• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

Мақоми тарбиявии осори Садриддин Айнӣ
Инқилоби Октябр ҳамчун воқеаи бузурги таърихи башарият дар ибтидои асри 20 натанҳо ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии мамлакати паҳновари моро дигар кард, балки барои ташаккулу инкишофи адабиёту санъат, танқиди адабию илмӣ ва дигар соҳаҳои адабиётшиносӣ тамоми шароитро фароҳам овард. Садриддин Айнӣ, ки Инқилоби Октябрро хуш пазируфта буд, хеле барвақттар аз ин инқилоб, дар баробари пайдо шудани мактабҳои ҷадидӣ, русию маҳаллӣ, туркӣ, баъд аз мушоҳидаи вазъи душвори толибилмон бо амри дил ва масъулиятшиносии комил ба навиштани асарҳои насрӣ пардохта буд. Ӯ оғози ба насрнависӣ рӯ оварданашро чунин шарҳ медиҳад: “Баробари пайдо шудани мактабҳои туркӣ дар Бухоро мушоҳида кардам, ки кӯдакон на забони туркиро хуб медонанду на забони тоториро ва бинобар ин дар мактаб хоҳиш намудам, ки агар шумо розӣ бошед, ман бе маош китобҳоро ба забони тоҷикӣ тарҷума карда, масъулияти тарҷумониро ба уҳда гирам. Ҳамин тавр, баъди ду се китобро тарҷума кардан, дар ман ҳам ҳаваси навиштани китоби дарсӣ пайдо шуд ва китоби “Таҳзиб – ус – сибиён” – ро навиштам”. Манбаи дигари илҳоми С. Айнӣ барои асарҳои насрии бачагона маърӯзаи Л.М. Горкий дар съезди 1-уми нависандагони СССР буд, ки ӯ гуфта буд: “Биёед, барои бачаҳо аз рӯзгори худамон менависем”. С. Айнӣ дар асоси таҷриба ва маҳорати хуби эҷодӣ як қатор асарҳои насрии бадеӣ, аз ҷумла “Мактаби кӯҳна” (1934), “Аҳмади Девбанд” (1936), “Ятим” (1940), “Одина” (1928), романи “Дохунда” (1930) “Ғуломон” (1934),повести “Марги судхур” (1939) таълиф намуд ва ин осор дар такомули характер ва ахлоқи хонандагон таъсири бузурге расонидааст.
Хусусан, повести “Одина” барои бедор кардани шуури ҷавонон нақши бузурге мебозад. Одина саропо таҷассуми ҷавонони бадбахту гумроҳи давраи аморат, гирифтори нобаробарӣ, нокомӣ, ноумедӣ буда,орзупарвар аст, яъне ӯ фаъол нест, доираи ҷаҳонбиниаш хеле маҳдуд мебошад. Образи Гулбибӣ, ки таҷассумгари беҳуқию бенавоии духтарон аст, нисбат ба Одина фаъолтар тасвир шудааст. Айнӣ ба воситаи нақли рӯзгори ошуфта ва пуралами Одинаю Гулбибӣ дар назари хонандаи имрӯза чӣ қадар пурдаҳшат будани рӯзгори мардуми моро дар гузашта тасвир намуда, бори дигар онҳоро ба мушоҳида водор месозад. Баднафсию беинсофии Арбоб Камол ва нафарони амсоли вай далели баднафсу худхоҳ будани намояндагони табақаи болоии ҷамъияти феодалиро нишон медиҳад. Хонанда аз мутолиаи ин асар дар бораи беҳуқуқ будани қишри асосии ҷомеа дар замони пеш аз Инқилоби Октябр маълумот мегирад.
Осори устод С. Айнӣ ва рӯзгори ӯ хусусан барои насли наврасу ҷавон як мактаби бузурги тарбия мебошад. Хонанда ба душвориҳои замони зиндагии адиб шинос шуда, ба қадри серию пурӣ ва амнияти имрӯз мерасад. Мактабу муаллим ва арзишҳои миллӣ, ки имрӯз барояш дастрас мебошанд, бояд ба онҳо арҷ гузошта, эҳтиром намояд.
Устод С. Айнӣ ҳанӯз дар китоби “Холида ё Қизбола”, хусусан дар бобҳое, аз қабили “Фол”, “Ҳуруфот”, “Холида фол нишон медиҳад” нишон додааст, ки ба фолу хурофот, деву аҷина бовар накунем. Ҳамчун омӯзгор ва равоншинос дар образи Аҳмад, ки прототипи он худи Айнӣ аст, исбот мекунад, ки далерию мардӣ бо қувваи тарбияи дурусти оилавӣ, ба кӯдакон фаҳмонда додани хусусияти ашёҳо пайдо шуда, бо таҷрибаи рӯзгор ташаккул меёбад. Нависанда тавассути ин асар, ҳар гуна воситаҳои хурофотиро, ки кайфияти руҳии кӯдаконро заиф менамоянд, рад менамояд. Шоири маъруф М. Миршакар менависад: “... вақте мо, бачаҳои кӯҳистон повести устод Айнӣ “Аҳмади девбанд”-ро мутолиа кардем, ба образи Аҳмад тақлид карда, далерона дар кӯҳистон сайр мекардем ва ҳар кадом худро Аҳмад ном мебурдем”.
Аҳмад образи мусбӣ буда, ифодакунандаи андешаҳои худи устод Айнӣ аст. Ӯ исбот мекунад, ки тасаввуроти наврасон ба ҳодисаҳои зиндагӣ дар натиҷаи таъсири муҳит, ҳодисаҳои реалӣ, қиссаву ҳикояҳои калонсолон тағийр меёбад. Шунидани афсонаи падар ҷаҳонбинии ӯро васеъ, иродаашро устувор ва ӯро қавию бебоку ҷасур мегардонад. Аҳмад бозёфти тозаи адабиёти бачагонаи он солҳо, ҳатто имрӯз аст. Аҳмад бачаи бисёр зирак аст, ӯ ба калонсолону ҳамсӯҳбатҳояш ҳамеша кунҷковона савол медиҳад. Дар миёни ҳамсуҳбатҳо Ашур, Бобо, Рӯзимурод, Қаландар, Ҳамроҳ, хуллас ҳама тарафдори мавҷудияти дев мебошанд ва ҳатто баъзе аз онҳо бо дев дучор омадани худро исбот кардан ҳам мехоҳанд. Вале Аҳмад нотарсии хешро ба онҳо нишон медиҳад.
Дар ибтидо Аҳмад ҳам метарсид, вале боре падараш ба дасташ офтобаро дода фармуд, то пуф кунад. Баъд аз шунидани садо ба ӯ исбот намуд, ки вақти ба ғор ворид шудани шамол он ба деворҳои ғор бармехурад ва садои баланди даҳшатнок пайдо мешавад. Аҳмад аз падараш дар бораи деву аҷина бисёр шунида буд ва саводу ҷаҳонбиниаш афзун шуда, ба падари донишмандаш аҳсан мегуфт. Аз мазмуни асар маълум мешавад, ки оила нахустин муҳите аст кӯдакро ба тарбия фаро мегирад ва дар инкишофи ӯ нақши муҳим мебозад.
Асари дигари устод С. Айнӣ, ки барои кӯдакони синни поёни мактабӣ мутолиаи он зарур аст, ин “Мактаби кӯҳна” мебошад, ки аз нигоҳи психологӣ ва педагогӣ муфид аст. Образи падар ҳамчун раҳнамо, аз аввал то охири асар мисли як хати сурх ба назар мерасад. Айнии хурдсол аз ҳунару дониш ва маънавияти падар мефахраду ифтихор мекунад. Симои мулло, мактаббачаҳои бесаводу бераҳму шафқат хеле дилгиркунанда ба назар мерасанд. Аз тасвири манзараи мактаб ва тасвири портрети домулло ба назар мерасад, ки Айнӣ дилбастаи онҳо нест.
Мактаби куҳна монанди мактабҳои имрӯзаи мо мо васеъ ва барҳаво нест. Чунончи адиб онро тасвир кардааст, як хонаи танг буд, ду дар дошт, ки яке аз онҳо дари даромади яктабақа буд, он дарро ҳам дар вақтҳои сармо пушонда мемонданд. Дари дигараш даричае буд, ки се чоряк оршинқад ва ним оршин бар дошт. Мактабдор ба вай як қоғаз (тирезаи қоғазӣ карда, барои барфу борон надаромадани он ба қоғазаш равғани зағир молида буд. Қоғази равғанӣ чангу хоки кӯчаро ба худ гирифта буд, ки монанди дамгири дег сиёҳ ва чиркин шуда буд ва ба рӯи пурчини мактабдор ҳамрангӣ дошт. Бинобар ин аз ин дарича ҳам ба хона равшании дуруст намедаромад.
Ин асар нафақат ба хурдсолон, балки мутолиаи он ба калонсолон низ аз манфиат холӣ нест. Аз ин асар бачагон тарзи таълими фарзанд, муносибати хонаводагӣ, эҳтироми аъзоёни оиларо ёд мегиранд. Садриддин дар байни таълимгирандагон аз ҳама хурд, аз ҳама зираку боодобу боахлоқ аст. Ҳамин хусусиятҳо ӯро дар мактаби духтарона соҳиби эҳтиром мегардонад. Духтарҳо ӯро дӯст медоранд, кумакаш менамоянд. Таъсири ғазалхонии Ҳабиба низ ба ӯ хеле бузург аст.
Муҳаққиқи эҷодиёти С. Айнӣ Шоҳзамон Раҳмон як сабаби ба шеъру наср-адабиёт дил бастани устод Айниро дар таъсири Оймуллои шеърдӯст, духтарони хушҳолу ғазалхони мактаби духтарона, хусусан аз таъсири Ҳабиба медонад. Шояд барои Айнӣ дар он вақт ҳеҷ муаллиме чунин хизмат накарда бошад, ки Ҳабиба кардааст. Худи Айнӣ нақши падарашро дар тарбия ва илмомӯзӣ борҳо қайд намудааст. “Ман мехостам, ки маънии пурраи ҳамаи байтҳои хондаамро донам. Дар ин бора ягона ёрирасони ман падарам буданд, ки ба саволҳои ман пурра ва фаҳмонда ҷавоб медоданд”,- менависад адиб. Оиди таъсири падар ба Айнӣ дар “Ёддоштҳо” чанд нукта зикр шудааст, ки ба ӯ таъсири хеле бузурги тарбиявӣ расонида, як умр аз хотири Айнӣ дур нарафтааст. “Падарам маро ду бор ҷазо додааст, - менависад Айнӣ. Падарам хоҳиш карданд, ки ман расиси маҳалла, муллоимом ва мактабдорро ба меҳмонӣ-зиёфат даъват кунам. Ман раиси маҳалларо фаромуш кардам, ӯ хафа шуд... Баъди рафтани меҳмонҳо ману падарам ба маҳаллаи боло рафтем. Падарам харсавор буд. Чун ба лаби чашма расидем, хар истод. Падарам гуфт, дидӣ, ман ҳар бор, ки меомадам, дар ин ҷо таваққуф карда, дар лаби чашма нон мехурдам. Имрӯз дам гирифтанӣ нестам, вале хар истод, фаромуш накард. Баъзе одамон суханро зуд фаромуш мекунанд”.
Бояд гуфт, барои хонандаи зиррак рӯзгори шахсии С. Айнӣ намунаи беҳтарини тарбияи меҳнатӣ буда метавонад. Меҳнатдӯстӣ сифати меросӣ барои аҷдоди ӯ ба ҳисоб меравад гӯем ҳам ғалат нахоҳем кард. Мактаби духтарона ба Айнӣ пухтану духтан, руфтану шустанро хеле барвақт ёд дод. Адиб дар “Ёддоштҳо” нақл кардааст: “Иброҳимхоҷа ном ҳамсояи коргурезу танбал доштаанд ва падарам боре ӯро сарзаниш кард, ки барои ман хеле фаромушнашуданӣ буд. Падару модару Иброҳимхоҷа як порча замин доштанд, писарашон онро фурӯхт. Акнун ягон даромад нест. Иброҳимҷон меҳнат карданро дӯст намедошт. Дар маҳаллаҳо ба дуохонӣ рӯз мегузаронд. Падару модарашро дигарон нигоҳубин мекарданд. Падарам ӯро “фосиқу маҳрум” ном гузошта буд. Боре падарам ӯро барои падару модарашро нигоҳубин накарданаш сарназиш карда дар охир ба ӯ гуфт:
Агар Иброҳими пайғамбар барои ризои Худо писарашро қурбон карда бошад, ту барои танбалиат падаратро қурбон кардӣ, Ҳайф бар ту ва лаънати одам ба ту!
Иброҳимхуҷа, табассуми заҳрдоре карду ба хараш савор шуда рафт. Ин ҳолат маро бисёр зиқ кард” (Ёддоштҳо, с.44).
Аз ин воқеа маълум аст, ки падари Айнӣ танбалон ва онҳоеро, ки тарбияи хуб надоштанд, дӯст намедошт. Онҳоро қасдан дар назди фарзандонаш танбеҳ медод, ки барои онҳо таҷрибаи зиндагӣ гардад.
Айнӣ ҳама азобҳоро маҳз барои иҷро кардани васияти падар, бо умеди мударрис шудан паси сар мекард. Айнӣ медонист, ки падараш танбалону меҳнатгурезон ва онҳоеро, ки аз душвориҳо тарсида илмомӯзиро қатъ мекарданд, бад медид. Ӯ танбалӣ, коргурезӣ, иҷро накардани супориши падарро аз беэҳтиромӣ нисбати калонсолони хона медонист.
Устод Айнӣ аз забони падараш чунин овардааст: “Агар танбалон ва танпарварон медонистанд, ки меҳнат чӣ гуна бадани одамро сахт мекунад ва ба дили кас ҳузур мебахшад, ҳеҷ гоҳ дар сояи бекорӣ намехобиданд (Ёддоштҳо с.40)”.
Чунин нақлҳо аз рӯзгори С. Айнӣ ба таври кӯтоҳу ибратбахш ва таъсирбахш хеле зиёданд. Мураббиягон метавонанд онҳоро дар шакли ҳикоячаҳои хурд барои тарбияи бачаҳо истифода баранд. Устод Айнӣ дар муқобили образҳои манфӣ ашхоси суханшунав, меҳнатдӯстро ситоиш намуда, ба хонанда мерасонад, ки кординию меҳнатдӯстӣ ҳамеша сазовори ситоиш аст. Меҳнат пайваста роҳат меорад, танбалӣ гуруснагию бадбахтӣ бо худӣ дорад. Барои далели меҳнатдӯстӣ С. Айнӣ ҳикояти кордонию меҳнатқарин будани Лутфуллоро оварда, хонандаро ба фикр кардан маҷбур месозад: “Лутфулло 20 таноб (5-га) заминро худаш танҳо корам мекард. Ӯ бо каланди Устодустбой, ки 4кг вазн дошт кор мекард. Назар ба қавли худаш аз пагоҳӣ то вақти хӯроки пешин ва аз пешин то шом дам нагирифта каланд мезадааст ва дар таомхӯрӣ ҳам чор баробари дигар коргарҳо хӯрок мехурдааст. (Ёддоҳтҳо, с.72).
Таваҷҷуҳи Айнӣ ба аҳли меҳнат хеле зиёд буд, зеро муҳити оилавии ӯ ҳама меҳнаткаш буданд. Падару модараш шабонарӯз, зимистону тобистон меҳнат мекарданд. Айнии хурдсол ин ҳолатҳоро мушоҳида карда, ба хотира месупорид. “Падарам дар Соктаре баъди фориғ шуданаш аз деҳқонӣ ба бофандагӣ машғул мешуд. Падарам бештарин ранги чизҳои бофташударо худаш тайёр мекард. Ба ҳамаи ин корҳо модарам ёрмандии калон медод. Ӯ чархаресӣ-ресмонресӣ, калова ва каловарангкуниро ҳам бо нишондоди падарам мекард”. (Ёддоштҳо 76).
Айнӣ меҳнатеро ситоиш мекунад, ки он ба нафъи ҷамъият нигаронида шуда бошад. Ҳамин фазилат ҳам ба ӯ аз падараш мерос монда буд. “Падарам ҳамеша ба ман талқин мекард, ки бо як порча нони қоқе, ки ман ёфта мефиристонамат ва бо як коса об, ки аз ҳар куҷо ёфтани вай мумкин аст, қаноат кун, агар хук шудан хоҳӣ дар миёни ману ту алоқаи падариву фарзандӣ намемонад” (Ёд. с.145).
Ба қавли С. Айнӣ барои дуруст ба роҳ мондани тарбияи меҳнатӣ танбеҳи сахт додан, ё латукуб кардан, лозим нест, балки бачаро бо мисолҳо ёд додан зарур аст. Вай аз замоне, ки ба мадрасаҳои Бухоро дохил гардид, то охири таҳсил дар бораи ҳамсабақҳояш, ҳамхонаҳояш, ё муллобачаҳо ва муносибати онҳо ба меҳнат нақл намуда, ақидаи худро дар бораи онҳо баён намудааст. Ӯ дар бисёр вақт муллобачаҳои пулдор ё мансуб ба табаҳои болоиро бо коргурезию танбалӣ, эркагию ноуҳдабароӣ айбдор намуда, исбот менамояд, ки онҳо дар оила тарбияи дуруст надидаанд.
Айнӣ дар аксар мавридрӯзгори худашро дар мадрасаҳо нақл карда, пайваста ба хизмати нафаре банд буданашро ҳиқоя мекунад.
Андешаҳои ватанпарваронаи С. Айниро дар нахустин асарҳояш дидан мумкин аст. Махсусан, дар “Таҳзиб – ус - сибён”, дар боби “Хонадони хушбахт” дар симои персонажи марказӣ Муҳаммадфарид, дар повести “Ятим” дар симои модару писар – Сорою Шодӣ, дар очеркҳои “Исёни Муқаннаъ”, “Қаҳрамони халқи тоҷик-Темурмалик”- дараҷаи баланди ватанпарварӣ тасвир гардидааст. Тавваҷуҳи С. Айнӣ ба Темурмалик хеле зиёд буд. Аз нигоҳи ӯ Темурмалик як марди ватандӯсту халқпарвар, далеру шуҷоъ ва барои дигарон намунаи ибрат буд. Бо истифода аз лаҳзаҳои муҳими ҳаёти Темурмалик мураббия метавонад дар шакли ҳикояҳои хурд нақл намояд, ки мо ин асарро ба андозаи фаҳмиши бачаҳо мувофиқ карда, ба қимсҳои хурд-хурд ҷудо кардем. Дар ин зимн ба шогирдон низ нақл кардем, ки натиҷаи хуб ҳам дод:
Хуросон ва Хоразм пеш аз ҳуҷуми Чингизхон.
Мовароуннаҳр пеш аз ҳуҷуми Чингизхон.
Муҳаммад Хоразмшоҳ ва мамлакатдории ӯ
Қалъаи обӣ ва киштии сарпушида.
Ҷанговарони Темурмалик.
“Фил” ва “Тилисм”
Ишғол карда шудани Хуҷанд ва қатли ом.
Сафари обӣ домбурӣ
Ҷанг дар биёбон
Ҷалолиддин кист?
Атри кафан.
Бояд гуфт, ки таъсири осори устод Садриддин Айнӣ ба хонанда хеле бузург аст. Он воситаи хубест дар тарбияи маънавии хонанда ва дар боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ, далерию нотарсӣ низ нақши бузург мебозад.
Кенҷаева Зарина Хайруллоевна,
номзади илмҳои педагогӣ,
мудири кафедраи педагогика,
психология ва методикаи таҳсилоти томактабӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj