• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

РЎЗИ ПРЕЗИДЕНТ ИДИ МИЛЛИИ ХАЛҚИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ АСТ
Президент (аз калимаи лотинии praesidens, praesidentis - дар пеш нишаста, пешво, раис) – роҳбари интихобии давлат дар кишварҳои дорои шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ буда, дар чунин кишварҳо ӯ дорои салоҳиятҳои васеъ мебошад, чунки ў функсияи Сарвари давлат ва Раиси ҳукуматро иҷро менамояд. Ба маънои расмӣ истилоҳи «президент» нахустин маротиба ҳангоми омода намудани Конститутсияи ИМА, дар соли 1787, замоне, ки ба шахси мансабдор, роҳбари интихобшудаи давлат масъалаи номгузорӣ пеш омад, аз ҳамон давр ин истилоҳ ба таври маъмул мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар айни ҳол, президент рамзи мутаҳидии давлат, намоянда ва муҳофизи манфиатҳои шаҳрвандон, ҳам дар давлати худ ва ҳам берун аз он, мебошад. Дар адабиёти ҳуқуқӣ институти президентӣ чун категорияи конститутсионӣ - ҳуқуқӣ омухта мешавад, ки ифодакунандаи маҷмўи ваколатҳои ҳокимиятии Президент дар соҳаи идоракунии давлат мебошад ва он ба меъёрҳои конститутсионӣ асос ёфта, танзимкунандаи баамалбарории ҳокимияти президентӣ маҳсуб меёбад. Таҳлили институти президентӣ дар кулли давлатҳои дунё нишон медиҳад, ки он дорои аломатҳои зерин аст: Президент шахси мансабдорест, ки ба таври интихобӣ баргузида мешавад; ў функсияи сарвари давлатро иҷро менамояд; ў Раиси ҳукумат аст; ў ба халқ содиқона хидмат менамояд.
Президент дар низоми мақомоти давлатӣ мақоми олиро ишғол намуда, субот ва муттасилии механизми ҳокимияти давлатиро таъмин мекунад. Дар ин баробар ӯ намояндагии олии кишварро дар арсаи байналмилалӣ дар амал татбиқ менамояд.
Дар Тоҷикистон, ки тибқи қонуни асосияш ба ҳайси давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ шинохта шуда, бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионӣ, истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояву ҳифзи онҳо, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон сохти президентии идораи давлат, ки дар он Президент сарвари давлат ва ҳокимияти олии иҷроия мебошад, барпо шудааст. Дар робита ба ин дар асоси моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011, таҳти №753 ҳамасола 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад.
Заминаи таърихии баргузор намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи ид аз иҷлосияи XX Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ки он дар таърихи 16-уми ноябри соли 1994 баргузор гардид ва Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамин давра, баъд аз маросими савгандёдкунӣ ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр муқаррар намудааст, шуруъ намуд. Иҷлосияи мазкур дар таърихи навтарини Тоҷикистон ҳамчун рўзи қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол ва зуҳуроти ягонагии миллату давлат ба ҳайси як воқеаи муҳим дар саҳифаи таърих сабт шудааст.
Баъд аз қабули Конститутсия ва интихоби Президент оғоз аз соли 1994 дар таърихи навини кишвари мо марҳалаи нав оѓоз ёфт ва дар беҳтар гардидани шароити иҷтисодию иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар шудани дараҷаи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон, идома ёфтани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам омад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти олии иҷроия (Ҳукумат) ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад. Ӯ Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳад, сарвазир ва дигар аъзои ҳукуматро таъин ва озод мекунад, Дастгоҳи иҷроияи Президентро таъсис медиҳад, Шўрои амниятро таъсис ва роҳбарӣ мекунад, қонунҳоҳоро тасдиқ мекунад, низоми пулиро муайян менамояд ва маълумотро ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд, ихтиёрдор ва масъули сармояи захиравӣ мебошад, ба татбиқи сиёсати хориҷӣ роҳбарӣ мекунад, шартномаҳои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд, сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъин ва озод мекунад, эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро қабул менамояд, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад; масъалаҳои шаҳрвандиро ҳал мекунад, паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳад, масаълаҳои бахшиши ҷазоро ҳал мекунад, шаҳрвандонро бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳои давлатӣ, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сарфароз мегардонад ва ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, амалӣ менамояд.
Аҳамияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки мо, халқи Тоҷикистон бояд фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намоем, зеро маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровар, талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осоиши Ватан, азму ҷасорати қавӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи ӯ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мо бояд ҳамасола бошукўҳ таҷлил намоем, чунки Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон ҳамчун шахсияти барҷастаи миллат, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти давраи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда ва дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз анҷом додааст.
Сангинзод Дониёр Шомаҳмад, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, проффессор, муовини ректори ДДОТ ба номи С.Айнӣ оид ба корҳои илмӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj