• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

ДОНИШГОҲ - ДАРГОҲИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

Таълиму тарбияи насли наврас, махсусан ҷавонон яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосир ба шумор рафта, вобаста ба танзиму  пешбурди дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ба маырои дурусти хеш ворид мегардад. Дар ин масир таълимгоҳҳо, хусусан донишгоҳу донишкадаҳо нақши муҳим дошта, дар раванди таълиму тарбияи насли наврас, махсусан ҷавонон бештар мусоидат менамоянд. Дар ин росто, чанд вазифаҳоеро, ки муассисаҳои таълимӣ, хоссатан донишгоҳҳо ба анҷом мерасонанд, хотиррасон намоям.

Донишгоҳ аслан ин муассисаест, ки  талаботи шахсро бо роҳи ба даст овардани таҳсилоти олии касбӣ дар зинаҳои гуногуни таҳсилот, хусусан бакалавриат, мутахассис, магистратура, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос ва ё таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ қонеъ мекунад, ба воситаи пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва фаъолияти эҷодии кормандони илмию омўзгорӣ ва таҳсилкунандагон рушди фаъолияти илмӣ - инноватсиониро таъмин намуда, натиҷаҳои ҳосилшударо дар ҷараёни таълим ва истеҳсолот амалӣ мегардонад.

Омўзиш, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси кормандони дорои таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ, кормандони илмию омўзгории баландихтисос ва дигар эҳтиёҷмандонро дар мувофиқа бо Муассис ба роҳ мемонад.

Дар зеҳни таълимгирандагон асосҳои ҷомеаи шаҳрвандиро ташаккул дода, барои дар шароити муосир кору фаъолият намудани онҳо замина фароҳам меоварад.

Дар тафаккур ва ҷаҳонбинии таълимгирандагон арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ, миллӣ ва умумибашариро ҷой дода, онҳоро барои ҳифз ва нигаҳдории сирри давлатӣ омода мегардонад ва барои густариши дониши таълимгирандагон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо талош менамояд.

Барои паҳн намудани донишу малакаи муосири иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳукуқӣ, тиббӣ, биологӣ, экологӣ ва дигар дастовардҳои илмӣ-инноватсионӣ талош намуда, дар баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинии умумӣ, сиѐсӣ ва фарҳангии таълимгирандагон бо татбиқ намудани қоидаҳои низоми кредитии таҳсилот тадбирҳо меандешад.

Имрӯз ҷавонони мо, ки аксари онҳо дар зинаҳои мухталифи таҳсилот омӯзишу тарбия мегиранд, бояд ин суханони Пешвои муаззами миллатро дар зеҳни хеш ҳифз намоянд: “Ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад”.

Имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Зеро имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Таълиму тарбияи наврасону ҷавонон вазифаи ҳар як фарди ҷомеа ва муассисаву ниҳодҳои иҷтимоӣ мебошад. Барои он ки қонуну тартиботи ҷамъиятӣ то меъёри муайян риоя карда шавад, меъёрҳои заруриро бояд риоя намуд. Вале мутаассифона камбудӣ дар ин ҷода  ҳастанд ва дар бартараф кардани онҳо бояд ҳама яктан камари ҳиммат бандем. Дар аксар ҳолат мушоҳида мешавад, ки дар баъзе муассисаҳои таълимӣ донишҷӯён ба дарсҳо бо таъхир меоянд, ба талаботи низомномаи сарулибоси ягона эътибор намедиҳанд, дар раванди дарсҳо аз  телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) истифода мебаранд ва амсоли ин қонуншиканиҳо, ки ба шаъну шарафи  донишҷӯй ва насли ҷавони асри тараққиёти ҷаҳонӣ  муносиб нест.

Дар ин маврид ба ҳар як донишҷӯву ҷавони даврони истиқлол муроҷиат намуда, изҳор менамоям, ки ин мавсимеро, ки онҳо дар даст доранд, доимӣ набуда, гузарон аст ва дигар ҳеҷ гоҳ барнамегардад. Фурсати муносибро истифода бурда, вақти хешро бештар ба омӯзиш ва ёдгирӣ сарф намоянд. Низоми  таълиму тарбияро дар сатҳи аввал гузоранд ва қонуну қоидахои муқаррарнамудаи муассисаи таълимиро риоя кунанд ва бо омузгорони муассисахои таълими дуруст рафтор намуда,  дар дарсхо ва дар озмуну дигар корҳои ҷамъиятӣ саҳмгузор бошанд. Ба  ватану миллати хеш содиқона хизмат намоянд, зеро ин қарзи муқаддаси ҳар яке аз мост.

Шараф Алланазаров, мудири бахши таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj