• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ АСЛИИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД

Аслан ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва конститутсияҳои аксар давлатҳои дунё зикри он рафта ва ба он  моддаи мустақили ин санад бахшида шудааст, аз ҷумлаи  аносири муҳимест дар  давлатҳои ҳуқуқбунёд ва он нишонаи болоравии ҷомеаи инсонӣ, маданияти ҳуқуқӣ ва умуман тамаддуни ҷомеаи муайянро дар назар дорад. Назария ва амалияи ин унсур дорои  таърихи қадима буда, дар асноди  гуногуни таърихи башар инъикос ёфтааст. Эъломияи Куруши Кабир қадимтарин санад дар ин бахш аст, ҳанӯз  соли 539 пеш аз милод аз ҷониби Куруши Кабир  ба тасвиб расида буд. Ин санад яке аз бузургтарин ислоҳоти иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад, ки дар шакли паём ба сокинони гуногунзабону гуногунмазҳаби қаламрави паҳновараш ирсол гардида, ғояи асосии онро ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд ташкил медиҳад.
Он  аз 39 банд иборат буда, ҳангоми ҳафриёти харобаҳои Тахти Ҷамшед ёфт шудааст ва  аз ҷониби олимони ҷаҳон ҳамчун нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Чӣ тавре ки  файласуфи олмонӣ - Фридрих Гегел дар китоби «Фалсафаи таърих» зикр намудааст, низоми давлатдории мутамаддин ва умуман, таърихи тамаддуни умумибашарӣ маҳз аз таърихи пурҷозибаиаҷдодони мо, тоҷикон  ва ойини давлатдории Куруши Кабир ибтидо меёбад.

«Эъломияи Куруши Кабир оид ба озодии виҷдон» - ро бидуни  ягон шубҳа метавон сарчашмаи муҳими ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, сарчашмаи «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар», ки аз ҷониби СММ  дар таърихи 10 декабри соли 1948 қабул шудааст, маҳсуб донист.

Минбаъд, Эъломияи истиқлоли ИМА (с. 1776) , Эъломияи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванди Фаронса (с. 1789)  ва амсоли инҳоро метавон аз ҷумлаи асноди инсондӯстонаи олам ҳисобид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994)  низ аз зумраи ҳамин аснод буда, ҳуқуқҳои фитрии инсонро дар моддаи панҷуми он  мустаҳкам кардааст. Боби дуюми Конститутсия бошад, пурра ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст.

Ба ин нукта бояд эътибор зоҳир намуд, ки  маҷмӯи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои соҳаҳои ҳуқуқ, ки ба фаъолият ва рафтори инсон бахшида шудаанд, вазъи ҳуқуқии шахсро ташкил медиҳанд. Дар ин баробар вазъи ҳуқуқии шахс аз ду қисмат: вазъи ҳуқуқии инсон ва вазъи ҳуқуқии шаҳрванд ташкил ёфта, дар вазъи ҳуқуқии инсон ҳуқуқҳои табиии  ҷудонашаванда ва дахлнопазири инсон, ки ҳамчун арзишҳои башарӣ эътироф шудаанд, муқаррар ва ҳимоя  карда мешаванд. Аз қабили, ҳуқуқ ба ҳаёт, ба дахлнопазирии шахсӣ, ба озодӣ ва ҳоказо. Ҳуқуқҳои инсон дар сарчашмаҳои миллӣ ва байналхалқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон муқаррар гардида, мақоми ҳуқуқии шахс ҳамчун шаҳрванд, ки асосан бо қонунҳои миллӣ муқаррар мешаванд мансубияти шахсро ба давлат муқаррар менамояд. Ҳамин тариқ, маҷмӯи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд вазъи ҳуқуқии шахсро муайян менамояд.

Маҷмӯи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд дар санади олии ҳуқуқии давлат - Конститутсия, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дорад, мустаҳкам карда мешаванд.

Даркишварҳои ҳуқуқбунёд ва  демократӣ  ҷиҳати ҳифзи  ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд  Омбудсмен (англ. ombudsman)  амал мекунад, ки  ӯ  аз тарафи Президент таъйин ва ё аз ҷониби Парламент бо мақсади назорат бурдан барои риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз болои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин шахсони алоҳида ва иттиҳодияҳо интихоб карда мешавад.

Мо, тоҷикон  ифтихор аз он дорем, ки , ки кишвари мо давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, ҳамзамон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Халқи Тоҷикистон бо муқаддас шуморидани озодиву ҳуқуқи шахс баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф намуда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор додааст.

Баҳром Сайфуллоев, сармутахассиси шӯъбаи умумии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj