• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКИ ТОҶИКИСТОН

Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон халқи тоҷик ба эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд оғоз намуда, дар ин давра ба муваффақиятҳои бузург дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика ноил гардид. Тоҷикистон пеш аз ҳама дар кишвар масъалаи таъмини рушди устувори иқтисодиро ба миён гузошт. Бо дарназардошти ҳамин, Ҳукумати кишвар барои инкишофи минбаъда се ҳадафи стратегиро барои рушди иқтисодиёт ба нақша гирифт: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ.

Барои пешрафти иқтисодиёти кишвар моро зарур буд, ки ба истиқлолияти энергетикӣ ҳарчи зудтар ноил гардем. Роҳбари давлат низ борҳо таъкид намуданд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо нерўи барқ ғайриимкон аст. Барои рушди энергетика, ки чун яке аз заминаҳои асосии рушди иқтисодии кишвар дониста мешавад, кўшишҳои зиёд ва назаррас ба анҷом расид. Ҳамин буд, ки дар ин муддат, давлату ҳукумат ва миллати сарбаланди тоҷик дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолият қарор дода, баҳри ҳалли мушкилоти энергетикӣ, ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва равшану чароғон намудани ҳар хонадони тоҷику тоҷикистонӣ камари ҳиммат баста, ба дастовардҳои зерин ноил гардид.

Бо мақсади расидан ба истқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерўи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 нерўгоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшидат, 50 зеристгоҳи баландшидати барқи бунёду таҷдид ва дар маҷмуъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардид.

Дар ин давра беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд гардид. Дар натиҷа соли 2011 дар таърихии навини Тоҷикистон системаи ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд оварда шуд ва устувории фаъолияти соҳа таъмин гардид.

Дар соҳаи электроэнергетикаи ҷумҳурӣ 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 1,8 млрд. доллари ИМА татбиқ карда шуд. Муҳимтарин дастовардҳои соҳа мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нави тавлиди нерўи барқ, ба монанди нерўгоҳҳои барқи обии «Сангтўда 1» (670 МВт), «Сангтўда-2» (220 МВт), Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 (100 МВт), Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 (300 МВт), НБО “Помир-1” ва як қатор нерўгоҳҳои барқи обии хурд (30 МВт) бо иқтидори умумии 1020 МВт, сохтмони зеристгоҳҳои барқии 500 кВ «Душанбе-500», «Суғд-500», дастгоҳи тақсимкунандаи пўшидаи элегазии 500 кВ дар НБО-и “Норак”, хати интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол» (ба масофаи 263,8 км), зеристгоҳҳои барқии 220 кВ «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», хатҳои интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор-Хатлон» (53,3 км) «Тоҷикистон-Афғонистон» (116 км), «Хуҷанд–Айнӣ» (83,2 км), «Қайроққум-Ашт» (74 км) ва «Геран-Румӣ» (78 км) ба масофаи умумии 407,5 км ба шумор мераванд.

Илова бар ин, дигар иншооти муҳими соҳа, ба монанди сохтмони навбати хатҳои интиқоли барқи 220 кВ “Қайроққум-Суғд”, «Айнӣ-Рўдакӣ», хати интиқоли барқи 110 кВ НБО “Хоруғ” – НБО “Помир”, зеристгоҳҳои барқии «Геран-2» ва «Қайроққум» дар арафаи анҷомёбист.

Инчунин, мувофиқи нақша дар ояндаи наздик мавриди истифода қарор гирифтани дигар иншооти нави тавлиди нерўи барқ, ба монанди агрегатҳои боқимондаи нерўгоҳҳои барқи обии “Роғун” ва “Себзор” (10 МВт), татбиқи лоиҳаҳои «Сохтмони нерўгоҳи барқи ҳароратии «Фон-Яғноб», нерўгоҳҳои барқи обии “Шўроб”, “Айнӣ”, “Санобод”, «Нуробод-1», «Нуробод-2», таҷдиди нерўгоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд», «Қайроққум» ва сохтмони хатҳои интиқоли барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи марказ (200 км) ва лоиҳаи “САSA-1000” (252 км), барқарорсозии зеристгоҳҳои барқии 220/500 кВ «Равшан», «Румӣ», «Бойғозӣ», «Регар», ҷорӣ намудани низоми автоматии идоракунӣ ва назорати нерўи барқ дар вилояти Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ пешбинӣ гардидааст.

Дар зарфи 31 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он комёб шуд, ки неругоҳҳои Сангтўда-1, Сангтўда-2, Маркази гармию барқи Душанбе-2 ва якчанд адад НБО хурд, дастгоҳҳои офтобиро ба истифода дода, зиёда аз 1300 МВт тавоноии навро ба даст оварад.

Дар баробари ин бунёди хатҳои интиқоли барқи ҳавоии 220-500 кВ амалӣ гардида, сохтани чунин хатҳои барқ дар назар аст, ки интиқоли энергияи электрикии НБО Роғун ва дигар неругоҳҳои навини бунёдшавандаро ба дохил ва кишварҳои ҳамсояи дуру наздик интиқол диҳад. Ҳамзамон таҷдиди элементҳои шабакаҳои барқии ҷумҳурӣ идома доранд, ки сол ба сол боэътимод гардидани таъминоти хоҷагии халқ бо энергияи электрикӣ шоҳиди ин мебошад.

Ба истифода додани Маркази гармию барқӣ Душанбе-2 ва эҳёи шабакаи гармирасонии шаҳри Душанбе боиси таъмини хубтари деҳотҷойи ватанамон бо энергияи электрикӣ гашта, тўли ду сол мешавад, ки маҳдудияти таъминоти энергияи электрикӣ дар ҷумҳурӣ аз байн бардошта шудааст.

Баъди ба итмом расидану ба кор даромадани НБО Бойғозӣ соли 1985 ба сохтмони бузургтарин неругоҳи силсилаи дарёи Вахш – неругоҳи Роғун шуруъ намуданд, ки агрегати якуми он бояд дар соли 1992 ба кор медаромад. Аммо фурўпошии давлати Шўравӣ, воқеаҳои пасошўравӣ ва мушкилиҳои зиёди дигар амалӣ шудани ин лоиҳаи қариб 1 миллиард доллар сарфшударо ба таъхир ва зери суол монд. Давлату Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол зарурати беандоза бузурги ин сохтмони азиму гаронқиматро пурра дарк намуда, бо иродаю матонати хос ба тамоми фишорҳои бисёрҷониба нигоҳ накарда, тавонист, ки дар арсаи байналхалқӣ барои давом додани сохтмони неругоҳи Роғун ҷонибдорӣ ёбад, то ки он бо нишондодҳои пешбинишуда бо сарбанди бузургтарини баландиаш 335-метра, иқтидори 3600 МВт ва истеҳсоли солонаи энергия 13,4 миллиард кВт·соат сохта шавад.

Дар неругоҳ шаш гидроагрегати 600 МВт-а бо турбинаҳои радиалӣ-меҳварӣ насб хоҳад шуд. Сарбанди Роғун обанбори ҳаҷми 13,3 км мукаабро, ки дорои ҳаҷми фоиданоки 10,3 км мукааб мебошад, ба вуҷуд меорад. Обанбор ҳам бо мақсади энергетикӣ ва ҳам ирригатсионӣ (обёрикунӣ) барои соҳаи агросаноатӣ истифода мешавад.

Сохтмони ин неругоҳ чун сохтмони чунин иншооти азим дар якчанд марҳила пешбинӣ шудааст. Ба марҳилаи аввал рехта баланд бардоштани сарбанд то баландии 135 метр ва насбу васли ду агрегати бо тазйиқи пасттар коркунанда дохил мешавад.

Танзими бисёрсолаи ҷараёни дарёи Вахшро амалӣ намуда, НБО-и Роғун имкон медиҳад, ки на фақат тавлиди умумии энергияи электрикӣ дар силсилаи дарёи Вахш зиёд шавад, балки муҳимтар аз ҳама, имкон медиҳад, то дар ҳар реҷаи зарурӣ кор карда, на фақат дар фасли тобистон, балки дар фасли зимистон низ минтақаро аз барқ таъмин намояд.

Захира намудани оби дарёи Вахш дар обанбори Роғун ба монанди обанбори Норак ҳамчунон боиси боэътимодтар шудани таъминоти обёрии заминҳои ҷумҳуриҳои ҳамсоя хоҳад шуд, ки ба ҳоли ҳозир доир ба ин масъала ҳамдигарфаҳмии пурра мавҷуд аст.

Айни замон таъминоти обии соҳаи зироати Ўзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон, сарфи назар аз обдории сол, танзим мегардад. Дар шароити кунунӣ сохтмони НБО-и Роғун идома дошта, дар таърихи 28-уми октябри соли 2016 маҷрои дарёи Вахш бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ботантана баста шуд.

Агрегати 1-ум 16-уми ноябри соли 2018 ва агрегати 2-юм 9-уми сентябри соли 2019 ба истифода дода шуд.

Ҳамин тавр, сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун ва бунёди обанборҳо дар дараҳои танги кўҳӣ моро аз зарари зиёди бухоршавӣ халос карда, ба иқлим, экологияи муҳити атроф таъсири ҳадди ақал расонида, имкон медиҳад, ки дар якҷоягӣ масъалаҳои таъминоти нерую об дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба таври умум барои ояндаи наздику дур ҳаллу фасл шаванд.

Ин ҳал инкишофи нафақат бахши саноату иқтисодиёт, балки зиёдшавии тавлидоти зироатро таъмин карда, амнияти хўроквории кишварҳои Осиёи Марказиро таҳким бахшида, дар навбати худ кишварҳои минтақаро ҷиҳати дастрасӣ ба ҳадафи рушди ҳазорсола таккони зиёд мебахшад.

Ба кор даромадани НБО Роғун истиқлолияти энергетикии Тоҷикистонро пурра таъмин намуда, зербинои гузаштан ба мамлакати саноатӣ-аграрии он хоҳад шуд.

Неругоҳи Роғун сутунмуҳраи мустаҳками иқтисодиёт шуда, манбаи пешравии саноатӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ватанамон мегардад.

Марҳила ба марҳила бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакат ба истиқлолияти энергетикӣ расида истодааст. Ҳамзамон ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд ба қадри неъмати бебаҳои табиат расида, энергияи электрикиро сарфакорона истифода бурда, ба исрофи он роҳ надиҳад.

 

Муаллими калони кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ            Давлатов Зафар

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj