• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо моҳияти қонуни асосии кишвар чунин қайд карда буданд: «Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад». Волотарин дастоварди миллати тоҷик ин соҳиб шудан ба истиклоли милливу давлатӣ буд, ки бо қабули Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 ва санади истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 амалӣ гардид.Маҳз бо шарофати ба даст овардани истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ба ҳайси қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.Баъд аз ин воқеоти сиёсиву таърихӣ бояд санади тозаи дигар таҳия ва қабул карда мешуд, ки низоми ҳуқуқии кишварро муназзаму мураттаб намояд. Ҳамин тариқ, дар таърихи 6 ноябри соли 1994 бо роҳи райпурсии умумихалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки имсол аз ин санаи фархунда 28 сол сипарӣ мешавад. Таърих гувоҳ аст, ки дар Тоҷикистон аз соли 1929, яъне аз давраи дар дохили ИҶШС ба ҳайси ҶШС Тоҷикистон шинохта шудани он то имрӯз ба ҳадди панҷ маротиба (солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994) қонуни асосии кишвар қабул гардидааст, вале конститутсияи ҳоло амалкунандаи Тоҷикистон, ки аз соли 1994 қабул шудааст, аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал менамоянд ва ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошанд. Дар ин маврид лозим ба зикр аст, ки , ки ба Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) се маротиба (26-сентябри соли 1999, 22-июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016) бо роҳи райпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.

Аз замони қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрўз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Маҳз тайи ҳамин солҳо музокироти тўлонии миёни тоҷикон, ки мақсад аз он таъмини сулҳу суббот ва оромию баҳамоии тарафҳо буд, шурўъ шуда, 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба анҷом расид. Созишнома дар баробари ҳаллу фасли як қатор масъалаҳои мубрами рўз, ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба конститутсия пешбинӣ менамуд. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф нахустин бор ба Конститутсия дар таърихи 26 сентябри соли 1999 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба 31 моддаи Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд, ки ин тағйиру иловаҳо ба як қатор масъалаҳои мубрам марбут мебошанд.Ҳамзамон, пешрафти ҳаёти ҷомеа талаб менамуд, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил дода шуда, он ба талаботи давру замон мувофиқ гардонда шавад. Вобаста ба ин Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 4 апрели соли 2003 ироа шуда буд,иброз намуда буданд: «…меъёрҳои Конститутсия бояд ба инкишофи равандҳои демократӣ дар ҷомеа ва танзими муносибатҳои нави иқтисодӣ мусоидат намояд». Дар ҳамин асос як гурўҳи корӣ аз ҷумлаи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус баромад намуданд. Ин пешниҳоди намояндагони халқ иборат аз ҳифзи арзишҳо ва дастовардҳое буданд, ки дар зарфи солҳои 1992—2003 ба даст омада буданд. Тағйиру иловаҳо дар ин давра масъалаҳои зеринро фаро гирифтанд, ки аз арзиши олӣ эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муқаррар намудани мӯҳлати ваколати Президент, мӯҳлати ваколати судяҳо инчунин аз муқаррароти интиқолӣ ва таҳриру тасҳеҳ иборат буданд. Бори дуюм дар таърихи 22 июни соли 2003 ба 56 моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки асосан аз ҳамин давра халқи Тоҷикистон амалан ихтиёри давлатдориро ба даст гирифта, асосҳои ҳуқуқии барпо намудани давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро гузошт, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонд ва заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохта, дар кишвар раванди бунёдкориро оғоз намуд.

Ворид кардани тағйиру иловаҳои даври сеюм ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон такмил намудани меъёрҳои Конститутсияро дар як давраи муайяни таърихӣ тақозо намудааст. Бо назардошти рушди забони давлатӣ, талаботи қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011, таҳти №458 тасдиқ шудааст, зарурат пеш омад, ки дар матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истилоҳот ва ибораву калимоти он мукаммал гардонида шуда, вожаву таркибот тибқи меъёрҳои қонун дақиқ навишта шаванд. Зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ба мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни асосии кишвар ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Бояд қайд кард, ки дар даври сеюм ба 41 банди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағийру иловаҳо ворид карда шуд.

Воқеан, дар ҷомеаҳои мардумию суннатӣ, ки дар онҳо асрҳо боз анъанаҳои вижаи ба худ хос шакл гирифтааст, таъмини низоми одилона ва устувор дар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ татбиқ мешаванд. Чунини низомро маҳз Конистутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми як санади асосӣ бо шинохт ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ рисолати воқеии худ қарор додааст. Он ба ҳукми Қонуни асосӣ тамоми самтҳои фаъолияти давлату давлатдориро танзим намуда, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандонро зери ҳимоя гирифтааст. Муҳимтар аз ҳама, роҳнамоест барои имрӯзу фардои давлату миллат ва ҳамчун бахтномаи сарнавиштсоз моро ҳифз мекунад ва ба сӯйи ояндаи неку дурахшони ҳидоят мекунад. Дар ин маврид бо эътимод метавон ҳадс зад, ки бо сипарӣ шудани 28 сол аз рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашамату эътибори он боз ҳам афзун гардида, ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.

ҒАФОРЗОДА ҶОНОНА ҒАФОР

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи «Иқтисодиёт ва идоракунӣ»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj