• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

«ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ. АЗ ОРИЁН ТО СОМОНИЁН» ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ  ХУДШИНОСИИ МИЛЛИИ ҶАВОНОН

Имрўз мо дар марҳалаи хеле ҳассос ва таърихӣ қарор дорем. Вазъи ноороми ҷаҳони муосир, авҷ гирифтани равияҳои гуногуни бегонаи динӣ-иртиҷоӣ, ки ба таъриху фарҳанг, анъана ва расму оини миллии мо ҳеҷ робита надоранд, ҷавонони моро бояд водор созанд, то аз ҳарвақта бештар ба сулҳу ваҳдат, якпорчагии кишвар, худшиносии таърихию фарҳангӣ рў биёранд. Дар ҳалли ин масъала асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» бешак нақши муассир дорад.

Ин сатрҳои баландмазмуну муассирро, ки  асари  гаронарзиши Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» бо он оғоз мегардад, мехонему ба умқи он ғӯтавар мешавем: «Воқеан таърихро хотираи инсоният меноманд. Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи фарҳангӣ ва расму оини  ниёгон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабоили хеш огаҳи надорад, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди баруманди замони худ шуда наметавонад».

Воқеан ба табъ расидани силсилаи таҳқиқоти таърихии Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих»    қадами ҷиддие дар шинохти таърихии тоҷикон ва мақоми онҳо дар ташаккулу пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад. Асари мазкур дар ибтидо ҳамчун дастури муҳими таълимӣ барои хонандагони зинаҳои гуногуни таҳсилот (солҳои 1995-1999) бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва англисӣ ба чоп расида буд.

«Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён»  натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи муаллиф буда, нашри мукаммали он дар чаҳор китоб, тӯли  солҳои 1999 - 2009 сурат гирифт, ки дар шинохт ва таҳқиқи таъриху тамаддуни халқи тоҷик аз рўи меъёрҳои нави таърихнигорӣ тобиши нав ва комилан ҷиддиеро ба миён овард.

Сарвари давлат дар китоби якуми ин асар  ба таърих рў овардани худро «аз рўи адои қарзи фарзандӣ дар назди обу хоки диёр, Ватани кўҳанбунёд ва миллати азизу ҷафокашидаи тоҷик» ва илҳом гирифтан «аз баракати истиқлол ва давлатдории миллӣ» бо «азми ба сарчашма ва оғози оғозҳо расидан» медонад. Дар ин замина аз масоили меҳварӣ ва суннатии тамаддуни қадими ниёгон, бавижа сабақҳои таърих, нақши Шоҳроҳи абрешим дар пайвасти гузаштаву имрўза ва оянда, бозёфтҳо ва хазинаву дафинаҳои арзишманди аҳди бостон, ба мисли Дафинаи Амударё, Авасто ҳамчун нахустин қомусномаи ниёгон, Зардушт-паямбари оини ростин, марказҳои аввалин ва гаҳвораи давлатдории тоҷикон-Бохтару Суғд ва тафсири дигар арзишҳои таърихию фарҳангиро ёддовар мешавад. Рў овардани Сарвари давлат ба ин масоили таърихӣ бесабаб нест. «Зуҳуроти бегонапарастӣ, - менависад муаллиф,- дар либосу ҷомаи нав ба ҷилва омадааст, ки баъзан арзишҳои таърихӣ ва дастовардҳои фарҳангии миллати тоҷикро ба марзҳову кишварҳои ҳамҷавор ва халқиятҳои дигар нисбат медиҳанд».

Китоби дуввуми «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» рамзист, ки бо таҳлили авзои сиёсии ҷаҳон дар давраи гузариш аз садаи XX ба қарни XXI оғоз меёбад. Ин бесабаб нест ва муаллиф дар ин ҷо натанҳо чун муҳаққиқ, балки ҳамчун Сарвари давлат ва сиёсатмадори даққиқназару дурандеш авзои сиёсии ҷаҳонро дар давраи гузариш аз як сада ба садаи дигар дар мизони таҳлил бар кашида, диди худро доир ба пешомади ҷаҳони муосир дар садсолаи нав манзур намудааст. Дар ин росто ҷомеаи ҷаҳониро даъват намудааст, ки рў ба таърих оваранд ва бубинанд, ки ҷангу ҷидол ва хунрезиҳо аз худ чӣ осоре боқӣ гузоштаанду инсоният чӣ талафоти бузургеро паси сар кардааст.

Таҳлили вазъи ҷаҳони муосир муаллифро ба хулосае овардааст, ки ҷомеаи инсонӣ дар баробари рушди босуръат ва дастовардҳои нодир дучори хатарҳои бузург низ гардидааст ва тақдири инсоният ба ҳалли дурусту оқилона аз ҷониби онҳо вобаста аст.

Дарки амиқи моҳияти ҳодисаҳо аз ҷониби муаллифи асар дар он зоҳир мегардад, ки вай хатарҳои бузурги умумибашариро тасниф намуда, чаҳор  мушкилоти ҷойдоштаро возеҳ ва равшан баён кардааст:

Нахуст, Сарвари давлат дар оғози давлатдории даврони соҳибистиқлолии тоҷикон сулҳро ҳамчун асли бунёди наҷот ва бақои миллати тоҷик бо тамоми паҳлуҳояш дарк карда, барои таъмини он тамоми воситаҳоро ба кор бурд.

Дуюм, ҳифзи кунунии давлати тоҷиконро ҳамчун дастоварди олитарини таърихӣ ва Тоҷикистонро чун қиблаи умеди тамоми тоҷикони дунё вазифаи ҷонии худ донист.

Сеюм, барои мустаҳкам кардани асосҳои  давлати тозаистиқлоли тоҷикон, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандориро маҳаку меъёри  асосӣ ҳисоб кард.

Чаҳорум, Пешвои миллат оқибатҳои фалокатовари парокандагии миллиро бо масъулияти том эҳсос карда, натанҳо ваҳдати халқи тоҷикро дар қаламрави Тоҷикистон, балки ба ҳам овардани ҳамаи тоҷикони ҷаҳонро бо давлатҳои дигар эълом дошт ва дар ин самт қотеъона амал кард.

Дар чунин шароити гуногунрангии сиёсиву идеологӣ ва мураккабии вазъи ҷаҳони имрӯз саҳеҳ муайян намудани роҳи давлати тозаистиқлол  аз вазифаҳои муҳимтаринест, ки муаллифи асар ба ҳайси сарвари давлат дар назди худ гузоштааст.

Аз мутолиаи асар ва далелҳои эътимодбахши муаллиф дар ду китоби аввал хонанда розӣ хоҳад шуд, ки дарвоқеъ, дар назар гирифтани хусусиятҳои хоси Тоҷикистон, хусусиятҳои таърихӣ ва маънавии мардуми он барои бунёди давлати пойдору устувор хеле муҳим аст.

Воқеан, Эмомалӣ Раҳмон ба чунин хулоса ва натиҷагирӣ ҳуқуқи комил дорад, зеро ў натанҳо дар сухан, балки амалан собит сохт, ки истиқрори сулҳ ва ваҳдат омили асосӣ ва созандаи ҷомеаи инсонӣ аст. Таҷрибаи сулҳ ва ризояти миллии тоҷикон, ки бо сарварии ў амалӣ гардид, дар таърихи башарият падидаи нодиру ибратомўз аст. Ин тадбир, ки маншаъ аз таърихи тўлонӣ ва фарҳанги ғании аҷдодӣ гирифтааст, натиҷаи сабақҳои пурҳикмати қадимаи аҷдодӣ мебошад.

Қайд намудан зарур аст, ки таърихи миллати мо дар баробари комёбиҳо ва эҷодкориҳо, ки дар шукўҳи бинои тамаддуни башарӣ нақши назаррас доштааст, аз нокомиҳо, фоҷиаву бохтҳо ва саҳифаҳои дилхарош ҳам орӣ набудааст.

Бо назардошти ин муаллиф бо таассуф таъкид мекунад, ки  таърихи халқи тоҷик пур аз воқеаҳои фоҷеабор ва даҳшатангез аст. Мисоли равшани ин гуфтаҳо аз тарафи қабилаҳои чодарнишин ва ғоратгарони бегона вайрону валангор шудани китобхонаву қасрҳо, шаҳрчаю қалъаҳо ва сарзаминҳои ҳосилхезу шукуфон шуда метавонад.

Халқи тоҷик аз ҷониби ғосибони аҷнабӣ борҳо таъқибу таҳқир дида, таъми азият чашида, вале ҳеҷ гоҳ аз асолати миллии худ даст накашидааст. Дар ҳеҷ гуна вазъ ў шараф, номус ва ифтихори миллии худро гум накард. Ба ҷисму руҳи ў гарду чангу ғубори таърих ҳам сироят карда натавонист.

Сарвари давлат бо ҷиддият таъкид менамояд, ки мо бояд аз омўзиш ва эҳёи нусхабардоронаи таъриху фарҳанги қадимаи халқи тоҷик даст кашем. Ва таърихро, чӣ тавре ки буд ва эҷод шуд, ҳамон тавр омўзем, аз вай сабақ гирем, то ки хатову иштибоҳҳои гузаштагонамонро дар давраҳои гуногуни таърихӣ такрор накунем. Марбут ба ин афкор муаллиф қайд мекунад: «Агар халқ таърихи гузаштаи худро хуб медонист ва аз камбудиву нуқсону хатоҳои гузаштааш сабақ мегирифт, шояд воқеаҳои солҳои 90-ум ин тавр ранг намегирифт».

Ин камбудии дар дар зеҳни ҷавовнони давр ҷойдоштаро Пешвои муаззами  миллат хуб дарк кард ва яке аз омилҳои асосии устувории давлати миллиро дар худогоҳӣ, худшиносии миллӣ ва бедор намудани ифтихори заифшудаи миллат, хоссатан ҷавонон, дид.

Дар силсилаи суханрониҳои худ  Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон диққати ҷавонони моро ба таърихи ғании фарҳанги миллӣ ҷалб намуда, таъкид менамояд, ки яке аз сарчашмаҳои асосии худшиносии миллӣ маҳз дўст доштан ва рў овардан ба гузаштаи пурифтихору қаҳрамононаи халқи худ, ҳифз ва инкишофи мероси маънавии ниёгон ба шумор меравад.

Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз ориён  то Сомониён» аз як таҳқиқоти илмӣ ҳам фаротар аст. Муаллиф тавассути ин асар хостааст сабақҳои таърихро ба хидмати ояндагон гузорад ва таъкид менамояд, ки «рў овардан ба таърих амали якдафъаина нест, балки он бояд мутассил ва доимӣ бошад».

Пешвои миллат  натанҳо ҳамчун муҳақиқи воқеаҳои таърихӣ, балки ҳамчун сиёсатмадори нозукбин ба масъалаҳои таърихӣ дахл кардааст. Ў ҳамчун сиёсатмадор дар такя ба осори академик Бобоҷон Ғафуров сабаби заволи империяи Ҳахоманишиҳо, Ашкониёну Кўшониён ва Сосониёну Ҳайтолиёнро дар ҷангу ҷидолҳои дохилӣ, ба инобат нагирифтани манфиатҳои оммаи халқ ва бегонапарастӣ мебинад.

Дар боби «Растохези ориёно ва нуфузи давлатдориву тамаддуни эллинӣ» бо баёни содаву фаҳмо лашкаркашиҳои  Искандари Мақдунӣ ва муборизаи озодихоҳонаи мардуми Бохтару Суғдро шарҳ дода, намунаи ибрат будани корномаҳои Спитаменро махсус  таъкид кардааст.

Дар китоби чаҳорум, инчунин, муаллиф дар бораи муборизаву ҷонфидоиҳои дигар муборизони роҳи истиқлоли миллӣ, ба монанди Деваштич, Абумуслим, Муқаннаъ ва амсоли инҳо  ба таври муфассал истодааст, ки муборизаву қаҳрамониҳои онҳоро намунаи ибрат барои насли ҷавон медонад.

Муаллиф қадам ба қадам аз як сулола то сулолаи дигар раванди ташаккул ва инкишофи моддиву маънавӣ гузаштани халқи тоҷикро ба тамаддуни нав ва ҳамзамон боло рафтани худшиносии таърихиву фарҳангиро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додааст.

Муаллиф дар асоси омўзиши гузашта имрўзаро мавриди таҳлил қарор медиҳад. Ба андешаи ў дар шароити ҷаҳонишавӣ ва барои миллати мо тақдирсоз ба мо тоҷикон зарур аст, ки гузаштаи дуру наздики худро таҳлил  намоем, аз таърих сабақ бардорем, мавқеъ ва нақши худро дар  ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян созем. «Бе гузаштаи таърихӣ ифтихори миллӣ ба худпарастии милӣ табдил меёбад», - чунин таъкид менамояд Сарвари давлат.

Дар маҷмуъ, «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» арзиши бузурги илмиву сиёсӣ ва тарбиявӣ дорад, зеро ин асар мутобиқи ғояҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва талаботи маънавии имрўз мебошад. Он натанҳо маълумоти дақиқ ва муҳими таърихӣ медиҳад, балки  барои мо насли ҷавон як раҳнамо дар самти ватандориву ифтихори миллӣ аст.

Ин асар натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вусъат додани эҳсоси ватанпарастии ҷавонон ва ихтихори  миллии мардуми кишвар, ба манзури боз ҳам мустаҳкамтар кардани пояҳои давлатдории миллӣ ва раванди сулҳу ваҳдату  созандагӣ мебошад.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки бо мутолиа ва таҳлили  ин асар ҳар як ҷавони мо метавонад миллати худ, таъриху фарҳанги ғании онро натанҳо дар дохил, балки берун аз  кишвар муаррифӣ намояд.

Наҷмиддинов Толиб – и.в. мудири кафедраи таърихи умумӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj