• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

16-уми ноябри соли 1992 дар Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12-ум) баргузор гардид. Дар он ҳангом танҳо Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро ба дӯш гирифта, самти тараққиёти онро дар Иҷлосияи ХVI муайян кард. Он роҳбарияти  нави мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд. Маҳз Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт. Иҷлосияи ХVI собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳамагуна моҷароҷӯиро гирифта метавонад ва обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ собит ва ҳифз менамояд.

Новобаста аз баҳсҳои тӯлонӣ Иҷлосия тавонист қарорҳои таърихӣ ва сарнавиштсоз қабул намояд. Муҳимтарин дастоварди Иҷлосия тантанаи қонун ва бо роҳи конститутсионӣ ҳаллу фасл кардани тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ба шумор меравад. Мақсаду мароми вакилони халқ ба он равона шуда буд, ки ақли солим ва адлу инсоф боло гирад, ризояти миллӣ, якпорчагии Ватан ва сулҳ таъмин карда шавад.

Иҷлосияи ХVI масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифта, тавонист манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузорад. Ба шарофати роҳи муайяннамудаи Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ва бо нияти татбиқи қарорҳои он халқи тоҷик ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва бо мақсади демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона Конститутсияи нави мамлакатро бори нахуст дар таърихи давлатдории навин  бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар бобати  озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дарҷ шуданд. Эълон шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ   ба тамоми он қувваҳое, ки даъвои дигари идеологиро нисбат ба сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон пеш мегузоштанд, зарбаи қатъӣ ва ҳалкунанда буд. Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони халқ ба Маҷлиси Олӣ, таъсиси ҳукумат, ки идомаи мантиқии қарорҳои дар Иҷлосияи ХVI қабулгардида мебошанд, ба устувор намудани пояҳои давлатдорӣ заминаи мустаҳкам гузоштанд.

Рамзҳои давлатӣ, ки муқаддасоти ҳар як давлату миллат ба шумор рафта, нишона аз давлатдорианд, маҳз дар  Иҷлосия дар қатори муҳимтарин масъалаҳои замон тасдиқи худро ёфтанд.

Нишонаи дигари ба аслҳои башардӯстона содиқ будани ҳукумати нав қабули «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» буд. Маълум аст, ки авзои ноороми сиёсӣ, ки дар натиҷаи бархӯрди қувваҳои гуногун ба миён омада буд, якеро дидаю дониста, дигареро аз рӯи нофаҳмӣ, сеюмиро аз рӯи ғараз, чорумиро бо мақсади муҳофизати молу мулк ва оилаи худ ба майдони даргирию қонуншиканиҳо кашид. Дар чунин вазъ гуноҳи якеро исбот намудану бегуноҳии дигареро тасдиқ кардан ғайриимкон буд. Бинобар ин ҳукумати тозатаъсис бо дарки масъулияти баланд ва риояи принсипҳои башардӯстона ҳамаи онҳоро авф намуд. Дар баробари ин, таҷрибаи зиндагӣ собит намудааст, ки хунро набояд бо хун шуст, зеро чунин амал кинаю хусуматро бештар намуда, садди роҳи сулҳу созиш ва ҳамдигарфаҳмӣ мешавад.

Дурустии роҳи Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии ҶТ ва роҳбарияти мамлакат буд, ки сарони давлату парламентҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва аксарияти кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар рӯзҳои душвортарин моро дастгирӣ намуданд, кӯмакҳои беғаразона расониданд. Инчунин, ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, хусусан СММ ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ҳамеша дасти ёрӣ дароз менамуданд.

Аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI дар он аст, ки ташаккули идеяи ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ маҳз дар ҷараёни он ба миён омада буд. Пайдоиши ин идея худ як зарурияти таърихӣ ба ҳисоб мерафт, ки қодир буд халқи парешонгаштаи тоҷикро сарҷамъ созад. Идеяи ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон тавонист дар муддати кӯтоҳ дар дилу дидаи ҳазорон сокинони дилозурда ҷой гирифта, заминаи бунёди сулҳро гузорад.

Воқеан ҳам ин иҷлосияи таърихӣ, ки мо дар арафаи 28-солагии таҷлили он қарор дорем, дар таърихи  давлатдории навини тоҷикон аҳамияти бузург дорад. Маҳз  ҳамин анҷуман оғози наҷоти давлатдории миллӣ, якпорчагӣ, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлолу ягона гашта, тавонист ба ҷаҳониён хиради азалии миллати тоҷик - таҳаммулпазирию башардӯстӣ, қобилияти сулҳофарӣ ва давлатсозии онро собит созад.

Бояд тазаккур дод,  ки Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон  оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризояти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.

Маҳз ба шарофати ин рӯйдоди муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд.

Имрӯз метавон гуфт, ки Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба миён овард, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро боло бурд.   Иҷлосия барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.

Шерматзода Олимчони Тилло - докторанти (PhD) курси 2-уми ихтисоси технологияи информатсионӣ, факултети технологияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj