• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

НАҚШИ МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ АЗХУДКУНИИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ВА САМАРАНОКИИ ОН ДАР СИСТЕМАИ ТАҲСИЛОТ

Далели маъмул, ки самаранокии ҷараёни таълим тавассути методикаи таълим муайян карда мешавад, оммафаҳм гаштааст. Истифодаи васеъи усулҳои ягона ва майли пурра ба назорати хаттии азхудкунии фанҳои таълимӣ аз ҷониби донишҷӯён нақши омўзгорро дар раванди бевоситаи таълим коҳиш дода истодааст. Зимнан, сатҳи омодагӣ ва самаранокии таълим бевосита ба ҳамкории пайванди омӯзгору шогирд вобаста аст.

Мафҳуми “методика” сарчашмаи юнонӣ дошта, ҳамчун роҳ, усули тадқиқот, назария тарҷума карда мешавад.

Аз ин лиҳоз, методика ба маънои пурраи худ, як соҳаи илми педагогика буда, қонуниятҳои тадқиқотии таълими ин ё он фанни алоҳидаро меомўзад.

Аз ин ҷост, ки методика аз назарияи таълим – дидактика, ки бори аввал возеҳ ва бо нигоҳ доштани моҳияти худ то имрӯз аз ҷониби педагоги бузург Ян Амос Коменский дар асри XVII умумӣ карда шудааст, ҷудо карда шуд.

Муҳимияти методика дар он ифода мегардад, ки дар асоси қолабҳои омўхташудаи таълим, он натанҳо воситаҳо, усулҳо ва шаклҳои ташкилии раванди таълимро таҳия мекунад, балки талаботҳои нормативии фаъолияти омўзгорро низ муайян мекунад.

Ҳамин тариқ, гуногунпаҳлўӣ ва гуногунҷанбагии методика бараъло малум мегардад.

Аввалан, он илмест, ки тамоми равандҳои педагогиро дар асоси таъсири мутақобилаи диалектикӣ ва ба ҳам пайвастани педагогика ва дидактика ба худ тобеъ мекунад.

Дуввум, илмест (фанни таълимӣ), ки қонуниятҳои таҳсилот ва роҳу усулҳои таълим ва тарбияро меомўзад.

Сеюмин паҳлўи мафҳуми “методика” дар муайян кардани ҷамъи усулҳо ва тадбирҳои ташкилӣ роҷеъ ба омўзиши ин ё он фанни таълимӣ ифода мегардад.

Аз ин рӯ, дар баробари назарияи методика, инчунин методикаи умумии таълим ва ҳам усулҳои мушаххаси таълими як гурӯҳи фанҳо, фанҳои алоҳида, фаслҳои он ва ҳатто мавзӯъҳои алоҳида вуҷуд доранд.

Хамин тавр, дар методика тавъамшавии  хусусиятҳои дохилӣ ва диалектикии ҷузъи ягона, махсус ва фардӣ зоҳир мегардад.

Дар баробари ин, нақш ва аҳамияти методика дар шароити ҳозира коҳиш наёфта, балки меафзояд. Инро бо як қатор омилҳо шарҳ додан мумкин аст.

Аввалан, қариб ҳар як мутахассиси дорои маълумоти олӣ на танҳо ҳамчун иҷрокунанда, балки ҳамчун эҷодкор қабул карда мешавад. Бинобар ин, вай бояд фикру мулоҳизаҳои худро натанҳо ба толибилмон, балки ба ҳамкасбони худ низ бо камоли кордонӣ ва фаҳмо расонида тавонад.

Омили дигар дар он ифода мегардад, ки масъалаҳои таълимӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва идеологӣ дар ҳаёти имрўза чунон ба ҳам пайвастаанд, ки вазифаю проблемаҳои таълимиро муайян ва инкишоф дода тавонистан хеле муҳим аст.

Саввум, муваффақияти ҳар як кор ба эътиқод, дониш, маълумотнокӣ ва ягонагии ахлоқии иҷрокунандагони фаолият вобаста аст.

Чорум, амалияи педагогӣ дар марҳалаи таҳаввул қарор гирифта, ба мустаҳкамкунии назариявӣ ва амалӣ эҳтиёч дорад ва зарурати пайвастани назария бо амалия яке аз вазифаҳои муҳимтарини педагогика ва хусусан методика мебошад.

Ниҳоят, панҷум, ҳуқуқи таълимдиҳӣ бояд бо омодагии мувофиқи касбии психологию педагогӣ, аз ҷумла чунин фанҳои таълимӣ, аз қабили: асосҳои психология ва педагогика; психологияи фаъолият: равандҳои коммуникативии таълим; усулҳои таълими забонҳои хориҷӣ вобата буда,  дар асоси ин талаботҳо дода шавад.

Ҳамин тариқ, методика натанҳо илм ва фанни таълимӣ, балки фишанги аслии дарки воқеияти имрӯзаи ҷамъиятӣ мебошад.

Методика ба маънои дақиқи худ, таълимот дар бораи усулҳои таълиму тарбия мебошад. Предмети методикаи таълим худи раванди таълими фанҳои муайяни таълимӣ буда, вазифааш дар омўзиши қонуниятҳои таълим ва дар асоси онҳо муқаррар намудани талаботҳои меъёрӣ роҷеъ ба фаъолияти омўзгорон ифода мегардад.  Ба ибораи дигар, методика маҷмӯи усулҳои мушаххасест, ки тавассути онҳо талабот ба таълим амалӣ карда мешавад.

Маълум аст, ки ҳар як чизи алоҳида дар ин бобат ҳам умумист. Аз ин рў, методикаи таълими ҳар як фанҳои ҷамъиятшиносӣ, ки нисбат ба методикаи таълими забонҳои хориҷӣ ҳамчун методи махсус амал мекунад, дар баробари он нисбат ба усулҳои алоҳида умумист.

Методика барои таъмини татбиқи принсипҳои дидактика пешбинӣ шудааст, аз ҷумла:

  • робитаи байни назария ва амалия;
  • мунтазам ва пайдарпай  тайёр кардани мутахассисон;
  • шуурнокӣ, фаъолнокӣ ва мустақилияти толибилмон дар раванди таълим;
  • муттаҳидкунии раванди ҷустуҷўи инфиродии маълумот бо кори таълимӣ дар коллектив;
  • омезиши тафаккури абстрактӣ бо аёният дар таълим;
  • мустаҳкамии раванди азхудкунии дониш;
  • дастрасии донишҳои илмӣ;
  • ягонагии таълиму тарбия дар ҳамаи шаклҳои раванди таълим.

Методикаи таълими забонҳои хориҷӣ барои таъмини сатҳи баланди назариявии таълим, характери қатъии илмӣ, равшанӣ ва фаҳмо будани баёни маводи таълимӣ пешбинӣ шудааст. Усулҳои таълим ҳамчун маҷмўи усулҳои муайян бо мазмуни илми омўхташаванда ва методикаи он алоқаи ногусастанӣ доранд.

Дар асоси мисолҳои зиёд муносибати байни методология ва усулҳои таълимро равшан мушоҳида кардан мумкин аст. Инак, масалан, инкишоф наёфтани методика метавонад ба таври манфӣ ба сатҳи методологии лексия ва дарсҳои амалӣ таъсир расонад.

Усулҳои таълими фанҳои алоҳидаи педагогӣ ҷузъиятҳои таркибии системаи умумии илмҳои педагогӣ мебошанд. Онҳо принсипҳои асосии педагогика ва дидактикаро нисбат ба хусусиятҳои таълими фанҳои конкретӣ (забонҳои конкретӣ) дарбар гирифта, амалӣ мегардонанд.

Методика бо қонуниятҳои таълим ва омўзиши забонҳои хориҷӣ сару кор дорад. Нақши хидматии онро нисбат ба охирин ба назар гирифта, методикаро ҳамчун шакле муайян кардан мумкин аст, ки тавассути он мазмуни ин ё он илм (забони хориҷӣ ҳамчун фанни таълимӣ), аҳамияти он барои амалия, робитаи он бо дигар илмҳо ва аҳамияти тарбиявии он дар раванди таълим муайян карда мешавад.

Ҳамин тариқ, дар методикаи таълими забонҳои хориҷӣ бояд хусусиятҳои умумӣ, махсус ва фардиро фарқ кард. Ҳамаи фанҳои таълимӣ дар асоси талаботи умумии методологӣ таълим дода мешаванд. Дар баробари ин, раванди таълими ҳар яке аз ин илмҳо дорои методикаи махсуси худ аст, ки хусусияти мазмуни ин ё он илмро (дар шароити таълими забонҳои хориҷӣ инчунин хусусияти ин ё он забонро) инъикос мекунад.

Саромўзгори кафедраи методикаи таълими забони англисӣ, факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ Сангинова Муяссара Нўъмоновна

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj