• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ ДАР ТАЪЛИМИ ФАНҲОИ ТАБИИЮ РИЁЗӢ

Дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф омӯзгорон нақши калидӣ мебозанд. Ин нуқта дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат, ки соли 2015 баргузор гардида буд, хеле мушаххас баён гардидааст: “... калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим-омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд”.

Барои мо – олимон, кормандони соҳаи маориф, мутахассисон ва омӯзгорон ин суханон беҳтарин дастурамал мебошанд.

Маориф дар ҳама давру замон нерўи пешбарандаи ҷомеаи мутамаддин, маҳаки соҳибфарҳангӣ ва соҳибмаърифатии аҳли ҷомеа аст.

Кушоиш ва раҳоиш дар тамоми ҷабҳаҳои кору зиндагӣ ба низому суботи он алоқаманд мегардад. Ҳамин аст, ки ҳамеша дигаргуниҳои куллӣ дар ҷомеа, муайян намудани самти ояндаи инкишоф ба дўши маориф бор аст ва масъулияти ҳамин сохтор ба шумор меравад. Дар ҷаҳони имрўза ягон ҷомеаи мутамаддинро ном бурдан мумкин нест, ки аз мушкилоти соҳаи маориф фориғ бошад. Аз ин рў андешае, ки мушкилоти маориф кай ҳал мешуда бошад, саволест беҷавоб. Аммо мутахассисон, муҳаққиқон, махсусан омўзгорони асил пайваста дар ин масъала андеша менамоянд, ки бештар шогирдони мактабро ба зиндагии мустақил омода ва равона созанд.

Низоми маорифи кишвар дар шароити мураккаби иҷтимоӣ дастовардҳои қаблиро нигоҳ дошта, бо истифода аз имконоту шароитҳо барои рушди соҳа ва гузариш ба меъёрҳои таҳсилоти байналмилалӣ муносибатҳои нави таълимиро роҳандозӣ менамояд. Мутобиқи тамоюли ҷаҳони муосир раванди таълим на ба гирифтани донишҳои тайёр, балки ба муносибати басалоҳият нигаронида, ба хонандагон имконияти аз худ намудани донишҳо, ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим равона ва гиромӣ доштани арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандиро ташаккул медиҳад.

Дар амал татбиқ намудани мазмуни таҳсилот аз методикаи таълим вобаста буда, ҳар омўзгор вобаста ба имконият, дараҷаи фаҳмиш ва интихоб онро дар дарсҳояш истифода мебарад.

Барои ноил шудан ба ин вазифаҳо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми нави таълимро дар амал татбиқ менамояд, ки он ба ташаккули рушди салоҳиятнокии хонандагон дар истифодаи амалии дониш, малака ва маҳорат мусоидат хоҳад кард.

Натиҷаҳои салоҳиятнокии хонандагон тавассути низоми миллии арзёбӣ санҷида шуда, натиҷаҳои он барои дуруст ва самаранок ба роҳ мондани раванди таълим истифода мешавад

Бояд таъқид намуд, ки муносибати салоҳиятнокӣ ба таълим аслан масъалаи нав нест. Он ҳанўз дар сароғози рушди бонизоми назарияҳои илмии педагогӣ ба вуҷуд омада буд, дар давраҳои гуногуни инкишофи ин соҳа дар кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, ки ҷомеаи имрўзаи мо низ меросхўри бевоситаи низоми илму таълими он аст, аз ҷониби педагогҳо-олимони ҷудогона истифода мешуд, дар таълифоти ҷудогонаи онҳо таъкид мегардид.

Барои дарки зарурати гузариш ба муносибати салоҳиятнокӣ дар таълим муҳим аст, ки шароити иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии давраҳои гуногуни инкишофи ҷомеаи башарӣ таҳлил карда шавад. Дар давраҳое, ки низоми синфӣ – дарсӣ ва шарҳӣ – айёнӣ ташаккул ёфта буд, шароити иҷтимоӣ иқтисодӣ фарҳангиву маърифатии одамон, арзишҳову дастовардҳои илму техника дар сатҳи дигар қарор доштанд.

Зарурати асосии гузариш аз низоми анъанавӣ ба муносибатҳои нави таълимӣ ба омилҳои муайян вобастагӣ дорад. Низоми кунунӣ ё анъанавии таълим аз назарияи таълими Я.А. Коменский сарчашма мегирад. Низоми мазкур аз ҷиҳати ташкили раванди таълим низоми сифатӣ-дарсӣ буда, мазмуну мундариҷа тавассути методҳои шарҳӣ- айёнӣ амалӣ карда мешавад. Назарияи мазкур ҳанўз дар асри XVII дар асоси принсипҳои дидактика ташаккул ёфтааст.

Муносибати нави таълими ба салоҳиятнокӣ нигаронидашуда, фаъолӣ, мустақилият ва озодии академии хонандаро дар интихоби маводи таълимӣ ва омодагӣ ба мавзўи барномавӣ ва мавқеи назоратии омўзгорро фаъол намуда, ба истифодаи усул ва методҳои фаъолу гуногуни самарабахш мусоидат менамояд. Пеш аз баррасии низоми таълими салоҳиятнокӣ мехоҳем, маънии мафҳумҳои «салоҳият» ва «салоҳиятнокӣ» - ро таҳқиқ кунем.

Мафҳумҳои «салоҳият» ва «салоҳиятнокӣ» - ро мутахассисон барои ифодаи мафҳумҳои компетенция ва компетентность, ки аз забони лотинӣ (competens сompetentis) ба забони русӣ иқтибос шудаанд, истифода мебаранд.

Мафҳуми салоҳият дар фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ- лоиқ будан, сазовор будан; шоистагӣ, сазоворӣ тафсир дода шудааст.

Ҳамзамон, аз сарчашмаҳои гуногун ақидаҳоро оид ба низоми таълими босалоҳият, ки ба шароити иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвари мо мувофиқанд, ҷамъоварӣ ва пешниҳод намудаем, то ки ба кадом андоза ба замони муосир ҷавобгў будани низоми таълими класикиро баррасӣ намоем:

Ба ақидаи донишманди маъруф Аткинсон Р. дар низоми классикии таълим диққати асосӣ танҳо ба хотира равона мешавад, на ба инкишофи кулли тафаккур. Он ба ташаккули қобилиятҳои эҷодӣ, амали истеҳсолӣ, мустаҳқилӣ, фаъолнокии хонандагон таъсири кам дорад. Илова бар ин миқдори ахбору маълумоти пешниҳодшаванда нисбат ба қобилияти азхудкунии он кам мебошад.

Оид ба ин масъала донишманди шинохта Вербитский А.А. қайд менамояд: «Мундариҷа ва фаъолияти таълим дар низоми классикӣ ба гузашта нигаронида шудааст. Яъне, ахбор, маълумот, қоидаҳое, ки дар раванди таълим аз худ карда мешаванд, ба ҳаёти воқеӣ алоқаи ночиз доранд. Илова бар ин намуна, таҷриба ва ақидаҳои пешниҳодшаванда лаҳзаи алоҳидаи замони муосирро ифода намекунанд. Ин боис мегардад, ки таълимгирандагон мавқи худро дар чаҳорчўбаи замон муайян карда наметавонанд ва мавқеи таълим паст мегардад. Аксари таҷриба ва намунаҳои пешниҳодшаванда тахайюлӣ буда, ба хонандагон имконияти таҳлилу баррасии проблемаҳоро фароҳам оварда наметавонанд, зеро рафтору андеша, ҳодисаҳо, қоидаву қонунҳои низоми таълими классикӣ ба ҳаёти ҳозира мувофиқат мекунанд.»

Айни замон бо боварии том гуфтан мумкин аст, ки низоми таълими классикӣ ба буҳрони амиқ рў ба рў шудааст. Буҳрони мазкур якчанд сабаб дорад. Яке чунин сабаб ба тағйир ёфтани моҳияти дониш ва таҷрибаи ҷомеа робита дорад: айни замон ба даст овардани ахбор соҳаи муҳимми фаъолияти касбии инсон гашта, асоси ҳама гуна истеҳсолоти муосирро ташкил медиҳад. Суръати тоза касб кардани донишҳо бо тағйир ёфтану ислоҳоти дастгоҳҳои истеҳсолӣ баробар шудааст. Маҷрои бузурги ахбори давриро дар чаҳорчўбаи барномаи таълимӣ ҷо додан ғайриимкон аст. Таълим додани «маълумоти дақиқ» муҳим аст, аммо агар имконияти саривақт иваз кардани унсурҳои он фароҳам оварда нашавад, он гоҳ мо наметавонем хонандаро ба ҳаёт омода намоем.

Сабаби дигари буҳрони низоми таълими ба андўхтани дониш нигаронидашуда дар он аст, ки зарурати пур кардани хотираи хонанда бо ахбори барзиёд аз байн рафтааст, зеро маъхазҳои дигари нигоҳ доштани ахбор мавҷуданд. Акнун мо бояд ба хонандагон тарзи истифодаи амалии ин маъхазҳоро омўзонем».

Ҳамин тариқ, муносибати босалоҳият ба таълим роҳу усулҳои амалии фаъолиятро ташаккул дода, онро ҳангоми ҳалли масъалаҳои маърифатӣ, иҷтимоӣ, касбӣ ва соҳаҳои марбут ба таври самаранок истифода бурда метавонанд.

Муносибати босалоҳият ба таълим пеш аз ҳама аз таҳияи салоҳиятҳо оғоз меёбад.

Мақсади таҳияи салоҳиятҳо банақшагирии барнома ва маводи таълим, инчунин натиҷаҳои чашмдошти фаъолият аст.

Вазифаҳои салоҳиятҳо ташаккул додани малака ва маҳорати таълимӣ дар ин замина арзёбии воқеӣ будани онҳост.

Татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим. Муносибати басалоҳият дар таълим тавассути фардикунонии раванди таълим амали карда мешавад.

Фардикунонии раванди таълимро набояд бо таълими тафриқавӣ омехта кард.

Ташаккули муносибати босалоҳият пеш аз мазмуни мақсадгузорӣ ва натиҷаҳои ниҳоӣ, интихоби мазмуни таълим ва методика (технология)-и таълими мувофиқ ба мазмуни таълимӣ вобаста мебошад.

Яке аз роҳҳои асосии ташаккули муносибати босалоҳият дар хонандагон бедор намудани ҳавасмандӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ дар истифодаи малакаву маҳорати таълимӣ дар ҳаллу омўзишу силсилаи масъалаҳо ва маводи амалию назариявӣ мебошад.

Ҳангоми муайян намудани сохтори таълим ва ба роҳ мондани муносибати босалоҳият нақши муҳимро маводи таълимии дорои хусусияти татбиқӣ ва амалӣ, инчунин алоқамандии байни фанҳо мебозад. Барои ноил гаштан ба дастовардҳо муҳим аст:

- мазмуни таълим дар худ масъалаҳои проблемавии таълимӣ-иҷтимоӣ доштаро дар бар гирад;

- ба асос гирифтан ва такя намудан ба таҷрибаҳои иҷтимоӣ ва шахсии хонандагон, дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим;

- истифодаи методҳои фаъолу проблемавӣ, ки ҳар як хонанда тавонад масъалаҳои гуногунро дар доираи донишҳо ва фаҳмишҳояшон ҳал карда тавонад.

Барои ташаккули салоҳияти таълимӣ бештар ба усулҳои фаъоли таълим, проблемавӣ-модулӣ, ва лоиҳавӣ-таҳқиқотӣ такя кардан муҳим аст. Одатан хонандагон барои аз худ кардани фанҳои табиӣ-риёзӣ мушкилӣ мекашанд, ки ин сабабҳои муайян дорад. Донишҳои барномавии ин фанҳои таълимӣ асосан назариявӣ буда, барои дар амалия ва ҳаёт татбиқ намудани он шароити муайян лозим аст.

Салоҳиятҳои фанни технология (таълими меҳнат)

Салоҳиятҳои фанни технология (таълими меҳнат) мувофиқи самтҳои таълим оварда мешаванд, ки ба таври умумӣ дорои хусусиятҳои зеринанд:

- аз руйи принсипи аз сода ба мураккаб тартиб дода шудаанд. Омузгорон метавонанд салоҳиятҳои синфи пешина ва баъдинаро мушоҳида карда, мутаносибан раванди таълимро аз оғоз то анҷом ба нақша гиранд. Ин муносибати илтивоии (спирали) татбиқи барномаи таълим мебошад, яъне салоҳиятҳое, ки дар як синф муаррифӣ шудаанд, дар синфҳои минбаъда такмил дода мешаванд. Дар сатҳи ҳар як синф талабот ба салоҳиятнокӣ мураккабтар мегардад.

- хусусияти арзёбӣ дошта, мушоҳида мешавад ва азхудкунии салоҳиятҳо тавассути нишондиҳандаҳо муайян мегарданд.

- дар таҳияи салоҳиятҳо усули илтивоӣ (спиралӣ) истифода шудааст, яъне омузгор барои хонандагон имконияти салоҳиятнок шуданро фароҳам оварда, дар сатҳи синфҳои минбаъда ба хонанда имконияти ташаккули бештар дода мешавад. Ҳамин тавр, хонанда дараҷаи баландтари салоҳиятнокиро азхуд карда, ташаккул медиҳад.

1.Салоҳиятҳои иҷрои амалҳо, эҷод, арзёбӣ

Салоҳияти иҷрои амалҳо:

1.1.Миқдори зиёди воситаҳои технологиро истифода бурда метавонад.

Салоҳияти эҷод:

1.2.Дар доираи мавзуъҳои васеъ амалиётҳои технологии навро эҷод карда метавонад.

2.Салоҳияти арзёбӣ:

2.1.Намунаҳои раванди технологиро бо роҳҳои гуногун арзёбӣ намуда, онро шарҳ дода метавонад.

2.2.Баҳодиҳии салоҳиятҳои иҷрои амалҳо, эҷод, арзёбӣ

Дар фасли мазкур мо тартиб ва воситаҳои арзёбии салоҳиятҳои иҷрои амалҳоро пешниҳод мекунем.

3.Салоҳияти иҷрои амалҳо:

3.1.Миқдори зиёди воситаҳои технологияро истифода бурда метавонад.

3.2.Баҳодиҳии салоҳиятҳои иҷрои амалҳо, эҷод, арзёбӣ

Тартиб ва воситаҳои арзёбии салоҳиятҳои иҷрои амалҳоро пешниҳод мекунем.

4.Салоҳияти иҷрои амалҳо:

4.1.Миқдори зиёди воситаҳои технологияро истифода бурда метавонад.

Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:

- хаткашак, маншур (сунба, фўлодқалам), ҷадвали пўлодини ченкунӣ, метрии қадшаванда, рулетка, гуниё, малка, ярунок, паргор, паргори андозагир (штангенцеркул), болға, искана, крейсмейсер, бородок, сўҳон, надфилҳо (сўҳонҳои майда), анбўрҳо, анбўрҳои дамтез, анбўрҳои паҳндандон, анбўрҳои конусдандон, анбўрҳои махсуси қапанда, арраи оҳанбурӣ, қайчиҳои филизбурӣ, пармаҳои перомонанд, пармаҳои морпеч (спиралмонанд,), метчик, плашка ва ғайраро дуруст, бо маврид ва бо боварии комил истифода бурда метавонад;

- ба воситаи хаткашак дар болои маҳсулотҳои чўбин ва филизин хат кашиданро метавонад;

- ба воситаи маншур дар болои филиз пай мондаро метавонад;

- ба воситаи пўлодин дар болои маҳсулотҳои чўбин ва филизин нишона гузоштан метавонад;

- бо ёрии гуниё кунҷҳои маҳсулотҳои аз чўб ва филиз тайёрнамударо назорат карда метавонад;

- бо ёрии малка кунҷҳои аз 0 то 800 – ро пайдо карда метавонад;

- бо ёрии паргор кашидани тарҳи доираҳоро дар болои маҳсулотҳо метавонад;

- бо ёрии штангенсеркул муайян кардани қутри берунӣ ва даруни, дарозӣ, ғафсӣ, чуқурӣ ва баландии ҷузъҳоро чен кардан метавонад;

- аз гил пластилин, когаз, картон ва маснуоти табиӣ ашё, гуногуни мураккабро моделсозӣ менамояд;

- бо коғаз ва картон усули санъати ҷамъ кардани шаклҳо аз коғаз (оригами) ва апликатсияро ба таври васеъ истифода бурда метавонад;

- намудҳои гуногуни ширешро дуруст истифода бурда метавонад;

- қайчиро дуруст истифода бурда метавонад (барои пўлодҳои тунукварақа)

- қайчиро дуруст истифода бурда метавонад (аз матоъ, ришта, коғаз ва картон қолабҳои мураккабро сарфакорона бурида метавонад);

- коғаз, картон, гил, пластилин, матоъ, ришта, маснуоти табиӣ ва

дигар ашёро ҳамчун воситаи ородиҳӣ ба таври васеъ истифода бурда метавонад;

- сузанро бо усулҳои гуногун (бо риштаҳои гуногун духтан, гулдузӣ

кардан, порчаҳои матоъро бо ҳам духтан ва ғ.) истифода бурда метавонад;

-амалҳояшро пешакӣ бо дарназардошти вақт ба нақша мегирад;

- намунаҳои кори худро такроран айнан ҳосил карда метавонад;

- ба қоидаҳои тозагӣ ва бехатарӣ ҳангоми кор бо асбобҳоро риоя мекунад;

5.Салоҳияти эҷод:

5.1.Дар доираи мавзуъҳои васеъ амалиётҳои технологии навро эҷод карда метавонад.

Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:

- аз олами атроф барои эҷодиёт ашё ва мавзуъҳои ба худ писанд интихоб карда метавонад;

- ҳиссиёти худро бо воситаҳои гуногуни амалиётҳои технологӣ иброз менамояд;

-дар доираи мавзуъҳои гуногуни илмӣ – методӣ идеяҳои наву

мураккаб эъҷод менамояд ва онро шарҳ медиҳад.

6.Салоҳияти арзёбӣ:

6.1.Намунаҳои раванди технолгиро бо роҳҳои гуногун арзёбӣ

намуда, онро шарҳ дода метавонад.

Нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ:

- намунаҳои эҷодиёти раванди технологиро таҳлил, тафсир ва муқоиса намуда, хулоса мебарорад;

- ба натиҷаи кори худ баҳо дода, онро шарҳ дода метавонад;

- намудҳои васеъи меҳнатро фарқ карда, онҳоро қадр карда метавонад;

- моҳият ва таъсири намудҳои гуногуни амалиётҳои технологиро дарк карда, муносибати худро нисбат ба ин амалиётҳо шарҳ медиҳад.

7.Салоҳиятҳои тарбиявӣ - ахлоқӣ

Таълиму тарбия дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ. Азбаски хонандагон қобилиятҳои гуногун доранд, мо бояд пешрафти хонандаро берун аз салоҳиятҳои фаннӣ низ эътироф намоем.

Ҳамин тавр, салоҳияти таълимӣ барои ташаккули силсилаи донишҳо, малакаю маҳорат, мусоидат намуда, мустақилияти хонандаро рушд мебахшад.

Мудири кафедраи технология, нақшакашӣ

ва дизайни факултети технология ва соҳибкорӣ,дотсент Убайдов Салмоншо Одинаевич

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj