• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ОМОДАГӢ БА ТАҶРИБАИ ПЕДАГОГӢ– МУҲИМТАРИН ОМИЛИ ДАР АМАЛ ТАТБИҚ НАМУДАНИ ДОНИШ, МАҲОРАТ ВА МАЛАКАИ КАСБИИ ДОНИШҶЎЁНИ ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ
Таҷрибаи педагогӣ дар раванди ташаккули шахсияти омўзгори оянда мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Оид ба њалли ин проблема, ҳам аз назари педагогию психологӣ ва ҳам аз назари методӣ дар як қатор асарҳои муҳаққиқони соҳа (Ф. Н. Гончаров, Э. А. Гришина, Н. В. Кузмина, М. Нугмонов , В.А. Сластёнин, Л.Ф. Спирина, А.И. Щербаков ва дигарон) фикрҳои ҷолиби таваҷҷӯҳ баён шудаанд. Инчунин, дар ин ҷода як қатор тадқиқотҳо ба анҷом расонида шудаанд, ки роҳҳои гуногуни ташкил ва гузаронидани таҷрибаи педагогиро кушода медиҳанд .
Консепсияи муосири таҷрибаи педагогӣ дар донишгоҳи омӯзгорӣ - ин пайвандгари маводи назариявии таълим, ки донишҷӯ дар донишгоҳ азбар мекунад ва фаъолияти мустақили педагогии ояндаи ӯ ҳамчун муаллим мебошад. Чун шакли амалияи таълим, таҷрибаи педагогӣ ба сифати манбаи зарурии амалигардонии таъмини мустақили таҳсилоти донишҷӯён, дарки моҳияти ҳаётии он барои беҳдошти раванди таълиму тарбия дар мактабҳои равияҳои гуногун ва тайёрии шахсии муаллими оянда ба он мебошад.
Бояд қайд кард, ки донишгоњи омўзгорї дар хазинаи фарҳангии худ оид ба ин масъала барнома, низомнома ва маводи заруриро барои ташкил ва гузаронидани таљрибаи педагогӣ маҳфуз дорад. Аммо ҳамаи онҳо тавсифи фармоишӣ ва меъёрӣ дошта, донишҷӯро ба ҷустуҷӯ ва фаъолияти эҷодӣ даъват наменамоянд. Дар адабиёти муосир низ ин масъала ба таври пурра ҳалли худро наёфтааст. Масалан, донишҷўро чӣ тавр ба таҷрибаи педагогӣ омода сохтан лозим аст, то ки ў тавонад ба модели фаъолияти муаллими мактаб такя карда, раванди дарсҳои шаклан гуногунро омӯзад. Дар машғулиятҳои лексионӣ ва семинарии донишгоҳ ин корро ба пуррагӣ анҷом додан ғайриимкон аст. Бинобар ин зарур аст, ки аз ҳисоби соатҳои машғулиятҳои лабораторӣ ва кори мустақилонаи донишҷў масъаларо то дараҷае ҳаллу фасл намоем.
Яке аз роҳҳои фаъолгардонии донишҷӯён барои бомуввафақият гузаронидани таљрибаи педагогӣ ин ташкили “бозиҳои касбӣ” мебошад .
Зери мафҳуми «бозиҳои касбӣ» мо методи тайёрии касбӣ - методии муаллими ояндаро мефаҳмем, ки ба «нусхаи» раванди таълими хонандагон дар мактаб асос ёфтааст. Дар шакли умумӣ гӯем, ин нусхаи (модели) фаъолияти субъектҳои таълим (муаллим ва хонандагон) мебошад.
Ба таври намуна, чӣ тавр бо ин метод тайёр кардани донишҷўёнро барои ташкил ва гузарониддани дарси математикаи мактабӣ муоина мекунем, ки дар таҷриба борҳо санҷида шудааст. Тамоми ин фаъолият аз рӯйи схемаи зерин бояд баррасӣ гардад:
1 ) таълими тайёрӣ ба дарси математика ва гузаронидани он;
2 ) тайёрӣ ба бозии касбӣ;
3 ) бозии касбии «Дарси математика»;
4 ) муҳокимаи дарс
Дар зинаи аввал баъзе лаҳзаҳои бозии касбӣ таълим дода мешавад, ки дар давоми 4 соати кори лабораторӣ аз методикаи таълими математика ва кори мустақилонаи донишҷӯ дар хона хотима бахшидан имконпазир аст.
Омӯзгор ба донишҷўён маълумоти ибтидоӣ доир ба синф, мавзуи дарс, вазифаи хонагии хонандагон оид ба ин мавзуъро пешниҳод мекунад. 2-4 нафар донишҷӯён саволҳо тайёр мекунанд, ки барои тайёрии муаллим ба дарс зарур аст . Чунончи:
- маводи назариявӣ пешниҳод карда мешавад (китоби дарсӣ, маводи иловагӣ ва ғайра).
- муқаррар карда мешавад , ки чӣ тавр бояд мавзуъ омўхта шавад (дар барнома чӣ тавр инъикос ёфтааст, дар китоб чӣ тавр баён шудааст, дастури методӣ чиро пешниҳод мекунад, микдори соатҳо барои омўзиш);
- муайян кардани мавқеи мавзуъ дар қисми математикаи мактабӣ (муайян кардани кардани донишҳо, малака ва маҳоратҳое, ки хонанда ба ин такя мекунад, муайян кардани истифодаи мавзуъ дар ояндаи наздику дур) ;
- муайян кардани методҳои оптималии санҷиши вазифаи хониши хонандагон оид ба дарс;
- муқаррар кардани системаи саволҳо, тайёр кардани хонандагон ба дарки маводи дарс;
- мушаххас пешниҳод кардани шарҳи маводи нави дарс (пайдарҳамӣ, системанокӣ, мантиқӣ, проблемавӣ, аёнӣ ва техникӣ, эҳсосот, тарзи баён ва ғайра);
- системаи саволҳо барои азбаркунии маводи нав, мақсади ҳар як савол, гузориши онҳо;
- конспекти пурраи дарс ;
- тарзи пурсиши хонандагон дар синф (дар назди тахтаи синф, аз ҷой бархеста ва ғайра);
- коркарди машқ ва масъалаҳо барои кори мустақилона (фардӣ, гурӯҳӣ, коллективона);
- муайян кардани мавқеи «муаллим» ба саволҳои «хонандагон» (донишҷўён);
- имконияти истифодаи воситаҳои муосири техникӣ ва электронӣ дар дарс;
- пешнињод кардани схемаи таҳлили дарс.
1. Пеш аз гузаронидани бозии касбии «Дарси математика» мақсади бозии касбӣ - омӯзиши татбиқи донишҳо, мақолаҳо ва мањоратҳои зарурии (методӣ) барои ташкил ва гузаронидани дарси математика дар шароити ба мактаб наздикро шарњ додан зарур аст. Бевосита пеш аз гузаронидани бозӣ маводи заруриро пешниҳод намуда, нақшҳо муайян карда мешаванд ва вазифаҳои ҳар як иштирокчӣ аниқ мегардад .
Тақсими нақшҳо:
- «муаллим» дар ин нақш 3 нафар донишҷӯ: яке барои гузаронидани дарс, ду нафари дингар барои таҳлили дарс ба сифати довар;
- «мудири қисми таълим» – дар ин нақш низ 2 нафар донишҷӯ; вазифаи онҳо аз баҳо додан ба раванди педагогии дарс иборат аст;
- «талабагон» - ҳамаи донишҷӯёни гурӯҳ дар раванди гузаронидани дарс;
- «методист — тафтишгар» - дар ин науш ҳамаи донишҷӯёни боқимонда, вале танҳо ҳангоми муҳокимаи дарс ширкат меварзанд.
Пас аз ин, вазифаи хонагӣ барои ҳамаи онҳое, ки дар нақшҳо иштирок мекунанд, супорида мешавад. Ин вазифаҳоро дар давоми як ҳафта донишҷӯён бояд иҷро намоянд.
Бозӣ ҳангоми дарси лабораторӣ баргузор мегардад ва ба монанди дарси математикаи мактабӣ 45 дақиқа давом мекунад. Муҳокимаи дарс бошад, метавонад то ду соат давом ёбад.
Ҳамин тариқ, яке аз роҳҳои тайёр кардани донишҷўён барои ташкил ва гузаронидани дарси математика дар мактаб ин бозиҳои касбӣ мебошад, ки вобаста ба намудҳои дарс ва корҳои беруназсинфӣ аз математика, дар донишгоҳ ташкил кардан ва гузаронидан мумкин аст. Ин тарзи ташкил донишҷўёнро фаъол мегардонад, онњоро аз ҷиҳати педагогию психологӣ барои дарки моҳияти касби интихобнамуда, шаклҳои гуногуни фаъолият ҳамчун омўзгор, муносибат бо хонандагон, бо муаллимони дигар, бо падару модарон ва аҳли ҷомеа омода месозад.
ХОЛИҚОВ УМЕДҶОН - муовини сардори раёсати таълим

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj