ба арсаи ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ рушду нумўи тафаккури миллӣ ногузир аст. Маҳз ба ин  хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти ҷумҳурӣ,  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «ба таълими технологияи муосир дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, касбӣ, миёнаи махсус ва олӣ, инчунин ба раванди воридшавӣ ба таҳсилоти ҷаҳонӣ суръат бахшидан зарур аст».

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми январи соли 2012, таҳти рақами 659  (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2012, №1, моддаи12) қабул гардидааст, чунин омадааст:

Инноватсия - ин навоварӣ дар соҳаи техника, технология, кор, хизматрасонӣ ё идоракунӣ буда, ба истифодаи комёбиҳои илм ва технологияи пешқадаме асос ёфтааст, ки самаранокии баланди истеҳсолӣ ва ҷамъиятӣ дорад.

Фаъолияти инноватсионӣ - фаъолияте мебошад, ки ба таҳия ва ҷорӣ намудани инноватсия (натиҷаи нав ё такмилдодашудаи  таҳқиқоти илмӣ, корҳои таҷрибавию конструкторӣ ё дигар дастовардҳои илмию техникӣ) алоқаманд буда, барои расонидани он то бозор дар шакли нав ё такмилдодашудаи маҳсулот, хизматрасонӣ, усули истеҳсолот ё дигар натиҷаи самараноки ҷамъиятӣ равона карда шудааст.

Дар шароити имрўза такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки рушди соҳа ба ҳисоб рафта, аз ҳама бештару пештар ба инноватсия ва фаъолияти инноватсионӣ эҳтиёҷ дорад. Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бисёр санадҳои меъёрию ҳуқуқие қабул карда шудааст, ки роҳҳои инноватсионии комёб шудани мактабу маорифро ба дастовардҳои назаррас таъмин менамоянд. Дар қатори дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ҳуҷҷати муайянкунандаи самтҳои фаъолияти соҳаи такмили ихтисос ва бозомўзии касбии кормандони соҳаи маориф «Стратегияи миллии рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» мебошад, ки дар ин ҳуҷҷат самтҳои афзалиятноки такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф муайян карда шуда, аз ҷумла омадааст:

Дар боби 3, §2 «Тағйироти сохтории низоми маориф» дар доираи барномаҳои татбиқшаванда, чунин зинаҳо ба назар гирифта шудааст:

- таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

- таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- таҳсилоти иловагии касбӣ: тайёрии касбӣ, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси дараҷаи дахлдори тахассус.

Дар боби 4, §3 «Тақвияти иқтидори кадрӣ», яке аз ҷузъи муҳимтарини навсозии соҳаи маориф ин навсозии низоми такмили ихтисоси омўзгорон дар назар аст ва бо ин мақсад:

- барои маҷмўи хизматҳои таҳсилотии марбут ба такмили ихтисоси худро интихоб карда тавонистани омўзгорон шароит фароҳам оварда мешавад;

- механизмҳои рақобат дар хизматрасонии замонавию хушсифати таҳсилотӣ оид ба такмили ихтисос бунёд карда мешаванд;

- механизмҳои низоми тақсимоти дастгирии омўзгорон дар болоравӣ ва инкишофи касбиашон тавассути ташаккули низоми сезинагии такмили ихтисос: дар зинаҳои минтақавӣ, маҳаллӣ ва муассисаи таълимӣ ташкил мешаванд;

- механизмҳои ҷорӣ намудани низоми қарзию модули такмили ихтисос таҳия  карда мешаванд;

- барои зуд тағйир ёфтани низоми такмили бо мақсади эътинои саривақтии он ба камбуди тағйирёбандаи тахассусӣ бинобар ҷорӣ гардидани стандарту технологияҳои нави таҳсилотӣ ва ғайра шароит фароҳам оварда мешавад.

Тибқи талаботҳои «Стратегияи миллии рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, таҳти рақами 334 тасдиқ карда шудааст, омадааст: «Такмили ихтисос бо мақсади ҳалли масъалаҳои рушди маориф мунтазам на камтар аз як маротиба дар се сол гузаронида мешавад ва низоми такмили ихтисоси кадрҳои педагогӣ ва роҳбарикунанда дорои хусусиятҳои зерин мегардад:

-          низоми тақсимшудаи такмили ихтисос, ки аз ташкилотҳои низоми таҳсилоти иловагии касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ иборат буда, дар заминаи онҳо, инчунин дигар ташкилотҳо, аз ҷумла ташкилотҳои ғайридавлатӣ, барномаҳои такмили ихтисос амалӣ карда мешаванд. Дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ ба воситаи шабакаи Интернет дастрасии доимӣ ба маводи методӣ барои муаллимон ва манбаҳои электронии таҳсилотӣ барои инкишофи касбӣ ташкил карда мешавад. Барномаи такмили ихтисос дар асоси муносибати модули салоҳиятнокӣ таҳия мегардад. Низоми қарзию модули такмили ихтисоси ҷавобгўи талаботи минтақаҳо ва муассисаҳои таълимӣ ва баланд бароварандаи самараи истифодаи маблағҳои буҷетӣ ҷорӣ карда мешавад, ки барои барномаҳои таълимиро интихоб кардани омўзгорон шароит фароҳам меорад;

-          такмили ихтисос бо расмиёти аттестатсияи кормандони педагогӣ вобаста карда мешавад ва бо мақсади қонеъ гардонидани талабот нисбати таъминоти воситаҳои педагогӣ бо технологияҳои нави таҳсилотӣ ва ҳалли масъалаҳои рушди маориф мунтазам, на камтар аз як маротиба дар се сол гузаронида мешавад;

-          барномаҳои такмили ихтисос аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва усулҳои фосилавӣ истифода бурда метавонанд. Тайёрии кадрҳо барои мактабҳои касбӣ дар корхонаҳои пешқадами ҷумҳурӣ ва донишгоҳҳои хориҷӣ гузаронида мешавад».

Дар шароити кунунӣ ҳуҷҷати нави муайянкунандаи меъёрҳои рушди минбаъдаи низоми такмили ихтисос ва бозомўзии касбии кормандони соҳаи маориф «Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозмўзии касбии кормандони соҳаи маориф дар давраи то солҳои 2020» мебошад, ки барои баррасиву муҳокима ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Барномаи мазкур масъалаҳои стратегии рушди такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф, роҳҳои дар амал татбиқ намудан ва  манбаъҳои маблағгузории татбиқи барномаро муайян намудааст.

Нақша-чорабиниҳои амалишавии ин ҳуҷҷатҳо имкон медиҳанд, ки роҳҳои инноватсионии татбиқи технологияи таҳсилотро дар фаъолияти мактабу маориф таъмин намуда, омили беҳдошти сифати таълим дар зинаҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбии таҳсилот гардад.

Суръати рушду пешрафти илму техника имрўз ва ҳамарўза ба маротиб зиёд гашта, доираи фарогирӣ ва таъсиррасонии технологияи иттилоотӣ васеъ мегардад ва системаи нави идоракунии ҷараёни таълиму тарбияро тақозо мекунад. Хусусан, дар раванди машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисоси омўзгорон ба таври васеъ ба роҳ мондани истифодаи технологияи информатсионӣ-комуникатсионӣ, китобҳои электронӣ, модулҳои таълимии ҷавобгў ба талаботи замони муосир ва бо усулҳои фаъол гузаронидани машғулиятҳо имкон медиҳад, ки маҳорати касбии омўзгор такмил дода шавад. Бо ин мақсад, фароҳам сохтани пояи моддию техникӣ ва таълимию методии матлуби такмили ихтисос, мутамарказонидани курсҳои такмили ихтисос ва ба роҳ мондани фаъолияти инноватсионӣ дар низоми такмили ихтисос яке аз  масъалаҳои стратегии соҳа арзёбӣ карда мешавад.

Хушбахтона, бо ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ базаи модӣ-техникии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф мустаҳкаму ғанӣ гардонида шудааст. Синфхонаҳо бо кампютер, видеопроекторҳо ва тахтаҳои электронӣ таъмин гардида, шунавандагони курсҳо имкон доранд аз китобхонаи электронӣ ва илмӣ, синфхонаҳои компютерӣ ва қироатхонаи замонавӣ васеъ истифода намоянд.

Мутаасифона, чунин имконоти моддӣ-техникӣ дар филиалҳои донишкада дастрас нест ва зарур мешуморем, ки барои дар солҳои оянда ҷиҳозонидани ҳамаи филиалҳои донишкада бо чунин таҷҳизоти замонавӣ аз тамоми сарчашмаҳои молӣ самаранок ва мақсаднок бояд истифода карда шавад.

Дар кишварҳои пешрафта ва муттаррақӣ вобаста аз имконотҳои техникӣ ва технологӣ курсҳои фосилавии такмили ихтисос роҳандозӣ гардида, дар раванди машғулиятҳо истифодаи модулҳои таълимӣ, китобҳои электронӣ ва усулҳои фаъоли таълим ба таври васеъ амалӣ карда мешавад. Бинобар ин пешниҳод менамоем, ки дар солҳои оянда чунин шакли таҳсилот ақалан барои муассисаҳои таълимӣ-тарбиявии пойтахти кишварамон ҷорӣ карда шавад. Ин имкон медиҳад, ки омўзгорони муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ мунтазам аз курсҳои баландбардории маҳорати касбӣ гузаронида шуда, вақти кории омўзгор самаранок истифода бурда шавад.

Хулоса, асри 21 - асри технология ва пешрафти илму техника буда, татбиқи технологияҳои инноватсионии таҳсилот дар раванди таълиму тарбия манфиат ва самараи хуб хоҳад дод.

Мудири кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ, дотсент Гулов Т.Ё., дотсенти кафедра Кабиров Н.Г.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj