• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Исследование
There are no translations available.

ЗАБОН ВА УСЛУБИ ХОСИ АШЪОРИ МИРЗО ОЛИМҶОНИ ҲАСРАТ

Мирзо Олимҷон ном шоири хушсалиқа, ки бо тахаллуси Ҳасрати Ҳисорӣ дар водии Ҳисор ном бароварда буд, миёни аҳли адаби Самарқанду Бухоро низ хеле маъруф буд. Ҳасрат зодаи водии Ҳисор буда, дар охири асри XVIII ва аввали асри XIX зиндагӣ ва эҷод кардааст. Дар Бухоро таҳсили илм намуда, илмҳои маъмули замонашро аз бар намудааст. Инчунин донандаи шеъру ғазал, наққоши беҳтарин ва қории «Қуръон» низ буд. Чӣ гунае ки мо дар мақолаҳои қаблӣ борҳо таъкид намуда будем, Водии Ҳисор дорои доираи адабии худ буда, дар Мовароуннаҳр баъд аз Самарқанду Бухоро яке аз ҳавзаҳои муҳими адабӣ ба шумор мерафт. Ва муҳити адабӣ дар Водии Ҳисор хуб амал намуда, дар он шоирону нависандагон аз гӯшаву канори водӣ ҷалб шуда буданд. Дар замони зиндагии шоир Мовароуннаҳру Хуросон аз манотиқҳое буданд, ки сабки ҳиндӣ дар он хеле шуҳрат ёфта буд. Шоирон ба ашъори Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1721) тақлид намуда, дар пайравии ӯ ғазалҳо меофариданд. Нуфузи зиёд доштани сабки Бедилӣ дар он буд, ки Ҳасрат барин шоирони машҳур дар ин сабк ғазалҳо суруда, инчунин дар ин сабк ашъори худро мураттаб месохтанд. Ҳасрати Ҳисорӣ низ яке шоиронест, ки чанд ғазале дар тақлиду пайравии Бедил сурудааст.

Баъд аз омӯзиши осору рӯзгори Мирзо Олимҷон Ҳасрати Ҳисорӣ ба хулосае омадан зарур аст, ки мақоми шоир дар таърихи адабиёти тоҷик ҳамчун шоири орифи исёнгар баланд аст. Ҳасрат дар шеър шеваи хос ва сабку услуби шеърофаринии худро дошта, аз худ ашъори басо ҷолиби диққатро ба ёдгор мондааст. Таъсирпазириаш аз шуарои пешин, алалхусус Бедил дар ашъори ӯ хеле ҷолиби таваҷҷуҳ аст. Дар шеър ҷаҳонбинии шоир ва сабки шеваи сухани ӯ дар муқоиса бо ҳамасронаш хеле баланд аст.

Водии Ҳисор ва доираи адабии он, инчунин суханварону намояндагони илму адаби ин водӣ дар як қатор сарчашмаҳои адабию таърихӣ, аз ҷумлаи «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, «Маҷолис-ун-нафоис»-и Алишери Навоӣ, тазкираи «Таърихи Рашидӣ»-и Мирзо Муҳаммади Ҳайдар, «Рўзи равшан»-и Мавлавӣ Ҳусайни Сабо, «Музаккир-ул-асҳоб»-и Малеҳои Самарқандӣ, «Миръот-ул-хаёл»-и Мирзо Абдулазими Сомӣ, «Туҳфат-ул-аҳбоб»-и Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ ва «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ муаррифӣ шудаанд.

Ҳасрати Ҳисор дар шеъру шоирӣ ҳунару истеъдоди баланд дошта, миёни тазкиранависон ва адабиётшиносон ҳамчун шоири боистеъдод ном бурда мешавад.

Шоир инчунин аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб муаррифӣ шуда, ҳунари шоирии ӯ дар китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» чунин баҳогузорӣ шудааст: «Ҳасрат шахси ҳозирҷавоб, ҳаҷвнигор, ғаюру рӯйиростгӯй буда, аз танқиди муллову аҳли дарбор то ба шоҳ ибо намекард ва онҳоро ба як шакли эҷодиёти халқӣ … ҳаҷв менамояд» [26, 231].

Дар ин асар инчунин таъкид мешавад, ки Ҳасрат дар сабки бедилӣ ғазалҳои хуб офаридааст. Ва як ғазалеро, ки дар ин сабк суруда шудааст, ба таври намуна оварда шудааст:

Дар ин ҷо хӯ ба меҳнат кун, ки ёбӣ дастгоҳ он ҷо,

Бипаймо водии дашти адаб, бишкан кулоҳ он ҷо.

Ҷабини орзу фарши мусаллои ҳаё гардон,

Таваккул кун ба зоти ӯ, барӣ охир паноҳ он ҷо [26, 230].

Шоир қариб ки ба ҳамаи мавзуъоти адабиёт даст задааст ва дар мавзуъҳои ҷолиб ғазалҳои хубу дилписанд офаридааст. Яке аз ин мавзуъҳо мавзуйи ишқ мебошад. Мавзуйи ишқ аз муҳимтарин ва ҷолибтарин мавзуъҳои ҷовидонаи адабиёт аст. Дар ашъори шоирони Бухорои Шарқӣ низ ин мавзуъ хеле доман паҳн кардааст ва Мирзо Олимҷон яке аз шуарои ин водист, ки қисмати зиёди ашъорашро ин мавзуъ фаро гирифтааст.

Дар сурудани мавзуйи ишқ Ҳасрат аслан, ҳамон суннатҳои адабиёти классикии форсу тоҷикро идома додааст. Ҳасрат шоирест, ки ғазалҳои ошиқонааш ҳам ба мавзуйи ишқи воқеӣ ва ҳам ба мавзуйи ишқи илоҳӣ бахшида шудааст:

Эй шўхчашми нозанин майли ҷафо дорӣ, чаро?

Ҷавру ситам бар ҳоли ман з-ин сон раво дорӣ, чаро? [10, 33].

Ҳамчунин қисмати зиёде аз мухаммасоти шоир низ мавзуйи ишқро дар бар гирифтаанд. Дар шеърҳои ошиқонаи Ҳасрат, завқи баланди зебоишиносӣ дида мешавад, ки аз табъи баланди ў шаҳодат медиҳад:

Субҳе зи шавқи оразат рафтам ба боғ, эй симтан,

Гулғунча аз ҳиҷрони ту пўшида аз гул пираҳан,

Наргис зи васфи чашми ту бо булбулон дорад сухан,

Аз ҳасрати шамъи рухат афтода бар тарфи чаман,

Як ҷо сабо, як ҷо хазон, як ҷо гулу як ҷо суман [10, 96].

Ҳасрат аз ашъори шоирони гузашта ба хубӣ огоҳ буда, ба ғазалҳои баъзе аз онҳо мухаммас низ бастааст. Гарчанде мухаммасҳои Ҳасрат дар пояи ашъори шоирони пешин нест, аммо дар муқоиса бо шоирони ҳамасраш ва дар баёни мавзуоти доғи рўз ҷолиби таваҷҷуҳ аст. Ҳасрат аз ашъори шоирони гузашта таъсири зиёд бардоштааст ва хусусан, дар мавзуйи ишқ ҳамон суннатҳои адабии адабиёти гузаштаро идома додааст.

Мирзо Олимҷон Ҳасрати Ҳисорӣ шоири ғазалсарост ва қисмати зиёди ашъори ўро ғазал фаро гирифтааст. Мирзо Ҳасрат ғазалҳои хуби ошиқонаву орифона дорад. Гарчанде Ҳасрати Ҳисорӣ аз пайравони сабки бедилист, аммо дар муқоиса бо шоирони ин сабк забони нисбатан содаву равон дорад. Далели ин гуфта ашъоре мебошад, ки пайравӣ аз ғазалҳои Бедил сурудааст. Нахустғазали девони Бедил, ки бо байти зер оғоз мешавад:

Ба авҷи кибриё, к-аз паҳлўи аҷз аст роҳ он ҷо,

Сари мўе гар ин ҷо хам шавӣ, бишкан кулоҳ он ҷо [3. 160].

Ҳасрат дар истиқболи ғазали Бедил, ғазали зерро сурудааст:

Дар ин ҷо хў ба меҳнат кун, ки ёбӣ дастгоҳ он ҷо,

Бипаймо водии дашти адаб, бишкан кулоҳ он ҷо [10, 27].

Дар маҷмўъ, Ҳасрат идомадиҳандаи суннатҳои адабии адабиёти классикӣ аст. Ҳасрат ба шоирони бузурги гузашта пайравӣ намуда, табъи худро бо шеъри баланд озмудааст.

Забони шеъри Ҳасрат то андозае равону сода буда, мақсади ӯ то андозае ба хонанда фаҳмо аст. Инчунин корбурди санъатҳои бадеӣ дар шеъри Ҳасрат хуб ба кор рафтааст. Сабку сохти сухани шоир аз ҳар лиҳоз ба хонандаи шеъри ӯ фаҳмо ба назар мерасад.

Ҳасрат дар ҷодаи ғазалсароӣ дорои салиқаи бой буда, ғазалҳои ошиқонааш бо завқи баланди касбӣ сароида шудаанд. Ҳасрат дар шеър тасвирҳои зебои ошиқона дорад. Ва ин тасвири зебои саргузаштҳои ошиқона ва маъниҳои орифона далели равшани завқи баланди зебоипарастии шоир мебошад.

Масъалаи муҳиме, ки ин ҷо мавриди баҳс қарор мегирад, ин ҳунари шоирӣ ва ҷанбаҳои адабию бадеии ашъори Ҳасрати Ҳисорӣ мебошад. Ин ҷо пеш аз ҳама метавон бозтоби ҳунари адабии шоирро дар ғазалҳои ў мушоҳида намуд. Адабиётшиносон Ҳасратро ҳамчун шоири ғазалсаро эътироф мекунанд, зеро бахши асосии ашъори ўро ғазал ташкил медиҳад. Ҳарчанд ки ғазалҳои ошиқонаи шоир ба сабки сухани Бедил пайравӣ ва эҷод шудаанд, вале ашъори ў бо забони хеле содаву мардумӣ суруда шудааст. Ва ин ҷо зимни таҳлили қиёсии ғазалҳои Ҳасрат бо ғазалҳои Бедил ба хулосае омадан мумкин аст, ки агарчи ғазали Ҳасрат дар пояи ғазали Бедил ҳам набошад, вале Ҳасрат дар корбурди калимаву таъбироти шоирона бештар ба забони содаву равони мардумӣ такя намудааст. Сабаби дар байни мардум шуҳрати бештар пайдо кардани ашъори Ҳасрат низ аз ҳамин ҷост. Ҳунари қофиясозӣ, истифодаи вазн, ибораю таъбироти шоирона ва ғайра маҳорати адабии Ҳасрат буда, шеъри Ҳасрат дар байни мардум то ба дараҷае машҳур буда, ки баъзе байту мисраъҳои ҷолиби ў ба зарбулмасал табдил ёфтаанд:

Баландӣ ёфт кӯҳ аз пой дар доман кашиданҳо,

Сари селоб бар санг омад аз беҷо давиданҳо.

Ман аз беқадрии хори сари девор донистам,

Ки нокас кас намегардад аз ин боло нишастанҳо [10, 25].

Ё ки ҷойи дигар:

Дастам намерасад ба гиребони орзӯ,

Зоғон хӯрандл меваи шохи баландро [10, 34].

Дар ашъори Мирзо Олимҷон мавзуйи ишқ, панду ахлоқ ва инчунин шикваву шикоят аз замон дида мешавад. Ва ҳамаи ин мавзуъҳо бо як услуби хос бастабандӣ шудаанд. Яъне Ҳасрат дар офаридани шеър услуби хоси худро дорад. Дар баробари тараннум ишқ дар ашъори шоир, инчунин мавзуъҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва тарбиявӣ низ аз диди шоир мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар шеъри Ҳасрат дар баробари вожаву ибораҳои нисбатан душворфаҳм, инчунин калимаҳое ҳастанд, ки дар шеър нисбат ба ашъори дигар шоирон истифодаи онҳо хеле кам аст ё умуман дар ашъори ягон шоир дида намешавад. Масалан дар шеъри зерин Ҳасрат як калимае овардааст, ки дар назар хеле одӣ аст, калимаи табхола:

Гӯӣ ба дам чу Масеҳу ба чеҳра чун лола,

Хиҷил зи лаъли ту бошад наботи Бангола.

Зи интизори ту, эй моҳи пуркарашмаи ман,

Ба дидаам шуда пайдо ҳуҷуми табхола [10, 135].

Агар ба фарҳанги забони тоҷикӣ назар кунем, калимаи табхола, ки миёни мардум бо номи табхол ё дар лаҳҷаҳо тавхол маъруф аст, дар ду шакл омадааст, табхол, ки ба калимаи табхола нигаронида шудааст, чунин шарҳ дода шудааст:

Табхола – гармичаҳои атрофи лаб, ки аз шиддати таб ё ки тарс пайдо мешаванд.

Акнун ин ҷо диққат мекунем ба мисраи чоруми ғазал:

Ба дидаам шуда пайдо ҳуҷуми табхола [10, 135].

Агар шарҳи табхоларо, ки дар фарҳанги забони тоҷикӣ омадааст, бубинем, он чизе ки дар атрофи лаб пайдо мешавад. Ва мувофиқи ақидаи Ҳасрат он чизе ки дар гирди чашм, аниқтараш дар лаби чашм мебарояд, онро низ табхола гуфтааст. Аслан он гармичаҳое, ки дар атрофи чашм мебарояд, он миёни мардум бо дигар ном, яъне бо номи гулмижа ном гирифта мешавад.

Дар фарҳанги забони тоҷикӣ ин калима чунин маънидод шудааст:

Гулмижа – варами ғадудҳои равғании канори пилки чашм, ки то пухта баромадани решаш одамро азоб медиҳад.

Шояд аз хотири оне ки ҳар ду табхола ва гулмижа ранги сурх доранд ва муддати кӯтоҳ аз байн мераванд, шоир онҳоро бо як калима ном бурдааст. Ва шоир сабаби пайдо шудани гулмижаро аз он медонад, ки аз интизории зиёд ва нахобидан чашм метавонад бемор шавад. Яъне вақте инсон дар як нуқтаи муайян соатҳо менигарад, чашм монда мешавад ва дар он сурхӣ медамад, яъне чашм бемор мешавад. Ин сухан аз ҷониби шоир хеле одӣ ба назар мерасад, аммо инро бояд зикр кард, ки тасвир хеле олӣ аст.

Мехоҳем ин ҷо порчаи шеърии дигарро мисол биёрем:

Ғазабомез сӯи ман баҳористони ҷанг омад,

Ба қасди хуни ман имрӯз он мижгонхаданг омад.

Ду чашми шӯхи онро бин, ки баҳри куштани ошиқ,

Сияҳ пӯшида, гӯё кофари шаҳри фаранг омад [10, 24].

Ин порчаи шеъри дар маънӣ хеле олӣ ба назар мерасад. Масалан ибораи баҳористони ҷанг дар шеър аз ҷониби Ҳасрат аввалин бор истифода шудааст. Яъне, маъшуқаро шоир баҳористони ҷанг номидааст. Аз ин калимоту ибораҳо чунин бармеояд, ки офариниши калимаҳои нав ва ибороти нав аз хусусиятҳои хоси вожаофаринии шоир буда, шеърофаринии шоир то андозае миёни дигар шуарои ин қарн фарқкунанда аст. Яъне Ҳасрат дар офариниши вожаву ибораҳои тозаву хос хеле моҳир аст. Ин ҷо мисраи чоруми шеърро мисол меорем:

Сияҳ пӯшида, гӯё кофари шаҳри фаранг омад [10, 24].

Ин тасвир низ воқеан тасвири хеле олист ва дар шеър гуфтани сухани нав аз истеъдоди баланди шоир дарак медиҳад. Ин ҷо сияҳпӯш ба маънои рақиб омадааст.

Боз ин ҷо порчаи шеърии дигареро мисол меорем, ки дар ин ҷо ҳам маънии шеър хеле баланд аст:

Ҳама чобуксаворон рафта бо ёрон пайвастанд,

Ба ҷуз Ҳасрат, ки ин ҷо лошае чун мӯри ланг омад [10, 24].

Шоир ин ҷо чобуксаворон гуфта, нафарони бамуродрасидагонро дар назар дорад. Яъне нафароне, ки дар ҷодаи ишқу ошиқӣ хеле моҳир ҳастанд ва хеле зуд ба муроди хеш расидаанд. Ва ин ҷо шоир аз ҷумлаи мардуми бамуроднарасидааст. Яъне шоир худро ба чорпои заифу лоғар ва мӯри маъюбе, ки тавони роҳ гаштан надорад, монанд кардааст.

Ин гуна калимаву ибораҳои нав дар ғазалҳои Ҳасрат зиёд дида мешаванд. Яъне шоир хусусияти хоси вожаофаринии худро қариб ки дар ҳама шеърҳояш истифода бурдааст.

Инчунин дар ашъори шоир ғазалҳое ҳастанд, ки нисбат ба порчаҳои ғазалҳои дар боло мисоловардашуда забони нисбатан содаву равон доранд. Ин ҷо аз ин гуна ғазалҳо якчанд порчаҳо ба тариқи мисол меорем:

Эй шӯхчашми нозанин майли ҷафо дорӣ чаро?

Ҷавру ситам бар ҳоли ман з-ин сон раво дорӣ, чаро? [10, 33].

Ё ҷойи дигар.

Мабар аз ҳад, маҳи ман, ин ҳама раъноиро,

То ман аз ҳад набарам шеваи расвоиро.маҷ.

Бе ҷамолат гули бӯстон ба нигоҳам хор аст,

Ба чӣ таскин бидиҳам ин дили савдоиро.

То матои ғаму дарди ту харидам аз ишқ,

Додам аз даст ҳамагӣ нақди шикебоиро [10, 36].

Дар ин порчаҳои шеърии зерин калимаву ибораҳои нисбатан сода истифода шудаанд, ки забони шеъри шоиррро хеле равон нигоҳ доштаанд. Истифодаи вожаҳои сода ва равон дар шеър нисбат ба калимасозиву иборасозии нофаҳму душворфаҳм хубтар аст ва аз ҷониби хонанда хуб қабул мешавад.

Баррасии мавзуъ нишон дод, ки шоир Мирзо Олимҷон Ҳасрати Ҳисорӣ бо сохтани калимаву вожаҳои нисбатан наву содаву дилчасп дар ғазалҳои тоҷикӣ саҳми хешро ҳамчун шоири офарандаи бемисл гузошта, дар ин самт дар адабиёти тоҷик ҷойгоҳи худро муайян намудааст.

Фазилати муҳими пажуҳиши мазкур дар ин аст, ки ин таҳқиқот метавонад барои таҳқиқи бештари ҳавзаи адабии Ҳисор ва аҳволу осори намояндагони барҷастаи он роҳ кушояд.

Маҳбубияту маъруфияти шоир дар байни аҳли адаб ва мардуми водии Ҳисор дар тўли беш аз дусад соли охир пойдор мебошад. Аксари муҳаққиқони адабиёти тоҷикии асрҳои XVIII-XIX Ҳасрати Ҳисориро ба ҳайси адиби тавоно ва машҳури замонаш ба қалам додаанд.

Мирзо Олимҷон ҳамчун шоири пешқадами замони худ дар тўли умри кўтоҳаш дар аксар анвои маъруфи шеърӣ, хоса дар ғазал, мухаммас, рубоӣ ва маснавӣ қувваозмоӣ намуда, ашъори ҷолиберо ба хонандагони шеъри ноби тоҷикӣ ба мерос гузоштааст.

Омилҳои асосии равнақи адабиёт дар водии Ҳисори Шодмон аз он иборат аст, ки ин водӣ таърихи бою қадима дошта, аз дер боз ба ҳайси маркази тамаддун, илму ирфон ва санъату адабиёт дар Бухорои Шарқӣ маҳсуб мешуд.

Ҳисор мулки пуриқтидор, шуҳратманди машриқзамин, дорои доираи адабию фарҳангӣ буда, бо аҳли илму адаб ва муассисаҳои фарҳангии худ шуҳрат дошт ва ин ҳама дар ташаккули фардияти Ҳасрати Ҳисорӣ ба сифати як шоири ҳунарманд муассир буданд.

Хулоса, Ҳасрати Ҳисорӣ ҳамчун шоири хушсалиқа суннатҳои адабии адабиёти классикиро идома дода, ҳамчун шоири намоён ва пешқадами замони худ дорои маънавиёти олӣ, инсонияти баланд ва мавқеи устувори ғоявӣ аст. Ў ҳамчун як ҳунарманди равшангар афкори пешқадаму ақоиди мутараққии замони худро аз мақоми шоири ширинбаён тарғиб намуда ва дар такомули адабиёти форсии тоҷикӣ дар водии Ҳисор нақши босазо гузоштааст.

Китобнома:

1. Абибов А. Доираҳои адабии Бухорои Шарқӣ / А. Абибов. –Душанбе: Дониш, 1984, 240 с.

2. Айнӣ С. Намунаи адабиёти тоҷик / С. Айнӣ. –Душанбе, 2010, 420 с.

3. Бедил Абдулқодир. Саду як ғазал /А. Бедил. –Душанбе: Ирфон, 2008, 104 с.

4. Возеҳ Қорӣ Раҳматуллоҳ. Тўҳфатулаҳбоб. (бо хати форсӣ) / Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ. –Душанбе, 1977, 227 с.

5. Ғоибов Ғ. Таърихи Ҳисори Шодмон, Чағониён ва Душанбе (Таърихи сиёсӣ ва ҷуғрофии таърихии водии Ҳисор аз асри VIII то соли 1921) / Ғ. Ғоибов. –Душанбе, 1999, 228 с.

6. Дўстов З. Дар ҷустуҷўи фарҳанги водии Ҳисор / З. Дўстов. –Душанбе: 1992, 84 с.

7. Дўстов З., Фатҳуллоҳи Азиз. Ҳисори Шодмон / З. Дўстов, А. Фатҳуллоҳ. –Душанбе, 1992, 112 с.

8. Қодиров Ю., Мирзоалиев Н. Ҳисори бостон / Ю. Қодиров, Н. Мирзоалиев. –Душанбе: Аржанг, 2008, 76 с.

9. Мардонов А., Розиқов И. Авроқи рангини Ҳисор / А. Мардонов, И. Розиқов. –Душанбе: Сурушан, 2003, 64 с.

10. Мирзо Олимҷон Ҳасрати Ҳисорӣ. Маҷмўаи ашъор / Ҳасрат Мирзо Олимҷони Ҳисорӣ. Мураттиб Ҷўраева Х. Ё. –Душанбе: Сифат, 2019, 156 с.

11. Партав Алавӣ. Тафсири сад байти Ҳофиз / А. Партав. –Душанбе: Фурўғи дониш, 2007, 160 с.

12. Раҳимӣ Б. А. Шарҳи шаст ғазали Бедил / Б. А. Раҳимӣ. –Душанбе: Деваштич, 2004, 320 с.

13. Фатҳуллоҳи Азиз. Таърихи мухтасари Ҳисор / А. Фатҳуллоҳ. –Ҳисор, 1992, 98 с.

14. Хуросонӣ А. М. Шоирони Мовароуннаҳр / А. М. Хуросонӣ. –Душанбе: Адиб, 2006, 688 с.

15. Ҳабибов А. Мероси адабии шоирони Ҳисор / А. Ҳабибов. –Душанбе: Дониш, 1974, 240 с.

16. Ҳабибов А. Аз ганҷинаи адабии Ҳисор. (Зумраи шуарои қарнҳои XVII-XIX Ҳисори Шодмон) / А. Ҳабибов. –Душанбе, 1995, 232 с.

17. Ҳамроев Ф., Самадов А. Дурдонаҳои таърихи Ҳисор (бо се забон). / Ф. Ҳамроев Ф, А. Самадов. –Душанбе: Ирфон, 2012, 36 с.

18. Ҳасрат Мирзо Олимҷон. Девон. Дастхати охири асри XVIII аввали асри XIX / Мирзо Олимҷони Ҳасрат, рақами 3296 III, 3296 VIII. 467(30) с.

19. Ҳодизода Р., Каримов У., Саъдуллоев С. Адабиёти тоҷик. Асрҳои XVI – XIX ва ибтидои асри XX / Р. Ҳодизода Р., У. Каримов, С. Саъдуллоев. –Душанбе: Маориф, 1988, 416 с.

20. Ҳодизода Р. Адабиёти тоҷик дар нимаи дуввуми асри XIX / Р. Ҳодизода. Қисми аввал. –Душанбе: Дониш, 1968, 296 с.

21. Ҷўраева Х. Ё. Ҳасрати Ҳисорӣ ва мероси адабии ў / Х. Ё. Ҷўраева. //Паёми Донишгоҳи омўзгорӣ. №4(47). –Душанбе, 2012. –С. 217-224.

22. Ҷӯраева Х. Таъсирпазирии Ҳасрати Ҳисорӣ аз ашъори шуарои пешин / Х. Ё. Ҷӯраева. //«Паёми Донишгоҳи Омўзгорӣ». №5-1(77), –Душанбе, 2018. –С. 192-197.

23. Ҷўраева Х. Ё. Шикояту эътироз алайҳи беадолатиҳои замон дар ашъори Ҳасрат / Х. Ё. Ҷўраева // Маҷаллаи илмӣ-омўзишии муҳаққиқони ҷавони Донишгоҳи Омўзгорӣ №26 (43), 2018. –С. 45-49.

24. Ҷўраева Х. Ё. Хусусиятҳои бадеии ашъори Мирзо Ҳасрат / Х. Ё. Ҷўраева // Маводҳои конференсияи илмии апрелии кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”. 2019. –С. 115-121.

25. Ҷӯраева Х. Ё. Муаррифии Мирзо Олимҷон Ҳасрати Ҳисорӣ дар «Забони миллат-ҳастии миллат»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон / Х. Ё. Ҷӯраева. //«Паёми Донишгоҳи Омўзгорӣ». №6(95), –Душанбе, 2021. –С. 200-203.

26. Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат – ҳастии миллат / Р. Эмомалӣ. Китоби II. Забон ва замон. –Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. 432 с.

Муаллими калони кафедраи методикаи таҳсилоти ибтидоии факултаи педагогикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, номзади илмҳои филология Ҷўраева Хубон Ёрмаҳмадовна

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj