• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

ВАҲДАТ-САРЧАШМАИ САОДАТ

Тоҷикистонам  гулафшон аз баҳори Ваҳдат аст,

Дар нигоҳи офтоби ў  шарори  Ваҳдат аст.

Буд парешон аз боди офат хоки поки офият,

Мардуми сарҷамъаш акнун посдори  Ваҳдат аст.

Дар охири асри ХХ дар ҷаҳон воқеаҳои сиёсие ба амал омаданд, ки мардуми сайёра онро интизор набуданд. Яке аз ин воқеаҳои аср барҳам хӯрдани ИҶШС – бузургтарин давлати дунё мебошад. Ҷаҳони империалистӣ  аз ҳамон ибтидои  барпошавии низоми сотсиалистӣ  нақшаи барҳам додани ин низомро доштанд ва муборизаи онҳо бо роҳҳои гуногун идома дошт. Дар ин давра Иттиҳоди Шуравӣ 15 ҷумҳурии иттифоқиро дар бар мегирифт ва дар он зиёда аз 100 халқу миллат бо теъдоди  270 миллион нафар зиндагӣ мекарданд.  Сар задани  буҳрони иқтисодӣ  чунин шумораи зиёди халқу миллатҳо ва аҳолиро ором гузошта наметавонист. Аз ин рў, чунин вазъият халқу миллатҳоро ба шўр оварда, сабаби ба вуҷуд омадани ҳаракатҳои миллӣ, ошкорбаёнӣ, ҷудоихоҳӣ ва ғайра гардид. Дар ИҶШС масъалаи миллӣ то андозае ҳалли дурусти худро ёфта бошад ҳам, иҷро нагардидани нақшаҳои ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тадбирҳои экологӣ ва дар рафти ошкорбаёнӣ афзудани баъзе муаммоҳо  ба тезутунд гардидани муносибатҳои миллӣ оварда расонд.

Буҳрони амиқи  оммавӣ ҳаракатҳои миллӣ,   гуногунандешӣ ва ошкорбаёниро равнақ дод, ҳаракатҳои ҳудудӣ ва истиқлолиятхоҳиро  ба миён овард. Аз ҷумла, солҳои 1989-1990  дар Боку, Карабоғ, Сумгаит, Ўзбекистон ва Тоҷикистон ҳаводисҳои фоҷиавор сар заданд. Раванди аз ҳайати ҳукумати ИҶШС баромадани Латвия, Литвия ва Эстония ва дар ҳайати ҳукумати ИҶШС пайдо шудани гурўҳҳои иртиҷоие, ки ба вуҷуд доштани ИҶШС таҳдид мекарданд, ба амал омаданд.

Ғайр аз ин, баъзан мансабдорони сатҳи олӣ тарафдори барҳамхўрии Иттиҳоди Шуравӣ буданд. Маҳз бо дастгирии ин гуна мансабдорон чунин қувваҳои марказгурез ва истиқлолиятхоҳ авҷ мегирифтанд. «Баъд аз ҷумҳуриҳои назди Балтика Русия, Украина ва Белорусия ташаббускори пошхўрии ИҶШС гардиданд»( Нозим Њакимов. Таърихи халќи тољик. Душанбе, Ирфон-2008. – С. 424). Аммо сабаби асосии ба чунин аҳвол афтодани Иттиҳоди Шуравӣ ва пошхўрии он камбудиҳои ҷиддӣ дар соҳаи   иқтисодӣ буд. Пурра таъмин нашудани масъалаҳои иҷтимоӣ, пайдо шудани камбудиҳо дар соҳаи хоҷаги халқ,  соҳаи фарҳанг,   маънавиёт ва дигар соҳаҳо ҳисси норозигии мардумро ба миён овард.

Дар Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон низ дар ин давра ақидаҳои миллӣ, демократикунонӣ ва истиқлолиятхоҳӣ ба амал омаданд. Инро мо дар соли 1989 дар мисоли қабули Қонун “Дар бораи забони давлатӣ”, таъсиси маҳфили “Рў ба рў” ва минбаъд дар заминаи ин маҳфил ба вуҷуд омадани созмону ҳаракатҳои гуногуни сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дида метавонем. Дигар воқеае, ки ба рушди демократия ва гуногунандешӣ дар ҷумҳурӣ сабаб шуд,  воқеаҳои февралии соли 1990 мебошад. Оғози ин воқеаҳо, ки ба рўзи 11 феврал соли 1990 рост омад, тахминан 2,5 ҳазор гирдиҳамомадагон дар назди бинои Президиуми Шурои Олӣ ҷамъ шуда, намоиши эътирозӣ  гузарониданд ва сипас ба сўи бинои КМ ҲК Тоҷикистон ҳаракат карданд. Ба онҳо роҳгузарон, донишҷўён ва хонандагони омўзишгоҳҳову мактабҳои миёна ҳамроҳ шуданд.

Ҳамин тавр, ҳаракатҳои истиқлолиятхоҳӣ дар Тоҷикистон солҳои 1989-1990 ба миён омада буданд, ки ба ин масъала таъсири хориҷ шуадани ҷумҳуриҳои назди Балтика аз ҳайати ИҶШС калон аст. Дар чунин муҳити Тоҷикистон талошҳо барои мустақил эълон кардани ҷумҳурӣ авҷ гирифт. 24 августи соли 1990 Сесияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12-ум) Эъломияро оиди ба даст овардани мустақилият аз ҷониби  Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул намуд (И. Усмонов. Таърихи сиёсии Тољикистони соњибистиќлол. Хуљанд, Нури маърифат-2003. – С.57). Пеш аз қабули эъломия, дар вақти муҳокимаи он аз ҷониби Шурои Олӣ як гурўҳ олимони соҳаи ҳуқуқ лоиҳаи дигареро дар ин боб тайёр карданд, ки лоиҳаи алтернативӣ мебошад. “Эъломияи алтернативӣ санади хеле муфассал ва аз нигоҳи мазмуну муҳтавиёти ҳуқуқии худ ба талаби истиқлолияти комили давлатӣ ҷавобгў буд, зеро муаллифони он дар тафовут аз мақомоти расмии онвақта фишору  бархўрдҳои ҳукумати марказиро камтар эҳсос мекарданд”( Садои мардум. 27 ноябри соли 2002.)

Аммо мисли дигар ҷумҳуриҳои дар ҳайати империяи номбурда буда, дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон  низ  се роҳи рушд меистод: 1) роҳи русиягӣ, яъне ҷумҳуриҳои аз ҳайати ИҶШС баромада,  мебоист рў ҷониби Русия оварда, дар ин асос сиёсати давлатии хешро роҳандозӣ намоянд; 2) роҳи дохили минтақавӣ, яъне панҷ ҷумҳурии Осиёи Марказӣ муттаҳид гардида, як иттиҳоди минтақавии сиёсӣ ва иқтисодӣ барпо намоянд; 3) роҳи пешбурди сиёсати хориҷии бисёрсамта.

Ҳамин тавр, дар солҳои 90-уми асри ХХ аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла  Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи сеюмро интихоб намуданд, зеро Русия ба ҳалли мушкилоти дохилии хеш машғул буд ва наметавонист, ки ҷумҳуриҳои  Осиёи Марказиро ба таври бояду шояд дастгирӣ  намояд.

Аммо на ҳамаи ҷумҳуриҳои соҳибистиқлолгардида ин вазъиятро ба манфиати  халқу миллати худ ҳал намуданд. Аз ҷумла демократия ва соҳибистиқлолӣ  барои Ҷумҳурии Тоҷикистон монеаҳои сиёсии зиёдеро ба вуҷуд овард, ки он сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ гардид. Мубориза байни қувваҳои мухолифин ва  ҳукумати рўз то рўз шиддат  меёфт. Гарчанде дар чунин вазъи ноороми сиёсӣ  дахолати қувваи сеюм бармало маълум буд, аммо мансабталошон  ақидаи тамоман аз даст рафтани Ватани азизро намекарданд.

Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тақдирсозе буд, ки тавонист барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ замина гузорад, ки он бо талошҳои зиёди Пешвои муаззами миллат  ба даст оварда шуд. Ниҳоят  дар вохурии шаҳри Маскав, дар таърихи         27 июни соли 1992 ҳуҷҷати тақдирсоз  ба тасвиб расид, ки он дар тақдири халқи тоҷик ҳуҷҷати басо арзандаю муҳим гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз вартаи  парокандашавӣ нигоҳ дошт.

Дар даврони шуравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон наонқадар маълуму машҳур буд ва  ҳатто  дар ҳудуди собиқ ҷумҳуриҳои шуравӣ онро намешинохтанд ва дар бораи мавҷудияти он ҳатто тасаввурот надоштанд. Ҳоло Тоҷикистонро аксари кишварҳои дунё ба расмиятшинохта, дар доираи байналмилалӣ эътироф намудаанд, ки мо аз ин ифтихор мекунем.

Бинобарин вазифаи мо  пос доштани ваҳдати миллӣ  ва ҳифзи истиқлоли давлатии кишвар буда, ифтихор аз Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорем, ки бо шарофати ў мо дар Ватани худ зиндагии осоишта дорем.

Шарофова М.- кафедраи таърихи умумӣ ва муносибатҳои байналхалқии  факултети таърих

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj