• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Исследование
There are no translations available.

ҲИМОЯТГАРИ МАНФИАТҲОИ МАРДУМ

6-уми ноябри соли 2022 аз нахустин рӯзи  волотарин ва муҳимтарин  санади  ҳуқуқии кишвар -  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28  сол пур  мешавад. Истиқлоли   давлатии  Тоҷикистон  таввасути  ҳамин  санади  ҳуқуқӣ  ба расмият дароварда шуд.

Бо боварӣ  метавон гуфт, ки  ҳама он  дигаргуниҳои мусбие,ки дар тўли даврони соҳибистиқлолӣ ба амал омаданд, бидуни Конститутсия ва ислоҳоти  минбаъдаи конститутсионӣ амалишавии онҳо ғайриимкон буд.

Маҳз бо мақсади аниқтару мушаххастар намудани роҳҳои инкишофи ҷамъиятӣ  ба Конститутсияи кишвар дар давраи солҳои 1999, 2003 ва 2016, яъне  се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Хусусияти аз ҳама муҳим ва ҷолиби Конститутсия дар он аст, ки бо ягон мафкураи ҳизб ё ташкилоти диниву сиёсӣ асос наёфтааст. На фард ва ё на гурўҳи алоҳида, балки шаҳрвандони Тоҷикистон, дар маҷмўъ тамоми халқи мамлакат тибқи Конститутсия пояи иҷтимоии онро ташкил медиҳанд.

Бино ба маълумоти коршиносони Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи инсон дар радифи панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви САҲА эътироф шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки калонтарин боби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳуқуқу озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд” унвон дошта, аз моддаи 14 то 47 –ро дарбар мегирад. Моддаи аввали ин боби Конститутсия (моддаи 14) чунин аст: “Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳукуқи байналмилалие,ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд.

Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ма мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи  ҳокимияти судӣ  таъмин мегарданд.

Маҳдуд кардани  ҳуқуқ ва озодиҳои  шахрванд танҳо ба мақсади таъмини озодиҳои дигарон,тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад”.

Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон инсонро арзиши олӣ эътироф намуда, фитри ва дахлнопазир будани ҳуқуқҳояшро эътироф мекунад ва онҳоро ҳамчун маҳаки муайянсозандаи фаъолияти давлат мешиносад.

Илова бар ин меъёрҳои канститутсионӣ  бахшида ба ҳуқуқҳои инсон мустақиман амал мекунанд.  Ин маънои онро дорад, ки чунин меъёрҳо асоси ҳалли ҳама гуна кори ҳуқуқӣ шуда метавонанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке баромадҳои хеш,ки  бахшида ба рўзи Конститутсия ироа шуда буд, чунин қайд намуда буданд: “Мо бояд эҳтироми  ин санади танзимгари  ҳаёти ҷомеаро омўзем, аз имкониятҳои он ҳарчи бештар истифода барем ва дар ниҳояти кор ба он муваффақ шавем, ки риояи  ҳатмии  он барои ҳар як шаҳрванди мамлакат  ҳам фарзу ҳам суннат гардад”.

Гузашта аз ин Конститутсияи соли 1994 аз ҳама бештар вазифаи  муттаҳидгардониро  ба иҷро расонд. Он дар марҳилаи хеле ҳасоси сиёсиву иҷтимоӣ қабул шуд, ки дар  меҳвараш қуваҳои солими ҷомеа  падидаи нодири асри ХХ-фарҳанги сулҳи тоҷиконро  эҷод ва дар амал татбиқ намуданд.

Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як санади  дорои меъёрҳои олии ҳуқуқӣ буда, ба пешрафти  ҳаёти  ҷомеа, таъмини ҳукуқу озодиҳои инсон, ҳифзи давлат, пешрафту тараққии  соҳаҳои гуногуни кишвар  мусоидат намуд.

Аз ин рў эҳтиром ва риояи  меъёрҳои ин санади такдирсози миллат вазифаи ҳар як фарди солимақли Ватани азизамон мебошад.

Фарорасии рўзи пуршукӯҳи бистуҳаштумин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба ҳамдиёрони азиз табрику таҳният мегӯям.

Муаллими калони кафедраи таърихи умумӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ Ҷонмуродов Шамшод

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj