• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Исследование
There are no translations available.

ОИЛА - НИҲОДИ МУҚАДДАСИ ҶОМЕА

“Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро бештарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд”.

Эмомалӣ РАҲМОН

Оила чун асоси ҷамъият, дар ҷомеаи мутамаддин мақоми хосса дорад. Пойдорӣ ва солимии оила пойдорӣ ва солимии миллат аст.

Ба ибораи дигар, чӣ хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, “Оила ояндаи миллат аст”. Аз ин рӯ, дар ҷомеаи мо давлат нисбати масоили марбут ба оила бетараф буда наметавонад. Дар ҳақиқат, оилаи солим ин ҷомеаи солим аст. Оилае, ки дар он сулҳу субот, якдигарфаҳмӣ, дастгириву ҳамдигарфаҳмӣ ҷой дорад, оилаи пойдор ва солим аст.

 

Гузаштагон беҳуда нагуфтаанд, ки дар зиндагии инсонҳо пастиву баландӣ, ҳамвориву нишебиҳо ҳастанд, ки онро сарбаландона гузаштан масъулият ва сабру таҳаммулро тақозо мекунад. Бинобар ин, барои пойдории оилаи хеш бисёр душвориҳоро паси сар кардан муҳим аст. Дар оилаи носолим, ки ҷанҷолу пархош мавҷуд аст, тарбияи фарзандон низ душвориҳоро пеш меорад.

 

Модоме, ки муҳити оила, муносибати волидайн, кору рафтори онҳо ба тарбияи фарзанд таъсири манфӣ мерасонад, наметавон гуфт, ки он фарзандон дар рӯҳияи солим тарбия меёбанд. Моро зарур аст, ки ҳамдигарфаҳмиву меҳрубониро чун мадраки асосӣ дар оила  бидонем. Чуноне, ки аз омори мавҷуда  маълум аст, имрӯз шумораи оилаҳои ҷовони барҳамхӯрда дар миқёси кишвари мо зиёд гардидаанд. Аз ҷумла масъалаи пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, ки шумораи онҳо сол ба сол зиёд мегардад, ташвишовар мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин раванди номатлуб соли 2010 – 5818 ҳолат, соли 2011 – 6797 ҳолат, соли 2012 – 7608 ҳолат, соли 2013 – 8919 ҳолат ва соли 2020 – тахминан 10 000 ҳолатро ташкил дод. Сабаби ин ҳолат, пеш аз ҳама, омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона, мавҷудияти аломатҳои зӯроварӣ дар оила маҳсуб меёбад, ки оқибатҳои манфиро доро буда, боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардида истодааст. Имрӯз дар қаламрави кишвар қариб 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18 - сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд.

Aсoсгузoри сулҳу вaҳдaти миллӣ - Пешвoи миллaт,  Президенти Ҷумҳурии Тoҷикистoн, муҳтарам  Эмoмaлӣ Рaҳмoн дар ин маврид чунин зикр кaрдaанд: “Рушди минбaъдaи ҷoмеa тaқoзo менaмoяд, ки бo мaқсaди тaнзими ҳaмaҷoнибaи мунoсибaтҳoи ҷaмъиятӣ қoнунҳoи aмaлкунaндa мунтaзaм тaкмил дoдa шaвaнд. Aз ин рӯ, бa субъектҳoи ҳуқуқэҷoдкунaндa, aз ҷумлa вaкилoни пaрлaмент зaрур aст, ки сифaти қoнунҳoи aмaлкунaндa вa бa сaтҳи рушди иқтисoдиву иҷтимoии кишвaр мутoбиқ будaни oнҳoрo мунтaзaм тaҳлил кaрдa, лoиҳaи сaнaдҳoи меъёрии ҳуқуқии бa тaлaбoти рӯз мувoфиқрo тaҳия нaмoянд”.

Оила хишти хонае мебошад, ки каҷ ё нодуруст гузоштани он боиси ноустувории ин бино мегаргад. Аз ин лиҳоз, мо омузгоронро зарур аст, ки барои зиёд гардидани оилаҳои пойдор, намунавӣ  ва пешқадам кӯшиш намуда, баҳри рушди ҷомеаи мутамаддин ва солиму пешрафта саҳмгузор бошем. Аввалин мактаби таълиму тарбияи инсон ин оила аст. Имрӯз мо бояд кӯдаконро дар рӯҳияи меҳандӯстӣ, ватанпарастӣ, адолат ва худшиносии миллӣ тарбият намоем. Манбаи асосии дигари оиладорӣ ин дӯстиву рафоқат ва ҳамдигарфаҳмиро тақозо менамояд, ки ин омилҳоро метавон танҳо дар оилаи солим дарёфт намуд ва пай бурд.

Оиша КАБИРОВА, корманди шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj