• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Исследование
There are no translations available.

НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ ХVI ШЎРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲ ВА ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

 

Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) воқеаи бузургест, ки дар таърихи навини мо ва дунё ҳамто надорад ва мо маҳз ба шарофати он ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расидем. Ҳар қадар, ки вақт моро аз ин Иҷлосияи тақдирсоз дур мебарад, ҳамон қадар аҳамияти бузурги таърихиву сарнавиштсози он барои давлату халқи Тоҷикистон бештар аён мегардад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки рушд ва таҳкими давлатдории навину истиқлоли воқеии Тоҷикистон, якпорчагии он, ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар сарзамини бостонии мо, амали ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо мегиранд. Аз ин рў, омўхтан ва пос доштани аҳамияти таърихии ин Иҷлосия барои ҳар яки мо, наслҳо ва ҷомеаи имрўзаю оянда ниҳоят муҳим, ибратомўз ва қарзи фарзандию ифтихори ватандорӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамин тариқ, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри татбиқи бунёдкориву созандагӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии он ислоҳоту тағйироти кулливу умда ба зуҳур овард. Таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ислоҳоти иқтисодӣ ва гузариш ба муносибатҳои бозорӣ, ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, ягона ва демократӣ ворид гардидани Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, эҳёи «Роҳи абрешим» ва тавассути он сохтани роҳҳои дорои хусусияти байналмилалӣ, пулҳои боҳашамат ва кандани нақбҳои Анзобу Шаҳристони вилояти Суғд ва Чормағзаку Шаршари вилояти Хатлон, ба кор андохтани нерўгоҳҳои азиму барқиву обии Нораку Сангтўдаву Роғун ва садҳо нерўгоҳҳои хурду миёна дар тамоми навоҳиву манотиқи гуногуни кишвар, сохтмони ҳазорҳо иншоотҳои муҳташами истиқомативу фароғатӣ, марказҳои савдову тиҷорат, мактабу литсейҳои миёнаву байналмилалӣ дар саросари кишвар, боғчаву ятимхонаҳо, марказҳои тиббиву тандурустӣ, таъмини саросарии мактабу маорифи мамлакат бо воситаҳои иттилоотиву иртиботӣ, хусусан бо компютеру интернет, эҳёи низоми ҷадиди таълим ва интишори ҳамаҷонибаи он дар кишвар, мавриди истифода қарор додани Маркази тестии қабули довталабон ба макотиби оливу миёнаи махсус, таҷдиди назар намудани китобҳои дарсиву васоиту барномаҳои таълимӣ ва ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ сохтани онҳо ва ғайра шаҳодати барҳақи пешрафти  бемайлони Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ин ҳама пешрафту ободкориҳо маънии он аст, ки халқи Тоҷикистон дар зери ливои Пешвои муаззами хеш  ҳикмати ободонӣ ва созандагиро сармашқи ҳаёту кори хеш қарор додааст.

Дигар тағйироти азиму назаррасе, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва гулгулшукуфии кишвар зери сарпарастии Сарвари давлати тоҷикон ба вуқуъ пайвастааст, эҳёи ислоҳоти куллӣ дар маорифу илм, таҷлили ҷашнҳои милливу хотираи абармардони фарзонаи миллат, китобҳои муқаддас, ба сатҳи байналмилалӣ расонидани ҷашни Наврўз ва арҷгузорӣ ба рўзҳои саиду хотирмон ва амсоли инҳо мебошанд.

Имрўз рушди соҳаҳои мактабу маориф ва илму фарҳанг яке аз вазифаҳои асосии стратегӣ ва соҳаи афзалиятноки Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст ва баҳри татбиқу амалӣ сохтани ин ормонҳои милливу давлатӣ Сарвари кишвар ва аъзои дастгоҳу ҳукумати кишвар ба таври ҳамешагӣ ҷаҳду талош намуда истодаанд. Мо орзуи онро дорем, ки дар солҳои наздик ин мақсаду ҳадафҳои матлубу нишонраси онҳо амалӣ хоҳанд гардид ва баҳри комёбшавӣ ба зиндагии комилу шоиста ва ахлоқи ҳамидаву ҳасанаи саросарии инсонӣ дар кишвар мусоидат хоҳанд кард.

 

Дилрабои Музафарӣ

магистри соли аввали факултети иқтисодиёт ва идоракунӣ, ихтисоси менеҷмент дар соҳаи маориф

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj