• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ИҶЛОСИЯИ XVI - МАКТАБИ БУЗУРГИ ҲАЁТ

ВА САБАҚИ НОТАКРОРИ ДАВЛАТДОРӢ

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ чун дигар санаҳои муҳими таърихӣ барои ҳар фарди кишвари мо, ки  дорои ҳуввияти миллӣ буда, қабули он дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ давраест, ҳассосу фаромӯшнашаванда. Зеро маҳз дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта бо иқдоми манфиатхоҳону муздурони онҳо ва аъмоли бадқасдонаи хоинон таҳдиди пароканда шудани халқи тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли онҳо ба миён омад. Гурўҳҳои манфиатхоҳ ва экстремистию террористӣ ормон доштанд, ки давлатдории тоҷикон боз аз сари нав суқут ёбаду фоҷеаи сангину нобахшидании таърихи миллӣ - пошхӯрии аҳди Сомониён дубора такрор ёбад.

Ногуфта намонад, ки ин миллату ҳамин сарзамин масири пуршебу фарози ҳазорсолаҳои таърихро паймуда, ниҳоят Истиқлоли комилро соҳиб шуд. Албатта, 9-уми сентябри соли 1991 Изҳорот дар бораи Истиқлоли давлатӣ қабул гардид, вале бадхоҳону ҳасудони даркаминнишаста чун ҳамвора ба таҳқиқу татбиқи нақшаю ниятҳои нопоки хеш бархоста, тифли раҳомӯзи истиқлоли мо дар ибтидои роҳи худ ба фоҷиаи ҷонкоҳе дучор гардид, ки феълан бешубҳа такрори он рӯзҳоро касе намехоҳад. Яъне дар натиҷаи фитнаю дасисаи нерӯҳои бадхоҳи хориҷӣ ва баъзе қудратталабҳои дохилӣ авзои сиёсию иҷтимоии кишварамон ноором гардида, Тоҷикистон ба гирдоби даргириҳои хунини дохилӣ кашида шуд.

Дар гўшаву канори сарзамини тоҷикон оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга зада, қариб тамоми рукнҳои сохтори давлатӣ вайрону фалаҷ гардиданд. Маркази ҷумҳурӣ, марказҳои маъмурии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва садҳо ҷамоату корхонаҳои саноатӣ, иқтисодиёт, муассисаҳои иҷтимоӣ – фарҳангӣ ва маорифу тандурустӣ муфлису хароб шуда, ҳазорон нафар гуреза гаштанду ба хоҷагии халқи мамлакат миллионҳо маблағ хисорот расид. Дар ин айём, воқеан масъалаи ҳастиву нестии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон саволи матраҳ буд.

Даврае, ки Тоҷикистон дар лаби вартаи нобудӣ қарор дошт, моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардид. Бо амри Эзид ва хости тақдир ҷавонмарди 40-сола, дар ҳоле ки дар толор чеҳраҳои зиёди сиёсии таҷрибадида хомӯшию бетарафиро ихтиёр карда буданд, бо ҷуръату матонат ва боварии қатъӣ масъулияти бузурги роҳбарии давлатро ба зимма гирифт ва ваъда дод ба Ватанаш сулҳ ва озодию ободӣ меоварад. Ин ҷавонмарди ҷонфидою равшанзамир, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз рӯзҳои аввали роҳбариаш тамоми неруи ҷисмонӣ ва равониашро барои хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор намудани тинҷию оромӣ, ваҳдату якпорчагӣ ва шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол равона кард.

Баъд аз 40 силсила мулоқоти тӯлонии расмӣ ва ғайрирасмӣ бо мухолифин дар таърихи 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон ба имзо расид ва гурезаҳо ба Ватан баргашта, дар тамоми гӯшаву канори мамлакатамон ободкориҳо тадриҷан ҷараён гирифтанд.

Баъзе ба ном сиёсатмадорону давлатдорон, "патриотҳо" ва "зиёиёни ватандӯст", ки дар ин марҳилаи ҳасос бояд тақдири баъдинаи халқу кишварро ҳал мекарданд, бо баҳонаи дар бими марг қарор доштану беэътибор нашудан аз вазифаҳои функсионалии хеш канораҷӯӣ намуда, тамошобини хунрезиҳо ва манзараҳои даҳшатангезу дилкафкунандаи муноқишаҳои дохилӣ ва даргириҳои сиёсӣ шуданд. Дар ин лаҳзаҳо баъзе тоҷикон аз ҷониби манфиатхоҳон фирефтаю гумроҳ гардида, ҳамдигарро таҳқиру ғорат мекарданд, ҳазорҳо шаҳрвандони азиятдида зодгоҳи бунёдии хешро тарк карда, фирорӣ шуданд.

Ҳамин аст, ки баргузории анҷумани саодати миллӣ ё худ Иҷлосияи таърихӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт, сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳилаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати комил ва рӯ овардан ба корҳои азими созандагию бунёдкорӣ гардид.

Воқеан, агар аз дидгоҳи имрӯз ба рӯйдодҳои аввали солҳои соҳибистиқлолии кишвар назар афканем, равшан аст, ки маҳз иҷлосияи тақдирсоз сароғози таърихи навини давлатдории мо, тоҷикон ба шумор меравад. Муҳимтарин дастоварди он, албатта, тақвияти қонуният ва минбаъд бо роҳи конститутсионӣ ҳаллу фасл гардидани тамоми масоили ҳаётан муҳими сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар буд. Яъне он замон мақсаду мароми вакилони халқ ба он равона шуда буд, то ақлу хиради солим ва адлу инсоф боло гираду ризоияти миллӣ ва якпорчагии Ватан ва суботи сартосарӣ дар кишвар таъмин гардад.

Муваффақ шудан ба ризоияти миллию ваҳдат маҳз натиҷаи заҳматҳои ҳалолу фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабули қарорҳои судманди иҷлосия аз тарафи ҷонибҳо ва талошҳои бемислу рӯзафзуни халқи тоҷик буд, ки сипас дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ  табдил ёфта, барои бунёди иншооти азими кишвар заминаи воқеӣ гузошта шуд.

Инак, дар муддати 31 сол  Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи мутамаддину демократӣ қадамҳои устувор гузошта, ба пешрафти бесобиқа ноил гардид. Дар ин масир хизмати бесобиқаи ин шахсияти таърихӣ, ки зимоми давлатдориро рӯи даст гирифту сохторҳои фалаҷгардидаи ҳокимият, бахусус, артиши миллию ниҳодҳои қудратӣ ва дигар сохторҳоро таъсис доданду баҳри таҳкими ҳокимияту давлат шароити мусоид фароҳам овардаанд, ки ин лоиқи тавсиф аст. Яъне маҳз бо шарофати Сарвари давлату қабули қарорҳои иҷлосия манфиатҳои умумимилливу давлатӣ тири аҳдофи ғаразҳо, манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва ҳизбиву маҳаллӣ ва минтақавӣ хок хӯрда, барои ҳалли мушкилоти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ ибтидо гузошта шуд.

Подоши ҳамаи ин заҳматҳо аст, ки феълан ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтироми бузурги мардуми кишвару сарони давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ нисбати Сарвари давлат буда, ӯро чун сиёсатмадори варзида ва таҷассумгари марому ормонҳои умумибашарӣ медонанд. Албатта, бузургтарин нақши Пешвои муаззам дар барқарорсозии сулҳи комил ва эҳёи давлати миллӣ, таваҷҷуҳи хосаи Ҷаноби Олӣ ба масоили глобалӣ аз қабили обу иқлим, пешгирии терроризму эктремизм ва дигар мушкилоти мавҷудаи сайёра мебошад. Имрӯз Тоҷикистонро беш аз 193 кишвари олам ба расмият шинохтааст ва кишвари мо бо 160 мамлакат муносибати густурдаи дипломатӣ ва робитаҳои судманд дорад.

Тоҷикистон созишномаҳои байналхалқии сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро амалӣ сохта, ҳифзи ҳуқуқи инсонро сарфи назар аз мансубияти миллӣ, нажодӣ ва маҳаллию мазҳабӣ таҳти ҳимояи хеш қарор додааст.

Имрӯз аз он ифтихор дорем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки сарчашмаи асосии он иҷлосияи XVI мебошад, мамлакати моро ба давлати пешрафта табдил додааст ва барои мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, чӣ дар дохили кишвару чӣ бурун аз он, зарур аст, ки ба ин неъмати ноёбу муқаддас-сулҳу амнияти поянда  самимона арҷ гузошта, суботу рушди бардавоми кишварро таъмин намоем.

 

Мудири кафедраи анализи математикии

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон,

доктори илмҳои физикаю математика,

профессор        Юсупов Г.А.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj