• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Исследование
There are no translations available.

САҲМИ АКАДЕМИК РАҲИМ МАСОВ ДАР РУШДИ ИЛМИ ТАЪРИХИ ВАТАНӢ

Замоне, ки академик Раҳим Масов зимоми идораи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ ба номи Аҳмади Донишро ба ҳайси директори муассиса ба даст гирифт, замони бозсозии горбачёвӣ буд. Вазъият дар Тоҷикистон хеле мусоид буд, вале дертар  кашмакашҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфта, нобасомониҳо ба вуҷуд омаданд. Вале ў бо ин вуҷуд дар гирди худ олимони намоёнро ҷамъ оварда, нагузошт, ки онҳо фирор кунанд ва фаъолияти илмии институти зикршударо дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дошт. Дар ҳамин давраи нобасомонӣ нашри нави «Таърихи халқи тоҷик», ки  дар 6 ҷилд ба нақша гирифта шуда буд, аз нав оғоз гардида, дар фосилаи солҳои  1998 то соли 2014 ҳама шаш ҷилди он аз ба табъ расид ва ҳоло дастраси хонандагон мебошад.

Академик Раҳим Масов дар соли 1992 ба хотири боз ҳам бештар муаррифӣ намудани мероси таърихии халқи тоҷик нашри маҷаллаи илмӣ - оммавӣ ва маданӣ- маърифатиро таҳти унвони «Мероси ниёгон»  ба роҳ монд. То соли 2014 16 шумораи ин маҷалла нашр гардид, ки устод Раҳим Масов вазифаи сармуҳарририи онро ба ўҳда дошт. Ӯ дар шумораи нахустини маҷалла ба хонандагон  бо чунин суханон муроҷиат намудааст: «Ҳар санги ин сарзамин бо забони ҳол ба Шумо, хонандагони азиз аз гузаштаи ин диёр хабар медиҳад ва ҳикоя мегўяд».

Лозим ба зикр аст, ки кушодашавии осорхонаи миллӣ (соли 1992) ва ба назди Институт кўчонидани осорхонаи мардумшиносӣ (соли 2007) бевосита бо ташаббуси академик Раҳим Масов сурат гирифта, дар замони истиқлоли кишвар барҷастатарин асарҳои ин олими барҷаста, аз қабили «Таърихи табартақсим» (1991), «Таърихи тоҷикон бо муҳри «комилан сиррӣ» (1995),  (соли 1996 ин асар аз ҷониби М.Суғдинажод ба забони форсӣ баргардон шудааст), «Фалокати таърихи миллӣ» (1996, ба забони англисӣ), «Танқиди бардуруғ аз рўи супориш» (2001), «Тоҷикон: фишороварӣ ва ба худ монандкунӣ» (2003),  «Масоили умдаи таърихнигорӣ ва таърихи халқи тоҷик» (2005), «Дар бораи ватанпарастии дуруғин ва ватанпарастии ҳақиқӣ» (2005), «Ориёи таърихӣ ва муосир» (2006), «Тоҷикон: таърихи фоҷиаи миллӣ» (2008) нашр шуда, бо забонҳои гуногуни олам тарҷума гардидаанд. Аз ҷумла, соли 2013 асари ҷамъбастии академик Раҳим Масов  «Тоҷикон: таърихи фоҷиаи миллӣ» аз ҷониби С.Наимов ва А.Назаров ба забони ангилисӣ тарҷума гардида, бо теъдоди 1000 нусха нашр карда шуд. Ин имконият медиҳад, ки доираи васеи хонандагон ва тамоми муҳақиқони кишварҳои Ғарб аз омўзиши таърихи халқи тоҷик бархурдор гарданд.

4 июли соли 2008 шахсан бо ташаббуси академик Раҳим Масов Фонди илмӣ-тадқиқотии академик Раҳим Масов ташкил ёфтааст, ки он таърихи ташкилёбии Тоҷикистонро аз давраи ғалабаи Инқилоби Бухоро, ҳаракати босмачигарӣ, ташкилёбии колхозҳо, индустракунонӣ, аввалин давраҳои хоҷагии кишоварзии шуравӣ, солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ,  шукуфоии сохти сотсиалистӣ, давраи бозсозӣ ва то замони Истиқлолиятро дар бар гирифта, сарчашмаи беназири таърихи муосири халқи тоҷик мебошад.

Фонди академик Р.Масов асосан аз се қисм: осорхона, китобхона ва бойгонӣ иборат мебошад. Дар осорхона ифтихорномаҳо, тўҳфаҳои гуногуни хотиравӣ, унвонҳо, дипломҳо ва дигар нигораҳои пурарзиши олим ҷамъоварӣ гардидаанд.

Академик Раҳим Масов яке аз мардони ғаюр ва асили тоҷик буда, вазифаи асосии фонди таъсисдодаи эшон дар рўҳияи ватанпарварӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас мебошад. Вале дар як мақолаи хурдакак таҳлил намудани тамоми фаъолияти ин марди донишманд ва ниҳоятан он фонде, ки аз ҷониби вай  таъсис дода шудааст, аз имкон берун аст. Бинобар ин чун муште аз хирвор фаъолияти академик Р.Масов ва зарурати таъсиси фонди ўро пешкаши хонандагон намудем. Омўзиши фаъолияти илмӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва ташкилотчигии академик Раҳим Масов тадқиқоти пурраи илмиро тақазо менамояд.

Раҳим Масов бар хилофи таъсири сиёсии ҳамаи гурўҳҳои мансабталош заррае дудилагӣ зоҳир накарда, ҳама вақт манфиати миллату якпорчагии ватанро аз ҳама боло мегузошт. Чун тарғибкунандаи оташинсухан бо тамоми ҳастӣ дар барқарор намудани ҳукумати конститутсиноӣ саҳмгузорӣ мекард. Ў бо ҳисси ифтихору қаноатмандии комил қарору ҳуҷҷатҳои Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (Даъвати XII), ки аз 16 –уми ноябр то 2 декабри соли 1992 дар дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд давом мекард, дастгирӣ менамуд.

Дар маркази диққати олим ҳамеша масъалаҳои мубрами барои тоҷикон тақдирсоз ҷой доранд. Ў даъват мекунад, ки ба таҷрибаи таърих, тарзи давлатдории кунунии давлатҳои пешқадаму демократии дунё такя намуда, роҳу маҷрои барои Тоҷикистон хосро дарёфтан лозим аст.

Чун олим ва сиёсатмадори дурандеш Раҳим Масов озодии воқеии сиёсӣ, истиқлолияту пешравии иқтисодӣ ва фарҳангиро бе ёрии беғаразонаи давлатҳои бузург тасаввур карда наметавонист. Дар ин ҷода ў ҳамеша ба сабақҳои таърих рў овардааст.

Академик Раҳим Масов зиёда аз 25 сол роҳбарии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дўш дошт. Дар ин давраи ниҳоят мураккаб роҷеъ ба масъалаҳои мубрами таърих зиёда аз 30 мусоҳибаро бо рўзноманигорон анҷом дадааст.

Академик Раҳим Масов узви як қатор созмонҳову ташкилотҳои байхалхалқӣ ва ватанӣ мебошад. Аз соли 1988 директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш ва раиси Шўрои диссертатсионии Институти номбурда будааст.  Аз соли 1990 узви Коммисия оид ба омўхтани ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 1991 узви бюрои шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи муҳокимаи мукофоти ба номи Абўалӣ ибни Сино, узви Кумитаи миллии Тоҷикистон оид ба ЮНЕСКО буд.

Чун яке аз ходимони сиёсӣ нақши академик Раҳим Масов дар ҳаёти сиёсиии мамлакат ба касе пўшида набуд. Ба ҳайси узви Комиссияи оштии миллӣ ба набзу дастгоҳи сиёсии ҷумҳурӣ алоқамандии бевоситаи касбӣ дошт. Аз ин рў, ў чун сиёсатмадор дар қатори маъруфтарин ходимони сиёсию ҷамъиятӣ  қарор дорад.

Вазифаҳои илмию ҷамъиятии бар дўш доштаи ў хеле зиёд буданд. Академик Раҳим Масов  узви Комиссияи омўзиши ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон, узви ҳайати таҳририяи сарредаксияи «Энсиклопедияи миллии тоҷик» муҳаррири масъули китоби шашҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик», узви Комиссияи давлатии дарёфти мукофоти ба номи Абуалӣ ибни Сино, сармуҳаррири маҷаллаи илмӣ - оммавии «Мероси ниёгон», раиси Шўрои дифои рисолаҳои докторӣ аз рўи тахассуси таърихи ватанӣ ва таърихнигорию маъбаъшиносии назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боз узвияти чандин ташкилотҳои илмию ҷамъиятии расмию гайрирасмӣ мебошад.

Таҳти роҳбарии академик Раҳим Масов чандин докторону номзадҳои илм ба шоҳроҳи касбӣ ворид гардидаанд. Ў яке аз саршиностарин бунёдгузори мактабест, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои ҳақиқатнигории таърихӣ ё историзм асос ёфтааст. Академик Раҳим Масов аз зумраи муаррихони тавоноест, ки нерую қудрати илми таърихро ба маҷрои ба манфиати халқ мувофиқ, баҳри равнақи худшиносии миллӣ, ваҳдати комил, созандагӣ ва рушди кишвар равона сохтааст.

Иштироккунандаи Форуми якум, дуюм ва сеюми  тоҷикони ҷаҳон, узви мушовараи Ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1996), узви Комиссияи оштии миллӣ (1997-2000), узви Кумитаи ташкилии 1100 солагии давлати Сомониён (1999), узви таҳририяи маҷалаи  «Фазои таърихӣ» («Историческое пространство (Проблемы истории стран СНГ»), ва ғайраҳо буд.

Хизматҳои бисёрсолаи устод Раҳим Масовро соли 1988 бо «Ифтихорномаи Шўрои Олии Тоҷикистон», соли 1999 бо ордени Спитамен, соли 2002 бо медали ҷашнии «Ба ифтихори 10 - солагии Иҷлосияи 16-уми Олии Тоҷикистон», соли 2008 барои хизмати ҳамкории илмӣ дар байни Тоҷикистон ва Россия бо ордени «М.Ломоносов», соли 2009 бо «Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон, дараҷаи 1» ва соли 2011 бо медали «20-солагии Истиқлолият», соли 2013 бо Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» ва Ҷоизаи давлатии ба номи Абўалӣ ибни Сино қадр намуданд.

Ёди ин донишманди бузург гиромӣ бод!

Муаллими калони кафедраи таърихи умумӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ Мирзоев М. Н.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj