• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Исследование
There are no translations available.

ТОҶИКИСТОН ВА ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз соли 2016 инҷониб ҳар сол дар кишвари азизу соҳибистиқлоламон санаи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент бо шукуҳу шаҳомати беназир таҷлил карда мешавад.

Ҷашни Рӯзи Президент арзи эҳтирому ихлос ва нишони муҳаббату садоқат ба Роҳбари оқилу хирадманд, адолатпарвар ва бунёдкори Тоҷикистони муосир - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Тавре, ки Ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита Насриддинзода Эмомалӣ таъкид менамояд: “Дар баробари 83 рӯзи ид, ки тибқи қонуни болозикр муайян гардидаанд, ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоссаи таърихӣ ва сиёсиву ҳуқуқӣ дорад. Дар ин рӯз (16 ноябри соли 1994) баъди дар интихоботи умумихалқӣ пирӯз гаштан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 21-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум тантанавор савганд ёд карда, ба сифати Президенти ҷумҳурӣ фаъолияти худро оғоз намуданд. Санаи мазкур воқеан рӯйдоди муҳимми таърихӣ ба шумор рафта, халқи Тоҷикистон онро ҳамчун Рӯзи Президент ботантана таҷлил менамояд.

 

Баргузории Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии амиқ дошта, дар бунёди ниҳоди президентӣ ва ба ин васила дар ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ гузоштааст”.

 

Дар банди дуюми моддаи якуми Конститутсияи мамлакат омадааст, ки: «Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад». Бинобар ин, боби чоруми Конститутсия ба Президент бахшида шуда, моддаҳои 64 ва 72-и Қонуни асосиро дарбар мегирад. Моддаи 64-и Конститутсия муқаррар намудааст, ки: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.

Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ, тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад».

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»  вазъи ҳуқуқӣ,  тасвир, маҳал ва тартиби нигоҳдошт, инчунин тартиби истифодаи рамзҳои Президентро   муқаррар намудааст.  Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, онҳо рамзҳои расмии ҳокимияти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд.

Тантанаҳои имсолаи Рӯзи Президент ба таҷлили ҷашни фархундаи 30-солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, ки ин бешубҳа рамзи саодати халқ мебошад. Чунки Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ дар таърихи муосири давлату миллати тоҷик нақши тақдирсоз дорад. Зеро дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ Ҳукумати қонунии мамлакат барқарор шуд. Доир ба нақши сарнавиштсози Иҷлосияи мазкур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда доранд. Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи ҳамин гуна рӯйдодҳои сарнавиштсоз аст, ки барои раҳоии давлати нав баистиқлолрасидаи мо аз оташи ҷанги харобиовар ва ҳамчунин барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овард.

Аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ки дастовардҳои баъдинаи халқи тоҷик аз татбиқи қарорҳои таърихии иҷлосияи мазкур оғоз ёфтанд”.

Боиси ифтихор аст, ки дар рӯзи чоруми баргузории Иҷлосияи мазкур, яъне санаи 19 ноябри соли 1992 вакилони халқ якдилона фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне роҳбари давлат интихоб намуданд. Яъне, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвари халқу Ватан интихоб шуданд ва дар нахустин суханронии худ таъкид намуданд, ки: “Ман ба шумо сулҳ меорам”. Чунки дар он давра Тоҷикистон дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт ва барои мардум аз ҳама муҳим сулҳу Ваҳдат буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин қавли худро иҷро карданд. 27 июни соли 1997 дар кишвари мо сулҳи комил омад.

Баъди баргузории Иҷлосия ва дар асоси қарорҳои таърихии он 6 ноябри соли 1994 мардуми Тоҷикистон бо раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи худро қабул карда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти мамлакат интихоб намуданд. Пешвои миллат ҳамчунин дар интихобтҳои 6 ноябри солҳои 1999, 2006, 2013 ва 11 октябри соли 2020 Президенти кишвар интихоб шуданд. Дар давоми сӣ соли фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба кишвари сабзу хуррам ва ободу пешрафта мубаддал гардид. Махсусан, дар доираи амалӣ кардани ҳадафҳои стратегӣ – ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат Тоҷикистони маҳбубамон шукуфону дилрабо, сокинони мамлакат саодатману хуррамдил ва фардои фирӯзи наврасону ҷавонон таъмин шуд.

Дар ин давра ба истифода додани ду агрегати Нерӯгоҳи Барқии Обии «Роғун» барои афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ мусоидат намуд ва дар натиҷа дар мамлакат ба 21 миллиард киловатт — соат расид. Ҳамаи ин дастовардҳо самараи хираду заковат ва фаъолияти ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам мебошанд, ки дар таърихи даврони соҳибистиқлоли мамлакат ва китоби дилу рӯҳи мардуми тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд.

Маҳз, таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обрӯю эътибор ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон хеле баланд гардид.  Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббусҳои созанда, ба монанди “Соли байналмилалии оби тоза”, “Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015”, “Соли ҳамкорӣ ва дипломатия дар соҳаи об-2013” ва Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” Тоҷикистони азизамон машҳури ҷаҳон гардид.

Бинобар ин, мо ҳамеша бо Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор менамоем ва тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона месозем, ки пайравони воқеии Пешвои миллат бошем.

Ашӯрова Мунира, Доктор PhD-и факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон

 


 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj