• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

ПЕШГИРИИ РОҲҲОИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФИРОТӢ ВА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ТУНДРАВ

“Терорист ватан миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, ин як зуҳуроти даҳшатноку нафратовар аст, ки аксаран  таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини ислом иртиботе надорад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Тероризм аз калимаи лотинии “teror” гирифта шуда, маънояш даҳшат, ҳарос мебошад.Терористон осоиштагии ҷомеаро  намехоҳанд ва бо амалҳои ноодилонаи худ мардумро ба таҳлуқа  меафкананд. Баҳри амалӣ намудани мақсадҳои ғаразнок ва нопоки худ аз ҳеҷ гуна ваҳшоният рӯй наметобанд. Одамрабоӣ ва дар ҷойҳои серодам ба амал овардани  таркиш,  ба гаравгон гирифтани шахсиятҳои маъруф ва олирутба, ба қатл расондани чунин шахсон аз ҷумлаи ҷиноёти террористон маҳсуб меёбанд. Ин падидаи номатлуб тамоми  мардуми башарро ба ташвиш овардааст.  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 31 соли соҳибистиқлолии худ  дар муқовимат бар зидди тероризм ва ифротгароӣ,  инчунин бо мақсади мубориза бар зидди ин падидаи номатлуб  қонунҳои зиёде  қабул намуд. Аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон” Дар бораи мубориза бар зиддӣ тероризм” аз ноябри соли 1999 ба ин мисол шуда метавонад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон борҳо аз минбари баланди СММ (Созмони Милали Муттаҳид)  ва ҷаласаву машваратҳои Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуда, зарурати муборизаи муштараку беамонро зидди терроризми  байналмилалӣ , экстремизму зӯроварӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддиру аслиҳаро таъкид намудаанд.

Оре, барои решакан ва нобуд сохтани ин падидаи номатлуб, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо кирдорҳои ваҳшиёнаву ғайриинсонии худ дар аксар кишварҳо нооромиву хунрезӣ, куштору ғорат  ва иғвоангезиро ба роҳ мондаанд, муборизаи  дастаҷамъмонаи ҳама давлатҳо  зарур ва ҳатмӣ мебошад. Вақте ваҳшоният ва ҷаҳолати чунин гурӯҳҳо  дар рӯйи замин ноамниро ба вуҷуд овардааст, вақте аъзоёни ин ҳизбу гурӯҳҳо бо ақлҳои тираву тори хеш  аз номи ислом хуни ноҳақ мерезанд, ин даҳшат аст. Разиливу бераҳмии онҳо ончунон ваҳшиёна аст, ки ба ақли инсон намеғунҷад.

Хатару таҳдидҳои эктремистӣ ва террористӣ дар ҷаҳон солҳои охир густариш ёфта, доман паҳн карда истодааст. Аз ин падидаи номатлуб бештар ҷавонони  беандеша ва худхоҳ пайравӣ карда, фирефтаи макри ҷараёнҳои тундрав мешаванд. Агар як бор санҷида бароем, мебинем, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамон ҷавононе шомил мегарданд, ки саводи казоӣ надоранд, дорои ҷаҳонбинии танг буда, фирефтаи найрангҳои гурӯҳҳои экстремистию террористӣ мегарданд ва чун амалу кирдорҳои ваҳшиёнаи онҳоро дида, ангушти пушаймонӣ мегазанд. Ба худ нафрат мехонанду ашки ҳасрат мерезанд, вале кайҳо дер шудаву об аз сар гузаштааст ва ин оби рехтаро ҷамъ карда нашавад. Ҷавонони ноогоҳ ба дасисаҳои бардуруғи онҳо  бовар карда, ҳаёти худро зери хатар мегузоранд, падару модар, бародару хоҳар ва хешону наздикони худро назди хосу ом шармандаю сархам мегардонанд.

Гурӯҳҳои ифротгарои терористию экстремистӣ  бештар таблиғи бо номи шариат  ва исломи худро миёни ҷавонони кишварҳое, ки аз дини мубини ислом пайравӣ доранд, роҳандозӣ менамоянд. Чун онҳо медонанд, ки аз номи ислому бо номи ислом ҷавонони гумроҳро ба таври осон  ба доми фиреби  худ даровардан мумкин аст.Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба ин равияҳои номатлуб ҷавононе пайравӣ мекунанд, ки натанҳо аз илму донишҳои дунявӣ, балки аз донишҳои динӣ низ тасаввурот надоранд. Аз ин рӯ, намояндагони гурӯҳҳои ифротӣ  аз бесаводии онҳо истифода бурда, онҳоро бо найранг ба гурӯҳҳу ҳизбҳои хеш ҷалб мекунанд. Батаҷрибагӣ, басаводӣ ва заиф будани зиракии сиёсии ҷавонон боиси ба доми сиёҳкории онҳо  афтиданашон мегардад. Ин фоҷиаи даҳшатбор ҳанӯз солҳои навадум дар иҷрои гурӯҳҳои терористӣ –экстремистӣ барои маҳв ва нобуд кардани миллати кӯҳанбунёди тоҷик тарҳрезӣ намуда буданд, дар кишвари мо  рӯй дода буд ва ин боис шуд хуни ҳазорон мардуми бегуноҳ бирезад.

Таҳдиду хатарҳои ифротгароӣ имрӯзҳо дар шакли васеъ зуҳур карда истодааст. Имрӯз ошӯбҳову сӯйиқасдҳои ғаразноки онҳо ҷаҳонро фаро гирифтааст. Гурӯҳҳои терористӣ ва эктремистӣ чун заҳрпечак ақлу заковат, фарҳангу маърифат ҳатто тамаддуни башариро  дар чанголи хуношоми хеш печонида гирифтан мехоҳанд. Аммо нияту амалашон, ки пок нест, ба мақсадҳои ғаразноку зиддиинсонии хеш нахоҳанд расид.

Қуръони Карим  дар сураи “Нисо”, ояти 93 оиди қатли инсон мефармояд: ”... ҳар кӣ муъминеро бикушад, пас ҷои ӯ дӯзах   аст, дар он ҷовид бошад; ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат  кардааст ва  азоби бузург  ба ӯ омода кардааст”.

Ҷавонони моро зарур аст дар чунин раванди хеле ҳассос худогоҳу  зирак, соҳиби маърифати баланд ва донишу малака бошанд, то ин ки ба доми чунин балоҳо гирифтор нагарданд. Ҳоло ҷавонони худогоҳи мо медонанд, ки  мақсади ягонаи гурӯҳҳои ифротгаро бо ҳар роҳу воситае набошад, халалдор намудани ҳаёти осоиштаи мардум, барҳам кардани  ваҳдат ва ягонагии инсонҳо, ноамн сохтани вазъи ҷаҳон мебошад. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон “ДОИШ” ва амсоли онро “вабои аср” номидаанд. Воқеаҳои  даҳшатбореро, ки ҷангҷӯёни  бо ном Давлати исломӣ (ДОИШ)  дар Сурия ва Ироқ роҳандозӣ намуданд, хуни садҳо бегуноҳонро рехтаву шаҳру маҳаллаҳои зисти онҳоро  валангору ба хок яксон, тифлонро ятиму мардумро гурезаю овора намуданд ва ин ба ҳамагон маълум аст. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  бо ҷуръату ҷасорати  доимии хеш фарқ кардани исломро аз сиёсатбозиҳо  ва манфиатҷӯиҳо аз номи ислом талаб кард. Ҳам дар Душанбе, ҳам дар Париж, ҳангоми  суханронӣ аз минбари  ЮНЕСКО 10-уми октябри соли 2005, ҳам аз минбари СММ, ҳам аз минбари Созмони Конфронси исломӣ, дар шаҳри Макка, 7-уми  декабри соли 2005, даъват намуданд, ки исломро аз ҳар гуна  манфиатҷӯиҳои иқтисодию сиёсӣ бояд фарқ кард. Аз ҷумла таъкид намуданд: “ Бо номи дини мубини ислом анҷом додани  амалҳои  терористиву ифротгароӣ  имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин  ва ташвишовар мубаддал гаштааст. Назари қотеъонаи  мо ин аст, ки ислом набояд ба ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад. Ислом дини мо, эътиқоди мо ва манбаи покизагии ҳаёти мо мебошад. Ислом барои ташаккули рӯҳи инсон ва покизагии рӯзгори ӯ хизмат намояд”.

Имрӯз, ки  буҳрони маънавӣ ақли баъзе аз ҷавонони моро заҳролуд  кардаасту онҳо  аз   бесаводӣ, камхирадӣ ва беандешагии худ ба ҳар гуна роҳҳои   иштибоҳ (пайвастан бо гурӯҳҳои ифротгарову тундрав)  қадам монда, ҷони худро дар хатар гузоранд, танҳо донишандӯзӣ ва саводнокӣ  метавонад насли ояндаро  аз ин буҳрони хатарнок раҳоӣ бахшад, танҳо тарбияи дурусти ватанпарварию инсондӯстӣ ва рушди маънавиёт метавонад дар тафаккури ҷавонон андешаи солимро  бедор созад, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намояд, ҷаҳонбинӣ, дониш, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва масъулияти онҳоро дар назди  халқу ватан даҳчанд афзун гардонад.

Докторанти курси якуми ихтисоси информатикаи Донишгоҳи давлатти омӯзгори Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Маҳмадов Алҳамҷон

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj