• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

НАҚШИ УСУЛИ ИСТИЛОҲНИГОРИИ САРФӢ ДАР СОЗМОНИ ИСТИЛОҲОТИ СОҲАИ ОБУ ОБЁРИИ ЗАБОНҲОИ ТОҶИКИВУ АНГЛИСӢ

Калима ва истилоҳоти соҳаи обу обёрӣ як ҷузъи таърихиву фарҳангии ҳар як миллат буда, баёнгари давраҳои мухталифи рушду инкишофи забон ба шумор мераванд. Омўзишу таҳқиқи истилоҳоти ин соҳа яке аз масъалаҳои умдаи натанҳо забоншиносии тоҷик, балки забоншиносии муқоисавӣ маҳсуб меёбад, зеро ҷомеа ба корбурду истеъмоли онҳо ниёзи беш дорад. Истилоҳгузиниву истилоҳсозӣ дар қатори иқтибосшавӣ яке аз роҳу усулҳои ғанӣ гардидани захираи луғавии ҳар як забон буда, аз қонуниятҳои умумии рушду такомули забон аён мегардад, ки ҳамвора бо инкишофи ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти бунёдкоронаи инсон, амсоли илму техника, иқтисодиёту фарҳанг ва ғ. ба захираи луғавии забон ворид шудани калимаву истилоҳоти нав ногузир аст. Метавон гуфт, ки истилоҳгузиниву истилоҳсозӣ яке аз роҳҳои қавитар сохтани қоидаҳои калимасозӣ ва ибораороӣ ба шумор меравад.

Истилоҳоти соҳаи обу обёрӣ вобаста ба раванди инкишофи ҷомеа дар давраҳои гуногуни таърихӣ ба вуҷуд омада, бахшҳои муҳимтарини ҳаёти мардумро дарбар мегиранд. Вожаҳои марбут ба соҳаи обу обёрӣ ҳамчун ҷузъи устувор дар худ марҳилаҳои гуногуни рушду инкишофи забонҳои бостониро бозтоб менамоянд. Ин хусусияти муҳимми истилоҳоти соҳаи обу обёрӣ ба он қодир аст, ки дарку фаҳмиши моро дар бораи равандҳои гуногуни диахронӣ, аз ҷумла, дарки масъалаҳои таърихи забон ва ташаккули миллат дар тули таърих густариш диҳад. Ин гурӯҳи истилоҳот маҷмуи истилоҳоте мебошад, ки номи мафҳумҳои хоси иншооту пойгоҳҳои обдиҳанда ва ғайраро ифода менамояд.

Таҳқиқу таҳлили луғавию маъноӣ ва сохтории истилоҳоти соҳаи обу обёрӣ имкон медиҳад, ки мо дар забон шаклҳои нави воҳидхои луғавиро пайдо кунем. Воҳидҳои нави луғавии забон дар ҳаллу фасли мавзуъҳои этнолингвистӣ, суннатҳои миллӣ (расму оин) кўмак хоҳанд расонд.

Истилоҳ дар таркиби луғавии ҳар як забон мавқеи густурдаеро касб намуда, дорои як қатор вижагиҳои фарқкунандаи корбурдӣ, генетикӣ-таркибӣ, луғавӣ-маъноӣ, сарфӣ, вожасозӣ ва услубӣ-номинативӣ мебошад. Яке аз аломатҳои хоси истилоҳот ин ташкили сохти он ба шумор рафта, дар натиҷаи рушду пешрафти бемайлони илму техника ҳар як соҳаи муайяни ҷамъиятӣ соҳиби захираи истилоҳотии худ гардид. Ҳар як истилоҳ як унсури забон аст, ки моҳияти хоси илмӣ дошта, бо аломатҳои махсуси худ аз калимаҳои умумистеъмол ба куллӣ тафовут дорад.

Роҷеъ ба масъалаи истилоҳ донишмандон фикру андешаҳои худро баён карда, таъкид бар он мекунанд, ки «Дар истилоҳ ҳамеша алоқаҳои табии забоншиносӣ туфайли мафҳумҳои истилоҳотӣ ва алоқаҳои байниистилоҳӣ ифода меёбанд» [10, 62]. Истилоҳот худ низоми махсуси маъноии калима ва ибораро дарбар гирифта, як мафҳуми мушаххаси низоми  муайянро ифода мекунад. Дар тафовут аз калима, маънои истилоҳ бояд аниқу муайян ва мушаххас бошад, зеро истилоҳ на ҳамчун ифодакунандаи ин ё он маъност, балки дорои як маънои муайяни асоснок аст, яъне истилоҳ нафақат рисолати номинативии худро иҷро мекунад, балки маънои муайянро низ ифода менамояд. Ба ифодаи дигар, истилоҳ барои номгўи мафҳумҳои муайяни илмӣ истифода гардида, ҷараён ва мафҳумеро, ки дар соҳаи забон ба амал меояд, номбар карда, ҳамчунин, маънои онҳоро ифода мекунад. Аз ин сабаб, истилоҳ ифодакунандаи мафҳумҳои аниқи илмӣ «воситаи муайяни мантиқӣ» буда, ба як ҷузъи назарияи илмии соҳаи муайян мубаддал мегардад. Он танҳо ба забони илмӣ тааллуқ дошта, ҳамчун воситаи мубодилаи касбӣ хидмат мекунад. Аз ин рӯ, дар аксар маврид ҳангоми сохтан ва тартиб додани истилоҳот набояд аз вожаҳои серистеъмол  истифода бурд.

Лозим ба зикр аст, ки то имрӯз роҷеъ ба таърифу тавсифи истилоҳот дар афкори забоншиносону истилоҳшиносон то ҳол фикру андешаи якранг ба чашм намерасад. Масалан, забоншинос Д. Саймиддинов пайдоиши истилоҳотро дар забони форсиии миёна ва аз чанд роҳ сурат гирифтани онро чунин баён мекунад: «идомаи истилоҳоти бунёдии эронӣ бидуни тағйироти маъно ва ё тавсиаи маънои истилоҳии он дар забони форсии миёна; истифодаи луғати ғайриистилоҳӣ ба ҳайси истилоҳ; иқтибос аз забони авестоӣ; баргардон ва ё калкаҳои авестоӣ дар паҳлавӣ; иқтибос аз забонҳои ғайриэронӣ-юнонӣ ва ҳиндӣ; аз роҳи вожасозӣ (дар асоси қолабҳои вожасозӣ) [14, 23]. Мирзо Ҳасани Султон ҳам, ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба истилоҳ таърифи зайлро муносиб медонад: «….. аммо истилоҳ калимаи хос аст, саҳеҳтараш калимаи ба вазифаи хос аст. Вай калима ва ё ибораест, ки дар ҳавзаи амалкардаи як илми махсус маънои ба худ хоссе дошта, мафҳуми муайянеро ба шакли дақиқ ифода мекунад. Истилоҳ метавонад гоҳе дар матн маънии истилоҳии худро аз даст бидиҳад ва ба сифати калимаи маъмули забон истифода гардад» [16, 67]. Ба андешаи П. Нуров «Истилоҳ чунин калима  ё ибора, алоқамандии калимаҳо мебошад, ки ҳар яки онҳо фақат як мафҳумро ифода менамоянд ва дар доираи фанни мазкур ва ё ин ки дар доираи гурӯҳи фанҳои мазкур дорои як маъно мебошанд» [7, 95-96].

Таҳқиқу пажуҳиши мафҳуми истилоҳ аз назари англисишиносони рус  Г.Б Антрушина, О.В. Афанасева ва Н.Н. Морозова низ дур намондааст. Онҳо истилоҳро чун калима ва ё иборае, ки махсусан аз тарафи дастандаркорони соҳаи илм, техника, тиҷорат ва санъат барои ифодаи баёни мафҳумҳои хос истифода мешавад, яъне «Term, as traditionally understood, is a word or a word group which is specifically employed by a particular branch of science, technology, trade or the arts to convey a notion peculiar to this particular activity» [20, 26].

Ҳамин тавр, аз шарҳу тавзеҳи забоншиносону истилоҳшиносоне, ки фикру назарашон роҷеъ ба мафҳуми истилоҳ ва тафовути он аз вожагони уммумиистеъмолӣ зикр ёфт, маълум гардид, андешаҳои эшон ба ҳамдигар шабоҳат дошта, истилоҳро ба сифати калима ё ибораи хосси илмҳои мухталиф пазируфта, таъкид бар он мекунанд, ки истилоҳ бояд якмаъно буда, бар мабнои қоидаҳои калимасозиву ибораории забон сохта шавад. Мо низ андешаҳои эшонро ҷонибдорӣ намуда, ишора бар он мекунем, ки истилоҳ – калима ва ё ибораи дорои маънои ба худ хос буда, дар соҳаи ҳар як илми муайян истеъмол мегардад. Он маънои мушаххаси луғавии худро соҳиб буда, як ҷузъи низоми истилоҳот ба шумор меравад.

Бояд таъкид кард, ки ба сифати истилоҳ ба таври зиёд истеъмол кардани вожаҳои серистеъмол ба маънои аслиашон ғалати маҳз хоҳад буд. Ин истифодабарӣ ҳамон вақт қобили қабул буда метавонад, ки агар вожаҳои серистеъмол бо маънои истилоҳоти махсус барои ифодаи мафҳуми муайяни илмӣ хидмат намоянд. Хусусияти асосии истилоҳ аз дигар воҳидҳои забон дар алоқамандии он падидаҳои сермаъноӣ, муродифот, ҳамгуншавӣ ва мутазодшавӣ бозтоб мегардад. Вижагиҳои муҳимтарини истилоҳот дар бахши ҷудогонаи забоншиносӣ – луғатшиносӣ, ки ба омўзишу таҳқиқи таркиби луғавии забон машғул аст, муайян карда шудааст.

Муқоисаи омўзишу таҳқиқи низоми истилоҳоти забонҳои мухталиф дорои аломату хусусияти хос аст. Барои таҳлили муқоисавии истилоҳоти ҳар ду забон муайянкунии муносибати иерархии истилоҳоти соҳаи обу обёрӣ ва гурўҳбандии луғавӣ-маъноӣ ва сохтории онҳо муҳим аст. Вазифаи минбаъдаи таҳлили семантикии истилоҳоти марбут ба соҳаи обу обёрии забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дар ҷанбаи муқоиса аз омилҳои зерин иборат аст: муқаррар намудани таркиби маъноии гурўҳҳои луғавӣ-тематикӣ ва луғавӣ-семантикӣ, ки бо мафҳумҳои аниқ аз алоқаи парадигматикии калима ба вуҷуд меояд; дарёфт кардан ва ҷудо намудани гурўҳҳои семантикӣ ва ба шохаҳои муайян ҷудошавии онҳо дар забонҳои муқоисашаванда; муайян намудани хусусияти умумии алоқа ва муносибати семантикии байнизабонӣ ва инчунин тафовуту мутобиқати байнизабонӣ.

Истилоҳнигориву вожасозӣ яке аз воситаҳои асосии ғанӣ гардонидани таркиби луғавии ҳар як забон ба шумор меравад. Роҷеъ ба таснифу гурўҳбандии усулҳои вожасозиву истилоҳнигорӣ назару андешаҳои забоншиносон гуногун аст. Забоншинос Л.С.Пейсиков бар он таъкид мекунад, ки дар забони форсӣ чор шеваи вожасозӣ корбурд мегардад: вандафзоӣ (=аффиксатсия); нимвандафзоӣ (=полуаффиксатсия); ҷотабдилӣ (=транспозитсия); вожаафзоӣ [8, 45; 16, 68]. Ба ақидаи забоншинос Ш. Рустамов дар забони тоҷикӣ низ шаш усули вожасозӣ амал мекунад: «1. Морфологӣ: а) бо суфикс, б) бо префикс; 2. Cинтаксисию морфологӣ: а) исмҳои мураккаб, б) исмҳои омехта; 3. Луғавию синтаксисӣ. 4. Луғавӣ-семантикӣ – ба калимаи мураккаб гузаштани ибораҳо; 4. Аббревиатсия; 5. Морфологию синтаксисӣ, яъне, аз ҳиссаи нутқ ба дигаре гузаштани калимаҳо; 6) Луғавию семантикӣ, ки ба сермаъноии калимаҳо ва ба амал омадани омонимҳо вобаста аст» [13, 95-96]. Истилоҳшинос М. Ҳ. Султон дар таълифоти худ аз навъҳои зерини истилоҳнигорӣ ёдовар мешавад: 1. Усули сарфӣ:  а) сохтани вожа бо пешванд; б) сохтани вожа бо пасванд: 2. Усули наҳвию сарфӣ: а) сохтани вожаҳои мураккаб, б) сохтани вожаҳои омехта; 3. Усули сарфию наҳвӣ – аз як ҳиссаи нутқ ба ҳиссаи дигари нутқ мубаддал шудани вожа; 4. Усули луғавию наҳвӣ – ба вожаи мураккаб табдил шудани ибораи изофӣ; 5. Усули луғавӣ–маъноӣ . Ин шева бо сермаъноии вожаҳо ба миён омадани омонимҳо вобаста аст [16, 55].

Ҳамин тариқ, аз гуфтаҳои забошиносоне, ки зикрашон дар боло рафт, маълум гардид, ки фикру андешаҳои эшон роҷеъ ба тарзу усулҳои истилоҳсозиву истилоҳнигорӣ якранг набуда, то андозае аз ҳамдигар тафовут дорад. Мавзуи таҳқиқ нақши усули истилоҳнигории сарфӣ буда, мо зарур мешуморем, доир ба нақши ин навъи истилоҳнигорӣ дар созмони истилоҳоти обу обёрӣ таваққуф намоем.

Усули сарфӣ ё вандафзоии истилоҳнигорӣ яке аз сермаҳсултарин усулҳои истилоҳсозии забонҳои тоҷикиву англисӣ маҳсуб ёфта, забоншиносони тоҷик (Ш. Рустамов, М. Қосимова, М. Муҳамадиев, Д. Саймиддинов, О. Қосимов, Ф. Амонова,  М. Султон, С. Назарзода, П. Нуров,  Раҳматуллозода С., С. Низомова ва диг.) ва русу хориҷӣ (П. Каращук, О. Мешков, С. Кубрякова, Г. Марчанд ва диг.)  дар таълифоти хеш аз сермаҳсулии он ёдовар мешаванд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ҳар ду забони муқоисашаванда усули истилоҳнигории сарфӣ яке аз сермаҳсултарин усули истилоҳсозиву вожасозӣ ба шумор рафта, миқдори зиёди истилоҳоти обу обёрӣ ба воситаи ин усул сохта шудааст. Усули сарфӣ, яъне, сохтани истилоҳ ба воситаи пешванд ё пасванд буда, дар зер мо аз он вандҳое, ки дар сохтани истилоҳоти обу обёрии забонҳои фавқуззикр ҷой доранд, ёдовар мешавем:

а) сохтани истилоҳ бо пешванд. Шумораи пешвандҳое, ки дар сохтани истилоҳоти обу обёрӣ истифода шудаанд, чандон зиёд нестанд. Инҳо он пешвандҳое мебошанд, ки дар сохтани истилоҳ нақши муҳиммеро мебозанд, ба монанди:

Пешванди бе-<ф.м.abe-//ape [8, 196; 16, 56]. Ин пешванди сифатсоз буда, сермаҳсул аст. Он ба набудани хосият ва ё чизе далолат мекунад: abe-ab –беоб (waterless);

Пешванди trans- < Latin trans, accros, prep.. and prefex; some root as E. through [23, 763]. Пешванди номбурда ба вазифаи пешояндҳои тоҷикии ба воситаи, аз корбаст мешавад. Он муродифи пешояндҳои англисии across ва through буда, дар сохтани истилоҳоти обу обёрӣ сермаҳсул аст: transmition – интиқол, transmitter – интиқолдиханда, transition – гузариш , transverse –кундаланг, арнӣ [23, 256-567];

Пешванди under-< Old English under [23, 779]. Пешванди sub- дар бештари мавридҳо муродифи пешванди under- ба шумор меравад. Баромади ин пешванд пешоянд аст. Он ҳамеша пеш аз исмҳои моддӣ омада, муносибати макониро ифода мекунад, ба мисли пешояндҳои тоҷикии дар поён, дар таг. Чунончи: underwater –дар зери об, underdrain- лулаи дар зери замин воқеъбуда ё зеризаминӣ [23, 768].

б) сохтани истилоҳ бо пасванд.Дар сохтани истилоҳоти обу обёрӣ пасвандҳо нақши беандоза доранд, ки имрўз ҳам ин пасвандҳо дар забони тоҷикӣ хеле маъмуланд:

пасванди –а< ф.м.-ag//-ak< ф.б. –aka [16, 57]. Пасванди мазкур сермаҳсул буда, аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ исм, месозад: чашмчашма; шох – шоха;

пасванди -ак<эр.бостон.-aka., Пасванди номбурда маънии тасғир ва ё хурд буданро ифода менамояд. Ба андешаи Ш. Рустамов «Яке аз суффиксҳои сермаъно, синоморфема ва омоморфема –ак мебошад. Суффикси –ак дар сохтани калимаҳо ва шаклҳо истифода мешавад» [13, 114]: дарёак, ништак – diversion, ditch, шиноварак, дастак, фишорпасткунак, сеҷумак – branch pipe,  обдуздак – pump, забонак;

пасванди -бор < ф.м. –bar. Ин пасванд дар бархе аз истилоҳоти обу обёрӣ дучор меояд ва маънии макон, соҳил ва афзунии чизеро ифода мекунад: дарёбор, ҷўйбор, рўдбор, нахрбор (27, -951+952);

пасванди -нок. Ин пасванд бо исмҳо омада, сифатҳое месозад, ки маънии дорандагиро ифода менамоянд: обнок – watery, намнок – wetty, бороннок - rainy, барфнок – snowy, рутубатнок – wetty , шернок – valve [18,  -951+952];

пасванди -зор. Пасванди мазкур макони доимӣ ва муваққатиро вобаста ба маънои ҷузъи номӣ ба таври баробар баён мекунад. Дар маънои маконӣ ва фаровонӣ ин пасванд  баъдан дар форсии нав ҳамчун муродифи пасванди –istan (истон) истифода шуда, дар гурўҳе аз исмхо бар ивази ҳамдигар ба кор рафтааст [16, 127]: яхчазор – haily (18, -951+952];

пасванди -дон. Пасванди-dan (идомаи қолиби эр.б. аз ҷузъи дувуми таркибҳо –dana ба маънии «зарфият, махзан, ҷои нигоҳдошт» дар сохтани исмҳое, ки маънои зарфият доранд, истифода мешавад: обдон – flask, water-bottle, churn, новадон – gutter , trough, chute, лукидон – timber lock, clasp, clisp [6,  86-176];

пасванди -навард. Пасанди –навард сарфи назар аз он ки калимаи мустақил аст, ҳоло ҳамчун пасванди калимасоз истеъмол мешавад. Он ба исмҳои моддӣ ҳамроҳ шуда, исми моддии ифодакунандаи шуғлу касб месозад: обнавард – waterman, дарёнавард – navigator, seafaret, баҳрнавард – seafaret [6, 86-176];

пасванди -сор. Ин пасванд муодили пасванди -зор буда, бо чанде аз исмҳои моддӣ омада, маънои макон ва фаровонии онро ифода мекунад: чашмасор – spring [18,-951+952];

пасванди  -ча <ф.м. –cag//cak. Ин пасванд дар забони тоҷикӣ хеле серистеъмол буда, муодили пасванди -ак ба шумор меравад ва аз як исми моддӣ исми моддии дигареро месозад, ки мафҳуми камӣ, хурдӣ ва ҳаҷму андозаи камии ашёро мефаҳмонад: дарёча – river, ҷўйча – aryk, irrigation ditch, channel, наҳрча – river, каналча – canal, лулача - pipe (17. 86-176);

пасванди – гоҳ. Пасванди мазкур муродифи пасвандҳои -сор ва -зор ба шумор рафта, маънии макони ашёро дошта, исми макон месозад. Ба андешаи А.С. Пейсиков он нимванд буда, дар форсии миёна чун вожаи мустақил ба кор бурда шудааст [16, 58]: бахшгоҳ – watershed, devider, distriburot, такягоҳ – support, pier, таҳшингоҳ – filter-place, гузаргоҳ – ford, crossing, passage, резишгоҳ – mouth, ourfall, estuary, firth, пойгоҳ –station; гузаргоҳ – passage [6,  86-198];

пасванди -tion < Latin –tio-,-onis< -t-, stem ending of past participle + io- , a noun suffix; or alteration of Old French-cion< Lation –tio[ 23, 2047]. Пасванди мазкур аз забони лотинӣ дар шакли –tio-, -onis- бо иловаи ҳарфи –t- , ки асосан бо сифати феълӣ анҷом ёфта, бо иловаи –io, пасванди исмсоз гардидааст. Пасванди номбурда дар шакли -cion аз забони фаронсавии қадим мисли шакли лотинии -tio- ба вуҷуд омадааст. Ин пасванд асосан аз феъл исми амал ва исмҳои дигару сифат месозад: irrigation – обёрӣ, superelivation – фарозӣ, кундаланг, conservation эҳтиётӣ, bifurcation – бахшгоҳ, regulation - танзимкунанда, transition комапайванд, inundation – обхезӣ, navigation – киштигард, section – буриш [19, 245-657];

пасванди -er< Anglo-French- er-, Old French -ier  < Latin – arius, -arium having to do with [24, 666]. Пасванди номбурда яке аз сермаҳсултарин пасвандҳои забони англисӣ ба шумор рафта, аз феъл исми моддӣ (яъне ашё, чиз) месозад ва маъниҳои гуногунро ифода менамояд. Пасванди мазкур аз забони англо-фризианӣ дар шакли – er-, аз забони фаронсавии қадим дар шакли – ier, аз забони лотинӣ дар шакли - arius ба вуҷуд омадааст: sewer –лулаи обгузар, water –об, shutter- клапан, recorder – ҳисобкунакак, register ҳисобкунакак, meter обсанҷ, river –дарё, bolster болиштак, timber чӯбин, reamer – васеъкунанда, furrower –бахшгоҳ,  impeller – чархи корӣ, polder- польдер, carrier – ҷамъкунанда, фароҳамоваранда. devider –бахшгоҳ, diviser –бахшгоҳ, strainer- таҳшинкунак, wier- садд, банд, обпарто, cover- банкет, filter – таҳшинкунаки чаппа воқеъгардида [19, 75];

пасванди –or< Middle French-our-< Old French< Latin-or [23, 1360]. Пасванди номбурда аз забони фаронсавии миёна дар шакли –our-, аз забони фаронсавии қадим ва аз забони лотинӣ дар шакли – or- ба вуҷуд омадааст. Пасванди оr мисли пасванди –er дар забони англисӣ хеле сермаҳсул буда, бештар аз феъл исмҳое месозад, ки касбу кор ва ё асбобу ашёро ифода менамоянд: irrigator обмон, обёр, indicator ишораткунанда, regulator – танзима, distributor бахшгох,  divisor обтақсимкунак, cultivator култиватор, deflector инъикоскунанда [19, 75]. Ин пасванд асосан дар калимоту вожаҳое дучор меояд, ки аз забони лотинӣ иқтибос гардидаанд.

Пасванди –ing< Middle English-ing, earlier-ung, Old English –ing,-ung, Middle English-ing, variant of –ind, -end, Old English-ende [22, 1012]. Пасванди -ing дар ибтидо аз забони англисии давраи миёна ба мисли пасванди – ing-, дар шаклҳои – ind,- end-, пештар аз ин давра дар шакли – ung-, аз забони англисии давраи қадим бо шаклҳои – ing, - ung, - ende ба вуҷуд омадааст. Пасванди -ing- яке аз пурмаҳсултарин пасвандҳои забони англисӣ ба шумор рафта, асосан аз феъл исм месозад, ки иҷрои амал ва ҷараёни онро ифода менамояд: thawing – обшавӣ, irrigating –обёрӣ, lining –руйкашкунӣ, ponding- бандкунӣ, priming –таркунӣ, sloughing- , caving- рўйпушкунӣ, watering- обдиҳӣ, обпошӣ, cribbing- рўйкашкунӣ, staining-рўйпушкунӣ,  launching- паст кардан, closing - маҳкамкунӣ, pitching – соҳилмустаҳакамкунӣ, stauching – асбоб барои зидди таҳшинкунӣ, measuring- ченкунӣ, standing – ростистода, regulating – танзимкунанда, drilling –шрам, swing- таҷҳизоти оббароранда, blinding – пуркунии қаблӣ, filling- хокпуркунӣ, pumping – насосӣ, jetting – обгузарон [19,  141];

пасванди –y<Middle English-ye,-ie <Old French –ie- < Latin –ia-<Greek ia [23, 2254]. Ин пасванд аз забони англисии давраи миёна дар шакли –ye-, -ie-, аз забони фаронсавии давраи қадим дар шакли –ie-, аз забони лотинӣ дар шакли -ia-  ва аз забони юнонӣ дар шакли –ia- ба вуҷуд омадааст. Пасванди мазкур дар забони англисӣ хеле сермаҳсул буда, асосан аз исмҳои мушаххас исмҳои мавҳум ва сифат cохта, маъниҳои зеринро дорад: 1) of water; connected with water – об, он чизе, ки бо об алоқаманд аст; 2) full of water – пур аз об; wet – намӣ, намнок; watery soil – хоки  намнок; 3) containing too much water – дар таркиби худ об ва ё намии зиёд доштан; watery soup собуни намнок ; watery обӣ, rainy боронӣ , snowy барфӣ [23, 567-987];

пасванди -less<Old English-leas< leas free from, without [23, 1119]. Пасванди мавриди таҳқиқ аз забони англисии давраи қадим  дар шакли –leas- ва аз вожаи leas бо маъноҳои озод, инкор ба вуҷуд омадааст. Ин пасванд дар забони англисӣ хеле сермаҳсул буда, одатан аз исмҳои мушаххас зарф ва сифат месозад, ки дорои маъноҳои камӣ ва набудани чизе мебошад: waterless – беоб , rainless –беборон,  snowless-бебарф [22, 75];

пасанди  -age[< Old French- aage-< Gallo Romance actaticum<Latin –actas-, -atis age [23, 39]. Пасванди – age аз забони фаронсавии давраи қадим дар шакли – age-, аз забони галуии романӣ дар шакли – actaticum- ва аз забони лотинӣ – actas, -atis- age- ба вуҷуд омадааст. Он хеле сермаҳсул буда, бештар аз исм ва феъл исм месозад, ки дорои мафҳуми ягон амалеро ба сомон расонданро дорад. Ба монанди drainage - заҳбур. Дар баъзе ҳолатҳо пасванди мазкур аз исм низ исм, сифат ва феъл месозад ки ин қолаб дар забони англисӣ хеле назаррас аст, чунончи: sewage – обпарто, оби ифлос, tonnage – тоннаж (зарфияти киштӣ), barrage –барраж, flowage – хати обхезӣ, escapage-обпарто, drainage- заҳбур, colmatage- кольматаж [19,  141, 75];

пасванди –ence<Old French –ence < Latin – entia, < ent -, present participle stem + ia, anoun suffix [23, 646]. Пасванди номбурда дар забони англсӣ аз забонҳои фаронсавӣ ва лотинӣ иқтибос гардида, асосан аз феъл исм месозад. Масалан: confluence – якҷошавии дарё, пайвастшавии дарё. Он дар бештари мавридҳо ба пасванди сифатсози –ent (confluent) чун муродиф меояд;

пасванди –sion<Latin, -sio,-sionis; akin to –tion [23, 345]. Ин пасванд низ монанди пасвандҳои дар боло овардашуда аз забони лотинӣ иқтибос шуда, исме месозад, ки ҳолат ва ё амали абстрактӣ (мавҳумӣ)-ро ифода менамояд. Ба монанди: erosion –эрозия, abrasion - абразия, avulision [22, 765];

пасванди -ine< French - ine (< Latin – ina), or directly <Latin – ina [22, 1005]. Пасванди мазкур номи предметҳо ва ашёҳоро месозад: groyine- шпора [22, 457];

пасванди –ment<Old French ment < Latin –mentum result of [23, 1190]. Ин пасванд яке аз пасвандҳои сермаҳсули забони англсӣ ба шумор рафта, таҷҳизоти амал, маҳсулот ва ё натиҷаи иҷрои амалро ифода мекунад. Ба монанди: alighnment- хати обгузар, embankment –дарғот, канори сангкорӣ ва чўбкорӣ кардашудаи дарё, девори соҳил, кўчаи канори дарё, хоктеппа, садд [19, 876];

пасванди – ent< Latin – enis, -entis, present participle endings of Latin verbs in – ere, ire [22, 615]. Пасванди мазкур аз забони лотинӣ иқтибос гардида аз як исми мушаххас исми мушаххаси дигар месозад. effluent, affluent – – якҷошавии дарё, пайвастшавии дарё, сurrent- рўдхона, ҷараёни рўи об, сел, оби ҷорӣ, обхезӣ [22, 121].

Аз таҳлилу баррасии вандҳои истилоҳсоз маълум гардид, ки усули истилоҳнигории сарфӣ дар созмони истилоҳоту соҳаи обу обёрии забонҳои муқоисашаванда нақши калон дошта, ба воситаи он ин усул таркиби луғавии забонҳои зикршуда ғанӣ мегарданд. Таҳқиқу омўзиши истилоҳоти соҳаи обу обёрӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ яке аз масъалаҳои муҳимми имрўзаи забоншиносӣ ба шумор меравад. Луғати соҳаи мазкур дар ин забонҳо ба таври умум матолиби зиёди гузаштаи ин мардумро фаро мегирад. Ҳамчунон ки аз маводи мавриди таҳқиқ бармеояд, дар луғати соҳаи обу обёрӣ ҳар яке аз ин забонҳо анъанаҳои махсуси таърихиву суннатии худро ҳифз намудааст, ки намунаи мисолҳои овардашуда аз гузаштаи дури забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ шаҳодат медиҳанд.

Бе таҳқиқу омўзиши осори қадимаи форсӣ ва англисӣ таъйини вижагиҳои истилоҳнигориву истилоҳгузинӣ имконнопазир аст ва аз ин рў, маҳз тавассути омўзиши ҳамаҷонибаи истилоҳоти соҳаи мазкур дар мавриди вижагиҳои луғавии ин забонҳо метавон маълумоти дақиқе фароҳам овард. Ғайр аз ин, тавассути чунин роҳи пажуҳиш бисёр масъалаҳои этнолингвистӣ ва таърихии забонҳои тоҷикию англисӣ ҳамчун забонҳои ҳиндуаврупоӣ ошкор хоҳад гардид.

Дар забони тоҷикӣ вожаҳои таърихиеро, ки иддае аз онҳо дар осори авестоӣ, суғдӣ ба мушоҳида мерасанд, метавон пайдо кард. Ҳамчунин, ин гурўҳи вожаҳо аз нигоҳи ифодаи маъно, бо истиснои мавридҳои ҷудогона, аз луғати матнҳои паҳлавӣ, авестоӣ, суғдӣ чандон тафовут надорад.

Маълум гардид, ки дар сохти истилоҳҳои соҳаи обу обёрии забонҳои муқоисашаванда низ тафовут ҷой дорад. Ба мушоҳида расид, ки дар забони тоҷикӣ истилоҳоти мазкур бештар дар қолаби ибораҳо сохта шуда, аз якчанд калимаҳо иборат мебошанд, вале дар забони англисӣ аксар вақт бо як вожа ифода меёбанд.

Миқдори муайяни луғату истилоҳоти соҳаи обу обёрии забонҳои тоҷикиву англисӣ аз забонҳои арабӣ, туркӣ, русӣ (дар тоҷикӣ), лотинӣ, фаронсавӣ (дар англисӣ) иқтибос гардидаанд ва ин бошад ҳам, таъсири забонҳои арабӣ ва туркӣ ба забони тоҷикӣ зиёд аст, ки дар натиҷаи ҳамзистиву муносибатҳои наздики сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии байни мардумони Осиёи Марказӣ ва арабҳову туркҳо ба вуҷуд омад. Дар забони англисӣ бошад, мо бештар вожаю истилоҳоти зиёди фаронсавию лотиниро мушоҳида намудем. Дар доираи луғату истилоҳоти иқтибосшуда вожаҳои қарзие вуҷуд доранд, ки ҳамчун унсурҳои куҳани луғавӣ бидуни ҳеҷ гуна тағйирот дар шаклу маъно устувор мондаанд. Ин бахши луғат ҳамчун унсурҳои бунёдии қабатҳои луғавии забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ба инобат гирифта мешавад.

Адабиёт:

  1. Амонова Ф.Р. Именное аффиксальное словообразование в современном персидском и таджикском языках: Учеб. пособие. – Душанбе: ТГУ, 1922. – 55 с.
  2. Каращук П.М. Словообразование английского языка. (Учеб. пособие для вузов). – М., 1977. – 303 с.
  3. Кубрякова Е. С. Что такое словообразование? – М.: Наука, 1965. – 78 с.
  4. Мешков О.Д. Словообразование современного английского языка. – М.: Наука, 1976. -245 с.
  5. Муҳаммадиев М. Принципҳои асосии калимасозии забони тоҷикӣ // Масъалахои забони точикӣ. – Душанбе, 1976. – 231 с.
  6. Нурматов Н.К. Мелиоратсияи обёрӣ (Китоби дарсӣ). - Душанбе. 2002. – 174 с.
  7. Нуров П. Забони илмии тоҷикӣ (таърихи ташаккул, хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ, морфологӣ ва истилоҳотӣ). – Душанбе:Дониш, 2022. – С. 110-111
  8. Пейсиков Л.С. Очерки по словообразованию персидского языка. М.: Изд-во МГУ, 1973. – 199 с.
  9. Пейсиков Л.С. Лексикология современного персидского языка. – М.: Изд-во МГУ, 1975. – 206 с. с. 68-105.
  10. Реформатский А.А. Термин как член лексической системы языка // Проблемы структурной лингвистике. – М., 1967, - с.122.
  11. Рубинчик Ю.А. Современный персидский язык. - М.: Изд-во вост. лит., 1960. – 140 с.
  12. Рустамов Ш.Р. Калимасозии исм дар забони адабии ҳозираи тоҷик. - Душанбе: Дониш, 1971. – 77 с.
  13. Рустамов Ш. Исм (категорияҳои грамматикӣ, калимасозӣ ва мавқеи исм дар системаи ҳиссаҳои нутқ). – Душанбе: Нашриёти «Дониш». – С.95-96
  14. Саймиддинов Д. Вожашиносии форсии миёна. – Душанбе: Пайванд,.2003. - 310 с.
  15. Саймиддинов Д. Адабиёти пахлави. Душанбе. 2001. - 270 с. с. 176.
  16. Султон М.Ҳ. Истилоҳоти илмии «Китоб-ут-тафҳим»-и Абўрайҳони Берунӣ. -Душанбе. 2003.– 164 с.
  17. Тоджиев Д.Т. Слово «об» (вода) в современном таджикском литературном языке: Из мат-лов по таджикской лексикологии. –М.:АН СССР, 1952. – 12 с.
  18. Фарҳанги забони тоҷикӣ. (Аз асри X то ибтидои асри XX). Ҷ.I-II. - М.: Сов. Энциклопедия, 1969. – 951+952 с.
  19. Щубладзе И.А. Многоязычный технический словарь по ирригацию и дренажу. – М., 1978. – 1287 с.
  20. Antrushina G.B., Afanasyeva O,V., Morozova N.N. English lexicology. –Moscow. 1985. – 222 p.
  21. The universal dictionary of the English language./Edited by Cecil Wyld. – Great Britain. London. 1934. – 1431 p.
  22. The world encyclopedia dictionary. Volume 1. From A-K. – Chicago. 1964. – 1088 p.
  23. The world encyclopedia dictionary. Volume 1. From L-Z. – USA. Chicago. 1964. – 2266 p.
  24. Webster’s encyclopedic dictionary. – USA. Chicago. 1942. – 849 p.

 

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj