• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Исследование
There are no translations available.

СИЁСАТИ ХОРИҶИИ МУВАФФАҚ

Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони Миллали Муттаҳид тараққиёти ояндаашро тавассути ҳамгироӣ дар зинаҳои гуногуни ҳамкорӣ ва мушорикат бо давлатҳои ҳамсоя, минтақаҳо ва созмонҳои байналхалқӣ тасаввур менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷомеаи умумибашарӣ дар қарни XXI, дар замони ҷаҳоншавӣ қарор дорад,ки давраи муҳиме дар сарнавишти инсоният мебошад. Аз нигоҳи идеали маънавӣ сабақҳои таърих илмест дар бораи пешрафти зина ба зинаи инсоният. Ҳар як  халқ ин санаи яклухти таърихиро бо дастовардҳои хоси худаш ҷамъбаст мекунад.

Дар охири асри  XX мо соҳиби давлат ва истиқлоли сиёсӣ гардида, ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ арзи ҳастӣ намудем. Дар ҳамин аср тавонистем Ватани азизамонро, ки фарогири ҷанги шаҳрвандӣ буд, тавассути корнамоии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомали Раҳмон аз парокандагӣ нигоҳ дошта, як порчагии онро ҳифз намоем. Умедворем, ки ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ ба суръати тези тараққиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ баробар гардида, дар қатори дигар кишварҳои мутараққии олам қадамҳои устувори худро хоҳад гузошт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол буда, бо ҳамаи кишварҳои хориҷӣ сарфи назар аз сохти иҷтимоашон робитаҳои ҳамаҷониба дорад. Дар ин бора дар моддаи 11 Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Тоҷикистон сиёсати сулҳҷуёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар  асоси меъёрҳои байналмиллалӣ  муайян мекунад. Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад  бо иттиҳодияњо ва ташкилотҳои байналмиллалӣ дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд.

Давлат бо ҳамватанони берунмарзӣ ҳамкорӣ мекунад”.

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сиёсати бисёрсамта, мутавозин ва санҷидашудаест, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқу манфиатҳои шарикони байналмилалӣ асос ёфта, Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари дорои равиши хоси дипломатияи худ, фаъол ва таъсиргузор дар арсаи минтақаву ҷаҳон муаррифӣ мекунад.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буданд: ” Дар сиёсати хориҷӣ мо тарафдори он ҳастем, ки буҳрони Афғонистон ҳарчӣ зудтар ҳалли худро ёфта, роҳҳои пайвандӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, ба кишварҳои ҷануб ва минтақаи Осиё бештар густариш ёбад. Дар айни замон, равияҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи  мо боз ҳам мустаҳкам намудани робитаҳои мутақобила бо Федератсияи Россия, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва умуман Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шумор меравад.”

Эмомалї Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари давлати нави тоҷикон нахустин бор 29 - сентябри соли 1993 аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид сухан ронда, ҳадафҳои асосии Ҳукумати Тоҷикистонро, ки аз таъмину оромишу субот дар кишвар ва таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои олам иборат буд, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. Ин суханронӣ, аз як тараф паёме ба ҷаҳониён аз вуҷуди давлати мустақими тоҷикон бо нақшаву барномаҳои мушаххас барои оянда буда, аз тарафи дигар самти минбаъдаи сиёсати хориҷии давлати моро муайян кард.

Меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро сиёсати дарҳои  кушода ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз бозгашти сулҳу оромӣ таҳкими суботу амният,  ин навъи сиёсатро пеш гирифт ва  дарҳои худро барои ҳамаи кишварҳои олам кушод. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эълони “сиёсати дарҳои кушода” равобити байналмиллалиро баҳри муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз намуданд, ки ин сиёсат имрӯз ҳам бо муваффақият идома дорад.

Ҳадафи асосии ин сиёсат ҳифзи манфиатҳои стратегии кишвар дар арсаи байналмиллалӣ буда, он аз тариқи фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори ҳамаҷонибаи  мамлакат, мусоидат ба таҳкими беш аз пеши пояҳои истиқлолияту соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон  ва кӯшишҳои пайгирона ҷиҳати дарёфти ризоият ва манфиатҳои мутақобила бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии кишвар амалӣ мегардад.

Сарвари давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар суханронии хеш дар Иҷлосияи XVIII  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 28 декабри соли 1993 зимни зарурати танзими консептсияи сиёсати хориҷии кишвр таъкид намуда буданд, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи мавқеи ҷуғрофӣ, мавқеи геополитикӣ ва манофеи иқтисодиаш ба 5 ҳавзаи сиёсӣ дохил мешавад:

Ҳавзаи якум- Иттиҳоди давлатҳои мустақил аст, ки бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш ба сӯи таҳкими равобити ҳамаҷиҳата тамоили ботинӣ дорад.

Ҳавзаи дуввум- Осиёи Марказист, ки кунун рӯ ба ваҳдати иқтисодию сиёсӣ қарор дорад.

Ҳавзаи саввум- Фазои зисту амали давлатҳои ҳамсояи форсизабон аст, ки ҳанӯз ба ягон иттиҳоди муштараки сиёсӣ ё иқтисодӣ нарасида бошанд ҳам, онҳоро нафақат ҳамбастагии таърихӣ ва мазҳабию фарҳангӣ, балки дурнамои воқеии рушди миллӣ бо ҳам ҷазб мекунанд.

Ҳавзаи чаҳорум- Доираи нуфузи давлатҳои мусулмоннишини Шарқ аст, ки онҳоро на фақат ягонаги дину ойин ва суннатҳои рӯҳонӣ, балки имконот ва эҳтиёҷоти рушди миллӣ низ ба ҳам мепайванданд.

Ниҳоят, ҳавзаи панҷум- ҷомеаи байналмилалист, ки ҷамъбастагии зоҳирию ботиниаш беш аз пеш қувват мегирад ва ҳам оҳиставу пайваста ба сӯи тамаддуни воҳиди умумибашарӣ роҳ мепаймояд.   ”

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати  мустақил ва озод буда, тавассути Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ ва ҳидоят карда мешавад ва имконит медиҳад, ки дар айни замон бо чанд марказҳои муҳими қудрат дар ҷаҳон ва минтақа муносибати мавзун ва баробар дошта бошад. Сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат сиёсати санҷидашуда, прагматикӣ ва воқеъбинона буда, ҳамзамон бо пазириши меъёрҳои пазируфташудаи ҷомеаи байналмиллалӣ ва эҳтиром ба манфиатҳои шарикон, риояи ҳатмии манфиатҳои миллиро дар такмоми фаъолияти сиёсати хориҷӣ дар мақоми аввал мегузорад.

Имрӯзҳо Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арафаи таҷлили 30-умин солгарди иҷлосияи таърихии 16-Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Хизмати бузургии иҷлосияи таърихӣ дар он  аст, ки ба арсаи дунёи сиёсат, роҳбари оқилу дурандеш ва наҷотбахши миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро рӯи саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ овард.

Сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат дар роҳи таъмини рушди устувори кишвар, некуаҳволии мардум, сиёсати дарҳои кушода ва ба ҷаҳониён муарифӣ намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Абдунабӣ   Сабуров, устоди факултети таърихи ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj