• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН- ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид.Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд.

Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ аз лиҳози моҳияти худ ба Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон баробарарзиш аст. Агар Эъломия давлатеро бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас Иҷлосияи XVI-ум ҳамин давлатро аз фаношавӣ нигоҳ дошта, миллати тоҷикро аз гирдоби нобудӣ берун кашид.

Иҷлосия аз 16 ноябр оғоз гардида то 2 декабри соли 1992 давом ёфт ва дар кори он аз 222 вакил 197 нафар иштирок намуда дар он 74 санади ҳуқуқӣ, 15 қонун аз он ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» аз 24 ноябри соли 1992, таҳти №708, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март  то 25 ноябри 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд» ва ғайра, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот қабул гардид. Дар баробари инҳо дар раванди Иҷлосия муқаддасоти миллии мо Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ шуд.

Ҳанӯз соли 1992 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон    нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуданд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Маҳз дар Иҷлосияи такдирсози мазкур 19 ноябри соли 1992 бо овоздиҳии пинҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд. Ба ӯҳдаи сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Дар он иҷлосия сарвари нави давлати мо фарзанди фарзонаи миллат, ҷавонмарди ҷасуру матинирода Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат  баромаданд. Бо шунидани нахустин суханҳои самимию умедбахш ва қатъии Эмомалӣ Раҳмон дар чеҳраи аҳли толор, ки руҳафтодаю маъюс буданд, шарораи умед дурахшид. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунониданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввали ба вазифа шурӯъ кардан ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, парчами кишварро бӯсида, савганд ёд карданд ва бо иштирокдорони иҷлосия рӯ оварда чунин иброз намуданд, ки: «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Инчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, мисли хомӯш сохтани ҷанги бародаркуш, эҷод намудани фазои боъэътимоду ҳамзистӣ дар ҷомеа, баргардонидани гурезаҳо, азнавсозии низоми давлатдорӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, дарёфти ҷойгоҳи муносиб дар арсаи байналмилалиро мақсад ва мароми ҳукумати нав эълон намуданд. Раиси тозаинтихоби кишвар мақсад ва ҳадафи асосии худро чунин баён карда буданд: «Ба хотири истиқрори сулҳи пойдор ва бозгашти ҳамаи фирориён ба Ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам». Баъдтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин андешаи худро тақвият бахшида таъкид намуданд: «Азму иродаи мо дар роҳи барпо кардани давлати демократии ҳуқуқбунёд комилан қатъист. Ҳарчанд ки натиҷаҳои дилхоҳи он на ба таври оҷил балки бо гузашти вақт падид меоянд, дар баробари ин сулҳу субот бароямон муҳимтарин арзиш ҳисоб меёбад». Пешвои миллат таъкид намуданд , ки «Ин иҷлосияи тақдирсоз аст, бояд донем, ки тақдири ояндаи миллат, кишвар, Ватан, давлат дар дасти мост. Аз ин лиҳоз бояд худшинос шавем, хиради волои хешро баҳри якпорчагии ҷумҳурии азизамон истифода барем.» Ҳамин тариқ, дар Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олӣ бо ташаббуси бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон зербинои кохи бегазанди сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон гузошта шуд. Сарвари давлат бо таъкид мегуфтанд, ки дастоварди бузургтарини моро на танҳо наслҳои имрӯзаи кишвар, балки наслҳои оянда низ бо ифтихор ба забон хоҳанд овард.

Раҳматов Раҳматбой, ассистенти кафедраи хуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқи ДДОТ ба номи С.Айнӣ

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj