• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Исследование
There are no translations available.

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО ДАР ҶАБҲАҲОИ ГУНОГУН

Дар ин рӯзҳои наздик Президенти Ҷумҳурии Белорус муҳтарам Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд, ки дар Қасри миллат музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус дар чаҳорчӯбаи сафари расмии сарвари ин кишвари дӯст ба Тоҷикистон баргузор гашт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро барои ташриф ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.

Дар ҷараёни музокироти хоссаи сарони ду кишвар дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ба робитаҳои муосири байнидавлатии ду кишвар хос аст, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак ва масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мулоқоту вохӯриҳои сатҳи олӣ ва муносибатҳои мунтазаму судовар дар сатҳи ҳукуматҳо, ки дар асоси боварии баланд ва дастгирии ҳамдигар сурат мегиранд, омили муҳим ва мусбӣ дар ташаккули равобити байни ду кишвар мебошанд.

Дар мулоқоти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар аз инкишофи босуръати ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Барои тақвияти минбаъдаи равобити дуҷониба сарони давлатҳо пешниҳод намуданд, ки фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҷоннок карда шуда, Гурӯҳи кории муштарак оид ба рушди ҳамкориҳои сармоягузорӣ ба кори худ шуруъ намояд.

Тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ҳамчун самти афзалиятноки ҳамкории дуҷониба арзёбӣ гардид.

Барои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои маъдани куҳӣ, металлургия, сохтмон, саноати сабук ва хурокворӣ, дар самти кишоварзӣ ва таъминоти логистика, ки дорои захираҳои калон мебошад, зарур шумурда шуд.

Татбиқи лоиҳаҳо оид ба истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар самти таъмини бозори Беларус бо нахи пахта ва дигар маҳсулоти коркарди саноатии пахта ва таъсиси корхонаи истеҳсоли қолинҳои Тоҷикистону Беларус аз самтҳои ояндадори робитаҳои дуҷониба номида шуд.

Зимни музокироти сатҳи олӣ ҷонибҳо ҳамчунин оид ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои афзалиятноки фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, робитаҳои муассисаҳои олии таълимӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ва баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар кишварҳои якдигар ҳавасмандии худро иброз доштанд.

Дар ҷараёни мулоқот бо иштироки ҳайатҳои васеъ, ҳамчунин ҷонибҳо муносибатҳои ҳамкории кишварҳоро дар ҷаҳорчуби ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, баррасӣ карданд.

Таъкид гардид, ки бо дарназардошти тасмим дар бораи оғози тартиби қабули Ҷумҳурии Беларус ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби ин созмон мазмуни нав пайдо мекунад.

Вобаста ба таъмини амну субот дар кишварҳои якдигар ва минтақа, якбора афзудани таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар шаклҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва авзои сиёсии Афғонистон ҳамкории самарабахши дуҷониба ва бисёрҷониба байни ду кишвар тақозои замон номида шуд.

Дар рафти музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули судманди афкор анҷом доданд.

11-уми октябри соли ҷорӣ дар заминаи ҳамкориҳои дӯстонаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Беларус дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус доир гардид, ки дар маросими ифтитоҳии он роҳбарияти сохторҳои дипломатӣ ва масъулини самтҳои кишоварзӣ, саноату соҳибкорӣ ва маориф иштирок намуданд. Зимни баргузории Форум ҷонибҳо доир ба имкониятҳои сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар рушди соҳибкорӣ ва такмили ҳамкориҳои иқтисодию соҳибкорӣ суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки ҳамкориҳои иқтисодию соҳибкории Тоҷикистону Беларус дар ҳоли рушд қарор дорад.

Ҳамин аст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани ҳамкориҳои дуҷониба имрӯз дар заминаи Форуми мазкур миёни сохторҳои мухталифи Тоҷикистон ва Беларус як қатор созишномаҳо ба имзо расиданд.

Аз ҷумла, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода низ бо ректорони ду донишгоҳи кишвари Белорус: Донишгоҳи давлатии Гродно ба номи Янка Купала ва Донишгоҳи давлатии Брест ба номи А.С.Пушкин шартномаҳои ҳамкории мутақобила ба имзо расониданд. Лозим ба зикраст, ки дар асоси қарордодҳои шартнома минбаъд тадбирҳои зерин, ба мисли мубодилаи академии мутахассисон дар доираи барномаҳои таълимӣ ва илмӣ, мубодилаи мутақобилаи донишҷӯён, магистрантҳо ва аспирантҳо, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои амиқтар кардани донишҳои назариявӣ ва амалӣ, омӯзишиамалӣ, ташкили конференсияҳои муштарак, семинарҳо, симпозиумҳо, намоишҳо ва дигар шаклҳои ҳамкорӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар рафти Форум, инчунин, таъкид гардид, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба зиёда аз 90 шартномаву созишномаҳо миёни Тоҷикистону Беларус ба имзо расидаанд, ки онҳо дар самти ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорат, иқтисод, фарҳанг, маориф ва ғайра мусоидат хоҳанд кард.

Ҳамчунин, дар заминаи Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус Намоишгоҳи маҳсулоти ширкатҳои Беларус дар Тоҷикистон ташкил шуд, ки баъд аз маросими баимзорасонии созишномаҳо вазирони маорифи кишварҳо - вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Андрей Иванетс аз он дидан намуданд.

Бо итминон метавон гуфт, ки ба тасвиб расидани шартномаҳои мазкур дар рушду тавсеаи нахустин донишгоҳи омӯзгории кишвар мусоидат хоҳад намуд.

Дар таърихи 11-уми октябри соли 2022 дар доираи бизнес-форуми Тоҷикистону Ҷумҳурии Беларус намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи СадриддинАйнӣ ташриф оварданд.

Намояндагони мазкур дар ҳайати ректори Донишгоњи давлатии Гродно ба номи Янка Купала, хонум Китурко Ирина Фёдоровна, ректори Донишгоҳи давлатии Брест ба номи А.С. Пушкин, хонум Сендер Анна Николаевна ва ректори Донишгоҳи давлатии забоншиносии Минск, хонум Лаптева Наталя Евгеневна аз факултетҳои биология, таърих ва педагогикаи донишгоҳ дидан намуда, таассуроти нек бардоштанд.

Дар ҷараёни ташриф ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои грантӣ, мубодилаи академии мутахассисон дар доираи барномаҳои таълимӣ ва илмӣ, мубодилаи мутақобилаи донишҷӯён, магистрантҳо ва аспирантҳо, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои амиқтар кардани донишҳои назариявӣ ва амалӣ, омӯзиши амалӣ, ташкили конференсияҳои муштарак, семинарҳо, симпозиумҳо, намоишҳо ва дигар шаклҳои ҳамкориро баррасӣ намуданд.

Инчунин дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус таҳти унвони “Дурнамои инкишофи ҳамкориҳои байнидонишгоҳии Тоҷикистон ва Беларус” баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Ивантс Андрей Иванович, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Беларус ва омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро зимни суханронии худ зикр кард, ки дар самти ҳамкориҳои дуҷониба як қатор созишномаҳо миёни Ҳукуматҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Беларус ва муассисаҳои таҳсилоти олию илмии ин кишварҳо ба тасвиб расидаанд. Хусусан, дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарду кишвар 19 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳо мусоидат хоҳанд кард. Дар баробари ин, баргузор намудани Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду кишвар имкон фароҳам меорад, ки лоиҳаҳои гуногуни илмӣ татбиқ шаванд ва табодули таҷриба сурат гирад.

Вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Ивантс Андрей Иванович таъкид кард, ки дар рафти вохӯрии роҳбарони олии ду кишвар – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар назди мо ба таври мушаххас масъалагузорӣ шуд, ки ҳамкориҳо дар самти маориф ва илм ҷоннок карда шуда, барои рушди иқтисодиёти ду кишвар мутахассисони варзидаю соҳибкасб омода карда шаванд. Зиёд намудани теъдоди бурсияҳои таҳсилӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, таъсиси филиали яке аз донишгоҳҳои Беларус дар шаҳри Душанбе аз аз ҷумлаи иқдомоте ҳастанд, ки мехоҳем дар оянда амалӣ намоем.

Зимнан гуфта шуд, ки сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикистон саҳифаи тозаеро дар таърихи ҳамкориҳо боз хоҳад кард. Ин боз як далели бо суръат инкишоф ёфтани муносибатҳои дӯстонаи дуҷониб дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ мебошад. Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ташрифи намояндагони давлатҳои ҳамкор аст, ки барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд корҳои назаррасро анҷом медиҳанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Ҷумҳурии Беларус 5 сентябри соли 1996 барқарор намудааст.

Соли 1997 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус таъсис ёфта, соли 2011 дар шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд.

Санадҳои бунёнгузоре, ки принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус муайян менамоянд, Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Беларус аз 5 апрели соли 2000 ва Аҳдномаи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Беларус аз 27 июни соли 2019 ба ҳисоб мераванд.

Дар маҷмӯъ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус зиёда аз 90 аҳднома ва созишнома ба имзо расидааст, ки барои пешбурд ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо созгор мебошанд.

Муносибатҳои Тоҷикистон ва Беларус дар марҳилаи муосир хислати рушди бомаромро ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба касб намуда, муколамаи фаъоли сиёсӣ дар сатҳи олӣ ба ин муносибатҳо такони мусбат мебахшад. Ҷиҳати густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Беларус сафарҳои мутақобилаи сарони ду давлат нақши хосса доранд.

Мавқеъҳои ҳар ду кишвар нисбат ба аксари масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамсоя ё наздик мебошанд. Ҳарду кишвар дар доираи созмонҳои бонуфуз ба монанди СММ, ИДМ ва СААД робитаҳои хубро ба роҳ мондаанд.

Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Беларус хислати муваққатӣ надошта, ба ояндаи дарозмуҳлат равона гардидаанд.

Назарзода Нигора – муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии ДДОТ ба номи С.Айнӣ

Алланазаров Шараф – мудири шуъбаи таҳлил, робита ва кор бо ҷомеаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj