• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА

АФЗАЛИЯТИ МЕЪЁРҲОИ ОН БАР САНАДҲОИ

ҲУҚУҚИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018 тасдиқ шудааст, омадааст, ки 9 сентябри соли 1991 халки тоҷик соҳ иби давлати комилан мустақил гардид. Бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳ урии соҳ ибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни асосии кишвар бо роҳ и раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони кишварҳои Осиёву Аврупо ва Амрико баҳои баланд гирифт. Гузашта аз ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шуд. Ҳамин тавр, Конститутсия заминаи эҷоди қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии моҳиятан миллӣ ва созгор ба паймонҳои байналмилалиро фароҳам оварда, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон, мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ қарор дод. Ин санади олии ҳуқуқӣ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои умдаи пешрафти ҷомеаро ба меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонд – таъкид намудаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ бахшида ба 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2019.

 

Дар қисми 1 моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳ урии Тоҷикистон афзалияти меъёрҳ ои Конститутсия нисбат ба дигар санадҳ ои меъёрии ҳ уқуқии дохилӣ (миллӣ) муқаррар шудааст. Тамоми санадҳ ои меъёрии ҳ уқуқӣ аз Конститутсия сарчашма мегиранд ва набояд ба меъёрҳ ои он зид бошанд. Дар мавриди зиддият доштани санадҳ ои меъёрии ҳ уқуқӣ ба Конститутсия онҳ о эътибори ҳ уқуқӣ надоранд.

 

Аз ин лиҳ оз, меъёрҳ ои Конститутсия эътибори олии ҳ уқуқиро доро буда, меъёрҳ ои он мустақиман амал мекунанд ва дар ин маврид ба қабули қонуни махсус зарурат ҷой надорад.

Тибқи талаботи қисми 2 моддаи 10 Конститутсия давлат ва ҳ амаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳ рвандон ва иттиҳ одияҳ ои онҳ о вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳ ои ҷумҳ уриро риоя ва иҷро намоянд. Дар ин меъёр ѓайр аз риоя инчунин иҷрои талаботи Конститутсия ва қонунҳ ои амалкунанда муқаррар гардидааст, ки ин меъёри мукаммали ҳ уқуқӣ мебошад.

Чунин талабот на дар ҳ амаи конститутсияҳ ои давлатҳ ои собиқ шўравӣ ҷой дорад. Дар конститутсияҳ ои аксарияти давлатҳ ои пасошўравӣ сухан танҳ о дар бораи риоя кардани талаботи Конститутсия ва қонунҳ о меравад, аммо оид ба иҷрои Конститутсия ва қонунҳ о ишорае мавҷуд нест.

Дар қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд».

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҳамчун қисми таркибии низоми ҳуқуқии Тоҷикистон маҳдуд намешавад. Дар он инчунин афзалияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи ҷумҳурӣ нисбат ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон муқаррар шудааст. Дар қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қайд шудааст, ки «агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналми-лалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналми-лалӣ амал мекунанд».

Аз рӯйи маънии қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзалият ба санадҳ ои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон нисбат ба санадҳои меъёрии миллӣ дар мавриде дода мешавад, агар санади меъёрии ҳуқуқии миллӣ ҳуқуқ ва озодиҳоро маҳдуд кунанд, вазъи ҳуқуқии шахсро нисбат ба он чи ки дар санадҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудааст, бадтар гардонад.

Пас, агар қонунгузории миллӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доираи кафолатҳоро барои шаҳ рвандон танг ва маҳдуд накунанд, балки ҳуқуқу озодиҳои имтиёзнок ва кафолат ба онҳоро муқаррар намоянд, дар ин сурат қонунгузории миллӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилӣ татбиқ мешаванд, на меъёрҳои санадҳои ҳ уқуқии байналмилалӣ.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба меъёрҳ ои санадҳ ои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон бе шакку шубҳа афзалият дошта, набояд боиси баҳсу мунозира қарор дода шавад. Санадҳ ои мазкур бояд бо Конститутсияи ҷумҳурӣ пурра мувофиқат кунанд.

Ҳамин тариқ, афзалияти ҳуқуқи байналмилалӣ нисбат ба ҳуқуқи миллӣ ва афзалияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ нисбат ба қонун-гузории миллӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутлақ ва қатъӣ нест.

Афзалияти меъёрҳ ои санадҳ ои байналмилалӣ танҳо нисбат ба санадҳои муқаррарии қонунгузорӣ фарзия мешавад, аммо на нисбат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қатъӣ набудани афзалияти меъёрҳ ои санадҳ ои байналмилалӣ нисбат ба қонунгузории дохилидавлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳ уқуқӣ бошад, дар марҳилаи татбиқ намудани ҳуқуқ зоҳир мешавад, яъне вақте татбиқи аввалии меъёрҳои санадҳ ои байналмилалӣ ба он вобаста мешавад, ки оё онҳо ҳолати шаҳ рвандонро нисбат ба қонунгузории миллӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳ уқуқӣ беҳтар месозанд ё на.

Хулоса, афзалияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бар санадҳои муқаррарии қонунгузории дохилӣ (миллӣ) мутлақ ва қатъӣ нест. Барои он мутлақ нест, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бояд ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра мутобиқат кунанд. Қатъӣ набудан дар он зоҳир мегардад, ки масъул донистани онҳо аз ҷониби давлатҳо, аз ҷумла аз ҷониби Ҷумҳ урии Тоҷикистон ба як қатор шарту ҳолат вобаста аст.

Назаров Д.Қ., номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj