• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ЭҲТИРОМ БА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ – РИСОЛАТИ БУЗУРГИ ҶАВОНОН

Башарият дар фосилаи таърихии ташаккули худ барои муттаҳидию сарҷамъӣ, ифтихору ѓурури миллӣ ва дастёбӣ ба музаффариятҳои бештар, ҳамзамон пешгирӣ аз нифоқу ҷудоӣ ва низову зиддиятҳо воситаҳои гуногунеро истифода намудааст. Дар ин замина воситаҳое, ки бештар боэътимод гардидаву ҷомеаро бештар сарҷамъ намудаанд, ҳамчун муқаддасот эътироф гардидаву гиромӣ дошта мешаванд. Ин воситаҳо дар давраҳои гуногуни эҳё шудаанду ташаккул ёфтаанд. Ба ин муқаддасот дин, забон, расму ойин, фарҳанг, либос, нишон, парчам, суруди миллӣ ва ѓайра шомил мешаванд.

Дар замони Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз масъалаҳои меҳварии ҳукумати кишвар қарор додааст. Имрӯз  зиёда аз 70 %-и аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон, яъне қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа ташкил медиҳанд. Ва бо итминони комил метавон гуфт, ки бе иштироки фаъолонаи чунин неруи бузург, аз ҷумла олимон ва муҳақиқони ҷавон рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст, чунки ин қишри ҷомеа неруи фаъол буда, дар ҳалли аксарияти мушкилот қувваи пешбаранда мебошанд.

Миллати мо низ дар давраҳои гуногуни таърихӣ ба муқаддасот ва рамзҳои шоистаи худ ноил шудааст. Муқаддасоти миллат мисои ойинаест, ки дар худ ҳадафу мақсад, марому сиришт, асолат, ҳуввият, расму оин, фарҳанг, таърих, шуѓл, эътиқод ва роҳи таърихии тайкардаи миллатро инъикос менамояд. Ин ҳама сарчашмаи асосии ифтихори миллӣ ва ташаккули ѓояи ватандорию ватандўстии миллат мебошанд. Муқаддасоти миллӣ миллатро дар худ муттаҳид намуда, ба мақсаду ҳадафҳои худ мерасонад. Дар замони муосир ҳамчун муҳимтарин муқаддасоти миллӣ рамзҳои давлатӣ шинохта шудаанд.

Гузаштагони шарафманди мо ҳазорсолаҳо зери рамзҳои давлатии хеш саф кашида, Ватану миллат, шарафу номус, озодӣ, забону фарҳанг ва ҳастии худро ҳимоя намудаанд. Рамзҳои давлатӣ баёнгари ҳаққи мавҷудияти соҳибдавлатии миллат мебошанд.

Рамзҳои давлатӣ дар давраҳои вазнини ҳаёти халқу миллатҳо воситаи муассири инъикоси якпорчагӣ ва илҳомбахши муборизаи фидокоронаи содиқу вафодори онҳо будааст. Ҳар як фарзанди вафодор ва бо нангу номуси миллат ҳастии худ ва ҷовидонагии давлатдории хешро маҳз дар ҳамин рамзҳо эҳсос карда, бо ҳимояи онҳо модар ва Ватани худро ҳифз намудаанд.

Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дубора ойини миллии мо эҳё гардид ва соҳиби рамзҳои шоистаи худ шудем. Имрўз шарафи бузург насиби мост, ки беш аз се даҳсола дар зери рамзҳои миллии худ муттаҳидем ва ба музаффариятҳои беназир муваффақ гаштаему хушбахтем. Ин шарафи мо ҷавонон аст. Ин нуқтаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Муҳаббату ихлоси самимии мардуми шарафманди Тоҷикистон ба муқаддасоти миллӣ ба мо барои эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ роҳ кушод».

Рамзҳои давлатии мо дар худ аз соҳибфарҳангиву соҳибтамаддунӣ ва офтобрӯя будани кишвари азизамон - Тоҷикистон дарак медиҳад. Дар парчами давлатӣ муборизаҳои истиқлолхоҳию озодии миллат, ниятҳои созандаю хайрхоҳона, инсондўстонаву нек, сулҳҷўёнаву башардўстона, умри дарозу пурсамар баҳри инсонҳо ва пойдории давлати соҳибистиқлоли мо инъикоси худро ёфтаанд. Парафшонии парчам инъикоскунандаи мавҷудияти миллат аст. Имрўз парчами давлатии мо ҳамчун баландтарин парчам дар дунё партавфишон аст, ки ин нишони ѓурури баланди ватандорӣ ва истиқлолхоҳии мо мебошад.

Тасвири се ранг – сурх, сафед, сабз ва тоҷ дар миёни чарчами миллии мо асоси таърихӣ дорад ва дар заминаи холӣ ба вуҷуд наомадааст. Миллати мо чун миллати озодаандеш ва муборизи роҳи озодӣ ҳамеша бо истилогарону ѓосибон мубориза бурда, ѓуломию ѓуломдорӣ ва зердастиро шадидан маҳкум намудааст. Дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатии худ қаҳрамониҳо намуда, марзу буми худро муқаддас дониста ва бо ҳастии худ ҳифзи онро кардааст, ки ин ҳама дар ранги сурхи парчами миллӣ таҷассум ёфтааст. Ранги сафед аз китоби муқаддаси «Авесто» сарчашма гирифта, панди он: “рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек” асоси мазмуни онро ифода мекунад. Ҳамзамон ин ранг нишонаи хайрхоҳию некандешии миллати мо нисбат ба дигар халқу миллатҳо ва давлатҳо мебошад. Мо ҳамеша нисбат ба дигарон назари нек доштем ва ба сарзамини касе даст дароз накардаем. Ранги сабз нишон аз ҷовидонагӣ ва маърифати баланди миллати мо мебошад. Яъне мазмуни умумӣ он аст, ки миллати бофарҳанг безавол аст. Тоҷ дар парчами миллӣ рамзи соҳибдавлатии мо буда, аз решаи номи миллат гирифта шудааст.

Нишони давлатӣ нишон аз ҳастии мост. Дар он рамзи фарҳангсолорӣ, соҳибтамаддунӣ ва маърифатпарварии миллати мо, ҳамзамон кўҳҳои баланди кишвар рамзи сарбаландии мо, офтоби дурахшон рамзи нуру сафо ва рушноию шукуфоӣ таҷассум ёфтаанд. Дар ин ҷо замини зархези кишвар, ки асоси ҳастии ҳаёт маҳсуб меёбад бо гандум – рамзи баракат ва серию фаровонӣ, пахта ҳамчун рамзи меҳнатдўстӣ тасвир ёфтааст.

Бо нигаристан ба рамзҳои давлатӣ рўҳияи ватандорию ватансозии мо боло меравад. Инак зиёда аз се даҳсола аст, ки мо дар зери рамзҳои давлати соҳибистиқлоли худ муттаҳидем. Бо дидани парчами худ ва шунидани суруди миллӣ дар ҳар гўшаи ҷаҳон ифтихори соҳибистиқлолиямон баланд мешавад ва рӯҳияаамон болида мегардад.

Мо ҷавонон бояд ба мазмуни таркибии рамзҳои давлатии худ, ки аз сириштамон сарчашма мегирад, такя кунем, бо онҳо ифтихор кунем, парчамбардор бошем ва тарзе зиндагию кору фаъолият намоем, ки ба ифтихори мо дар ҳар гушаи ҷаҳон парчамамон боло бардошта шавад ва суруди миллиамон садо диҳад. Ин аст рисолати мо – ҷавонон.

ДАВЛАТШО Каримов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj