• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ТАҚДИРНОМАИ МИЛЛАТ АСТ

Ваҳдат барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ азизу муқаддас аст. Ҳар нафаре, ки калимаҳои ваҳдат, сулҳ ва ягонагиро дарк намекунаду азизу муқаддаст намедонад, наметавонад, ки худро тоҷик ҳисобад. Миллати сарбаланди тоҷик ҳамеша бо сулҳҷӯиву сулҳпарварӣ дар ақсои олам машҳур аст. Ваҳдат ин тақдири неки миллат ва асоси пешрафти давлату ҳукумат ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии насли имрӯзаву ояндаи миллати тоҷик мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ буд, ки ҳамчун сароғози тамоми муваффақияту комёбиҳо ба ватани маҳбубамон созандагиву ободкориҳо бахшида ба аҳолӣ зиндагии шоистаро таъмин намуд, ки дар натиҷа кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ миёни кишварҳои амнтарини ҷаҳон шомил гардид. Танҳо Ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардуми Тоҷикистони азизро устувор хоҳад кард.
Ваҳдат-беҳтарин неъмати ҳаёти инсонӣ, орзуву ормон наҷоти миллат, рушди тоҷикон, ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши бисёр кишварҳои олам гардидааст. Миллати тоҷик бори дигар худро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати сулҳҷӯ ва бофарҳанг муаррифӣ кард. Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои ҳар як фард бояд азизу мӯътабар бошад. Зеро ба ҳамагон маълум аст, ки ин созишу сулҳ, ки имрӯз мо бо ифтихор “Ваҳдат” мегӯем, бо чӣ заҳматҳо насибамон гаштааст. Ваҳдати миллӣ баробари истиқлолият неъмати бебаҳо ва муқаддас буда, барои фароҳам овардани муҳити солими маънавии ҷомеа нақши назарраси худро гузоштааст.
Дар ҳақиқат дуруст қайд карданд, ки Ваҳдат омили босуботии миллат ва мамлакат, кафили сулҳу субот ва сарҷамъии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Ваҳдате, ки онро мо ҳамасола ҷашн мегирем, барои миллати сарафрози тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Танҳо ҳамон нафаре ба қадру манзалати Ваҳдат мерасад, ки ӯ ифтихору ғурури миллӣ дорад. Зеро маҳз ваҳдати миллӣ буд, ки миллати моро аз парокандагӣ наҷот дода, ба сӯи рӯшаноӣ бурд.
Метавон ёдовар шуд, ки барои ба имзо расонидани созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзандае гузоштаанд. Бо пешниҳод ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат аз санаи 5-уми апрели соли 1994 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мухолифини тоҷик гуфтушунидҳо шурӯъ гардида, баъди чандин вохӯриву музокиротҳо санаи 27-уми июни соли 1997 бо ба имзо расидани созишномаи сулҳ ваҳдати миллӣ барқарор гардид. Созишномаи сулҳи тоҷикон дар пойдории Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи кишвар, пойдории амнияти миллӣ ва аз ҳама асос ба нестӣ расидани гурӯҳҳои ҷинояткор заминаи мустаҳкам гузошт.
Ҳамагон шоҳид ҳастем аз рӯзе, ки дар сарзамини аҷдодии мо Ваҳдати миллӣ пойдор гардид, рӯз то рӯз ватани маҳбубамон гул-гул шукуфта истодааст, дӯстиву бародарӣ ҳукмфармост, иқтисодиёти кишвар тадриҷан афзоиш ёфта, аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ тараққӣ карда истодааст. Маҳз заҳмату ҷонфидоӣ ва кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар кӯтоҳтарин муддат миллати парешонгаштаи моро сарҷамъ намуда, кишвари ба хок яксонгаштаро дубора ободу зебо гардонид.
Ҳеҷ наметавон фаромӯш кард, ки аз рӯзи аввали ба сари қудрат омадан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани сулҳу субот ва оромиву осоиштагӣ ба халқу миллат заҳматҳои зиёде кашидаанд, ки дар ин бора шоири тавоно Бозор Собир бо як рӯҳу равони тоза ва қаноатмандиву хушнудӣ гуфтааст:
Номи туро нависем, эй Қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати сулҳу суботи кишвар ва якпорчагии мамлакат хело бамаврид андешаи худро баён карда буданд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».
Дар охир метавонем чунин хулоса кунем, ки Ваҳдати миллӣ боиси он гардид, ки миллати тоҷик ба фатҳи қуллаҳои нав ба нав расида, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба беҳтарин дастоварду натиҷаҳо ноил гардад. Ҳамеша орзу мекунем, ки пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ва сулҳофар ба таври ҷовидона мустаҳкам гардад ва насли миллати куҳанбунёди тоҷик чун имрӯза дар фазои сулҳу субот ва дӯстиву бародарӣ зиндагӣ кунанд. Ҷавонон ки худ созанда, неруи пешбаранда насли нави замони Истиқлолиятанд, ҳисси баланди миллӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, забону фарҳанг дошта бошанд, омӯзанд, ихтироъ кунанд, Ватани худро обод созанд, ҳифз намоянд, дар арсаи ҷаҳонӣ Тоҷикистони соҳибистиқлолро муаррифӣ намоянд, ба қадри Истиқлол, Сулҳ, Ваҳдат расанд. Аз ин рӯ моро лозим аст, ки барои Ваҳдату пешрафти давлату миллати сараафрозамон сарҷамъ бошем ва даст ба дасти ҳам дода, ҳамчун ворисони арзандаи Пешвои муаззами миллат аз пайи ободиву созандагии Ватан бошем.
Каримов Исматулло - магистри курси 1-уми
факултети математика-информатикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj