• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

ИҶЛОСИЯИ ШОНЗДАҲУМИ САРНАВИШТСОЗ

Ифтихорманду шукргузор аз онем, ки бо шарофати истиқлолият мо имрӯз дар остонаи таҷлили санаи бузурги Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ, ки дастоварди муқаддастарини халқи Тоҷикистон мебошад, қарор дорем.

Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва коста шудани ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як муддат вазъият мураккаб гардида, низои дохилиро ба бор овард, ки дар натиҷа ба қишрҳои гуногуни ҷомеа хисороти зиёд расид.

Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат хонд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд оварда буд.

Маҳз ҳамин Иҷлосия буд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд. Ба уҳдаи сардори давлатро бар ӯҳда гирифтанд.

Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид. Зеро аз рӯзи аввали ба вазифа шурӯъ кардан, ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд, ки «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Воқеан ҳам, Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба савганди худ содиқ монда, барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон ҷоннисорӣ намуд, ки дар саҳифаҳои таърих бо хатти заррин сабт шудааст.

Оре, Пешвои миллат тамоми нерӯву ғайрат ва ҳама ҳастияшро барои ояндаи дурахшони Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва зиндагии босаодати халқи азизаш сарф намуд, ки имрӯзҳо халқи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ умр ба cap бурда истодаанд.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳалқаҳои аз ҳам гусастаи Тоҷикистонро ба занҷираи мустаҳками иттиҳод пайваст, миллати азияткашидаи тоҷиконро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ раҳонид.

Маҳз бо шарофати Иҷлосияи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ Қонуни асосии кишварро таҳия ва қабул намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии пешрафти ҳокимияти давлатӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрвандро мушаххас муайян намудааст.

Бо қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи алоҳидаи давлат ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат дар доираи салоҳияти худ ба сифати ҳокмияти мустақили давлатӣ фаъолият дорад.

Тибқи талаботи моддаи 84-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Имрӯз сулҳу суботро дар ҷаҳони пуртаззод нигоҳ доштан бе ниҳоят мушкил аст. Аммо новобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю кӯшиш ва имкониятҳоро барои нигоҳдории амнияити миллӣ равона мекунанд.

Бояд қайд кард, ки дар Ватане, ки мо зиндагӣ ва умр ба cap мебарем ҳар зарра хокаш муқаддас ва ҳар ваҷаб заминаш маъбади имону ихлос ва музаффариятҳои ҳар яки мову шумо мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар cap андешаи имрӯзу фардои нек, дар қалб розу ниёзи созандагӣ, дар лаб муноҷоту ниёиши озодманишӣ ва дар ният оромиву осудагии миллат ва зиндагии шоистаи моро мепарварад.

Пешвои муаззами миллат аз кӯшишу талошҳои насли ҷавон дар роҳи илму маърифат ва шинохти арзишҳои миллию давлатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷавонони имрӯзаро ояндаи дурахшони навин хондааст.

Ҳамин тариқ, мо ҷавононро лозим ва зарур аст, ки ҷавобан ба ин ҳама дастгириҳо ва ғамхориҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон тамоми саъю кӯшиши худро баҳри донишандӯзӣ, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодиамон равона сохта, парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва давлати миллиамон бошем ва ҳамзамон таъкидҳои дурандешонаи Сарвари давлатамонро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.

Саломов Муҳаммад Алимуродович, докторанти соли дуюми факултети физика

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj