• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

АСОСҲОИ СОХТОРИ КОНСТИТУТСИОНӢ ДАР НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

“Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат элон намуд. Яъне дар мазмуну муҳтавои ин санади тақдирсоз роҳи ояндаи давлатдории мо муайян гардида, асосҳои конститутсионии ташаккул ва инкишофи минбаъдаи он гузошта шуданд”. Эмомалӣ Раҳмон

Ташаккули падидаи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун зуҳуроти ҳуқуқию конститутсионӣ дар илми ҳуқуқи конститутсионии кишвари мо воқеаи нав буда, пайдоиши он дар таркиби Конститутсия ва қонунгузории Тоҷикистон ба таҳия ва қабули Конститутсияи соли 1994 алоқаманд аст. Ин омил далели он аст, ки ҳар як давлат тибқи асосҳо ва заминаҳои ба худ хос ташаккул ва инкишоф меёбад.

Боби якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори конститутсионӣ ном дошта, фарогири 13 модда мебошад. Дар моддаи нахустини он муқаррар шудааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”. Дар моддаҳои дигар масоили забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ, пойтахти Тоҷикистон, ҳуқуқҳи шахсии инсон, махсусияти давлати демократӣ ва дунявӣ,  ҳудуди Тоҷикистон, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, низоми қонунгузорӣ, сиёсати байналмилалӣ,  асоси иқтисодиёт, моликияти истисноии давлат дарҷ гардидаанд.

 

Мазмуни асосии боби аввали Конститутсияи Тоҷикистон давоми мантиқии матни муқаддимаи (дебочаи) Конститутсия мебошад. Агар матни муқаддимаи Конститутсия ба таври умумӣ арзишҳои муҳимтарини конститутсиониро эълон намояд, меъёрҳои боби якуми он ин арзишҳоро ба қоидаҳои ҳатмии субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқию конститутсионӣ табдил медиҳад. Ин сохтор аз принсипҳои бунёдие иборат аст, ки онҳо фаъолияти давлат ва ҷомеаи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари мустақил ва узви ҷомеаи ҷаҳонӣ муқаррар менамояд.

Ба ҳар як давлат хусусиятҳои муайяне хос аст, ки дар он махсусияти он ифода ёфтааст. Маҷмӯи чунин хусусиятҳо ба мо имкон медиҳад, ки дар бораи шакли муайян, тарзи муайяни ташкили давлат ё дар бораи сохти давлатӣ сухан ронем. Ин низом, ки дар конститутсияи давлат ифода ёфтааст, сохти конститутсионии он мегардад. Яъне сохти конститутсионӣ шакли муайян, тарзи муайяни ташкили давлат мебошад, ки дар конститутсияи он сабт шудааст.

Асосҳои сохтори конститутсионӣ узвҳои муҳимтарини сохтори ҷомеа, шакл ва моҳияти давлат, алоқамандии байни шаҳрванд ва ҷамъияту давлатро дар сатҳи олии ҳуқуқӣ муқаррар ва танзим мекунанд. Меъёрҳои ҳуқуқӣ-конститутсионӣ ба воситаи муайян кардани ин алоқамандӣ сифатҳои иҷтимоию сиёсии ҷамъият, асосҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии давлатро муқаррар ва танзим менамоянд.

Асоситарин хусусиятҳои Тоҷикистон ҳамчун давлат ин хусусиятҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва ягона мебошад. Мафҳуми соҳибихтиёрӣ ба халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимият тааллуқ дорад. Соҳибихтиёрии Тоҷикистон пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки давлат самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷӣ - роҳу усулҳои тараққиётро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, қонуният, инчунин, муносибат бо давлатҳои ҷаҳонро мустақилона муайян менамояд.

Ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд эътироф шудани Тоҷикистон ба ҳуқуқ, пеш аз ҳама ба Конститутсиия тобеъ будани мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандонро ифода менамояд. Волоияти қонун, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати онҳо, таҷзияи ҳокимият ва масъулияти байниҳамдигарии давлату шаҳрвандон аломатҳои ҳуқуқбунёдӣ дар низоми сохтори конститутсионӣ мебошад.

Ягона будани Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки мақомоти намояндагӣ, иҷроия ва судї барои тамоми мамлакат як аст, яъне як Конститутсия, як низоми қонунгузорӣ ва шаҳрвандии ягона дорад. Дигар аломати ягонагии Тоҷикистон он аст, ки қисмҳои таркибии давлат - вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо мутамарказанд.

Хусусияти иҷтимоӣ доштани давлати Тоҷикистон дар он зоҳир мешавад, ки сиёсати давлатӣ барои фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шаҳрвандон нигаронида шудааст. Таъмини осудаҳолии ҷамъият дар асоси адолати иҷтимоӣ ҳадафи асосии давлати иҷтимоӣ аст, ки он дар муҳайё кардани шароит ба меҳнат ва гирифтани музди сазовор барои меҳнат, вазъи хуби манзил ва ғизо, ба ҳама дастрас будани ёрии тиббӣ, маориф, шаклҳои гуногуни иттилоот ва амсоли инҳо ифода меёбад. Дар давлати иҷтимоӣ ғамхорӣ ва аҳамият додан ба соҳаҳои муҳими марбут ба фаъолияти оммаи васеи мардум дар мадди аввал аст. Принсипи давлати иҷтимоӣ-адолати иҷтимоӣ мебошад.

Низоми сохтори конститутсионӣ хусусияти ҳуқуқтаъсискунӣ ва меъёрмуқаррарнамоӣ дорад, хусусан талаботи боби аввали Конститутсия барои ҳама низоми ҳуқуқ ва қонунгузорӣ заминаи асосии ҳуқуқӣ мебошад. Конститутсия ба сифати асосҳои сохтори конститутсионии ҷамъият ва давлат усулҳо ва заминаҳоро муқаррар кардааст, ки онҳо таҳкурсии ҳуқуқии Тољикистонро муайян ва мустаҳкам менамоянд. Онҳо моҳият, шакл ва мақсаду вазифаҳои давлатро муайян намуда, инчунин, хусусиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати нави сохибихтиёри миллӣ нишон медиҳанд.

Яке аз хусусиятҳои муҳими падидаи асосҳои сохтори конститутсионии Тоҷикистон ин бекорнашаванда ва таѓйирнопазир будани арзишҳои дар боби якуми Конститутсия эълоншуда мебошад. Кафолати конститутсионии ин арзишҳо дар моддаи 100 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки тибқи он шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат таѓйирнопазиранд. Яъне, дар ҳеҷ гуна маврид онҳо таѓйир дода намешаванд. Ҳамаи он арзишҳое, ки ба сохтор ва фаъолияти ҷомеаву давлат хос мебошанд, қисми таркибии талаботи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамоянд.

Мувофиқи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон субъекти асосии ҳокимияти давлатӣ халқ аст. Дар шакли демократии идораи ҷумҳурӣ ҳокимияти давлатӣ ба халқ таалуқ дошта, он бо роҳу усулҳое амалӣ карда мешавад, ки ба халқ дастрас мебошад. Дар боби аввали Конститутсия, ки маҳаки асосии низоми сохтори конститутсиониро ташкил медиҳад, дар маҷмӯъ се навъи асосҳои ташкили давлатдорӣ ифода шудааст: аз ҷумла, асосҳои ташкили ҳокимияти давлатӣ, асосҳои муносибатҳои ҳамдигарии давлат ва инсону шаҳрванд, асосҳои ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Мувофиқи асосҳои сохтори конститутсионӣ моҳияти демократии давлат дар ҳамаи самтҳои ташкилу фаъолияти низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳамчун ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ифода меёбад. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи моҳияти демократии ҷомеа ва давлат муносибатҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоиро танзим менамоянд. Тартиботи демократии давлатдорӣ нисбат ба шаклҳои дигари идораи давлат якчанд бартариҳо дорад. Давлати демократӣ, одатан, иродаи аксарияти кулли мардумро ифода карда, мувофиқи манфиати онҳо амал мекунад. Принсипҳои демократизм, ҷумҳурият, волоияти қонун, иқтисоди бозорӣ, давлати иҷтимоӣ, дунявӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ муҳимтарин усулҳои роҳбарикунанда мебошанд, ки фаъолиияти ҷомеа ва давлат дар асоси онҳо ба роҳ монда мешавад.

Халқи кишвар ҳамчун муассиси давлати мустақилу миллии худ озодӣ, ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши муқаддас эътироф намудааст. Ин арзиши олӣ, ки дар ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд пайдо мешаванд, дар низоми Асосҳои сохтори конститутсионӣ мавқеи худро ёфтаанд.

Давлат ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд афзалияти аввалиндараҷа пешбинӣ намуда, ба он кафолат медиҳад. Дар қаламрави Тоҷикистон намояндагони миллат ва халқиятҳои сершумор зиндагӣ мекунанд. Аз ин рӯ, изҳори эҳтиром ва таъмини баробарҳуқуқӣ, дӯстии байни ҳамаи халқҳо ва халқиятҳо яке аз принсипҳои асосии сохтори конститутсионии давлати Тоҷикистон мебошад.

Халқи Тоҷикистон дар назди худ мақсади бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро гузошта, дар назди наслҳои оянда ӯҳдадор мешавад, ки барои онҳо ҳаёти бошарафона, рушди иҷтимоӣ ва давлати аз нигоҳи сиёсӣ босуботро мерос гузорад, ки яке аз нишона ва унсури асосии ҳама гуна давлату давлатдорӣ, бахусус дар низоми сохтори конститутсионӣ мебошад.

Боби якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон асосҳои зерини сохтори конститутсионӣ, аз ҷумла шакл ва моҳияти давлат, шакли идораи давлат, рамзҳои соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон, арзиши олӣ эътироф шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дахлнопазирии ҳуқуқҳои фитрии он, соҳибихтиёрии халқ ва шаклҳои зуҳуроти он, тақсимнашаванда ва дахлнопазир будани марзи давлатӣ, соҳибихтиёрӣ, соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон дар асоси равияҳои гуногуни сиёсию мафкуравӣ, инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятӣ, эътибори олии ҳуқуқӣ ва мустақиман амал кардани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил кардани санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, сиёсати сулҳҷӯёнаи дохиливу хориҷии Тоҷикистон, асоси иқтисодиёти ҷумҳуриро ташкил кардани гуногуншаклии моликият, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи намудҳои моликият дар шакл ва мазмуни олии ҳуқуқӣ муқаррар карда шудаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҷмӯи меъёрњои ҳуқуқие иборат аст, ки мувофиқи ирода ва манфиатҳои халқи кишвар ќабул гардида, асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёри демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ таҳким бахшидааст, инчунин асосҳои ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, усули таҷзияи ҳокимияти халқ ва муносибатҳои бавуҷуояндаро танзим менамояд.

Шарифов Шуҳрат – мудири кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj