• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

МОҲИЯТИ ТАЪРИХИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Масири тайкардаи таърихии миллати тоҷик роҳест,  ки дар он шебу фарозҳои зиёд ҷой дорад. Борҳо бар сари ин миллат аҷнабиёни ғосибу бадандеш ҳуҷум карда, молу сарвати ин миллатро ғорат намуда, бар обу хокаш соҳиб гаштаанд. Борҳо кӯшиш кардаанд, то дар миёни ин миллат тухми нифоқ  кишт намоянд ва фарзандони ӯро ба манфиати худ истифода баранд. Миллати тоҷик навбати дигар ҳам, дар даҳаи охири асри ХХ бо вуҷуди ҳама муваффақиятҳои таърихии хеш бо баъзе падидаҳои манҳус рӯ ба рӯ гардид. Аз ҷумлаи чунин воқеоте, ки дар ин давра таърихи ин миллатро доғдор намуд, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мебошад. Оташи ҷанги шаҳрвандӣ ҳангоме аланга гирифт, ки тифли истиқлоли тоҷик нав тавлид гардида буд. Аз истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатто фурсати андак сипарӣ мегардид. Бо заиф гаштани сутунҳои ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи носолим ба миён омада, ба хоҷагии халқ хисороти зиёд ворид сохт.

Ҳазорон нафар ҳамватанони мо аз манзилу масканҳои хеш маҳрум гашта, қисмате қурбони фоҷиаи миллӣ гардиданд. Душманони хориҷӣ дар талоши он буданд, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар  Тоҷикистон боз ҳам бештар шуълавар гардад. Вазъи сиёсиву иқтисодии кишварро дар ҳалати бад қарор дода, мардуми тоҷикро зери фақру бечорагӣ мекашиданд.

Аслан аз нигоҳи таҳлили воқеӣ ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки зиддиятҳои аз давраи давлати шӯравӣ меросмонда ва дахолати душманони истиқлоли миллати тамаддунофари тоҷик  халқро ба вартаи ҷанги бародаркуш,ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор намуданд. Воқеоте, ки дар муддати моҳҳои  май – ноябри соли 1992 барпо шуданд, пояи далатдории Тоҷикистонро фалаҷ  сохта, кишварро ба қисматҳо тақсим кард, ки дар ин баробар хавфи пора-пора шудани кишвар ва аз байн рафтани миллат ба миён омад. Маҳз дар чунин шароити сангине, ки ҳеҷ як давлатмард аз тарси ҷони хеш намехост зимоми идораи ҳукуматро ба даст гирад, дар таърихи  16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Баргузории ин иҷлосияро кулли сокинони ҷумҳурӣ бо хушнудӣ пешвоз гирифтанд ва он барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.

Маҳз дар ҳамин  Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  дар шаҳри Хуҷанд, дар қасри хоҷагии ба номи Саидхўҷа Ўрунхўҷаев  баргузор гардид,  сохти конститутсионӣ  дар ҷумҳурӣ барқарор  гардида, ҳамчунин заминаи мусоиде ҷиҳати рушди ҷомеа ва пешрафти Тоҷикистон фароҳам овард. Масъалаҳои хотима додани муқовимати сиёсӣ- низомии байни ҳукумати расмӣ ва нерӯҳои мухолифин, ба эътидол овардани ҳаёти иҷтимоӣ -иқтисодӣ, ба Ватан баргардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ аз ҷумлаи масоили асосие буданд, ки дар ин иҷлосияи тақдирсоз матраҳ гардида, бояд мавриди муҳокима қарор мегирифтанд.

Аз амсоли  воқеаҳои муҳимтарине, ки дар ҷараёни иҷлосия шуда гузашт, ин ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ба ҳайси Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудани  Эмомалӣ  Раҳмон мебошад. Аз 197 нафар вакил 186 нафар номзадии ин шахсиятро, ки минбаъд ҳамчун абармард шингохта шуд, дастгирӣ намуданд. Аз ҳамин нуқтаи назар, дар таърихи миллат ва давлатдории навини тоҷик ҳамчун иҷлосияи сарнавиштсоз шинохта шудани Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Тоҷикистон дар он зоҳир мегардад, ки интихоб шудани вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи сарвари давлат дорои аҳамияти бузурги таърихӣ мебошад. Ин интихоби вакилони ондавраинаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон коре буд дар тарозуи хирад санҷидашуда ва ҳадяе барои миллати аламдида. Замоне Эмомалӣ Раҳмон ба ин вазифа пазируфта шуд, ки фазои Тоҷикистонро абрҳои тираву тор фаро гирифта буданд. Тамоми самтҳои давлатдорӣ дар ҳолати  буҳрон қарор доштанд. Дар ҳақиқат, дар он шароите, ки фарзанди сарсупурдаи  халқ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун  роҳбари давлат интихоб шуд, Тоҷикистони тоза  ба истиқлолрасида рӯзҳои даҳшатборро аз сар мегузаронд, ҷангу низоъҳои хунини шаҳрвандӣ боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард. Ин абармард, ки минбаъд бо корномаҳои хеш ҳамчун Пешвои миллати тоҷикони дунё эътироф гардид, бо тадбирҳои хирадмандонаи худ мардуми тоҷикро аз парешонӣ  сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғарибону муҳоҷиронро ба Ватан баргардонд. Бо иродаи Сарвари давлат дар як муддати хеле кам вайронаҳо обод шуданд, иншоотҳои бузург  арзи ҳастӣ карданд, барои ба ҳам пайвастани гӯшаҳои аз ҳам ҷудои кишвар нақбу шоҳроҳҳо бунёд гаштанд ва амсоли инҳо корҳое анҷом ёфтанд, ки мардум мунтазираш набуданд.

Бо назардошти ҳамин омилҳое, ки зикр шуданд, мо бояд ин иҷлосияи тақдирсози миллатро бо интихоби фарзанди сарсупурдаи  халқ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун  роҳбари давлат тавъам донем. Зеро ҳамин иҷлосия ба миллати тоҷик чунин абармардеро эҳдо намуд, ки бо гузашти садсолаҳо ё таърихи тӯлонитар аҳамияти он боз дурахшонтар хоҳад гашт.

Хоҷаназаров Имомназар,  вакили Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ таассуроти худро доир ба иҷлосия чунин изҳор доштааст. «...одами дидадаро ва сухану гуфтораш хушоянда дар лаҳзаи аввали дидорбинӣ эҳё мешавад. Ва ҳангоме, ки дар рафти иҷлосия сухан ба Эмомалӣ Раҳмонов - деҳқонзодаи асил, он вақт раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб буд, расид, соҳиби ояндаи дурахшони халқу миллатро дар симои нуронии ӯ таманно кардам. Лаҳзаи ниҳоят сарнаиштсоз фаро расид: суханони самимӣ, тамкину ҷавонмардии Эмомалӣ Раҳмонов нафақат ба дили депутатҳо, ҳамчунин, ба тамоми мардуми кишварамон роҳи ҳақиқиву рости худро ёфт, писанди ҳамагон гардид. Бале, қисмат кардани Тоҷикистони маҳбуб ба ягон кас муяссар нашуд ва намегардад!

Дилам пур аз меҳр нисбати ин ҷавонмард гардид ва эътиқоди деҳқониам ба симои нурониаш афзуд. Мегӯянд, ки рӯзҳо мизони таҳқиқ ва санҷишанд. Таҷрибаҳо, фаъолияти муназзам то ба имрӯза нишон медиҳанд, ки вакилони халқ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоби Сардори давлату миллати хеш хато накардаанд».

Бо ҳамин мазмун рӯзноманигор Б.Сайдалиев чунин қайд менамояд: «Киштии ҳақиқат дар баҳри зиндагӣ шино дошт. Баногоҳ тӯфони сахте вазид. Дар баҳр аз тарафи муқобил киштиҳои қувваҳои бадӣ пайдо шуданад. Ҷанги нобаробар дар баҳри зиндагӣ оғоз ёфт. Киштии ҳақиқат сӯйи соҳили мурод ҳаракат мекард. Баҳрнавардони қувваҳои бадӣ пеши роҳашонро мегирифтанд. Ниҳоят, киштии ҳақиқат аз ғарқшавӣ раҳо ёфта, ба соҳили бахт расид.

Ин киштӣ Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ буд, ки дар он ҳақиқат хиради азалӣ ва ваҳдатофарӣ тантана кард, суҳби умед дамид, ҳаёт таровати тоза ёфт. Муттаҳидӣ, якдигарфаҳмӣ, дӯстию бародарии халқҳо комёбиҳоямонро афзун кард. Ин киштии мурод моро ба роҳи дурахшони ояндаамон ҳидоят мекунад».

Дар таърихи давлатдории тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳоест, ки дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, давлатдорӣ ва ҳуқуқи муосири кишвари соҳибихтиёрамон, барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст.

Ҷои таъкид ва ёдоварист, ки пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сарвари давла соҳаи маориф ба яке аз самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Новобаста аз он вазъи муташанниҷи даҳаи охири асри XX Ҳукумати мамлакат тавонист зери сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат низоми таълиму тадрисро дар муддати кӯтоҳ барқарор намояд. Дар як марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ дар тамоми гӯшаву канори кишвар муассисаҳои наву замонавӣ бунёд ёфтанд. Барои таҳсили насли наврас тамоми шароиту имкониятҳо  фароҳам гардид. Дар баробари ин бо ташаббусҳои бевоситаи  Сарвари кишвар дар ҷумҳурӣ озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, Тоҷикистон-Ватани азазизи ман”, “Тоҷикон –оинаи таърихи миллат”, Солҳои 2020–2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, даққиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданд, ки ҳамаи он дар бедорӣ ва худшиносии насли наврас аҳамияти бузург ва таърихӣ доранд.

Ҳамин тавр, зикри ин нукта бамаврид аст, ки маҳз баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ омили асосӣ буд, ки имрӯз Тоҷикистон аз давлатҳои амнтарини сайёра ба шумор рафта, дар миқёси ҷаҳон ба ҳайси кишвари рӯ ба тараққӣ шинохта шудааст. Барои мо коромандони соҳаи маориф зарур аст, ки аз шароити мавҷуда истифода намуда, зери сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушди маорифи миллӣ гомҳои устувор  гузорем.

Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло, Ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj