• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Исследование
There are no translations available.

ОИНУ СУННАТҲОИ МЕҲРГОН АЗ НИГОҲИ ШОИРОН

Ҷашни Меҳргон аз ҷашнҳои бисёр бузург ва бофарру шукӯҳи аҷдодони мо дар аҳди бостон будааст. Ин идро дар қадим Митроконо мегуфтанд ва баъдҳо номи Меҳргонро гирифт.  Ин ҷашн аз Меҳррӯз (16 меҳр-8 октябр) оғоз ёфта, то Ромрӯз (21 меҳр-13 октябр), яъне шаш рӯз тӯл мекашид. Рӯзи оғози ҷашнро Меҳргони омма ва рӯзи анҷомашро Меҳргони хосса мегуфтанд. Бархе аз муҳаққиқон навиштаанд,  ки то он рӯз хуршед ошкор шуда, курраи моҳ, ки гӯё торикӣ буд, аз хуршед фурӯғ ва рӯшноӣ гирифт. Ба навиштаи “Бундаҳишн” Машӣ ва Машиёна дар ҳамин рӯз зода шуданд. Ба гуфтаи Абурайҳони Берунӣ Худованд дар ин рӯз заминро бигустаронид.

Дар аҳди Ҳахоманишиниён Меҳргон бо шукӯҳу азамати хоссае таҷлил мешудааст. Чунончи табиби хоси Ардашери дувум Котесиаси юнонӣ менависад: “Подшоҳони Ҳахоманишиниён ба ҳеҷ навҳ набояд маст шавад магар дар рӯзи ҷашни Меҳргон, ки либоси фохири арғувонӣ мепӯшанд ва дар бодапаймоии майхорагон ширкат менамоянд”. Муаррихи юнонӣ Дуриус менависад, ки “Дар ин ҷашн подшоҳон мерақсиданд”.

Ба қавли Страбон сатрапи (ҳокими) Арманистон дар ҷашни Меҳргон бист ҳазор курраи асп ба расми армуғон ба дарбори подшоҳони Ҳахоманишиён мефиристодааст. Дар аҳди Сосониён низ ҷашни Меҳргон ҳам бо азамати иди Наврӯз таҷлил мешудааст. Чунончи, шоҳаншоҳи Ҳурмузи Сосонӣ дар ҳама рӯзҳои Меҳргон ҷашн барпо менамуд ва навбати ҳар панҷ рӯзро бо як табақа аз табақоти иҷтимоӣ, аз ҷумла шоҳзодагон, мӯбадон, бозаргонҳо, сипоҳиён ва деҳқонону косибон медодааст. Дар ҷашн мӯбади мӯбадон (сарвари руҳониён) дастархоне, ки дар он лиму, шакар, нилуфар, биҳӣ, себ, як хуша ангури сафед ва 7-дона муруд гузошта мешуд, назди шоҳ меовард. Ҳафт муруд ва ҳафт чизи дигар, ки дар дастархон мегузоштанд, ҳамон ҳафтсин буд, ки ҷузъи ташрифоти мулук меоварданд. Тибқи иттилои муҳаққиқ “Рӯзе, ки Фаридун бар Заҳҳок даст ёфт ва ӯро баста ба занҷир маҳбус сохт, рӯзи меҳр буд аз моҳи меҳр, ки мардум онро ид гирифта ва Меҳргон ном ниҳоданд ва гиромӣ доштанд. Зеро зиндагонии худро,  ки аз зулми Заҳҳок аз каф дода буданд, ба адли Фаридун ба даст оварданд”. Ин муаррих дар ҷойи дигари китобаш мегӯяд: “Фаридун ба моҳи меҳр, рӯзи меҳр ба Заҳҳок тохт ва бар ӯ пирӯз шуд ва фармон дод, то касон Меҳргонро, ки рӯзи ба банд кашидани Беварасп буд, ид кунанд ва Афридун ба тахт нишаст” .Ин нукта дар китобҳои “Муруҷ -уз -заҳаб ва мадоин -ил ҷавҳар”- и Абулқосим Масъудӣ, “Таърихи Табарӣ”-и Муҳаммади Балъамӣ, “Ғурас ахбор мулук ал-фурс ва сияриҳум”-и Абумансури Саолабӣ (961-1038), “Осор-ул-боқия”-и Абурайҳони Берунӣ (937-1048), “Форснома” -и Ибни Балхӣ (асри 12) низ зикр шудааст.

Меҳргон баъд аз Наврӯз дуюмин ҷашни бузурги миллӣ ва фурӯғмандтарин намоди суннатии дерини фарҳанги ориёӣ аст. Ҷашни Меҳргон ҷашне буд, ки аз қадимулайём байни ниёгони мо қайд карда мешуд ва дар сарзаминҳои Шарқу Ғарб интишор ёфта буд. Аз тарафи дигар, ҷашни Меҳргон ҷашни тавлиди Меҳр, ҷашни худовандгори аҳду паймон ва маросими шукӯҳмандию пирӯзии инсон аст. Ҷашни Меҳргон таҷдиди ҳамасолаи аҳду паймонест, ки бо Худованд барои анҷоми амалҳои нек, гурез аз ҳамаи бадиҳо, барафрохтани дирафши ковиёни дар ҳамаи ҷанбаҳо барои ҷустуҷӯи руҳи худованди Меҳр ва парокандагии нури Хуршед, ташвиқи инсон ба ҳидояти нури равшаноӣ ва тарғиби ӯ ба муқобили ҷаҳлу зулмат баста хоҳад шуд. Наврӯзу Меҳргон аз рӯи табиати фаслии худ ба нури зулмат ташбеҳ дода шудаанд ва ин паймони ташбеҳӣ ҳамчун мазҳари Наврӯзу Меҳргон ҳамасола то ба пирӯзии қатъии нур бар зулмат идома пайдо хоҳад кард. Меҳргон навиде аз сипарӣ шудани тобистон аст, аз муътадил шудани ҳаво дарак медиҳад. Мардуми Эроншаҳру Мовароуннаҳр аз аввали Меҳргон то 30 рӯзи тамом ин ҷашнро барпо мекарданд ва табақоти мухталифи мардум ҳар кадом панҷ рӯзӣ онро ид мегирифтанд.

Аз назари дини иҷтимоӣ Меҳр яке аз худоёни муштараки ҳиндуэронист, ки танзимкунандаи аҳду паймон ва ҳофизу нигаҳбони олами моддӣ ба шумор мерафт.

Дар давраи Ҳахоманишиён ин ид бо салобати хосса ҷашн гирифта мешуд ва рӯзи ҷашн низ монанди Наврӯз аз Меҳргони оммаю хоса иборат буданд. Ин ҷашн бо шодиву сурур шуруъ мешуд ва дар ин рӯз нӯшидани май барои шаҳриёрон иҷозат буд. Дар давраи Сосониён дар ҷашни Меҳргон таронаҳои Борбад танинандоз мешуданд. Хунёгарон навои “Меҳргони бузург” “Савристон”, “Марвори нек”, “Шабдиз” ва дигар лавҳаҳои меҳргониро мехонанд. Дар давраи Ашкониён, ки аввали давлати эронӣ баъди тохтутозҳои Искандари Мақдунӣ иқдомҳои нек барои ҷамъоварии Авесто ба амал бароварда шуд ва ин ҷашн ба ҳамон шеваи таҷлили Меҳргон дар аҳди Ҳахоманишиён баргузор мегардид. Дар аҳди Сосонӣ пайравӣ ба суннати ҳахоманишиён ва вобаста ба инкишофи афкори маънави ҷашни Меҳргон баъди ҷамъоварии ҳосил ва супоридани молиёт мешуд. Дар он ҳамаи табақаҳои аҳолӣ иштирок мекарданд.

Меҳргон суфраи хоси ҷашни худро дошт. Дар хони меҳргонӣ, ки назди шоҳон густурда мешуд, ороста аз навъҳои гуногуни хӯришҳо, меваҷот, ки онро ба истилоҳ “дорун” меномиданд ва он аз ҳафт навъи донаҳои ордкардашуда пухта мешуд, мегузоштанд.

Пас аз инқирози давлати Ғазнавиён ва кашмакашҳою нобасомониҳои дохиливу хориҷӣ баргузории ҷашни Меҳргон ба охир расид.

Роҷеъ ба ҷашни Меҳргон шоирону мутафаккирони асрҳои миёнаи форсу тоҷик шеъру тарона, ғазалу қасида ва достонҳои зиёд эҷод намудаанд, ки худ шоҳиди барҷастагии таҷлили ҷашни Меҳргон дар аҳди ислом мебошад.

Меҳргон яке аз ҷашнҳои бузургтарини суннатии мардуми форсу тоҷик маҳсуб мешуд, дорои хусусиятҳои ҷолиб буд. Мардум ин ҷашнро хеле дӯст медоштанд ва ботантана таҷлил менамуданд. Аз ин ҷост, ки дар ашъори шоирон низ аз ин ҷашни мардуми хеле зиёд ёд шудааст. Чунончи, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷашни Меҳргонро чунин тасвир намудааст:

Малико, ҷашни Меҳргон омад,

Ҷашни шоҳону хусравон омад.

Хаз ба ҷои мулҳаму хиргоҳ,

Бадали боғу бӯстон омад.

Мӯрд ба ҷои савсан омад боз,

Май ба ҷои арғавон омад.

Манучеҳрии Домғонӣ низ дар ашъори дилпазираш аз ин ҷашни бостонӣ ёд мекунад:

Шод бошед, ки ҷашни Меҳргон омад,

Бонги овои дарои корвон омад....

Масъуди Саъди Салмон ҷашни Меҳргонро фарруху дӯстдошта таъкид карда, ҳама рӯзи ин моҳро рӯзи меҳру меҳрубонӣ меномад ва мардумро барои дӯст доштану меҳрубонӣ намудан даъват менамояд:

Рӯзи меҳру моҳи Меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,

Меҳр афзоӣ, эй нигори моҳчеҳраи меҳрубон.

Меҳрубонӣ кун ба ҷашни Меҳргону рӯзи Меҳр,

Меҳрубонӣ кун ба ҷашни Меҳргону рӯзи Меҳр.

Дар асрҳои миёна то ибтидои садаи ХХ ҷашни Меҳргон ба гунаи як иди оммавии мардумӣ бо номҳои “Сайр” ва “Иди тирамоҳӣ” таҷлил мегашт. Устод Садриддин Айнӣ дар асари арзишманди хеш ”Ёддоштҳо” роҷеъ ба сайри Дарвешобод ва баргузории он маълумоти ҷолиб додааст.

Мувофиқи шаҳодати ӯ, сайри Дарвешобод одатан ҳар ҳафта рӯзи сешанбе пагоҳӣ оғоз шуда, рӯзи чоршанбе то чоштгоҳӣ давом мекард. Сайргоҳ дар тарафи ғарбии роҳи калоне буд, ки аз бозори Ғиҷдувон баромада, ба тарафи Бухоро мерафт. Дар ду тарафи қитъа растаҳо бо бурё ва ходачаҳо дӯкончаҳои каппамонанд сохта буданд, ки баъзеи он дӯконҳо чойхона, баъзеашон ошхонаи моҳипазӣ ва монанди инҳо будаанд. Дар зери деворҳо мардум давра гирифта, бозиҳову саргармиҳо мекарданд.

Дар баъзеи давраҳо ғирғиракбозӣ,тасмабозӣ,дар баъзеи дигар қартабозӣ ва монанди инҳо сурат мегирифтанд. Дар баъзе давраҳо маддоҳон мадҳия мехонданд, сарояндаҳо месуруданд, наққолону ровиён қисса мегуфтанд. Чун шаб фаро мерасид, замони тарфбозӣ сар мешуд. Тарфҳоро, ки дар кӯза дуруст мекарданд, оташ дода ба ҳаво сар медоданд. Он мисли мушаку салютҳои имрӯза дар осмон шарорапошӣ менамуд. Фардои он рӯз дар майдони назди бозори гов мусобиқаҳои хартозӣ шурӯъ мешудааст. Чунин ҷашнҳо, ки идомаи ҷашни Меҳргон мебошанд, дар маҳаллаҳои дигари тоҷикнишини Осиёи Марказӣ низ то оғози садаи ХХ барпо мешудаанд.

Дар садаи ХХ оид ба Меҳргон қариб ягон шеъре эҷод нашудааст. Шоирон бештар дар васфи тирамоҳ ва хусусиятҳои он шеър месуруданд. Тавсифи ин ҷашни қадим асосан дар ибтидои садаи ХХ1 дар шеъри тоҷик тазоҳур намуд, ки миқдори он нисбатан кам аст. Шоир Султонмуроди Одина дар пайравӣ ба Саъди Салмон шеъреро бо унвони “Меҳргон омад!” эҷод кардааст, ки дар он аз шукӯҳу шаҳомати ин ҷашни қадим, мероси аҷдоди гузашта будани он сухан рафта, мардумро дар ин моҳи муборак, моҳи ҷамъоварии ҳосили деҳқон ба меҳрубониву шеъру сурудхонӣ даъват менамояд:

Меҳргон омад, азизон, меҳрубониҳо кунед,

Васфи деҳқонро суруда, шеърхониҳо кунед.

Зар фишонад дастранҷи марди заҳмат ин замон,

Зери пойи зарфишонон зарфишониҳо кунед.

Аз Фаридун монда мерос ин ҷалои Меҳргон,

Бо дирафши ковиёӣ омада то ин замон.

Иди нусрат,  иди қудрат, иди покӣ бошад он,

Рамзи серию саодат ояд аз ӯ бар ҷаҳон.......

Дар шеъри Гулрухсор Меҳргон бо ҳама зебоиву нафосаташ низ бо ҳамин хусусият ҷилвагар мешавад. Ӯ аёми таҷлили ҷашни Меҳргонро фасли зеботарин тасвир мекунад, ки нерӯи зинда кардани меҳрро дар қалби инсонҳо дорад. Фасле, ки табиат ҷомаи заррин ба бар мекунад, дарахтон қабои нав ба бар менамоянд. Ишқ ҳама ҷо танинандоз мешавад:

Фасли меҳри Меҳргон буд,

Меҳр дил буд, меҳр ҷон буд,

Ранги зарди тирамоҳӣ

Сурху сабзу арғавон буд.

Ишқ меҳроби таҷалло

Ишқ султони ҷаҳон буд.

Ишқ наврӯзии поиз,

Қалбҳо наврӯзгон буд.

Мо надонистем, ҳайҳот,

Ганҷ, ганҷи шойгон буд.

Дар сабӯи мастии мо,

Аз булӯри осмон буд!

Шоир Равшани Ҳароҳ низ дар шеъри худ тамоми хусусиятҳо ва оинҳои таърихиаш ҷашни Меҳрогонро хеле хуб шоирона тавсиф намудааст:

Чун  Меҳр расад ба бурҷи Мизон,

Таҷлил кунед, эй азизон.

Аз меҳру сахои зиндагонӣ

Пушед либоси арғувонӣ.

Ин ҷашн, ки ҷашни Меҳргон аст,

З-Афридуну Ковааш нишон аст.

Заҳҳок  бишуд асиру дар банд.

Он рӯз ба куҳ, дар Дамованд.

Ин ид, ки иди Меҳргон аст,

Меҳре ба замин зи осмон аст.

Ҳосил бирасад ба дасти деҳқон,

Неъмат бишавад ба хон фаровон.

Шукронаи нозу неъмату нон,

Шукронаи мулки Тоҷикистон!

Бояд таъкид кард, ки мутолиаи чунин шеърҳо дар хонанда ҳисси худшиносии миллӣ, хештаншиносии фардӣ муҳимтар аз ҳама, ҳисси меҳанпарастиро бедор мекунад, дар шинохти ҷашнҳои миллии аҷдодӣ нақши мунир мебозад.

Ҳамин тавр, шеърҳое, ки дар васфи Меҳргон суруда шудаанд, нисбатан кам буда, асосан ҷанбаи таърихиву тавсифӣ доранд.

Бояд ёдоар шуд,ки дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  Иди Меҳргон таҳти унвони “ Иди ҳосилот” таҷлил мешуд.

Асосан таҷлили ҷашни Меҳргон дар соли 2011 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал бо тантана дар сатҳи ҷумҳуриявӣ  қайд карда шуда, аз нав хусусияти миллии худро пайдо кард.

Салим Тағоев, устоди факултети педагогикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj