• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

ОМОДАСОЗИИ ОМЎЗГОРОНИ ОЯНДАИ ХИМИЯ ДАР ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯИ ТАЪЛИМИ ТАФРИҚАВӢ

Омўзиш ва таҳлили ҳолати ҷараёни таълиму тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон онро нишон медиҳад, ки аз оғози даврони истиқлоли кишвар Ҳукумати ҷумҳурӣ ба таҳкими маорифи миллӣ даст зада, барои  ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ кўшиш намудааст. Дар ин баробар соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон намуда, ҷиҳати рушди пайвастаи он тадбирҳои мушаххас меандешад.

Дар заминаи воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба системаи ягонаи маълумот,дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва институтҳои байналмилалӣ доир ба беҳтаргардонии сифати таълим ва такмили тахассуси кадрҳои педагогӣ омўзгорони кишвар имконият пайдо карданд, ки методу усулҳои дарсиро такмил диҳанд ва тариқи таҷриба аз ҳамкасбони пешқадами худ шаклҳои нави муносибат ба таълимро омўхта, тарзи ташкили онро таҷдид намоянд. Дар ин зимн, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 «Стратегияи рушди маориф барои солҳои 2012-2020»-ро ба тасвиб расонд, ки дар асоси он то соли 2020 стандарту барнома ва китобҳои дарсӣ таҷдиди назар карда шуда, тибқи муносибати босалоҳият ба таълим таҳия гардиданд.

Имрўз омўзгорон, аз он ҷумла омўзгорони фанни химия ба таври амалӣ шаклҳои нави ташкили ҷараёни таълимро бо такя ба таҷрибаҳои кории ҳамкасбони пешқадами худ ва бо назардошти хусусияту шароити мактаби худ ва дараҷаи тайёрии хонандагон истифода мебаранд.

Масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилотро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш пайваста таъкид менамоянд. Аз он ҷумла, чунин мефармоянд: «... назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзўр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд»( Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ (ш. Душанбе, 26 декабри соли 2019) / Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: «Шарқи озод», 2019. - 47с.).

Дар ҳамин замина омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро зарур аст, ки аз он технологияҳои гуногуни таълимӣ истифода намоянд, ки ба баланд гардидани сифати таълими ин фанҳо мусоидат намоянд. Яке аз чунин технологияҳои таълимӣ ин технологияи таълими тафриқавист. Зери мафҳуми таълими тафриқавӣ чунин системаи таълимиеро мефаҳманд, ки дар он ҳар як хонанда ҳуқуқ ва имконияти кафолатнокро ба даст меорад, то ин ки диққати зиёди худро ба ҳамон самте равона созад, ки аз ҳама бештар ба майл, шавқ ва қобилияти ў ҷавобгў бошад.  Вале бо сабаби кўҳнапарастӣ ва дилбастагӣ ба низоми мактабдории ананавии таълим аз тарафи қисми зиёди муаллимон, гарчанде муносибати босалоҳият ба таълим ҷорӣ гардида бошад ҳам,  то ҳоло имконият пайдо нагаштааст, ки ба дурустӣ фалсафаи таълими тафриқаро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ намоем. Он технологияҳое, ки солҳои тўлонӣ дар таълим истифода бурда мешуданд ва имрўз низ истифода мешаванд, ба тарзҳои гурўҳии таълим, дар талаботҳои ягона, вақти сарфшуда, ҳаҷми маводи омўхташаванда, бе баҳисобгирии хусусиятҳои фардию психологии инкишофи фардии ҳар як хонанда равона карда шудааст ва онҳо натиҷаҳои назаррасро дар таълим ба вуҷуд намеоранд.

Бояд қайд сохт, ки таълими тафриқа бо назардошти қобилият ва истеъдоди хонандагон сурат гирифта, ҳаргиз ҳадафи ба табақаҳо ҷудо кардани онҳоро надорад, балки шароити мусоид фароҳам меоварад, ки шогирдон аз имкониятҳои табиии хеш фаровон истифода баранд, лаёқату қобилияти хешро ҳамаҷониба зоҳир кунанд. Ин шакли омўзиш қабл аз ҳама ба талаботи ботинии хонандагон ҷавобгўй буда, дар асоси ривоҷи ҳаматарафаи қобилияту истеъдод сурат мегирад.

Бинобар ин ҳангоми тайёр намудани мутахассисони соҳаи омўзгорӣ дар муассисаҳои олӣ зарур аст, ки ба омодасозии махсуси методии донишҷўён дар истифодаи технологияи таълими тафриқавӣ диққати ҷидди диҳем.  Асосан омодасозии махсуси методии донишҷўён барои кор дар синфҳои гуногунравия бояд бар асоси курсҳои махсус амалӣ гарданд. Ин курси махсус омодасозии методӣ, аз он ҷумла муаллимони ояндаи химияро идома дода, бар асоси донишу малакаҳое, ки донишҷўён ҳангоми омўзиши методикаи таълими химия, педагогика, психология, химия, биология, физика ва соири фанҳои дигар омўхтаанд, фаъолият кунад.

Курси махсус бояд ду қисмати ҳамгирошавандаро дар бар гирад – психологию педагогӣ ва ташкилию такмилӣ. Дар қисмати психологию педагогӣ донишҷўён хусусиятҳои фаъолияти таълимию маърифатии хонандагони синфҳои гуногунравия ва усулҳои ташхиси онҳоро омўзанд. Дар қисмати ташкилию такмилӣ муносибатҳои асосӣ ба таркиби мазмуни химияи синфҳои гуногунравия, ки барои ҳар як равия ва усулҳои таълим то андозае мувофиқан баррасӣ шаванд.

Курси махсус тавассути шаклҳои мухталифи кор бо донишҷўён – сўҳбатҳо, семинарҳо, практикумҳо, корҳои мустақилона, маслиҳатҳо ва ѓайра бояд амалӣ гардад.

Намунаи кор бояд тарзе пешниҳод карда шавад, ки ба муаллим дар мавриди омодасозии омўзгорони ояндаи химия барои фаъолият дар шароити таълими равияҳо мадади калон расонад. Ин намунаи пешниҳодшаванда барои омодасозии омўзгорони ояндаи химия аз панҷ қисм ташкил ёфта, нисбат ба ҳамдигар муносибати муайян дошта бошанд.

1. Қисмати иҷтимоию фарҳангӣ барои ҳамаи дигар қисматҳо такягоҳ бояд бошад. Он талаботҳои умумиеро, ки ба ҳар гунна мутахассис пешниҳод мешавад, инъикос намояд. Ба ин талабот сифатҳои фарҳангӣ, шаҳрвандӣ, ахлоқӣ ва ҳиссӣ, инчунин донишу малакаҳои умумӣ мувофиқат кунанд.

2. Қисмати тахассусию педагогӣ талаботҳоеро дар бар гирад, ки бевосита ба фаъолияти омўзгор – фаъолнокии иҷтимоӣ, мақсаднокӣ, низом, хоҳиши кор кардан бо хонандагон, қобилияти дар вазъиятҳои ҳассос худро аз даст надодан, ростӣ, поквиҷдонӣ, ҷозиба, инсонпарварӣ, одоби педагогӣ ва некбиниро фаро гирад. Ба ин қисмат, ҳамчунин маҷмўи донишу малакаҳои равонию педагогӣ, ки донишҷўён дар мактабҳои олӣ меомўзанд, дохил шаванд.

3. Қисмати махсуси фаннӣ (химиявӣ) талабот ба мутахассис – муаллими химияро, ки дар соҳаи химия ҳамчунин илм салоҳият дорад, дар бар гирад. Ба ин таълабот ҷузъҳои зерини қобилияти химиявӣ шомил бояд бошанд: аниқ ҳис ва дарк кардани хусусиятҳои зоҳирии моддаҳо (ранг, бўй ва ѓайра) ва дигаргуниҳое, ки дар реаксияҳои химиявӣ ба амал меоянд; дуруст мутобиқ сохтани ҳаракату қобилият, сифати таҳлилии фикр, инкишофи тафаккур, тахаюли бою рангин мушоҳидакорӣ, дарки вазъият, инкишофи хотира ва ѓайра.

Донишу малакае, ки фаъолияти тахассусии муаллими химияро муайян мекунад, дарки мафҳумҳои илмӣ, қонуну назарияҳои химия, доир гардонидани чараёнҳои химиявӣ дар шароити лаборатория, ҷамъоварии асбобҳо ва идораи дастгоҳҳо ҳангоми озмоишҳои химиявӣ ва ѓайраро дар бар мегирад. Бояд қайд сохт, ки донишу малакаи мушаххас дар доираи қисмати мазкур дар донишҷўён ҳангоми омўзиши фанни химия ташаккул меёбад.

4. Қисмати фаннию методӣ ба қисматҳои тахассусию педагогӣ ва фаннӣ (химия) бояд такя кунад, он талабот ба салоҳияти методии муаллими химия ва донишу малакаҳои умумию хусусиро дар бар гирад.

Ба донишу малакаҳои умумию методии муаллимони химия тааллуқ дорад:

- донистани мазмуни курси мактабии химия ва эҷодкорона татбиқ карда тавонистани онҳо;

- интихоб карда тавонистани маводи амалии илми химия, дар маводи таълим ҷудо карда тавонистани гурўҳҳои алоҳида, назарияҳо ва мафҳумҳои асосӣ;

- тибқи талаботи дидактика кор карда тавонистани маводи таълими химия;

- ошкор ва барқарор сохта тавонистани алоқаҳои дохилифаннӣ ва байнифаннӣ;

- ба нақша гирифта тавонистани мавзуҳои таълим;

- барои инкишоф додан, мустаҳкам кардан ва санҷидани донишу малакаҳои химиявии хонандагон, интихоб ва таҳия карда тавонистани маводи дидактикӣ;

- донистани воситаҳои асосии техникии тадриси химия ва истифода бурда тавонистани онҳо дар таълим;

- мақсаднок мушоҳида карда тавонистани фаъолияти хонандагон дар дарсҳои химия, гузаронидани озмоишҳои начандон мураккаби педагогӣ ва ѓайра.

Донишу малакаи методикаи хусусӣ ба хусусиятҳои методии мавзуҳои мушаххаси мактаби миёна тааллуқ дорад. Бояд қайд сохт, ки донишу малака доир ба ин қисмат дар донишҷўён ҳангоми омўзиши методикаи таълими химия дар мактаби олӣ ташаккул меёбанд.

5. Қисмати иҷтимоию методиро барои муаллимони ояндаи химия, ки дар синфҳои гуногунравия минбаъд фаъолият мекунанд, бояд дар бар гирад. Ин қисмат ба донишу малакаҳои донишҷўён оид ба методи таълими химия асос меёбад. Ҷузъиёти сохтори ин қисмат низоми донишу малакаҳои методиро, ки барои муаллимони ояндаи химия дар тадриси синфҳои гуногунравия заруранд, муайян менамоянд.

1. Низоми донишҳои махсуси методӣ ба муаллими ояндаи химия имкон медиҳад, ки ошкор созад:

- моҳияти мақсад ва вазифаҳои таълими химия дар синфҳои гуногунравия;

- хусусиятҳои равонию физиологии хонандагони синфҳои гуногунравия ва муносибат ба таълими инфиродии химия;

- хусусияти мазмуни курси химия барои синфҳои гуногунравия;

- шаклҳо, методҳо, усулу воситаҳои мувофиқи тадриси химия дар синфҳои гуногунравия.

2. Низоми малакаҳои махсуси методӣ, ки бояд муаллими химия аз худ намояд, дар бар мегирад:

- муайян кардани хусусиятҳои равонию физиологии хонандагони синфҳои гуногунравия ва майлҳои маърифатии онҳо бо роҳи тест;

- татбиқи интихоби мазмун доир ба мавзуҳои курси мактабии химия бо назардошти равияи таълим;

- интихоб ва истифода бурда тавонистани шаклу методҳои самараноки тадриси химия ва назорати натиҷаҳои он бо назардошти хусусиятҳои раванди маърифатии хонандагони ин равия;

- ба нақша гирифтани мавзуъҳо, таҳия ва гузаронидани дарсҳои химия ва дарсҳои гуногунравия;

- тартиб додани масъалаҳои химиявӣ вобаста ба равияҳо;

- ҷамъ овардани таҷрибаҳо барои озмоиши химиявӣ, ташкилу гузаронидани он бо назардошти хусусиятҳои синфҳои гуногунравия.

Маҳз тайёр намудани омўзгорони оянда ба истифодаи таълими тафриқа, ки яке аз роҳҳои ниҳоят муфиди ташкили таълиму тарбия ва интихоби бачаҳои лаёқатманду қобилиятнок мебошад, ба беҳтар гардидани омўзиши фанҳои табиатшиносӣ, аз он ҷумла фанни химия мусоидат менамояд.

Алимов С.Ш. – мудири кафедраи методикаи таълими химия

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj