• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Исследование
There are no translations available.

САЛОҲИЯТҲОИ ОМЎЗГОРИ ФИЗИКА ЗИМНИ ТАТБИҚИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ БА ТАЪЛИМ

Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омўзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон 26.12.2019 ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд.

Дар Паёми навбатиашон (26. 01. 2021) бошад, қайд карданд, ки «Ба хотири боз ҳам бештар ба омўзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омўзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурўғи маърифат» гузаронида шавад». Ба таъкиди Пешвои миллат «Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем».

Пешвои миллат изҳори умедворӣ намуданд, ки дар озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати хешро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд.

 

Дар асоси ин пешниҳоди Пешвои миллат ва барои дар сатҳи баланд татбиқ намудани «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» муассисаҳои таҳсилоти олии педагогӣ бояд омўзгоронеро тарбия намоянд, ки барои татбиқи муносибати босалоҳият дар раванди таълими фанҳои мактабӣ, аз ҷумла физика омода бошанд, зеро таълиму тарбияи муваффақонаи насли наврас аз таҷрибаи касбӣ, фазилат ва маданияти баланди омўзгор вобаста аст.

Аз ин рў, ҳар як омўзгори физика бояд донад, ки ў шахси масъулу равшанфикр ва пешбарандаи ҷомеа ба шумор меравад; бояд рисолати касбии хешро сидқан ба ҷо орад, дар таълиму тарбияи насли бомаърифату хушахлоқ, соҳиби касбу ҳунар, бонангу номус, ватандўсту ватанпараст ва ба миллату Ватани хеш содиқу вафодор саҳми арзанда гузорад.

Ҳамчунин, гузариш аз низоми анъанавии таълим ба муносибати нави таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ методҳои таълим ва нақши омўзгорро ба куллӣ тағйир дод. Муносибати босалоҳият ба таълим тамоюли муҳим дар фазои ягонаи таҳсилот ба шумор рафта, барои аз байн бурдани мухолифати байни талаботи барнома ва эҳтиёҷоти ҷомеа, талаботи шахсро дар натиҷаи омўзиш қонеъ мегардонад. Дар муносибати босалоҳият ба таълим муносибатҳо ва раванди тадрис хусусиятҳои ба худ хос доранд. Хусусиятҳои мазкур муносибати хонандаро ба таълим, нақши омўзгорро дар раванди таълим, муносибати омўзгору хонандагон, хонандагону маводи таълим ва муносибати байниҳамдигарии хонандагонро муайян мекунанд. Дар муносибати босалоҳият ба таълим нақши омўзгор низ тағйир меёбад. Нақши омўзгор аз интиқолдиҳандаи дониш ба роҳнамои хонандагон, ёвару маслиҳатчӣ, намоишдиҳандаи малакаву маҳорат, арзёбикунандаи дараҷаи азхудкунии дониш, малака ва маҳорати онҳо табдил меёбад.

Омўзгори физика – мутахассисест, ки асосҳои илми физикаро ба хонандагон таълим дода, ба таълими политехникӣ ва тамоюли касбинтихобкунии хонандагон асос мегузорад. Бар замми ин, ў ба инкишофи тафаккури физикӣ, фаъолияти эҷодӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмии хонандагон ва омода будан ба ҳаёт замина мегузорад.

Аз ин лиҳоз, салоҳиятҳои омўзгори физика бояд дар доираи салоҳиятҳои омўзгор таҳия шуда бошанд ва ба мақсадҳои таълими физика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, талаботи дидактика, навъҳои фаъолият ва вазифаҳои асосии омўзгори физика мувофиқат намоянд.

Доираи салоҳиятҳои омўзгор – сохтори консептуалие, ки салоҳиятҳои омўзгоронро тавсифу танзим мекунад ва ин салоҳиятҳо барои кор дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ эътибор доранд. Доираи салоҳиятҳои омўзгор дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ки афзалиятҳои стратегии рушди маорифро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд, таҳия шудааст.

Доираи салоҳиятҳои омўзгор ҳамчун ҳуҷҷат, мушаххасан таъкид менамояд, ки омўзгор ва дигар кормандони соҳаи маориф бояд дорои кадом арзишҳо, дониш ва малакаву маҳоратҳои касбӣ бошанд.

Доираи салоҳиятҳои омўзгор ба се қисмат ҷудо мешавад:

1. Арзиш ва муносибатҳои касбӣ

Дар ин қисмат арзишҳои асосӣ ва муносибатҳои касбии омўзгор гурўҳбандӣ карда шудаанд. Ин арзишҳоро омўзгор дар зинаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва дар тўли фаъолияти таълимӣ ба даст оварда, муносибатҳои касбии худро дар асоси онҳо танзим мекунад. Арзиш ва муносибатҳои касбӣ омили асосии муайянкунанда ва танзимкунандаи фаъолияти омўзгор буда, ду рукни дигар (донишҳо ва маҳоратҳо) низ бар асоси онҳо муайян мегарданд.

2. Дониши касбӣ

Дар ин қисмат огоҳӣ, фаҳмиш, иттилооти ақлонию зеҳнӣ ва илмие, ки омўзгор дар зинаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва дар тўли фаъолият ба воситаи омўзиш ва роҳнамоии дигарон азхуд мекунад, гурўҳбандӣ карда шудаанд.

3. Маҳорати касбӣ

Ин қисмат маҷмўи маҳорати касбиеро дарбар мегирад, ки омўзгор дар зинаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва дар тўли фаъолият ба даст оварда, пайваста онҳоро сайқал медиҳад ва истифода мебарад.

Салоҳияти омўзгор ин маҷмўи дониш, малака, маҳорат, арзиш ва муносибатҳои ба ҳам пайванде мебошанд, ки ҳалли мушкилоти мушаххаси фаъолияти касбиро таъмин месозад. Доираи салоҳиятҳои омўзгор барои он ба се қисмат ҷудо карда шудааст, ки мафҳумҳо возеҳ шарҳ дода шаванд, аммо бояд дар назар дошт, ки қисматҳои зикршуда дар алоҳидагӣ ба ташаккули салоҳиятҳои омўзгор мусоидат карда наметавонанд. Салоҳиятҳо дар натиҷаи ҳамгироии ҳар се қисматҳои фавқуззикр ташаккул меёбанд.

Дар Стандарт ва барномаҳои таълимӣ мақсадҳои таълими физика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тибқи муносибати босалоҳият ба тариқи зайл муайян карда шудааст:

1.  дар хонандагон ташаккул ва инкишоф додани дониши илмӣ барои шарҳи ҳодисаву равандҳое, ки дар табиату техника рўй медиҳанд ва барои идома додани таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ заруранд;

2.  ба хонандагон фаҳмонидани асосҳои назарияи физикаи муосир (далелҳои илмӣ, мафҳумҳо, қонунҳо ва тамсилаи назариявӣ), ки ҷавҳари мазмуни маълумоти физикиро ташкил медиҳанд;

3.  азхуд кардани забони физика ва маҳорати истифода бурда тавонистани он барои таҳлили маълумоти илмӣ ва пешниҳоди ғояҳои (идеяҳои) асосии физикӣ ба тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ (мафҳумҳо, қонунҳо, формулаҳои физикӣ, графикҳо ва ғ.);

4.  ташаккули маҳорату малакаҳои масъалаҳалкунӣ, ба система даровардани мушоҳидаи ҳодисаҳои табиат ва равандҳои технологӣ, банақшагирӣ ва гузаронидани таҳқиқот;

5.  такмили маҳорати истифодабарии асбобҳои ченкунанда аз ҷониби хонандагон.

Дар маҷмўъ, ин ҳадафҳоро тибқи талаботи дидактика ба таълимӣ, тарбиявӣ ва инкишофдиҳӣ ҷудо кардан мумкин аст.

Ба мақсади таълимӣ инҳо дохил мешаванд: ташаккули маҷмўи донишҳои асосии илми физика (мафҳумҳои фундаменталии физикӣ, қонунҳо ва назарияҳо), дониш оид ба методҳои дарккунӣ, мушоҳида, озмоиш, амсиласозӣ, пешниҳод кардани фарзияҳо, таҳлили назариявии далелҳои илмӣ, ташаккули маҳорату малакаҳои озмоишӣ ва ғайра.

Ба мақсади тарбиявӣ: ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, политехникӣ, эстетикӣ, экологӣ, тарбияи рўҳӣ, тарбияи ғоявӣ, шаҳрвандӣ ва ватанпарварӣ.

Ба максади инкишофдиҳӣ: инкишофи тафаккур (алалхусус, тафаккури физикӣ, мантиқӣ ва техникӣ), хотира, идрок, мустақилият, шавқу ҳаваси маърифатӣ ва ғ.

Дар ҳамин замина навъҳои фаъолияти омўзгори физика низ тағйир меёбад, аз ҷумла:

а) ташаккул додан ва дарк кардани фаъолияти педагогӣ, омўхтани маҷмўи донишҳои умумиву махсус ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф, инчунин ташаккул додани маҳорату малакаҳои методӣ;

б) омўхтани тарзи кор бо китоби дарсӣ, адабиёти илмию методӣ, барномаю тавсияномаҳо, ба нақша даровардани маводи таълимию тайёр кардани дарсҳои алоҳида, маҳорати навиштани конспекти маърўзаҳо, дуруст кашидану хондани нақшаву графикҳо, мувофиқи қоидаҳои забони адабию илмӣ талаффуз кардани калимаю ибораҳо ва истилоҳоти фаннӣ, шарҳ додани мафҳуму далелҳои илмӣ, инчунин, хушхаттиву соддабаёнӣ;

в) омўхтани нозукиҳои касби педагогӣ, идора кардани фаъолияти донишандўзии хонандагон, тарзи ташаккул додани маҳорату малакаи онҳо, инчунин худомўзию мустақилона инкишоф додани фаъолияти эҷодӣ;

г) маҳорати навҷўйӣ, ба ҳар як машғулият бонизом тайёрӣ дидан, баёни мавзўъ ва кори мустақилонаи хонандагонро мувофиқи мақсади дарс муайян намудан, дар хонандагон инкишоф додани фаъолияти эҷодӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва талқин кардани хислатҳои неки инсонӣ.

Мусаллам аст, ки ҳамаи ин худ аз худ ба даст намеояд, балки дар натиҷаи ҷустуҷў, заҳматҳои паёпай, хондани адабиёти илмӣ, методӣ, психологӣ, педагогӣ, омўхтани таҷрибаи пешқадам, таҳсил дар курсҳои такмили ихтисос ва ғайра ҳосил мешавад.

Мувофиқи талаботи имрўза омўзгор бояд корҳои зеринро анҷом диҳад:

1) мунтазам омўхтану риоя ва татбиқ кардани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф;

2) ба нақша даровардани тамоми ҷузъиёти фаъолият: нақшаи тақвимӣ, нақшаи машғулиятҳои берунисинфӣ, нақшаи кори кабинети физика, нақшаи худомўзӣ, нақшаи корҳои тарбиявӣ, нақша-конспекти дарси яксоата ва ғ.;

3) худомўзӣ тавассути адабиёти илмӣ, методӣ, матбуоти даврӣ, иштирок кардан ба семинару конференсияҳо ва курсҳои такмили ихтисос;

4) тартиб додани нақшаи машғулиятҳо, тайёрӣ ба машғулиятҳо, ташкил ва таҷҳизонидани кабинет, таъмини кабинет бо воситаҳои техникӣ ва аёнии ҳозиразамон, таъмири асбобҳо, гузоштани корҳои лабораторӣ, сохтани асбоб ва дигар воситаҳои аёнӣ;

5) ташкил кардани конференсияҳо, шабнишиниҳо, маҳфилҳо ва ғ.;

6) корҳои инфиродӣ бо хонандагон, ҷамъбасти корҳои санҷишӣ ва лабораторӣ, ташкил кардани мусобиқаҳо;

7) иштирок ба дарсҳо, курсҳои такмили ихтисос, сўҳбат бо омўзгорону методистон;

8) истифода бурдани методҳои таҳқиқот (мушоҳида, озмоиш), ҷустуҷўи методҳои самараноки таълиму тарбия, навиштани маърўзаву мақолаҳои илмӣ-методӣ ва ғ.;

9) тарғибу ташвиқи комёбиҳои илму техника, аҳамияти илму донишомўзӣ ва ғ.

Омўхтану амалӣ гардонидани силсилаи маҳоратҳои номбурда вазифаи асосии омўзгор ва нишонаҳои ихтисосмандии ў буда, ба нақша даровардану ташкил кардан ва босамар гузаронидани машғулиятҳо савияи баланди фаъолияти касбии омўзгорро тақозо менамояд.

Бо баҳисобгирии далелҳои зикршуда, дар доираи салоҳиятҳои омўзгор, салоҳиятҳои асосӣ ва салоҳиятҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанни физика салоҳиятҳои омўзгори физикаро ба тариқи зайл пешниҳод намудан мумкин аст:

Омўзгор физика бояд:

I. Мафҳум ва истилоҳоти санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф, силсилаи фанҳои физика, методикаи таълими физика, педагогика ва психологияро шарҳ дода тавонад.

Нишондиҳандаҳо (индикаторҳо): талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маорифро татбиқ намояд; аз фанни физика ба дараҷаи баланд тайёрии назариявӣ ва амалӣ дошта, мафҳумҳои фундаменталӣ, ҳодисаҳо, қонун ва назарияҳои физикиро шарҳ диҳад; аз фанҳои педагогика ва психология ба дараҷаи баланд тайёрии назариявӣ ва амалӣ дошта, мафҳумҳои фундаменталӣ, қонун ва назарияҳои ин фанҳоро шарҳ дода тавонад; соҳиби ҷаҳонбинии васеи илмӣ бошад ва онро ҳангоми омўзиши фанни физикаи мактабӣ дар хонандагон ташаккул дода тавонад.

II. Мафҳуму истилоҳоти ин санадҳо ва фанҳоро дар раванди ташкили таълими физикаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ татбиқ намояд.

Нишондиҳандаҳо (индикаторҳо): маводи таълимиро мантиқан, пай дар пай, фаҳмо ва эҳсоснок баён ва мазмуни аслӣ ва асосии онро ҷудо карда тавонад. Диққати хонандагонро ба ҷараёни баёни мавзўи нав ҷалб карда, ба қобилияти азхудкунии маводи таълимӣ баҳо дода тавонад; восита ва методҳои фаъол гардонидани тафаккур ва фаъолияти маърифатии хонандагонро донад, мушкилотро ҳал карда тавонад, диққати хонандагонро барои ҳалли масъалаҳо ҷалб ва элементҳои бозӣ, мубоҳиса (дисскусия)-ро истифода намояд; усулҳои гуногуни арзёбии савияи дониши хонандагонро татбиқ намояд.

III. Таълими физикаро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба роҳ монад ва навъҳои гуногуни машғулиятҳои таълимиро аз физика гузаронад.

Нишондиҳандаҳо (индикаторҳо): дар машғулиятҳо методҳои гуногуни таълим ва воситаҳои мувофиқи методиро интихоб ва истифода карда тавонад; методикаи гузаронидани шаклҳои гуногуни машғулиятҳои таълимӣ: дарс, конференсия, семинар, лексия, корҳои лаборатории фронталӣ, практикуми физикиро донад, тарзи мувофиқи идора кардани фаъолияти маърифатии хонандагон, намудҳои корҳои таълимӣ ва тарзи назорати онҳоро азхуд карда бошад; корҳои мустақилонаи синфӣ ва берунисинфии хонандагонро ташкил карда, дар онҳо маҳорати иҷрои навоваронаи вазифаҳои таълимиро ташаккул диҳад; дар ҷараёни таълим робитаи дохилифаннӣ ва байнифаннии физикаро амалӣ гардонад; дастурҳои таълимӣ, воситаҳои аёнӣ ва ВТТ-и муосирро дар ҷараёни таълим васеъ истифода бурда тавонад; шаклҳои гуногуни корҳои берунисинфии фанниро ташкил карда, ба машғулиятҳои гуногун ва маҳфилҳо роҳбарӣ намояд.

IV. Навъҳои гуногуни масъалаҳои физикиро ҳал кунад, принсипи амали таҷҳизоти барои гузаронидани навъҳои гуногуни озмоиши физикаи мактабӣ зарурбударо шарҳ диҳад ва онҳоро истифода карда тавонад.

Нишондиҳандаҳо (индикаторҳо): методикаи ҳалли навъҳои гуногуни масъалаҳои физикиро татбиқ намояд; методикаи тартиб додани масъалаҳои физикӣ ва ҳалли онҳоро ба хонандагон омўзонад; методика ва техникаи озмоишҳои физикиро татбиқ намояд; бо асбобҳои таълимии асосии кабинети физикаи мактабӣ шинос бошад ва онҳоро дар ҷараёни гузаронидани таҷрибаҳои намоишӣ, корҳои лаборатории фронталӣ ва практикуми физикӣ истифода бурда тавонад; кабинети физикаро тибқи талаботи замон муҷаҳҳаз гардонад; асбобҳои зарурии соддатарини намоиширо сохта ё таъмир карда, ҳолати кории таҷҳизоти лабораторияи физикаро таъмин намояд; қоидаҳои нигоҳ доштани асбоб ва воситаҳои лабораторӣ ва намоиширо риоя кунад.

V. Озмоиши педагогӣ гузаронида, натиҷаҳои онро таҳлилу ҷамъбаст намояд, аз таҷрибаи худ дастуру тавсияҳои методӣ таҳия намояд.

Нишондиҳандаҳо (индикаторҳо): методҳои гуногуни таҳқиқотиро балад бошад ва барои самаранок истифода бурдани онҳо кўшиш намояд; адабиёти асосии методикаи таълими физикаро хуб донад ва онҳоро аснои тайёрӣ ба дарсҳо ва машғулиятҳои берунисинфӣ истифода барад; ба адабиёти даврӣ диққати махсус диҳад ва китобхонаи худро бо он пурра гардонад; фаъолияти таълимии худро аз назари интиқодӣ таҳлил кунад ва саривақт ба мазмун ва методикаи он тасҳеҳ дохил намояд; маърўза ё ахбор барои ҳамоишҳои (семинарҳои) методии омўзгорони физикаи ноҳия, шаҳр ва хонишҳои педагогӣ омода намояд.

Боиси зикр аст, ки салоҳиятҳои мазкур дар асоси салоҳиятҳои асосӣ барои фанҳои табиӣ-математикиву технологияи информатсионӣ ва салоҳиятҳои фаннӣ, ки дар семинарҳои омўзишӣ (моҳи ноябри соли 2017) тибқи «Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат – 1» таҳия шуда буданд, мураттаб гардидаанд.

Хотиррасон менамоем, ки дар ҳамин семинарҳои омўзишӣ барои фанҳои табиӣ-математикӣ ва технологияи информатсионӣ панҷ салоҳияти асосии зерин таҳия шуда буданд: 1) маҳорати омўхтан; 2) эҷодкорӣ; 3) тафаккури интиқодӣ; 4) коммуникативӣ; 5) ҳамкорӣ.

Бо назардошти салоҳиятҳои асосӣ салоҳиятҳои умумифаннӣ аз физика таҳия карда шуданд, ки инҳоянд:

Хонандагон бояд:

1. Мафҳумҳои физикиро шарҳ диҳанд. 2. Ҳангоми шарҳи ҳодисаҳо ва равандҳои физикӣ мафҳумҳои мувофиқро истифода намоянд. 3. Бо истифодаи мафҳумҳо навъҳои гуногуни масъалаҳои физикиро ҳал кунанд. 4. Принсипи амали асбобҳоро шарҳ дода, баъзеи онҳоро истифода карда тавонанд. 5. Озмоиш гузаронанд.

Имрўзҳо инкишофи шахсияти хонанда дар заминаи иқтидори ботинияш, мувофиқи анъанаҳои беҳтарини фарҳангиву таърихӣ ва дастовардҳои технологии инсоният ҳадафи асосии таҳсилот ба ҳисоб меравад. Он самтҳои асосии такмил додани соҳаи маорифро муайян мекунад, ки на танҳо ба азхудкунии миқдори муайяни донишҳо аз ҷониби ҳар як хонанда, балки ба ташаккули шахсияти вай, фаъолияти маърифатӣ ва эҷодӣ, худмуаррифии мустақилона ба манфиати ҷомеа ва шахсияш нигаронида шудааст.

 

Умаров Умар Сулаймонович – дотсенти кафедраи методикаи таълими физикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ.

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj