• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Исследование
There are no translations available.

ИҶЛОСИЯИ САРНАВИШТСОЗ ВА РӮЗИ ВАҲДАТОФАРИН

16 ноябр барои ҳамаи мо, тоҷику тоҷикистониён, воқеан як рӯзи ғайриодист. Ин рӯз бо ду рӯйдоди басо муҳим ва мондагораш - Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки рӯи кор омадани фарзанди барӯманди халқ Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳамроҳ дошт (соли 1992) ва Рӯзи Президент (соли 2016) дар таърихи навини миллати тоҷик сабт шудааст.

Тавре ки маълум аст, 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он Ҳукумати қонунӣ интихоб шуд ва Пешвои ҳақиқии миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ масъулияти кишварро ба ӯҳда гирифтанд, ки ин ба маънои гузоштани хишти нахустини низоми давлатдорӣ ва ба вуҷуд овардани заминаи боэътимоди сулҳи минбаъда буд.  Агар ин иҷлосия сурат намегирифт, ё монанди чандин иҷлосияи соли 1992 бенатиҷа поён меёфт, на асоси давлату давлатдорӣ шакл мегирифт ва на Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар соли 1997 ба имзо мерасид. Аз ин лиҳоз, боитминон метавон гуфт, ки сарчашмаи ҳамаи комёбиҳои имрӯзаи мо, аз ваҳдати миллӣ гирифта, то баланд шудани обрӯву нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ, бунёди шоҳроҳу пулҳо, сохтмони неругоҳҳо ва беҳбуди рӯзафзуни зиндагии мардум, ҳамоно Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон аст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро тарҳрезӣ намуда, тамоми фаъолияти худ ва ҳукумати қонунии таъсисёфтаро баҳри амалӣ намудани он равона карданд. Барҳақ, Сарвари давлат, онгуна, ки ба мардуми азизи хеш ваъда карда буданд, кори худро аз сулҳ ва аз даъват ба муттаҳидии ҳамаи неруҳои созандаи мамлакат оғоз намуданд.

Дар ин нукта шакке нест, ки раванди сулҳофарӣ аз ҳамон Иҷлосияи таърихӣ оғоз шуд. Иродаи матини роҳбари нави миллат, вакилон ва тамоми мардум аз ҳамон лаҳзаҳои баргузори иҷлосия баръало эҳсос мешуд. Вале, табиист, ки расидан ба натиҷаи ниҳоии сулҳ ва ризоияти комилу саросарӣ кори саҳлу осон набуд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ тамоми сахтиҳо, пастиву баландиҳоро  пушти сар гузоштанд ва ҳамон тавре ки дар аввалин суханрониашон ваъда дода буданд, аз ҳеҷ талоше дареғ наварзиданд ва ҳатто ҷонашонро низ дар ин роҳ ба хатар гузоштанд.

Яке аз аввалин изҳороти Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи баргардондани гурезаҳо буд. Ин бори дигар собит месохт, ки Сарвари давлат муҳимияти масъаларо бо тамоми ҳастиашон эҳсос намуда, ба хубӣ дарк мекарданд, ки маҳз тавассути сарҷаъмии мардум  метавон ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Баргаштани гурезаҳо ба Ватан ин маънои обод кардани хонаю деҳаҳои сӯхта, киштзорҳои поймолшуда, марҳами захмҳои ғарибӣ ва азобу кулфатҳои мусофириро дошт. Бозгардондани гурезаҳо шарти муҳими таъмини ваҳдат ва ягонагии миллат маҳсуб меёфт. Маҳз аз ҳамин сабаб, Сарвари давлат дар ҳамон рӯзҳо изҳор намуданд, ки «… то як тоҷик берун аз ватан қарор дорад, ман худамро ором ҳис карда наметавонам». Ин иродаи матини Сарвари давлат дар он рӯзҳои парешонӣ ба мардум умед бахшид, ки тоҷик дигар бедавлату бесоҳиб нест ва фақат худи ӯ қодир аст ватанашро обод намояд. Бозгашти гурезагон, оташбаси саросарӣ, авфи умумӣ, ободсозии харобаҳои ҷанг ва дигар корҳои муҳиме, ки заминасози сулҳи умумианд, аз моҳҳои аввали пас аз иҷлосия шурӯъ шуданд...

Набояд як нуктаи дигарро фаромӯш кунем, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз қонуну қарорҳое, ки барои ба эътидол овардани вазъи кишвар равона шуда буданд, боз санадҳое низ қабул кард, ки ояндаи давлатдории Тоҷикистонро таҳким бахшида, роҳи тараққиёт ва пешрафти мамлакатро дар ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамвор сохтанд.  Аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ боз дар он аст, ки ба иловаи интихоби роҳбари нави ҳукумат, роҳи минбаъдаи рушди давлатдорӣ-бунёди демократия дар асоси гуногунандешии сиёсию идеологӣ, эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳониро муайян намуд.

Дигар самараи муҳими Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки ташаккули идеяи ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ маҳз дар ҷараёни он ба миён омад. Ин иҷлосия ба ташаккулёбии фарҳанги нави сиёсӣ, ки асосаш ваҳдат ва сулҳу салоҳ дар ҷомеа буд, замина гузошт. Ин иҷлосия тавонист нишасти тақдирсозу боровар гашта, наҷоти давлатдории миллӣ, якпорчагӣ, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлолро таъмин намояд. Ин нишаст, дар ҳақиқат, нишасте барои бархостан ва таҷаммӯе барои обод кардан буд. Нишасте буд, ки пас аз он давлати тоҷикон ба по хест ва то имрӯз ҳамчунон пеш мераваду рушд мекунад.

Бояд гуфт, то баргузории иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, агарчи аз эълони истиқлолияти кишварамон беш аз як сол гузашта буд (9 сентябри соли 1991), вале ба хотири ошуфтагии вазъи сиёсӣ ва даргириҳои низомӣ, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз фурсати онро наёфт, ки худро ба ҷаҳониён ба сурати шоиста муаррифӣ кунад ва сиёсати хориҷии худро ба роҳ монад. Бинобар ин, муболиға нест агар бигӯем, ки равобити байналмилалии мо ҳам амалан пас аз ҳамон иҷлосия оғоз гардид. Дуруст аст, ки то соли 1997, яъне то бозгашти сулҳи комил ба кишвар, мо дар пешбурди сиёсати хориҷӣ мушкилоте доштем, аммо дар ин нукта шакке нест, ки Иҷлосияи XVI барои амалияи сиёсати хориҷӣ ба сони сиёсати дохилӣ сароғози мустаҳкам ва боварибахше гардид. Зимнан, Вазорати корҳои хориҷӣ пас аз иҷлосия, ҳамчун яке аз абзорҳои муҳими давлати навпои Тоҷикистон, дар ташкил ва гузарондани давраҳои гуногуни музокироти сулҳ миёни тоҷикон хизмат кард.

Тадриҷан ҳамкориҳо ва равобити судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамлакатҳои дигар рӯ ба беҳбудӣ оварда, барои рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа сармоя ворид шуд ва сатҳи зиндагии мардум рӯз ба рӯз беҳтар гардид. Робитаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш ёфта, эътибору нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ пайваста афзуд. Заминаҳои қарордодию ҳуқуқии муносибатҳо бо кишварҳои гуногуни дунё, созмонҳои мухталифи байналмилалӣ таҳким ёфта, дар мавриди роҳандозӣ ва инкишофи беш аз пеши ҳамкориҳои судманд қадамҳои устувор бардошта шуданд.

Айни ҳол, Тоҷикистон дар ниҳодҳои СММ, монанди Комиссияи маводи мухаддир ва Комиссияи мақоми зан узвият дошта, фаъолияти самаранок мебарад. Тоҷикистон узви 57 созмони минтақавию байналмилалӣ буда, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад. Соли 2016 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимои Созмони Милали Муттаҳид (ЭКОСОК) интихоб гардид. Ин як дастоварди дигари байналмилалӣ ва нишонаи обрӯ ва эътибори кишвари мост. Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба беш аз 350 санади байналмилалӣ ба мисли конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳои байналмилалӣ аъзо шуда, ӯҳдадориҳои худро дар мавриди расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли он иҷро менамояд.

Набояд фаромӯш кард, ки агарчи дар ин иҷлосия қарорҳои дигар низ қабул гардиданд, вале муҳимтарин дастоварди он ба сарварии давлат интихоб намудани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.

Миллати қадршиноси тоҷик ҳам бо арҷгузорӣ ба хизматҳои ин фарзанди барӯманди худ сар аз соли 2016 рӯзи 16 ноябрро ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” интихоб намуд, ки аз ин пас ҳамасола таҷлил мегардад. Интихоби 16 ноябр ба он хотир аст, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва дар рӯзи 16 ноябри соли 1994 аввалин бор ҳамчун Президент савганд ёд карданд.

Таҷлили ин рӯз ба хотири саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳё ва ташаккули давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист. Бешак, хизматҳои ин марди бузург барои давлат ва мардуми Тоҷикистон бешуморанд, вале муҳимтарини онҳо ин бозгардонии сулҳу оромӣ ба кишвар, сарҷамъ намудани миллат ва бунёд гузоштани давлати миллист. Гиромидошти Рӯзи Президент ин рамзи муттаҳидии тамоми мардум дар атрофи Президенти маҳбуб ва қадам гузоштан дар роҳи амалисозии нақшаву барномаҳои ояндасози ин марди наҷиб аст.

Магистранти соли 1-уми ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ПАРДАЕВ МУҷИДДИН САЙФИДДИНОВИЧ

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj