• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

ШИНОХТИ ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Забон хишти аввалини кохи миллат буда, яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Чӣ гуна ки ба ҳамагон маълум аст, забон аз бузургтарин авомилест дар ташаккул, рушд ва камолоти ҳар миллат. Тавассути забон миллат дар ҷомеа устувору собит аст ва дар шоҳроҳи худшиносӣ ва пояндагӣ гомҳои қавӣ мегузорад. Вале дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки дар се даҳсолаи охир хеле ба авҷ расидааст, ин масъала ба забон ва ҳувияти миллатҳо таъсироти манфии худро расонида истодааст. Агар ба шарҳи ин ду ифода бигзарем, забон ва ҳувият ду ҷузъи ҷудоинопазире мебошанд, ки дар ташкили зерсохторҳои ҷомеаи башарӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунанд.  Ба хотири пешгирии баъзе хатароти мавҷуда наметавон дарҳои кишвари худро ба рӯйи раванди ҷаҳонишавӣ баст, зеро ин роҳ ба манфиати ҳеҷ кишваре буда наметавонад. Масъала дигар ин нест, ки барои олуда нашудани забони миллӣ ва ҳимояи ҳувияти миллӣ як миллат худро аз раванди ҷаҳонишавӣ берун нигаҳ дорад. Масъала ин аст, ки роҳҳои дурусти ҳифзи бақо дар шароити ҷаҳонишавӣ ба роҳ монда шуда, вижагиҳои миллӣ, аз ҷумла назофати забон ва ҳувияти миллӣ нигаҳ дошта шавад. Ба ибораи дигар ворид шудан ба раванди ҷаҳонишавӣ ногузир аст ва сарнавишти забон ҳувияти миллӣ дар ин шароит дар дасти худи давлатҳои миллӣ мебошад. Муайян кардани бурду бохтҳои ин раванд ва коркарди стратегияи дурусти давлатӣ ҷиҳати рушди забон ва ҳимояву тақвияти ҳувияти миллӣ дар замони муосир аҳамияти вижа дорад.

Вале дар ин баробар бояд зикр кард, ки забон дар ин раванд масъалаи муҳимтар аст. Бо вуҷуди паси сар намудани нокомиҳои зиёд тохтутозҳои бераҳмонаву ғоратгарона, сухтору куштор ва парокандагии милливу мазҳабӣ ва амсоли инҳо дар бақову асолати забони тоҷикӣ  монеа эҷод накарданд. Забони тоҷикӣ дар як давраи тӯлонӣ солҳо дар баробари забони давлатдориву коргузорӣ, вазифаи халқияту миллатҳои гуногунро низ ба ҷо овардааст. Забони тоҷикӣ аз қадим то имрӯз забони ҳамдилӣ, забони илму фарҳанг ва забони сулҳу амният аст.

Забони модарии мо ин забонест  ширину шево ва шоирона. Забони  тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, дар сарнавишти таърихии миллати мо беҳтарин неъмат ба ҳисоб меравад. То ҳол бо ифтихор метавон ҳадс зад, ки миллати тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.

Аз нигоҳи шинохти таърихи забонҳо забони тоҷикӣ аз ҷумлаи  қадимтарин забонҳои дунё буда,  аз забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аксар забонҳои бостонии сайёра вом гирифтаанд.
Дар аксар осори забоншиносии олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ пай бурдан мумкин аст, ки решаҳои забони мо ба даврони пеш аз мелод ва нахустин замони солшумории милодӣ рафта мерасад.
Яке аз давраҳои ҳассос барои миллати тоҷик солҳои бистуми асри гузашта буд, ки душманони ин миллати куҳанбунёди тоҷик мехостанд мавҷудияти миллату забони тоҷикиро инкор намоянд. Вале  дар шароити барои халқи тоҷик ва забони модарии он басо тақдирсоз фарзонагоне, ба мисли Устод Садриддин Айнӣ пайдо шуданд ва ба ҷаҳониён исбот намуданд, ки миллати тоҷик бо забони ганҷофари худ беҳтарин дурдонаҳои илму адабро ба оламиён эҳдо кардааст. Ҳазорон адибону донишмандон бо ин забони ноб осори безаволу мондагорро эҷод кардаанд, ки имрӯз мардуми сайёра «Маснавии маънавӣ», «Ал–қонун фит-тиб» ва амсоли инҳоро моли худ меҳисобад. Рубоиёти Умари Хайём имрӯз вирди забони мардуми дунё гашта, маҷмуаи ин рубоиёт китоби рӯимизии давлатмардони олам гаштааст.  Оғоз аз осори Рӯдакиву Дақиқиву Фирдавсӣ то  Донишу Айниву Турсунзода ва ҳазорони  дигар бо забони шевои тоҷикӣ иншо гашта, барои ҳар фарди тоҷик азизу аст.

Ин забони ноб дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ шебу фарозҳоеро  тай карда,  имрӯз ҳам рисолати азалии худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст. Ба хотири ҳифзу ҳимояи ҳамин рукни давлатдорӣ
давлат ва ҳукумат қонуни нави забонро ба тасвиб расонданд, ки дар таърихи 5-уми октябри соли 2009 бо унвони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуда, имрӯз амал мекунад. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқӣ ва доираи истифодаи забонро муайян карда, дурнамои рушди онро дар замони истиқлоли давлатӣ - дар шароити дигаргуниҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба танзим медарорад.
Ин қонун тазаккур медиҳад, ки забони тоҷикӣ дар ҳама ҷабҳаҳои ҷомеа ба ҳайси забони давлатӣ амал мекунад ва бояд чунин эътироф ҳам гардад.
Тамоми мақомоти давлатӣ, ки манфиатҳои давлату ҳукуматро ҳимоя мекунанд,  вазифадоранд талаботи қонуни мазкурро дар тамоми соҳаҳо таъмин ва риоя намоянд.

Хушбахтона, дар баробари соњибистиќлол шудани Тоҷикистони азиз, бо саъйю кўшишњои беназири Асосгузори сулњу вањдати миллӣ – Пешвои миллат, муњтарам Эмомалӣ Рањмон забони тоҷикӣ натанњо дар њудуди кишвар, балки берун аз он, дар сартосари ҷањон манзалату шуњрати бисёрро касб намудааст.

Пешвои миллат дар сиёсати пешгирифтаи хеш масъалаи омўзиши забонро яке аз муњимтарин ва арзишмандтарин рукну пойдории миллат њисобида, дар ин росто пайваста онро мавриди сиёсати хирадмандонаи хеш ќарор медињад.

Аз ташаббусҳои  бузурги Сарвари давлат, ќабули Ќонун «Дар бораи забони тоҷикӣ» ва ба ҳайси иди хосса таҷлил намудани Рўзи забони давлатӣ ба шумор меравад, ки њамасола дар саросари кишвари азизамон ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад.

Мавриди зикр аст, ки имрўзњо тамоми барномањои давлатӣ, марказњои омўзиши забони давлатӣ тартиб ва тањия шудаанд. Омўзиши забони давлатӣ дар тамоми ќишрњои ҷомеа ва таълими он дар тамоми муассисањои гуногуни кишвар ба таври ҷиддӣ ва васеъ ба роњ монда шудааст.

Дар ин масъала, ки натанҳо имрӯз, балки фардо ҳам дар пайи назофати забони хеш бошем, мо бояд дар раванди тарбияи насли наврас, ки тақдири ояндаи забон дар дасти онҳост, аз оғози сухангӯй шудани онҳо дар зеҳну забонашон каломи зебои тоҷикиро ҷой диҳем.
Дар шевотар шудани забони тоҷикӣ, баланд бардоштани сатҳи забондонии мардум ва дур кардани нуқсонҳо нақши васоити ахбори умум хеле калон аст. Намояндагони воситаҳои ахбори омма ин масъаларо бояд ҳамеша дар мадди назари хеш дошта бошанд.

Мо шаҳрвандони ин кишвари биҳиштосо, ки номаш Тоҷикистон аст, барои омӯзишу таҳқиқи таърихи забонамон бояд бештар талош варзем ва ҷиҳати эҳёи  забонҳои қадима чораҷӯӣ кунем, ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ надиҳем, то  нуқсу камбудиҳо ба забонамон роҳ ёфта, онро коста гардонанд.

Бояд ҳамеша қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии худро дар  баробари забони модари худ иҷро кунем, онро дӯст дорем, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣ дорем.

Баротзода Файзиддин Камолиддин, мудири кафедраи назарияи тарҷума ва услубшиносии факултети забони англисии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj