• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Исследование
There are no translations available.

ЭЙ БАҲРИ МИЛЛАТ ИФТИХОР!

Дар таърихи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-уми декабри соли 2015 саҳифаи тозае боз шуд. Дар ин рӯз аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ба тасвиб расид.Шаҳомати Пешвои миллат  дар ин аст, ки дар шароити бесарусомонӣ, беҳуқуқӣ ва бенизомӣ пояи давлатдориро дубора аз сифр бунёд намуда, садои қонунро баланд бардошт, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ кард. Аз рӯзҳои аввали интихоб шудан ба ҳайси Сарвари давлат ӯ гуфта буд: «Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам».

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи устувор пайдо карда, имрӯз бо аксар  кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст. Кишвари мо ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, узви комилҳуқуқи беш аз 51 созмони байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад ва бо аксари мамлакатҳои ҷаҳон робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор кардааст.
Аз шоёнтарин хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат – ин истиқрори сулҳ дар мамлакати ҷангзада буд. Ӯ бо мухолифин музокирот намуда, ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гузошт ва ин бузургтарин дастоварди даврони истиқлол мебошад, ки ваҳдати миллӣ ва суботу амният дар ҷомеа барқарор карда шуд. Ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ яке аз пуразиштарин саҳифаи таърихи навини миллати тоҷик буда, дар радиф бо Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегирад.
Ӯ ба тамоми ҷаҳон исбот кард, ки душвортарин масъалаҳоро метавон ба таври мусолиматомез ҳал намуд. Боиси ифтихор аст, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон барои аҳли башар намунаи ибрат гардид ва аз ҷониби СММ ҳамчун таҷрибаи нодир пазироӣ шуд. Таърихи тамаддун ёд надорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин муддати кӯтоҳ қатъ шуда, чонибҳои даргир ба ҳам дасти дӯстӣ дода, фаъолияти солими дастгоҳи давлати хешро ба манзури ободии кишвар равон карда бошанд. Сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи беҳтарини ба ифоқа овардани тарафҳои ба ҳам зид, таҳкими фарҳанги сулҳи башарӣ, муоширати байналмилалӣ ва ҳалли мухолифатҳои дохилидавлатӣ солҳои тӯлонӣ хизмат хоҳад кард.
Ҳодисаҳое, ки имрӯз дар баъзе давлатҳои ҷаҳон ба вуқӯъ омаданд, нишон медиҳанд, ки истиқлолияту якпорчагии давлат на фақат аз сиёсати дохилӣ, балки аз сиёсати беруна хеле вобаста мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони 31 соли истиқлоли хеш, ки дар назди таърих муддати кӯтоҳе мебошад, таҳти роҳбарии Пешвои миллат тавонист бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ заминаи густурдаи ҳуқуқию шартномавӣ ва робитаҳои давлатиро ба миён оварад. Дар ин амр нақши Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат дар устувор гардидани мавқеи Тоҷикистон ва эътирофи миллати тоҷик ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунофар дар сатҳи ҷаҳонӣ, анҷом додани тадбирҳои муассири устувор намудани заминаи қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ, таъмини волоияти қонун ва риояи бечунучарои уҳдадориҳо ва шартномаҳои байналмилалӣ, дар густариши минбаъдаи фарҳанги сулҳ, вусъат додани механизмҳои назоратии умумибашарӣ аз болои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон хеле бузург аст. Ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ӯ шахсиятест, ки дар ҳалли низоъҳои минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами байналмилалӣ дар ҷаҳон нақши махсус ва босазо дошта, таҷрибаи ӯ дар пешбурди сиёсати хориҷӣ, ҳуқуқ ва равобити байналмилалӣ дорои унсурҳои ибратомӯз мебошад.

Ин се манзумае, ки аз ҷониби устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Дониёр Сангинӣ, Абдураззоқи Раззоқ ва Шаҳриёри Мирзо дар зер оварда шудааст, бозгӯйи он аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамроҳ бо Пешвои муаззами худ ҳастанд ва ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи ӯ мебошанд.

ПЕШВОИ МИЛЛАТИ МОРО НИГАҲ ДОРАД ХУДО!

Сулҳу ваҳдатро асосу халқу миллатро симо,

Барқарории низому ҳодӣ аст дар кори мо.

Соҳибунвону саодатманду фахри уламо,

Пешвои миллати моро нигаҳ дорад Худо!

 

Ҷангро аз байн бурду мулкро ором кард,

Ҳар гурўҳе муттаҳиду саркашонро ром кард,

Ҳар чи коре кард онро баҳри худ не, ом кард,

Пешвои миллати моро нигаҳ дорад Худо!

 

Қонуну қонунгузориро барои мо навишт,

Ҳокимиятро намуд ў устувору монд хишт,

Кишвари моро чу боғе кард монанди биҳишт,

Пешвои миллати моро нигаҳ дорад Худо!

 

Тоҷикистони азизам карда машҳури ҷаҳон,

Ё ки Наврўзи Аҷамро ҷашни байни мардумон,

Дониёро, бош шокиру дуогў ҳар замон:

Пешвои миллати моро нигаҳ дорад Худо!

Дониёр Сангинӣ

 

МУШКИЛКУШОИ МИЛЛАТ

Халқу худост шоҳид таъриху ҷойи Миллат.

Ҳам солҳои навад, ҳам моҷарои Миллат.

Давлат чу дар ҳалокат, сарпечи сад фалокат,

Тоҷик гуреза ҳар ҷо, омад ғазои Миллат

Кишвар ба хоку хун шуд, осудагӣ забун шуд,

Буд чун фанои давлат, маҳзи хатои Миллат.

Ҳар ҷо ватансаро буд, андар талоши ҷо буд,

Тўфону киштие буд, ку нохудои Миллат? ...

Шукронаи худоям, бишнид фалак садоям,

Омад ба зери Парчам шоҳу гадои Миллат.

Бар тахти Тоҷикистон омад чу Оли Сомон,

Эмомалии Раҳмон шуд мутаккои Миллат.

Паймони ў ба модар, бар халқу хоки кишвар,

Дар лаб каломи Қонун, бўсид ливои Миллат

Фазои кишварамро буд абри тира ҳар ҷо

Шуд офтоби тобон андар самои Миллат.

Буд пора-пора пайкар, кишвар зи теғу ханҷар

Монанди Ибни Сино бахшид давои Миллат.

Аз ҷони худ гузар кард, ҳам синаро сипар кард,

Шуд Қаҳрамони Миллат, шуд ҷонфидои Миллат

Сар зад ба ҳар даре ў, гап зад ба минбаре ў,

Аз сарнавишти тоҷик, баҳри бақои Миллат.

Сулҳ аст вуҷуди покаш, осуда кард хокаш,

Асосгузори Ваҳдат, ваҳдатсарои Миллат.

Дар Созмони дунё, дар Шанхаи тавоно,

Гўяд ҳарфи тоҷик, гўяд барои Миллат.

Дар Амрикову дар Чин, дар Аврупову Рус бин

Дар тан қабои миллат, дар лаб ҳиҷои Миллат.

Фарҳанг шуд ҷаҳонӣ, Наврўз ҷовидонӣ,

То бар фалак расонид ҷашну сафои Миллат.

Бишнид фалак Фалакро ҳам Шашмақоми воло,

То бар Зуҳал бибурдаш созу навои Миллат.

Обод шуд Душанбе, дилшод шуд Душанбе,

Ҳар кўчааш гулобод, рамзу бинои Миллат.

Бин пойтахти моро, в -ин шаҳри бахти моро,

Гаҳвораи тамаддун, бошад намои Миллат.

Шаҳри умеду армон- симои Тоҷикистон

Ҳам пойтахти тоҷик- шаҳри сафои Миллат.

Шуд нақбҳо кушода, роҳи дароз ситода,

Шуд кишварам ягона чун як фазои Миллат.

Аз барқ буд фасона, тору хунук чи хона,

Шуд НОБ-ҳои гардон-нуру зиёи Миллат.

Дар ҳар куҷо Ватан гуфт, аз халқи хештан гуфт,

Шуд ҳамнавои миллат, мушкилкушои Миллат.

Дар хонаи Худо ҳам, дар мулки Мустафо ҳам,

Сар зад барои миллат, дар лаб дуои Миллат.

Ин аст ҳарфи Раззоқ, умрат диҳад Халлоқ

Эй Пешвои Миллат, эй Раҳнамои Миллат.

Абдураззоқи Раззоқ

 

ПЕШВОИ МУАЗЗАМ

Эй сояи Парвардигор, эй нури Раҳмон ёри халқ,

Эй баҳри миллат ифтихор, эй нури Раҳмон ёри халқ.

Бар халқу миллат соябон, бар ҳифзи давлат посбон,

Эй родмарду бовиқор, эй нури Раҳмон ёри халқ.

Озод намудӣ халқи хеш аз оташи ҷанги адӯ,

Эй қаҳрамони номдор, эй нури Раҳмон ёри халқ.

Обод гашт имрӯз Ватан бо заҳмату бо азми ту,

Эй шоҳи одил росткор, эй нури Раҳмон ёри халқ.

Эй кош бимонӣ дар амон бо давлату бо халқи хеш,

Ёри ту бодо Кирдугор, эй нури Раҳмон ёри халқ.

Васфи ту созад Шаҳриёр, эй сарбаланду бахтиёр,

Эй сарбаланд, эй комгор, эй нури Раҳмон ёри халқ.

Шаҳриёри Мирзо

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj