• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

ГУНОГУНИИ БИОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН

Мафҳуми «Гунгунии биологӣ» 5 июни соли 1992 дар Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ва рушд дар Рио-де-Жанейро (Вохўрӣ дар сатҳи баланд «Сайёраи Замин») барои имзо пешниҳод шуд. Ин мафҳумро 4 июни соли 1993 168 мамлакат тарафдори намуданд. 29 декабри соли 1993 аз тарафи 30 мамлакат мавриди ба амал татбиқ гардони қарор гирифт. Аз 27 марти соли 2021 № 88 оид ба «Мутобиқшавии организмҳои зинда ба шароити таѓйирёбандаи муҳити зист» қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст.

«Гуногунии биологӣ» муносибати мутақобилаи организмҳои зиндаро аз ҳамаи сарчашмаҳо, аз ҷумла бо иловаи экосистемаҳои рўизаминӣ, баҳрӣ ва дигар экосистемаҳои обӣ  ва комплексҳои экологӣ, ки ҳисми таркибии он мебошанд, ифода менамояд, ин мафҳум гуногуниро дар доираи намуд, байни намудҳо ва гуногунии экосистемаҳоро дар бар мегирад.

«Экосистема» маҷмўъҳои таѓирйирёбандаи  (динамикии) ҷомеаи растаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳо, инчунин муҳити атрофи uайризиндаи онҳоро, ки ҳамчун ягонаи функсионалии тақсимнашаванда таъсири мутақобила доранд ифода менамояд.

 

Ҷойгиршавии географии Тоҷикистон дар сарҳади минтақаи муътадил ва субтропикӣ, релефи сахт паҳновар, таuйирёбии шароити табиӣ­­ иқлимӣ вобаста ба минтақаи амудӣ будан ва онҳо 80% тамоми гуногунии набототу ҳайвонотро фаро мегиранд. Экосистемаҳои кўҳӣ аз нозуктарин экосистемаҳои сайёра ба ҳисоб мераванд ва ба  тағйирёбии иқлим хеле ҳасос мебошанд. Дар экосистемаҳои кўҳӣ бисёр намудҳо ва ҷамоаи организмҳои зинда мавзеи хеле маҳдуди зистро ишuол менамоянд ва гуногунии экосистемаҳои табииро муайян менамояд. Ҳар як экосистема бо мавҷуд будани номгўи муайяни намудҳои ҳайвонот ва растаниҳо  тавсиф  дода мешавад. Дар Тоҷикистон экосистемаҳои кўҳӣ мавқеи ҳукмфарморо ишѓол менамоянд ба таъсироти табиӣ ва антропогенӣ хеле ҳасос мебошанд.

Табиати Тоҷикистон бо сохтор бои намудӣ ва гурўҳҳои гуногуни ҳайвоноти бемўҳра, ва муҳрадорон  ки дар ҳаёти экосистеемаҳо ва  биосенозҳои табию  маданӣ нақши муҳимро мебозанд муаррифӣ мешавад. Дар фаунаи Тоҷикистон  дар байни ҳайвоноти бемўҳра  бо ҳайати бои намудӣ типи буuумпойҳо (Arthropoda) пешниҳод  шудааст, ки ба гурўҳҳои тақсономии гуногуни аз ҷиҳати пайдоиш ва шаклёбӣ муттаҳид шудааст. Онҳо ба шароитҳои гуногун мутобиқ буда, шаклҳои сершумори ҳаётро таъсис медиҳанд. Аз рўи тарзи зиндагӣ дар Тоҷикистон намудҳои руизаминӣ афзалият доранд, вале шаклҳои гуногуни обӣ ва нимобӣ низ вомехўранд. Аз рўи алоқаи uизогӣ буѓумпойҳо асосан ба намудҳои растанихўр, даранда, ва комплексҳои муфтхўри ҷудо мешаванд. Вобаста ба ин дар байни  намудҳои  паҳнгардидаи олами ҳайвонот намудҳои сершуморе вомехўранд, ки дар занҷири умумии алоқаҳои мутақобилаи табиати Тоҷикистон мавқеи асосиро  ишѓол менамоянд.

Ҷадвали №1

Сохтори гуногунии биологии Тоҷикистон (олами ҳайвонот)

№р

Номгўи синфҳо

Миқдори намудҳое, ки дар тамоми дунё дучор мешаванд

Миқдори намудҳое, ки дар Тоҷикистон дучор мешаванд

Миқдори намудҳое, ки ба «Китоби Сурх»-и Тоҷикистон дохил карда шудааст

Ба ҳисоби фоиз

1

Моҳиҳо

20 000

64

14

20

2

Обхокиҳо

4565

3

-

-

3

Хазандаҳо

7578

49

31

62

4

Парандагон

9000

385

37

10,6

Ширхўрон

4500

85

42

50

Ҳамагӣ

45,64

596

124

35,7

Ҳайвоноти бесутунмўҳра

1

Ҳашаротҳо

10 000

58

2

Соддатаринҳо

300

3

Кирмҳои муфтхўр

1400

4

Тортанакшаклон

715

5

Нармбаданҳо (моллюскаҳо)

204

Ҳамагӣ

1261

Ҷамъ

1320

 

Мутассифона дар солҳои охир шумораи зиёди намудҳои нодири флора ва фаунаи Тоҷикистон талаф ёфтанд, ё ин ки дар ҳолати нестшави  қарор доранд.

Аз руи ҷадвал маълум мешавад, ки олами ҳайвоноти  Тоҷикистон хело бой ва гуногунранг мебошад. Дар қаламрави ҷумҳурӣ зиёда аз 1320 намуди ҳайвонот ба қайд гирифта шудааст, аз ин миқдор 596 намуди онҳоро  ҳайвоноти сутумўҳрадор ташкил мекунад.  Қаид намудан ҷоиз аст, ки дар фаунаи Тоҷикистон ҳаивоноти сутунмўҳрадор паҳншуда ва назарас буда диққати одамонро аз замонҳои пешин ба худ ҷалб менамуданд. Бинобар ин таъсири инсон бо ҳайвонҳои мўҳрадор назарас мебошад ва онҳо ҷабрдида  ба шумор рафта барои ҳифз намудан бештар ниёз доранд. Тибқи маълумоти олимон аз 596 намуди ҳайвоноти мўҳрадор 114 намуди онҳо ба  «Китоби сурх» - и Ҷумҳурии Тоҷикистон доҳил  карда шуданд, ки онҳо дар ҳудуди нестшави қарор доранд. (Ҷад. №1)

Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мо ҳозир бояд нақшаҳои мушахаси дарозмуддат ҷиҳати муҳофизати намудҳои нодир ва нестшудаистодаи флора ва фаунаи ҷумҳурӣ таҳия намоем. Яке аз усулҳои афзалиятнок ин таъсис ва ё беҳтар намудани фаъолияти парваришгоҳҳо ва мамнўъгоҳҳо ба ҳисоб меравад. Ҳифзи олами ҳайвонот ва наботот кори  умумихалқист. Ҳар як инсон  вазифадор аст, ки ба он, яъне ба табиати зиндаи кишвари худ сарфакорона ва эҳтиёткорона муносибат намояд.

Сатторов Тоҳирҷон, профессори кафедраи зоология

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj