• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ЗАМИНАГУЗОРИ БАҚОИ МИЛЛАТ

Бо пароканда шудани сохтори муқтадири собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва заиф гаштани сутунҳои ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи носолим ва низои дохилӣ ба миён омада, ба хоҷагии халқ хисороти зиёд ворид сохт. Ҳазорон нафар ҳамватанони мо аз манзили истиқоматӣ маҳрум ва қисмате қурбони ин фоҷиа гаштанд. Новобаста ба ин, халқи тоҷик ба субҳи умед эътимод дошт ва бо чунин андеша тасаллӣ меёфт:

Аз ноумедиҳо басе умед аст,

Поёни шаби сияҳ сафед аст.

 

Дар таърихи халқи тоҷик ин фоҷиаи гарон чун саҳифаи фаромӯшнашуданӣ ва ҳузнангез сабт шудааст, ба ояндагон сабақи зиндагӣ хоҳад буд.

 

Иҷлосияи XVI аз 16 ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар қасри Арбоб, шаҳри Хуҷанди бостонӣ гузаронида шуд. Аз 230 нафар вакилони халқ 193 нафар дар кори ин иҷлосия ширкат доштанд.

Дар иҷлосияи мазкур ба Раиси Шӯроии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати Сарвари давлат дода шуд. Ба ӯҳдаи Сарвари давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Давлати навтаъсисе, ки ба миён омад, фаъолияти худро аз оштии миллӣ, халъи силоҳ, авф, баргардонидани гурезагон, таъмини ҳуқуқҳои инсон оғоз намуд. Сиёсати хирадмадонаи Сарвари давлат низоми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид.

Ба озодӣ расидем аз талотумҳои рӯзи ҷанг,

Чӣ давлат, ки дифо кардем мо номусу ору нанг.

Кунун пурқудрату соҳибмақому зеби дунёем,

Зи хушбахтии мо, бар душмани мо гашта дунё танг.

Ҳамаи пешрафту нумӯи давлати феълии тоҷикон аз файзу баракати Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, зеро маҳз ҳамин Иҷлосия чун субҳи сафо бар шоми миллат ғолиб омада, ба хушбахтии мардум заминаи мусоид фароҳам овард ва бори дигар сокинони манотиқи гуногуни кишварро ба дурандешиву бунёдкорӣ ҳидоят намуд. Ба арсаи сиёсат ворид шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ҷаласаҳои Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби ӯ муаррифӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти сиёсии моро таҳким бахшид. Давлати тоҷикон дар симои сарвараш ҳомии сулҳро пайдо намуд.

Ҳамаакнун вазифаи ҳар фарди ҷомеа аз он иборат аст, ки баҳри оромии кулл ва ҳифзи сарватҳои кишвари азизамон Тоҷикистон саҳми шоистаи худро гузорад.

Шодию нишот, бахти баланди одамон ба воситаи дӯстиву рафоқат пайдо мегардад ва баръакс душманӣ ба рӯзи сахту гарони мардум боис мегардад.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Иҷлосияи тақдирсоз ҳам мегӯянд, дар хотираи мардуми тоҷик абадан нақш бастаст, зеро дар ҳамин Иҷлосия тақдири минбаъдаи Тоҷикистони навтаъсис ҳал шуд. Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ниҳоят мураккаби таърихӣ ташкил шуд ва ҳаёти нави худро оғоз кард. Дар чунин даврони ҳассос қувваҳои гуногун роҳҳои ғайриконститутсиониро пеш гирифта, гирдиҳамоӣ ташкил намуданд ва мардумро ба ҳам шӯронида, соҳибисиқлолии ҷумҳуриро зери хавфу хатар монданд. Ин равандҳои номатлуб боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид ва дар давраи бесарусомониҳо шахсони силоҳбадаст ба қатлу таҷовуз, ғоратгарӣ даст зада, ба сари мардуми тоҷик рӯзи сиёҳ оварданд. Дасти пурқуввате лозим буд, ки ба ҳамаи ин нобасомониҳо хотима бахшад ва ба мардум сулҳу осоиштагӣ оварад. Чунин ҷавонмарди ҷасуру бебок ва фозилу дарёдил, фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки тақдири онрӯза ва минбаъдаи миллатро ба даст гирифтанд ва ба Ватани азизамон Тоҷикистон сулҳу амонӣ ва Ваҳдату якдигарфаҳмӣ оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста пайи ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз саъю кӯшиш мекунанд ва боиси ифтихори мост, ки чунин Пешво дорем.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти таърихӣ буда, он барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти мамлакат, ваҳдати миллӣ замина гузошта, дар кишвар ба раванди бунёдкорӣ оғоз бахшид ва симои сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намуд. Орзуи халқи тоҷик оиди барпо намудани ҷумҳурии соҳибистиқлол ҷомаи амал пӯшид ва аз соли 1992 Тоҷикистон ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, зиёда аз 290 мамлакати ҷаҳон истиқлолияти онро эътироф менамояд.

Бовар дорем, ки мо 30-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсозро дар фазои ҳамдилии комил ҷашн мегирем ва барои ободу зебо нигоҳ доштани кишвари азизамон Тоҷикистон ҷони худро дареғ намедорем.

Ҳазорон шукри истиқлолу шукри ин Ватан дорам,

Зи тоҷик будани худ фахр дар ҳар анҷуман дорам.

Намоям ҳифз кишварро зи душман то дами мурдан,

Ки меҳри меҳанам дар ҷону дар рӯҳу бадан дорам.

Умаров Б.У. - магистри курси 1-уми факултети физикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj