• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Исследование
There are no translations available.

МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ

Инсон бо табиат зинда аст, зеро табиат манбае дар кураи замин мебошад. Илова бар ин, табиат сарчашмаи асосии қонеъ гардонидани талаботи моддӣ ба ҳисоб меравад.

Аҷдодони мо ҳамбастагии омилҳои табиии обу ҳаво, набототу ҳайвонот, олами моддӣ ва маънавиро аз масоили экологии куҳан медонистанд. Ин чунин маъно дорад, ки инсоният дар марҳилаҳои фаъолияти ҳамешагиаш бо масъалаҳои экологӣ алоқаманд будааст. Азбаски инсон шакли олии таҷассуми табиат аст ва бидуни он зиста наметавонад, бинобар ин масъалаҳои экологӣ яке аз қисмҳои ҷудонашавандаи ҳаёти ў ба шумор мераванд.

Солҳои охир дар натиҷаи муносибати нодурусти одамон ба муҳити зист бисёр намудҳои ҳайвоноту наботот рў ба нестӣ овардаанд. Баландшавии ҳарорат, обхезиҳо, гирдбодҳои даҳшатовар ва дигар офатҳои табиӣ ба назар мерасанд, ки сабаби асосии ин ҳодисаҳо муносибати нодурусти инсон ба табиат мебошад ва он марбут ба надонистани қонунҳои экологӣ аст. Ҳоло бўҳрони экологӣ на танҳо ба минтақаи алоҳида, балки ба тамоми кураи Замин таҳдид мекунад.

Вобаста ба инкишофи илму техника ва таъсири ҳаматарафаи фаъолияти инсон ба табиат истифодаи қонунҳои экологӣ дар соҳаи кишоварзӣ, тандурустӣ, саноат, нақлиёт, кайҳон, ҳифзи табиат хеле муҳим гардидааст.

Мавқеи экология дар ҳалли муаммоҳои назариявӣ, нисбат ба ҷойгиршавии моддаҳо ва энергия дар биосфера, ивазшавии таркиб ва структураи олами органикӣ низ назаррас аст.

Айни замон масъалаҳои экологӣ характери глобалӣ гирифта, ҳатто мавзўи сиёсати байналмилалӣ гардидааст. Ниҳоят аз меъёр зиёд истифодабарии захираҳои табиӣ, ба он оварда расонидааст, ки қисмҳои алоҳидаи табиӣ ва элементҳои онҳо ба куллӣ тағйир ёфта рў ба камшавию нестшавӣ ниҳодаанд.

Тоҷикистони мо кишвари кўҳсор буда, дар он ҳамаи минтақаҳои табиӣ - иқлимӣ аз биёбонҳои сўзон то даштҳои ландшафтиву кўҳҳои сарбаланд, аз ҷангалҳои туғайи то экосистемаҳои паҳнбарги кўҳӣ ва сўзанбаргҳои баландкўҳӣ вомехўранд. Гуногунии шароити иқлимӣ ба сарвати бузурги олами ҳайвоноту набототи Тоҷикистон мусоидат намудааст.

Аз ин сабаб яке аз масъалаҳои муҳтимтарини ҷомеаи имрўза  ин баланд бардоштани маданияту маърифати экологӣ мебошад. Чунки мушкилотҳои ҳозираи экологӣ ва нигоҳдорию истифодаи оқилонаи сарватҳои табии ин аз фаъолиятӣ бохирадонаю маърифати экологии аҳли башар вобастагии калон дорад.

Экология ҳамчун илми ҷавон ва босуръат инкишофёбандаи илми биология ба шумор меравад ва муносибати мутақобилаи организмҳоро байни худ ва муҳити зист инчунин муносибати набототу ҳайвонот ва микроорганизмҳоро байни худ ва муҳити сукунат, инчунин муносибати инсонро бо биосфера меомўзад.

Табиати зиндае ки моро иҳота кардааст, маҷмўаи нисбатан муташакилест, ки дар ҷараёни эволюсияи олами органикӣ ташакул ёфтааст. Дар табиат ҳар як намуди растанӣ, ҳайвонот ва микроорганизмҳо барои худ мавқеи муаян доранд. Фани экология ба омўзиши таъсири растанҳо ва ҳайвонот, аъзоёни популясия, ҷамоаҳою системаи экологӣ ва таъсири онҳо ба муҳити зист, машғул мебошад.

Истилоҳи экологияро олими олмони Э. Геккел (1834-19190) дар асари худ «Морфологияи умумии организмҳо» соли 1866 пешниҳод кардааст.

Дар охири асри 20 аз сабаби пурзўр гаштани таъсири инсоният ба табиат, фани экология ҳамчун фани истифодаи оқилонаи сарватҳои табиат ва ҳифзи он аҳамияти махсус пайдо кард.

Ҷумҳурии мо  ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз солҳои нахустини соҳибистиқлолии худ ба масоили ҳифзи муҳити зист аз ҷумла оби тоза таваҷҷўҳи аввалиндараҷа медиҳад. Оби тоза омили муҳими зиндагӣ буда, барои тандурустии инсон аҳамияти бағоят калон дорад. Аз ин сабаб, хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам! Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусу пешниҳодҳои худ дар иҷлосияи 54-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи соли 2003-юм элон кардани «Соли байналмилалии оби тоза» аз ҷониби кули давлатҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфт. Пешниҳоди дигари сарвари давлат оид ба даҳсолаи байналмилалии «об барои ҳаёт» эълон шудани солҳои 2005-2015 ба миён гузошта буд, ки аз ҷониби 141 кишвари ҷаҳон дастгирӣ ёфт. Дигар пешниҳоди сарвари давлат оид ба Соли 2013 «Соли байналхалқии ҳамкори дар соҳаи об» буд, ки ин пешниҳод ҳам аз тарфи кули давлатҳои СММ дастгири ёфт. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», қабул шуд, ки дар роҳи таҳким ва мусоидат ба тадбиқи ҳадафҳои рушди устувор марбут ба захираҳои об саҳми арзишманд хоҳад гузошт.

Тўли чанд соли охир Тоҷикистон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун пешоҳанги ташаббусҳои обӣ пазируфта шудааст, ки боиси шарафмандии ҳар як сокини ҷумҳурӣ мебошад. Дар пешбурди чунин ташаббусҳо, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, калон аст.

Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалии Раҳмон оид ба ҳифзи табиат барои наслҳои имрўзаву оянда ҳамчун роҳнамо баҳри истифодаи оқилонаи захираҳои нотакрори Тоҷикистон аз ҷониби тамоми табақаҳои ҷомеа дасгирӣ меёбад.

Аз ин рў ба мушкилоти экологӣ дар қатори дигар мушкилотҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар мадди аввал гузошта шудааст ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Бояд гуфт, ки масъалаҳои муҳофизати  табиат дар шароити ҳозира  вазифаи ҳар як  халқу миллат, ҳар як ташкилоту ҷамъият  ва ҳар як инсон мебошад. Азбаски муҳити зист тарафҳои  сиёсӣ, ватандўсти, иқтисодӣ, педагогӣ  ва ҳуқуқии худро  дорост, зеро ҳама бояд  дар бораи табиат  маълумот дошта  бошанд.

Яке аз  сарчашмаҳои асосии  нигоҳдории хуби саломатии инсон  ва  баландбардории  тарақиёти  соҳаи  гуногуни  хоҷагии  халқ, дуруст  муҳофизат кардани  табиат,  самаранок истифода бурдани ҳамагуна  боигариҳои  табиат ба шумор мераванд.

Бойгарии табиат – ин боигарии гаронбаҳо, ганҷинаи беҳамтои халқ буда, ҳифзи табиат бошад, ҳифзи обу ҳаво, сарватҳои гаронбаҳои замин, олами набототу ҳайвонот- ҳифзи Ватан мебошад.

 

Бобозода Илҳомҷон Абдушукур, номзади илмҳои биология

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj